Главная / Биология / ХОСИЯТХОИ СОХТИ ХУЧАЙРАИ РАСТАНИ

ХОСИЯТХОИ СОХТИ ХУЧАЙРАИ РАСТАНИ

Дар хучайраи растанихо ядро ва хамаи органоидхое, ки барои хучайраи хайвонот хосанд, дида мешаванд, масалан, тури эндоплазмави, рибосомахо, митохондрия, мачмаи Голчи. Дар баробари ин, хучайраи растани хусусияти худро дорад (ба расми 5.5. нигаред) ва аз хучайраи хайвонот бо чунин аломатхо фарк мекунад: 1 – кабати гафси пардаи хучайра; 2 – органеллахои махсус, яъне пластидхо, ки дар онхо синтези аввалаи моддахои органики аз хисоби маъданхо ва энергияи офтоб ба амал меояд; 3 – инкишофи системаи вакуолахо, ки бо хусусияти осмосии хучайра вобастаги дорад.

5-22

Хучайраи растанихо ба монанди хучайраи хайвонот бо мембранаи ситоплазмави ихота шудааст, вале он кабати гафси девора низ дорад, ки аз селлюлоза иборат мебошад.

Девораи хучайра сурохихо дорад, ки тавассути онхо чуякхои тури эндоплазмави бо хучайрахои хамсоя алока мекунанд. Бартарии раванди синтез, нисбат ба раванди чудо шудани энергия, аз чумлаи хосиятхои мухими мубодилаи моддахои растани ба хисоб меравад. Синтези аввалини ангиштобхо аз моддахои гайриорганикии дар пластидхо ба вучуд меояд.

Пластидхо се намуд мешаванд:

  1. Лейкопластидхо, ки беранг буда, дар онхо аз хисоби моносахаридхо ва дисахаридхо крахмал синтез мешавад (баъзе лейкопластидхо сафеда ва чарбхоро захира мекунанд).
  1. Хлоропластхо ранги сабз доранд, зеро дар таркиби онхо пигменти хлорофилл мавчуд буда, дар онхо фотосинтез мегузарад (расми 5.22).
  1. Хромопластхо, ки дорои пигментхои каротиноидхо буда, гуногунрангии гул ва мевахо ба онхо вобаста аст. Пластидхо кобилияти ба якдигар табдил ёфтанро доранд.
  2. Дар таркиби хучайра КДН ва КРН мавчуд буда, бо рохи таксимшави метавонанд зиёд шаванд. Вакуолхо бо мембрана ихота шуда, аз хисоби чомхои тури эндоплазмави пайдо мешаванд.

Вакуолахо, сафедахо, ангиштобхо, махсулоти синтези молекулахои дарачаи паст, витаминхо ва намакхои гуногунро дар холати махлул нигох медоранд. Фишори осмоси, ки аз хисоби хал шудани моддахои шираи хучайра ба амал меояд, боиси ба хучайра дохил шудани об ва дар холати тургор, яъне таранги карор ёфтани деворахои хучайра мегардад. Холати тургор ва чандирии деворахои хучайра омили   мухими устувории растани ба шумор мераванд.

Расми 5.22.

Саволхо барои санчиш:

  1. Сохти пластидхо чи гунаанд? Оиди ба якдигар гузаштани пластидхо мисол оред.
  2. Дар кадом кисми пластидхо фотосинтез ба амал меояд?
  3. Реаксияи фотосинтез ва чараёни дар рушнои дар шакли АТФ чамъ шудани энергияро шарх дихед.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …