Главная / Гуногун / ХОНАИ АЧДОДИ

ХОНАИ АЧДОДИ

Писари калони аз модар фотехаи рохи сафед талабид. Чизу чора, бору бунаш гундошта, зану фарзандонаш омодаи ба хавлии нави хеш кучидан буданд. Модар дуои нек гуфт. Ва гиряаш омад. Медонист, ки манзили писари аввалаш кариб аст, вале акнун, азбас, чудо рузгор мегузаронад, дастархону дегу табакаш алохида аст, як кадам дур метофт. Сипас худро тасалло дод, шукр кард, ки писари дуюмаш хамдаму пуштибони уст…

Хамон тобистон писари хурди алохида-алохида барои модари худ хонахои дахлездор, бархаво созонд. Зеро, ки модар тирамох нияти арус овардан дошт.

xonai-ajdodi

Шукр, онхо ба муроду максадашон расиданд. Модар боз сохиби набера шуд.

Ва аз хамон айём инчониб касе дар хонаи кухнаи писари калони намезист. Даруни он хезуму ангишт, лашу луши нодаркор мехобид. Хеч зарурат набуд, ки бомашро бо лои кохомехта андова бикунанд, то ки борон ё оби барф нагузарад. Бо мурури замон рузу солхо аз дару тирезааш ранг паридаву оинахояш шикаста рафтаанд. Пойдеворашро охиста-охиста шур зад. Вассахои шифташ пусидаанд, тортанакхо тор метаниданд. Аз он мавсиме, ки беодам холи монд, дигар ягон бахор фароштурукхо лона намесохтанд. Ангури токи дар пешгохи хонаи афсурда вокеъбударо дар вакт-вакташ хомток кунанду дору пошанд хам меваашро саропо хок мезад.

Дар ин миён набера ба воя расид. Илм омухт, дар кишвари бегона хизмати ватан ба чо овард. Рузе вай бо амри тасодуф соате, ки харду бародар бо хамсаронашон ва фарзандонашон сари дастурхони модар чамъ омада буданд, арзи дил кард.

– Мехохам хамон хонаи кухнаро вайрон ва аз хишт хонаи нав бунёд кунам.

Набераи хурди интизори розиги биистод.

Пиразани навадсола охе кашиду гуфт:

– Кариб шаст сол пеш рахмати шавхарам худашон синчхои ин хонаро рост кардаву дару тирезаашонро шинонда буданд…

Писари калони ёдовар шуд:

– Овони бачагиям, туи домодиям низ дар хамин манзил гузашта буд…

Ба гуфтугу келини аввалин хамрох шуд.

– Писари калониямро сию шаш сол пеш ибтидои фасли хазон даруни хамин хонаи кухна таваллуд карда будам…

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …