Главная / Илм / ХОРИ ХАСАК дар Канзи Шифо (Китоб)

ХОРИ ХАСАК дар Канзи Шифо (Китоб)

xasak-xor-660x330Хасакхор (Хори хасак) — ин гиёхест сохти баргаш монанди барги тарбуз кайчибарги кунгурадор, вале хеле аз он майда, инчунин, сокаш хаммонанди биёраи тарбуз бар замин пахн шуда месабзад, ки дар чохои намнок меруяд. Самараш сегушаи хорнок ба бузургии ду нахуде. Дар наздики банди баргхои биёрааш самар мебандад. Гулаш зарди бисёрреза. Ин гиёхро дар баъзе махалхо точикон хори почадарроз низ меноманд. Ба забони руси онро «Якорцы стелющиеся» меноманд.

Мизочаш муътадил аст дар гармиву сарди ва хушки. Хислатхои шифобахши он: истеъмоли ин ба дарун узвхои даруни шикамро аз моддахои нодаркор ва зарарнок пок мекунад, пешобро меронад, дарди хичакро таскин медихад, маниро меафзоёнад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, моддахои бозмондаи дарунро мепазонад ва пароканда месозад; кулинчро (колитро), ки аз гарми бошад, дафъ мекунад, дарунро мулоим мегардонад, ннчунин, намегузорад, ки моддахои зарарнок ба узве рехта шаванд; агар инро бо шароб бихуранд, зарари давохои захрнокро нест мегардонад.

Оби барг, реша ва самари онро дар офтоб кивом карда бихуранд, захми роххои пешобро, ки сузок меноманд, ба ибро меоварад; бох (пушти камар)-ро кави месозад, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвор шошиданро ислох мекунад, кулинчро шифо мебахшад. Оби хар як кисми ин растаниро бо асал даромехта, ин таркибро дар дахан гардонанд, пухтани даруни дахан, яъне чушишхои даруни дахан ва буйи бади онро дафъ мекунад, барои дарди милки дандон дору мешавад, варамхои мушакхои халкумро мегардонад ва тахдил медихад.

Ин гиёхро дар об чушонида, он обро дар офтоб гафс гардонида, баъд гузошта банданд, варамхои гармро рад мекунад ва намегузорад, ки варам аз нав пайдо шавад, инчунин моддахои зарарнокро аз рехтан ба узвхо, манъ мекунад. 9 грамм оби дар офтоб гафсгардонидаи хори хасаки сахроиро бихуранд, захри мори афъиро аз бадан дафъ мекунад.

Гиёхи инро дар об чушонида, он обро ба чойи лозима бипошанд, хамаи кайкхоро бартараф мегардонад. Нахудро дар оби ин гиёх се шабонаруз тар карда бихуранд, багоят бохро афзун мегардонад. Микдори як бор хурдан аз ин гиёх дар як руз то 17,5 грамм аст. Вале истеъмоли ин ба дарун ба сар зарар мекунад. Дар ин маврид бодоми ширин ва равгани кунчид бихуранд, ислохи зарар менамояд.

Хосиятхои тухмаш дар хама чихат монанди оби дар офтоб кивом кардаи он аст. Аз ин растани равган хам тайёр мекунанд. Як микдор оби онро дар зарфе андохта, аз болояш ду баробари он равгани кунчид мерезанду бо оташи мулоим мечушонанд. Чушишаш басанда гардад, ин аломати тамоман бухор шуда рафтани оби он аст, яъне равган тайёр шудааст. Вале эхтиёт кунанд, ки равган дог нагардад.

Агар ин равганро бихуранд ё бимоланд ва бо он нимгарм хукна (клизма) кунанд, бохро кави мегардонад, дарди бугумхоро таскин медихад, ранги рухсорро неку месозад, дарди гурда ва миёнро шифо мебахшад, ба душвори шошиданро ислох мекунад; ва агар инро дар сурохи закар бичаконанд, инчунин ба зери ноф ва аз ру ба гурдаи санг доштаги бимоланд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Микдори як бор дар як руз хурдан аз ин равган 32 грамм аст, ба хамин шарт бо майи пухтаги ва асал ё бо канди сафед мехуранд. Агар тухми онро то се мартаба дар шири навдушида бичушонанд, баъд аз хар бор чушонидан хушк карда, баъд куфта бихуранд, барои кави кардани бох (пушти камар) давои бемисл аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …