ХУЛБУЙ

Абуали Сино табиб  будааст. Вай хамаи табибихоро аз ухдааш мебаромадааст. Як вакт писари худаш касал шудааст. Ибни Сино хамаи дорую дармонро кардааст, аммо бемор сихат  нашудааст. Нихоят писараш вафот кардааст. Баъд аз он Сино шиками писарашро  кафонда, аз пеши чигар халтачаи  захрро  гирифтааст  дидааст, ки дар халтача як чизи санг барин сахте  хаст. «Ин чи  бошад?» гуфта, халтачаро гирифта, ба лаби об рафтааст ва онро ба болои  хулбуй монда, дасти худро шустааст.

Дасташро шуста, омада дидааст, ки хамон санги халтачаи захр будаги об шуда рафтааст. Баъд аз он Сино ба дилаш гузарондааст, ки: «Давои санги дар халтачаи  захр будаги хулбуй будааст, агар инро мефахмидам, фарзандамро аз чанголи марг халос мекардам».

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …