Главная / Биология / ХУЧАЙРАХОИ ПРОКАРИОТИ

ХУЧАЙРАХОИ ПРОКАРИОТИ

Яке аз намояндахои хучайрахои прокариоти бактерияхо мебошанд. Бактерияхо дар хама чой – хаво, об, замин, хуроквори, зери хок, укёнус, куллаи куххо, дар каъри яххои Арктики ва Антарктика, обхои зеризаминии гарм, кабати болои атмосфера вомехуранд. Новобаста аз сохти содда, бактерияхо кобилияти баланди мутобикат доранд.

5-3

Бактерияхо яке аз шаклхои соддаи хаёт буда, ба типии мавчудоти зиндаи кадими дохил мешаванд ва дар ибтидои аввали тараккиёти хаёт дар руи замин пайдо шудаанд.

Гумон меравад, ки нахуст бактерияхо дар бахрхо зиндаги мекарданд ва мумкин аз онхо микроорганизмхои хозира пайдо шудаанд. Инсон бо олами микробхо факат дар асри ХVII шиносои пайдо кард, зеро дар хамин давра заррабин (линза) ихтироъ гардид ва бо ёрии он чисмхои ба чашм ноаёнро дидан мумкин буд. Тараккиёти минбаъдаи техника дар асрхои оянда имконият дод, ки бактерияхо ва дигар организмхои прокариотиро хаматарафа омузанд. Агар ба хусусияти сохти хучайраи бактерияхо нигарем, гуногуншакли ба назар мерасад (расми. 5.1). Аз чумла, андозаи хучайраи бактерияхо хеле хам гуногун мебошанд (аз 1 то 10-15 мкм).

Вобаста ба шакл, онхоро хучайрахои доирашакл, коки дарозруя, чубчамонанд, печхурда, спирали (расми 5.2) меноманд.

Бактерияхо вобаста ба намуд танхо, баъзеашон дар шакли туда зиндаги мекунанд. Масалан, стрептоккокхо дар одам ва хайвон беморихои илтихобиро ба вучуд оварда, дар шакли занчир аз чанд хучайрахои бактерияви ташаккул ёфтаанд; стафилаккокхо ба рохи нафаси кудакон сироят карда, дар шакли хушаи ангур инкишоф меёбанд.

Вобаста ба хусусияти физиологи бактерияхо гуногун мешаванд. Онхо метавонанд дар холати аэроби (бооксиген), анаэроби (беоксиген) ва ё дар харду холат хаёт гузаронанд. Манбаи энергия барои онхо равандхои нафаскаши, туршонидан ё фотосинтез махсуб меёбанд. Бисёр намуди онхо дорои пигментхои гуногун мебошанд. Бештари бактерияхо дар организми хайвонот ва растанихо сукунат карда, онхоро ба беморихо гирифтор менамоянд. Вактхои охир мукаррар гардид, ки баъзе бактерияхо дар бактерияхои дигар паразити мекунанд.

Бактерияхо хаста (ядро) надоранд ва ахбори ирси дар як хромосома чой гарифтааст. Хромосомаи бактерия аз як малекулаи КДН иборат буда, шакли халкаро дорад ва дар ситоплазма чойгир шудааст. КДН-и бактерияхо мачмуаи сафедахоро надорад. Бинобар ин, бештари хиссачахои ирси, яъне генхо, ки дар хромосомахо чойгиранд, дар холати фаъол карор дошта, аз онхо пайихам ахбори ирси нусхабардор мешавад. Хучайраи бактерияхо бо парда (мембрана) ихота шудааст (расми 5.2), ки ситоплазмаро, аз девори хучайра чудо мекунад. Дар ситоплазма хиссаи мембрана кам аст; дар он рибосомахо чой дошта, сафедаро синтез мекунанд.

Накшаи сохти хучайраи прокариотхо Хамаи ферментхое, ки дар рафти фаъолияти бактерияхо ширкат доранд, дар ситоплазма дар шакли диффузи паре-

шон мебошанд ё ба мембранаи даруни часпидаанд. Дар бисёр микроорганизхо моддахои захирави дар шакли полиангиштобхо, чарбхо ва полифосфатхо дар даруни хучайра чамъ меоянд. Ин моддахо дар чараёни мубодилаи моддахо ба бактерияхо дохил шуда, дар мавриди набудани энергияи беруни хаёти онхоро таъмин месозанд.

Афзоиши бактерияхо бо рохи таксимшави аст. Таксимшави баъди дучанд гаштани хромосомаи халкаги ва дароз шудани хучайра огоз ёфта, тадричан пардаи мобайни ва сипас, хучайрахои духтари ташаккул меёбанд.

Баъзан бактерияхо бо рохи чинси меафзоянд ва дар натича омезиш (комбинатсия)-и нави генхо дар хромосомаи бактерияхо ба вучуд меоянд. Аксари бактерияхо спора меофаранд. Спорахо хамон вакт пайдо мешаванд, ки агар захи-

раи моддахои гизои кам гардад ё дар мухити зист микдори махсули мубодила аз меъёр зиёд аст.

Ташаккули спора дар шакли танобак дар кисми ситоплазмаи хучайраи модари огоз ёфта, он бо мембрана ихота шудааст.

Баъдан спора бо пардаи хучайрави ихота мешавад. Гохо ин парда серкабат мебошад. Хамин тавр, чараёни фаъолияти хаёт дар спора катъ мегардад. Спораи бактерияхо дар холати хушки хеле устуворанд.

 Дар ин мавридхо спора кобилияти хаётии худро садхо ва хазорхо сол нигох дошта, гармову сарморо аз сар мегузаронад. Ба ин гуфтахо спорахое, ки аз кабрхои кухна ёфт шудаанд, шаходат медиханд (му-миёи кадимаи мисрихо, захираи махсулоти хуроки дар горхо). Чунин спорахо, агар дар шароити мусоид чой ёбанд, ба хучайрахои бактерияхои фаъол мубаддал мегарданд.

Олимон микроорганизмхоро аз спорахои яхбастаи 10-12 хазор сола парвариш кардаанд.

Хамин тавр, хосилшавии спора дар прокариотхо яке аз зинахои хаёт буда, шароити ногувори мухити берунаро аз сар мегузаронад. Fайр аз ин, холати спораги имкон медихад, ки онхо ба воситаи бод ва омилхои дигар пахн шаванд.

Саволхо барои санчиш:

  1. Органоидхои хучайраро номбар кунед.
  2. Дар кадом асос хамаи организмхои зиндаро ба ду гурух, яъне прокариотхо ва эукариотхо чудо мекунанд?
  3. Кадом организмхо ба прокариотхо дохил мешаванд?
  4. Сохти хучайраи бактерияро шарх дихед.
  5. Батерияхо чи гуна афзоиш меёбанд?
  6. Мухити спорахосилшавии бактерияхо дар чист?

Истилохот:

  1. Мезосома – кисми берунаи мембранаи ситоплазма.
  2. Микоплазмахо – шакли нисбатан соддаи намояндаи про- кариотхо, ки пардаи хучайраро надоранд.
  3. Спорахосилшави – зинаи хаёти прокариотхо, ки бо номусоидии мухит вобаста аст.
  4. Сианобактерияхо – организмхои прокариотии кобили фотосинтез, ки дар баъзеи онхо мачмуаи пигментии ба растанихои дарачаи оли хос вучуд дорад.
  5. Археобактерия – прокариотхое, ки хусусиятхои кадимаи худро нигох доштанд.
  6. Хромосомаи халкаги – маводи ирсии хучайрахои прокариоти, ки КДН дар шакли молекулаи халкаги мавчуд аст.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …