Главная / Биология / ХУЧАЙРАХОИ ЭУКАРИОТИ

ХУЧАЙРАХОИ ЭУКАРИОТИ

Ба хучайрахои эукариоти организмхои дарачаи ташаккулашон гуногун – аз соддатаринхо то растанихои дарачаи оли ва хайвонот мансубанд (расми 5.4). Дар расм намояндагони хучайрахои эукариоти, аз чумла, якхучайрагихо (14-амёба, 15-сувойки, 16-эвгленаи сабз), хамчунин организм-хои серхучайраи набототи (1-6) ва хайвонот (7-13) акс ёфтаанд.

Албатта, дар табиат хучайраи хамабоб мавчуд нест, вале хамаи хучайрахои эукариоти гомологи буда, барои навъхои гуногуни онхо сохти умуми хос аст . Хар хучайра аз ду кисми бо хам алокаманд, яъне ситоплазма ва хаста иборат мебошад.

1000

Ситоплазма

Дар ситоплазма органоидхои гуногун чой гирифтаанд ва хар яки онхо хосиятхои худро дошта, дар даврахои гуногуни хаёти хучайра иштирок мекунанд.

Ба ибораи дигар, хар яке аз органоидхо дорои вазифахои муайянанд. Баъзе органоидхо барои хамаи хучайрахо хосанд, масалан, митохондрия, маркази хучайра, аппарати Голчи, рибосомахо, тури эндоплазмави, лизосомахо. Хамчунин, органоидхое мавчуданд, ки факат ба хучайрахои муайян хосанд, чунончи: миофибриллхо, мижгонакхо ва гайра.

Хамин тавр, органоидхо кисми таркиби ва доимии ситоплазмаи хучайраанд. Дар ситоплазма, инчунин, моддахои гуногун, ба ном хиссачахо мавчуданд. Онхоро сохторхои тагйирёбандаи ситоплазма меноманд (баъзан ба ин гурух хастаро низ дохил мекунанд) ва фаркашон аз дигар органоидхо дар он аст, ки дар хаёти хучайра гох пайдо ва гох нест мешаванд.

Хиссачахои дуруштро гранула ва обакиро вакуол меноманд. Дар чараёни хаёт дар хучайра махсули мубодилаи моддахо дар шакли пигментхо, сафедахои гранули ва дар хучайраи чудокунанда моддахои захирави дар шакли доначахои гликогени, заррахои равган чамъ мешаванд.

Асоси ташаккули сохтори хучайраро конунияти сохтори мембранави ташкил мекунад. Пас, маълум мегардад, ки хучайра асосан аз мембрана ташкил ёфтааст ва хамаи мембранахо сохтори якхела доранд. Дар замони хозира модели сохтори мембранави кабул шудааст (расми 5.6).

Расми 5.5. Сохти хучайраи эукариотхо:

А – хайвон, Б – растани, 1 – хаста бо хиссача, 2 – мембранаи ситоп-

лазма, 3 – девораи хучайра, 4 – плазмодесма, 5 – тури эндоплазмави,

6 – вакуоли пиноситози, 8 – аппарати Голчи, 9 – лизосома, 10 – кат-

рахои равган, 11 – сетриол, 12 – митохондрия, 13 – полирибосома,

14 – вакуол, 15 – хлоропласт.

Вобаста ба ин мембранаи биологи аз ду кабати липиди иборат буда, дар умкхои гуногуни беруни ва даруни молекулахои бисёр ва гуногуншакли сафеда чой гирифтаанд. Мембранаи берунаи ситоплазма кабати болои хучайраро ташкил мекунад.

Ин кабат дар хамаи хучайрахо вучуд дошта, махсулоти ситоплазмаро аз мухити беруна чудо менамояд. Кабати болоии хучайраи зинда доимо дар харакат аст, дар вай чинхо пайдо шуда, харакати мавчмонанд ба амал меояд. Агар ба кабати болои хучайра нигарем, мебинем, ки таркиби он гуногун буда, сохтори болояш якхела нест, аз чумла, хосияти физиологии он низ фарк мекунад. Хамин тавр, кабати болои мамбранаи хучайра аз чихати морфологи ва физиологи махлут мебошад. Кабати болои хучайра нисбатан устувор буда, кисми осебёфтаро зуд баркарор мекунад. Болои пардаи хучайра яклухт нест. Дар мембранаи ситоплазмави сурохихои хурд вучуд доранд, ки ба воситаи онхо ба даруни хучайра тавассути ферментхо, ионхо ва молекулахои хурд ворид мешаванд. Гайраз ин, ионхо ва молекулахои хурд метавонанд бевосита аз мембрана ба даруни хучайра дохил шаванд.

Ионхо ва молекулахо ба хучайра на бо рохи гайрифаъоли диффузияви, балки бо рохи фаъоли накли дохил шуда, дар ин маврид энергия сарф мегардад. Харакати моддахо интихоби буда, баъзе моддахо аз мембрана ба осони мегузаранд, моддахои дигар бошанд, дар он дар мемонанд.

Хамин тавр, консентратсияи иони К дар хучайра нисбат ба мухити берунаи он баланд аст. Вале консентратсияииони Nа +дар махлули байнихучайраги зиёд мебошад. фагоситозии ба хучайра дохил шудани моддахо ва заррачахо низ мавчуд аст (расми 5.7). Мембранаи хучайра шакли фурухамидаро гирифта, дар чуяки пайдошуда гушакхо бо хам мечаспанд ва моеъ (дар холати пиноситоз) ё заррачахо (дар холати фагоситоз)-ро ба дарун мекашанд.

Пиноситоз яке аз роххои мухим ва механизми асосии воридшавии моддахои калонмолекула ба хучайра мебошад.

Андозаи вакуоли пиноситози 0,01 то 1,2 мкм аст (1,2,3). Баъди чанд муддат вакуоли пиноситоз бо даруни ситоплазма дохил мешавад.

Байни вакуолахои воридшуда, ки моддахои гуногунро бо хучайра дохил мекунанд ва лизосомахо, ки ферментхои ин моддахоро хазм менамоянд, алокаи махсус вучуд дорад.

Хамин тавр, тамоми сикли хазми гизои дохилихучайрави аз чор даври паихам иборат аст: дохил шудани моддахо бо рохи пино-ё ки фагоситоз, тачзия шудани онхо зери таъсири ферментхои лизосома; гузаронидани моддахои тачзияшуда ба ситоплазма (дар натичаи тагйир ёфтани кобилияти гузаронандагии мембарани вакуолхо); ихроч кардани бокимондахои хазмнашуда. Худи вакуолхо бошанд, махв шуда ба заррахои хурди ситоплазма табдил меёбанд.

Мембранаи ситоплазмави вазифаи дигарро низ ичро мекунад, масалан, алокаи байни хучайрахо ва бофтахои организмхои серхучайраро таъмин менамоянд.

Тури эндоплазмави

Тури эндоплазмави яке аз чузъхои ситоплазмаи хучайра буда, аз чуякхо ва шохчахо иборат аст. Он ядроро ихота карда, мембранаи худро дорад.

Дар хучайрахое, ки мубодилаи моддахояшон зиёд аст, адади чуякхои тур хеле бисёранд. Ба хисоби миёна аз 30 то 50% хачми хучайраро тури эндоплазмави ташкил мекунад.

Мембранаи тури эндоплазмави ду шакл дорад: хамвор ва чиндор. Дар мембранаи хамвори тури эндоплазмави асосан системаи ферментхо мавчуд аст, ки дар мубодилаи чарбхо ва ангиштобхо иштирок мекунанд. Чунин мембрана бештар дар гадудхои равган дучор меояд ва синтези чарбхоро ба рох мемонад. Дар хучайрахои чигар бошад, синтези гликоген ва инчунин дар хучайрахое, ки захираи моддахои гизои бисёр дошта (тухми растанихо) вомехуранд.

Вазифаи асосии мембранаи чиндори тури эндоплазмави синтези сафедахо аст, зеро рибосомахо дар мембрана шакли чинро гирифта, дар он часпидаанд.

Ба воситаи чуякхо моддахо харакат мекунанд, аз чумла, моддахое, ки дар мембрана синтез мешаванд. Мембранахои тури эндоплазмави вазифаи дигарро низ ичро мекунанд, яъне фазаи ферментхоро аз хам чудо месозанд, ки ин барои фаъолияти мутассили онхо дар реаксияхои биохимияви зарур аст.

Ба хамин минвол, тури эндоплазмави системаи умумии мубодилаи моддахои дохилихучайрави буда, бо чуякчахои он моддахо харакат мекунанд, дар мембранаи ин чуякчахо ферментхо чой гирифта, фаъолияти хучайраро ба рох мемонанд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …