Главная / Илм / ХОРПУШТ дар Канзи Шифо (Китоб)

ХОРПУШТ дар Канзи Шифо (Китоб)

xorpusht-660x330Хорпушт (хорпуштак) чонварест руйи шикамаш муй дорад, вале пушташ хорнок аст. Чун хорпушт ба хавф ё ба хашм ояд, сари худро ба даруни хорхои пушташ, ки бо он печида мешавад, чо мекунад. Мизочаш гарм ва хушк аст дар аввали дарачаи дувум.

Хислатхои шифобахши хорпуштак: гушти хорпуштро бихуранд, рутубатхои нодаркор ва зиёдатии баданро, инчунин захмхоро хушк мекунад, моддахои гализро башиддат тахлил медихад ва рехта шудани моддахои номатлубро ба узвхои даруни шикам ва сина манъ мекунад. Чигари хушки он ва хокистари сухтаи он поккунанда, тахлилдиханда ва хушккунанда мебошад.

Гушти намакхурдаи онро бо сиканчабин (сиркоасал) бихуранд, дарди сарро таскин медихад; бо обе, ки дар он юнучкаи зардак чушонида шуда бошад, бихуранд, фолич, чингак шудани аъзо, беморихои асаб, филпо ва агар таб намегирифта бошад, истиско (водянка) ва дарди гурдаро низ шифо мебахшад; ва агар гушти бенамаки онро бихуранд, вайрон шудани мизоч, сил, хангоми хоб ба чогах шошидани кудакон ва гайри кудаконро дафъ мекунад, хатго агар дар хурдани он мудовамат намоянд, холи шошиданро душвор мегардонад; аммо бохи тармизоч ва сардмизочонро кувват мебахшад.

Чигарашро дар офтоб хушк карда бихуранд, истискоро шифо мебахшад. Пусташро сухта, бо шароб биёшоманд, фоличро ба ибро меоварад ва агар бо сиканчабин бихуранд, хар гуна варамхои гушти баданро мегардонад.

Гушташти хорпуштро пухта бихуранд, барои ханозер (хукгардан) ва махав дору мебошад; агар онро гузошта банданд, гуддахо ва гиреххои сахти дар узвхо пайдошударо мегудозад — тахлил медихад. Пусташро сухта гузошта банданд, решхои римнокро ба ибро меоварад ва агар он решхо гушти харом дошта бошанд, онро мехурад; захмхоро хушк мекунад, зеро ки ин поккунанда ва хушксозанда мебошад.

Гушти хушккардаи хорпуштакро соида як муддат бихуранд, иллати махавро шифо мёбахшад. Хокистари онро бимоланд, доги кунчидаки тунукро дафъ мекунад; инро бо заф (катрон) даромехта бимоланд, ба чохои гирдак- гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад ва кутурро шифо мебахшад. Агар бо хокистари он бишуянд, решхои сарро нест мекунад.

Хурдани гушти хорпуштак табхои кухна ва захри чонваронро аз бадан дафъ мекунад. 1,75 грамм аз пусти сухтаи он бихуранд, таби дуруздармиёнро нест месозад.  Вале агар хорпушт ва махсулоти онро аз хад бисёр бихуранд, мизочи меъда ва чигарро вайрон мекунад ва ранги рухсорро паст мегардонад. Давои ин зарархояш гушти онро дар об мухарро пухта хурдан ва бо равган пухта, бо равгани бодоми ширин ва сиркою косни хурдан аст.

Мизочи захраи хорпуштгарм ва хушк аст, хислати пок ва хушккунанда дорад. Агар инро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Агар инро бимоланд, пахн гаштани захм ва решхоро дар бадан манъ месозад, барои махав хам фоида дорад. Захраи онро бо муми занбури асал даромехта, зани хомила бихурад ё аз таг бардорад, бачаашро аз шикам меафтонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …