Главная / Биология / ХУЧАЙРА – ТАШАККУЛИ ХИМИЯВИИ ОН

ХУЧАЙРА – ТАШАККУЛИ ХИМИЯВИИ ОН

Ба таркиби хучайра такрибан 70 элементи химиявии Системаи даврии элементхои Д.И.Менделеев дохил мешаванд, ки онхо дар табиати гайризинда низ дучор меоянд. Ин яке аз далелхои ягонагии табиати зинда ва гайризинда аст. Лекин таносуби элементхои химияви ва ахамияти онхо дар офаридани моддахои ташкилкунандаи организми зинда, хамчунин, дар хар кадом объекти табиати гайризинда тафоввут доранд.

Олимон ва тадкикотчиён дар бораи хусусиятхои хоси ташкилёбии химиявии организмхои зинда аз замонхои пеш маълумот додани мешуданд. Ботадрич дар бораи таркиби химиявии хучайра маълумоти илми ба вучуд омад. Вобаста ба микдори элементхои химиявии таркиби моддахо, ки организми зиндаро ташкил медиханд, чанд гурух атомхо чудо карда шудааст. Гурухи якум (кариб 98%-и массаи хучайра)-ро чор элемент: гидроген, оксиген, карбон ва нитроген ба вучуд меоранд. Онхо макроэлементхо номида мешаванд.

Кисмхои асосии таркибии хамаи пайвастагихои органики аз хамин элементхо иборатанд. Гурухи дуюмро дар якчояги ду элементи химияви–сулфур ва фосфор ташкил менамоянд, ки кисми зарурии таркибии молекулаи полимерхои биологи (аз юнони, polys-бисёр; mеros-кисм) – сафедахо ва кислотахои нуклеинат мебошанд; онхоро биоэлементхо меноманд.

hujaira

Ба таркиби хучайра(Клетка ба русси)  гайр аз фосфор ва сулфур, боз ба микдори кам шаш элементи дигар: калий, натрий, калсий, магний, охан ва хлор дохил мешаванд. Хар яке аз онхо дар хучайра вазифаи мухимро ичро менамоянд. Масалан, натрий, калий ва хлор кобилияти гузаронандагии мембранаи хучайраро барои моддахои гуногун ва гузаронидани импулсхоро ба наххои асаб таъмин месозанд. Калсий ва фосфор дар ташкили моддаи байнихучайравии бофтахои устухон иштирок мекунанд. Ба гайр аз ин, калсий яке аз омилхоест, ки аз он лахтабандии муътадили хун вобастаги дорад. Охан ба таркиби гемоглобин-сафедаи эритроситхои хун дохил аст.

Он дар гузаронидани оксиген аз шуш ба бофтахо иштирок менамояд. Магний бошад, дар хучайраи растани ба таркиби хлорофилл-пигменти сабз, ки сабаби фотосинтез мегардад, дохил мешавад. Дар хайвонот магний дар таркиби катализаторхои биологи-ферментхо, ки дар табаддулоти биохимияви иштирок менамоянд, вучуд дорад.

Хамаи элементхои бокимонда (рух, мис, йод, фтор ва гайра) – гурухи сеюмро ташкил намуда, дар хучайра ба микдори хеле кам мавчуданд. Хиссаи умумии онхо 0,02%-и массаи хучайраро ташкил мекунад. Бинобар ин, онхоро микроэлементхо номидаанд. Аммо ин чунин маъно надорад, ки микроэлементхо барои организм ахамияти кам доранд.

Микроэлементхо низ барои организми зинда нихоят мухимманд, вале ба таркиби он хеле кам дохил мешаванд. Масалан, рух ба таркиби молекулаи гормони гадуди зери меъдаинсулин дохил шуда, дар танзими мубодилаи ангиштобхоиштирок менамояд. Йод-кисми таркибии зарурии тироксингормони гадуди сипаршакл буда, суръати мубодилаи моддахои хамаи организмро дар шакли том ва нумуи онро дарраванди инкишоф идора менамояд.

Хамаи элементхои химиявии номбурда, дар бунёд намудани организм ба шакли ионхо ё ба таркиби ин ё он пайвастагихо–молекулаи моддахои гайриорганики ва органики иштирок мекунанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

КОНУНИ ДУЮМИ МЕНДЕЛ (КОНУНИ ТАЧЗИЯ)

Хангоми дурагакунии наслхои гибридии якум, ки аломати якхела доранд, дар насли дуввум хам аломати модари …