Главная / Гуногун / Х О М П А З Х О

Х О М П А З Х О

Ба як мард чил хунар кам бошад, пас чаро чил зан бисёр будааст?!

 

Замонхои пеш мардхо бисёрзана буданд. Холо занхо бисёршавхараанд.

 

Гов гуфтааст: “Мудири ферма медонад, ки мо забони гуё надорем, бинобар ин дар пеши чашмамон медуздад”.

 

Дар замони рукуд: “Ваъда медихем!” – мегуфтанд. Дар давраи бозсозч: “Ваъда медихем, ки ваъда намедихем!” – мегуянд.

 

Аз кахру рашк бадафт бишавч.

 

Хохч, ки рузат сиёх шавад, аз занат: “Кучо будч?” – гуфта, пурс.

 

Аз нарххои озод мушхо хам ба дод омаданд.

 

Намак тухми анко шуда бошад хам, ба захмхоям намак мепошанд.

 

Демократхо онхоеанд, ки хатто барои бо худ гап задан микрофону минбар мечуянд.

 

Мухити зист руз ба руз, “ярокнок” мешавад.

 

Агар аз даруни мантуву самбусахои шахри Душанбе гушт ёфтани шавед, бо худ микроскоп гиред.

 

Эълон дар хаммом: “Якчоя шустани зану мард катъиян манъ аст!”

 

Марде дар митинги дафн гуфт:

– То боздид, дусти азиз!

 

Ба зан дилатро накушо, ки ба руят хама дархоро мепуши.

 

Аз байнашон гурбаи ало гузашт, чун саг ба хам дарафтоданд.

 

Урра! Мо дар нарху наво аз Амрико гузаштем!

 

Мир шудан мехост, вале пир шуд!

 

Хушомадхуча акси худро дар оина дида, дукад шуда гуфт: “Хуш омадед, нури дида, точи сар!”

 

Бевазан занест, ки аз хурдани майнаи сари мард махрум шудааст!

 

Орзуи паси рули мошин нишастан карду паси панчара нишаст.

 

Аз паси аробаи пурбор давида, ба аробаи холи зор шуд.

 

Ачаб замоне! Хеи кас харидор шудан намехохад, хама мехоханд фурушанда бошанд.

 

“Бародари – баробари!” – мегуфт доро ба камбагал. – Конун аз мо, чазо аз шумо!”

 

Кутохтарин кисса: “Тавлид шуд – зист – мурд!”

 

Шуй, ки латта шуд, зан шатта мешавад!

 

Кисабуре ба кисабур панд медод: “Хар киса гумон мабар, ки холист!”

 

Масташ намекардам, магар мегуфт, ки ман кистам?!

 

Пул надорч, саодат мачуй!

 

Кутохтарин ва бехтарин нушбод ин аст: “Менушем, ки боз нушем!”

 

Занхо пеш гулдастаро дуст медоштанд, холо бошад, пулдастаро!

 

Ронанда наметавонад аз дусти бо милиса нафъ бибарад.

 

Майзадахо: “Барои саломатч!” – гуфта, менушанду саломати надоранд.

Пеш аз он ки ягон касро задани шавед, аввал то хазор шуморед, ана баъд занед.

“Нозиданоша бинед!…” – гуфта буд, ки як мушти обдор хурда, афтид ва шунид: “Афтиданоша бинед!”.

Ачабо! Вазъи зимистонгузаронии чорворо дар Девони Вазирон мебинанду вазъи зимистонгузаронии одамонро дар хеи кучо.

Ба у гуфтанд, ки: “Обро лой кун” – кард. Вале ки мохи дошт, у надид.

Эълон: «Забони гуё ба гуши шунаво эхтиёг дорад».

М Е Г У Я Н Д,  К И …

… баъзан ба сахифаи таърих даромадан осонтар аст, нисбат аз он ки ба кабинети сардор дароч.

… байни одамони “зиндаги карда метавонистагч” дарозумрон ками дар каманд.

… ба одами “боло” домод шавч, чун пуфак ба боло мехезч.

… фурушандае тавассути симо аз хакки мардумхури даст кашидааст.

… “хакикат талху мевааш ширин”. Наход аз дарахти талх меваи ширин руяд?

… дар гуристон чунин лавха овезон: “Хуш омадед!”

… дар ошхона бо харфхои калон навиштаанд: “У нас самообслуживание. Поел, убирайся сам!”

… сарвари бригадаи заводи механики назди рохбарон рубох мешудаасту назди зердастонаш паланг.

… сарошпаз аз таомхои ошхонаи худ хурдааст.

… яке аз хукамо гуфтааст: “Хайрият, кооперативхо пайдо шуданду хару сагу пишаки дайду аз шахр гайб зад”.

… дарвозаи шахрро баста мешаваду кооперативхоро не.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …