Главная / Гуногун / ХОК ВА АХАМИЯТИ ОН ДАР ОЛАМИ РАСТАНИХО

ХОК ВА АХАМИЯТИ ОН ДАР ОЛАМИ РАСТАНИХО

Растанихои сабз ин истехсолкунандагони кислород дар сайёраи мо буда, танхо дар растанихои сабз моддахои гайриорганики ба моддахои органики мубаддал мешаванд. Ин нон, меваи полезихо, мевахои дарахтон, сабзавот ва чизхои дигар, ки бе онхо ба одам зиндагй кардан мушкил аст.

Хамаи растанихо дар сайёраи Замин дар як сол ба атмосфера 400 миллиард тонн кислород хорич мекунанд. Хамзамон онхо ба худ 600 миллиард тонн гази ангидриди карбонро фуру бурда, 450 миллиард тонна моддаи органикй ба вучуд меоваранд. Дар Замин хама чиз яке ба дигар алокаманд буда, растанй бе хок наметавонад зиндагй кунад. Растанй аз он об ва моддахои гизоиро кабул мекунад.

Хок ин кабати хосилхези кабати болоии хушкии Замин ба шумор меравад. Агар андак хокро гирифта, онро ба бонкаи тунукагин гузошта, вайро дар болои оташ нигох дорем, мебинем, ки хок рушан мешавад. Ин баёнгари сухтани моддахои органикй (гумус) дар хок аст, ки ба вай ранги торикро медиханд.

Андак хоки тасфонидашударо бо бонка мегузорем. Ба он об рехта, омехта мекунем. Об андак тира мешавад, зеро дар таркиби хок лой мавчуд аст. Дар каъри бонка peг, ки низ кисми таркибии хок ба шумор меравад, тахшин мешавад. Обро охиста ба дигар бонка рехта, тасфия (филтр) мекунем. Андак оби тасфияшударо ба шиша чаконида гарм мекунем. Пас аз бухоршавй дар шиша догхои сафед боки мемонанд. Ин намакхои маъданй мебошанд.

Олимон ба чунин хулоса омаданд.

А Хок ин мавчуди махсуси табий буда, аз peг, гил, моддахои органикй (пусидагй/гумус) ва намакхои маъданй иборат мебошад.

Дар хок хамчунин хаво мавчуд мебошад. Дар холи хозир кисмати калони сатки хушкии Замин бо хок пушида шудааст. Кабати хок тунук буда: аз 2-3 см то 2 м-ро ташкил медихад. Дар шароити гуногун 1 см гафсии кабати хок дар 100 сол ва гохо дар 300 сол ба вудуд меояд.

Хосилноки хосияти асосии хок ба шумор меравад. Хосилноки аз микдори гумус- махсулоте, ки аз бокимондаи организмхои пусидаю хушкида, об ва хавои он иборат аст, вобаста мебошад. Хар кадар дар хок гумус бисер бошад, хосилнокии он ба хамон андоза баланд шуда, дар хоки хосилхез растанихо хуб месабзанд. Агар захираи моддахои гизой пур нашавад, пас хок хароб гардида, хосилнокии он катъ мегардад. Сарчашмахои моддахои гизой барои растанихо порухои органики ва маъданй ба пгумор мераванд.

Ба порухои маъданй дохил мешавад: ахлоти хайвонот, торф, ки дар асоси тачзияи растанихои мурда ва организмхои хайвонот ба вучуд меоянд. Порухои органики тавассути микроорганизмхо – бактерияхо, обсабзахои бахрй, замбуругхои майда тадричан то ба моддахои маъданй таксим мешаванд. Он моддахо тавассути решай растанихо чаббида мешаванд. Ин як раванди бисёр тулонй аст. Аз ин ру, маводи органикие, ки ба хок хамрох карда шудааст, на танхо ба хосилнокии имсола, балки хосилнокии солхои минбаъда таъсир мерасонанд.

Порухои маъданй- азоти, фосфори, намакхои калий дар корхонахо аз маъданхои табии сохта мешаванд. Порухои азотй ва калийдор дар хоки нам зуд мунхал меша­ванд. Аз ин ру, онхоро пеш аз кишти тухми ба замин мепошанд. Порухои фосфори ба охистагй мунхал мешаванд. Аз ин ру, онхоро якчоя бо поруи махаллй тирамох ба замин мепошанд, то ки то бахор мунхал шуда тавонанд.

Вобаста ба мавчудияти об, хаво, маводхои маъданй дар таркибашон, хокхо гу­ногун мешаванд.

Мисол, хокхои сиёхзамин, хокхои камнамаки хокистари, хокхои хокистарии бешагй, хокхои шурзамин ва гайра. Хокхои сиёхзамин дар таркибашон микдори зи- ёди гумус доранд.

Вай регу гилро ба хамдигар, ба лукмахои хурд сиреш менамояд, ки байни онхо об ва хавои зиёд мавчуд аст. Дар чумхурии мо хокхои хокистарранг, сиёхзамин, кухй, биёбони, чангали, баландкухи, биёбонию дашти, маргзорй, тундраги ва дигар навъхои хок мавчуд аст.

Хок дурдонаи пуркимати табиат мебошад.

Вай моро мехуронад, мепушонад, маводи хом барои саноат ва чуб барои сохтмон медихад.

Олими рус Василий Василйевич Докучаев илмеро дар бораи хок, конунхои пайдоиши он ва хифзи самаранокии он асос гузошт, ки онро хокшиноси меноманд. Вай таъкид карда буд, ки бо хок бояд эхтиёткорона муносибат кард, зеро вай ба осонй бо об шуста шуда, бо шамол руфта мешавад. Дар Чумхурии Киргизистон тар- киб, сохтмон ва хусусияти хокхри сахрои ва кукиро академик Аман Мамитов тахкик кардааст.

Вай харитаи хокхои Осиёи Марказй ва Киргизистонро тартиб додааст. У соли 1927 таваллуд шуда, доктори илмхои кишоварзй, профессор ва академик буд. Соли 2000 вафот кардааст.

Пас аз боронхои пайдарпай оби тирагун дар чуйхо равон мешавад. Вай кабати косилдихандаи хокро ба дарёхо ва кулхо мебарад. Хокхо аз таъсири шамол зуд вай- рон мешаванд. Мавридхое буданд, ки тавассути шамол тамоми кабати киштшаван- даи замин бурда шудаанд. Масалан, тундбодхо танхо дар тули соли 1934 аз худуди Дамворихои Бузурги Амрико наздик ба 300 миллион тонна гумуси хосилхезро, ки тайи садсолахо дар зери растанихои сершумор чамъ шуда буданд, бо худ бурданд. Шамол ин гумусхоро дар шакли талу теппахо дар нохияхои дурдасти кишвар, дар фосилаи байни куххои бисёрсахраи гарби то ба сохилхои шаркии укёнуси Атлантик чамъ овардааст. Аз туфони пургард вилоятхои Ростов, Кафкози Шимоли, даштхои Казокистон зиёни сахт дидаанд. Чи тавр хокро аз эрозияшави хифз ва хосилнокии онро таъмин бояд кард? Яке аз мухофизони хуби хок ин растани мебошад. Онхо бо решахои худ хокро дошта, вайро аз шусташави эмин медоранд.

Алафу буттахо, хамчун колин хокро мепушонанд ва онро аз шамол мухофизат мекунанд. Шинонида шудани дарахтхои чангали дар нишебии куххо ва сохтани зинапояхои уфуки дар нишебих,ои хамгашта чараёнхои обиро нигох медоранд. Ода- мон порухоро нодуруст истифода бурда, хосилнокии хокро хароб месозанд. Барои коркарди хок партовхои саноати, хишткои шикаста, маводхои нодаркори шишагин ва пласмассагин монеа эчод мекунанд.

Дар натича, ин ба камкувватии хок ва аз байн рафтани организмхои хоки дар он оварда мерасонад, ки он боъиси бад шудани самаранокии хок мегардад. Хок хамчунин аз таъсири наклиёт, экскаваторхо ва дигар техникахои кишоварзи вайрон мешавад. Хокро бояд аз микробхо, ки боиси cap задани хар навъ беморихо мегар- данд, эхтиёт бояд кард. Дар хоки чиркин бактерияхои гуногун, ки боиси cap задани хар гуна беморихо мегарданд, метавонанд муддати дароз зиндаги кунанд. Олимон исбот кардаанд, ки микробхое, ки боиси cap задани дизентерия( исхол) мебошанд, дар хок 45 руз, микробхои манбаи тиф бошанд, то як сол дар хок зиндаги карда ме­тавонанд.

АСОСИТАРИН НУКТАХОИ МАВЗУЪ:

Пурсишхо

  1. Хок чист?
  2. Гумус чй тавр ба вучуд меояд?
  3. Чаро хокро нарм мекунанд?
  4. Кадом намуди хок дар чое, ки Шумо зиндагй мекунед, дучор мешавад?
  5. Эрозияи хок чист?
  6. Чй тавр хокро аз эрозия мухифизат бояд кард?
  7. Шумо ин чумларо чй тавр шарх медихед? «Замин раззок (ризкдиханда) аст ва вайро низ бояд гизо дод!»

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …