Главная / Гуногун / ХОКИМИЯТИ МАХАЛЛИ

ХОКИМИЯТИ МАХАЛЛИ

 Хокимияти махалли аз макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати иборат мебошад (моддаи 76 Конститутсия). Фаъолияти онхо дар асоси Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи макомоти махаллии хокимияти давлати», конунхо, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф кардааст, ба танзим дароварда мешавад. Асоси иктисоди ва молиявии фаъолияти макомоти махаллии хокимияти давлатиро маблагхои бучети, моликияти онхо, инчунин объектхое, ки барои хочагидори ба онхо супорида шудаанд ва он объектхо манбаи ба даст овардани даромад ва конеъ гардонидани талаботи ичтимоию иктисодии ахоли мебошанд, ташкил медиханд. Онхо фаъолияти худро бо рохи фарохам овардани шароити мусоид барои аз чониби шахрвандон амали намудани хукукхои конститутсионии худ оид ба иштирок дар идоракунии корхои давлати ва чамъияти анчом медиханд.

Фаъолияти макомоти махаллии хокимияти давлати дар асоси принсипхои конуният ва адолати ичтимои; хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

мутобикати манфиатхои махалли ва умумидавлати;

ба таври демократи, ошкоро ва бо дарназардошти гуногунандешии сиёси хал намудани масъалахо; масъулият барои натичахои фаъолияти худ дар назди ахоли; изхори иродаи ахоли ба воситаи Мачлиси вакилони халки дахлдор; мустакилияти макомоти махаллии хокимияти давлати дар халли масъалахои доираи ваколати худ; хатми будани ичрои санадхои макомоти махаллии хокимияти давлати, ки дар доираи ваколати онхо кабул шудаанд; дастачамъи будани фаъолияти макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати ва яккасардории фаъолияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ба рох монда шудааст.

Кисми таркибии макомоти махаллии хокимияти давлатиро макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати ташкил медихад. Он аз Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия иборат мебошад. Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори

Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро интихобкунандагони вохидхои марзию маъмурии дахлдор дар асоси принсипхои умуми, баробар, мустаким, бо овоздихии пинхони ба мухлати 5 сол интихоб мекунанд. Хар як шахрванди Чумхурии Точикистон аз синни 18 метавонад вакили Мачлиси вакилони халки дахлдор интихоб шавад. Шумораи вакилони Мачлиси вакилони халки дахлдорро Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар доираи меъёрхои зерин муайян мекунад: барои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят ва шахри Душанбе – то 70 нафар барои шахр ва нохия то 40 – нафар.

Мачлиси вакилони халк дар сурати интихоб шудани на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии мукарраршудаи вакилони он ваколатдор мебошад.

Тартиби интихоби вакилони Мачлиси вакилони халкро Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон аз 20 декабри соли 1999 «Дар бораи интихоботи вакилон ба мачлисхои махаллии вакилони халк» танзим менамояд.

Мачлиси вакилони халк дорои салохиятхое мебошад, ки конунгузории амалкунанда муайян намудааст. Ба салохияти он кабули бучет, назорат аз болои он ва тасдики хисоботи он; мукаррар намудани андоз ва пардохтхо мувофики конун; тарзи идора ва ихтиёрдори намудани моликияти коммуналиро муайян намудан ва истифодаи самараноки онро назорат кардан; дар доираи ваколати худ муносибатхои вобаста ба истифодаи об, замин ва дигар сарватхои табииро тибки санадхои меъёрии хукук танзим наму-дан, барраси намудани хисоботи рохбарони сохтори махаллии макомоти марказии хокимияти ичроия ва ташкилотхои дахлдор ва хангоми зарурат ба макомоти дахлдор дар хусуси ба чавобгари кашидани шахсони мансабдори он пешниход ирсол намудан;

дар холатхои мукаррарнамудаи конун пеш аз мухлат катъ намудани ваколати вакилони Мачлиси вакилони халки дахлдор; оид ба таъмини хукуку озодихои инсон ва шахрванд тибки санадхои меъёрию хукуки тадбирхои зарури андешидан; оид ба тагйир додани сархади марзхои маъмуриву худуди карори худро ба макомоти дахлдор пешниход намудан; комиссияхои доими, муваккати ва макомоти дигарро таъсис додан;

хайат ва низомномаи онхоро тасдик намудан; дастури Мачлиси вакилони халкро кабул намудан ва дигар салохиятхоеро, ки амали намудани онро конунгузори мукаррар намудааст, дохил мешаванд.

Хамзамон Мачлиси макомоти намояндагиимахаллии хокимияти давлати хукук дорад, ки ба Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия хангоми мавчуд будани асос бо овоздихии пинхони ва бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси вакилони халки дахлдор нобовари изхор намуда, ба Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи озод намудани у пешниход манзур намояд.

Шакли асосии фаъолияти Мачлиси вакилони халк ичлосия мебошад. Ичлосияи якуми он на дертар аз як мохи баъди интихоботи Мачлиси вакилони халк аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия ва дар вакти набудани раис аз тарафи яке аз муовинони

у, ки вакили ин Мачлиси вакилони халк мебошад, даъват карда мешавад. Ичлосия соле на камтар аз чор маротиба даъват карда мешавад. Ичлосияи Мачлиси вакилони халк бо ташаббуси на камтар аз се як хиссаи шумораи умумии вакилони он низ даъват шуда метавонад. Карор дар бораи даъвати и члосия на дертар аз 10 рузи то баргузоршавии ичлосия ва дар холатхои зарури фавран кабул карда шуда, ба маълумоти вакилон расонида мешавад.

Ичлосияи мачлиси вакилони халкро раис ва хангоми набудани раис яке аз муовинони у, ки вакили мачлиси вакилони халк мебошад, мекушояд ва ба он раиси мекунад. Ичлосия дар сурате ваколатдор хисобида мешавад, ки дар он на камтар аз се ду хиссаи шумораи мукарраршудаи вакилон иштирок дошта

бошанд. Аз руи масъалахое, ки дар ичлосия барраси мешаванд, мачлиси вакилони халк бо овоздихии ошкоро ё пинхони бо тарафдории аз нисф зиёд ё аз се ду хиссаи шумораи умумии вакилон карор кабул мекунанд. Карорхои мачлиси вакилони халк дар худуди он хусусияти умумихатми доранд. Хамзамон, ичрои карорхои Мачлиси вакилони халк, ки дар доираи ваколати он кабул шудаанд, барои макомоти давлати, муассисахо, корхонахо ва ташкилотхо, новобаста аз тобеияти идорави ва шакли моликияташон, шахсони мансабдор ва шахрвандон дар худуди дахлдор хатми мебошанд. Мачлиси вакилони халк метавонад карорхои худро тагйир дихад ва ё бекор кунад. Дар сурати ба Конститутсия ва конун мувофикат накардани санадхои Мачлиси вакилони халк онхо аз тарафи худи Мачлиси вакилони халк, макомоти болои ва ё суд бекор карда мешаванд. Дар фаъолияти Мачлиси вакилони халк мавкеи комиссияи доими хеле калон аст. Онхоро Мачлиси вакилони халк таъсис медихад.

Номгуй ва шумораи хайати комиссияи доими ва муваккатиро бо пешниходи Раиси мачлиси вакилони халк Мачлиси вакилони халк муайян менамояд.

Раис ва аъзои онхо аз хисоби вакилон интихоб карда мешаванд. Комиссияхои мазкур бо максади мусоидат ба баррасии пешакии масъалахо ва ба ичлосия манзур намудани онхо, татбики карорхои Мачлиси вакилони халк ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон таъсис дода мешаванд.

Кисми дигари макомоти махаллии хокимияти давлатиро макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ташкил медихад. Он аз Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, идорахо, кумитахо, шуъбахо ва дигар сохторхои махаллии макомоти марказии хокимияти ичроия иборат мебошад. Раис намояндаи Президенти Чумхурии Точикистон буда, хокимиятиичроияро дар махал амали менамояд ва макомоти намояндаги ва ичроияро дар вохидхои марзию маъмурии дахлдор сарвари мекунад. Вайро Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва ба тасдики Мачлиси вакилони халки дахлдор пешниход менамояд. Дар сурати дар мачлиси вакилони халки дахлдор тасдик нашудани номзадии раис Президенти Чумхурии Точикистон хукук дорад уро такроран ба Мачлиси вакилони халк барои тасдик пешниход намояд ё шахси дигарро ба ин вазифа таъин намуда, барои тасдик ба Мачлиси вакилони халк пешниход намояд. Хамзамон, хангоми пешниходи Президентро дар хусуси аз вазифа озод намудани раис тасдик накардани мачлиси вакилони халки дахлдор, масъала такроран барои тасдик пешниход карда мешавад. Дар сурате ки шахс вакили мачлиси вакилони халки дахлдор набошад, у ба вазифаи раис хамчун ичрокунанда таъин карда ва баъди вакил интихоб шуданаш бо тартиби дар боло овардашуда ба вазифа таъин ва барои тасдик пешниход карда мешавад. Раис дар худуди вохидхои марзию маъмурии дахлдор салохиятхои муайянкардаи конунгузориро амали менамояд.

Вай ичлосияи вакилони мачлиси халкро даъват намуда, ба он раиси мекунад, фаъолияти комиссияхои доимии мачлиси вакилони халкро хамоханг месозад, лоихаи бучетро барои кабул ба мачлиси вакилони халк пешниход менамояд, пас аз кабул ичрои онро таъмин ва аз руи он хисобот медихад, барои тасдики Мачлиси вакилони халк барномахои тараккиёти ичтимоию иктисоди ва дигар барнома ва накшахои рушди ичтимоиро пешниход менамояд ва доир ба ичрои онхо дар ичлосия хисобот медихад, дар доираи ваколати худ оид ба такмили тартиботи хукуки ва пурзур намудани мубориза бо чинояткори, таъмини амнияти шахрвандон, хифзи хукуку озодихои онхо чорахо меандешад, моликияти коммуналиро дар доираи ваколати худ идора менамояд, дар доираи ваколати худ масъалахои оид ба заминро хал менамояд, ташкилотхо, муассисахо ва корхонахои давлатиеро, ки ба моликияти коммунали асос ёфтаанд, бо тартиби мукарраркардаи конунгузори таъсис ва бархам медихад, кабули шахрвандонро ба рох мемонад, арзу шикоят ва таклифхои онхоро барраси менамояд, инчунин дигар ваколатхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, амали менамояд.

Оид ба масъалахои ваколати худ раис дар назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти болои ва мачлиси вакилони халки дахлдор хисоботдиханда ва масъул мебошад.

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахр ва нохия хангоми дар асоси аризаи худ ба истеъфо рафтан; ба кувваи конуни даромадани халномаи суд дар хусуси гайри кобили амал донистани у; ба кувваи конуни даромадани хукми айбдоркунии суд, мунтазам ичро накардани ухдадорихои хизмати ва катъи шахрвандии Чумхурии Точикистон аз вазифа озод карда мешавад.

Мувофики моддаи 78 Конститутсияи Чумхурии Точикистон макомоти худидоракунии шахраку деха чамоат аст. Фаъолияти чамоат дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи макомоти худидораи шахрак ва деха» аз 1 декабри соли 1994 ба танзим дароварда мешавад. Мутобики Конуни мазкур худидораи махалли аз низоми ташкили фаъолияти ахоли барои мустакилона ва тахти масъулияти худ мустакиман ё ба воситаи макомоти интихобкардаи худ дар асоси конунхои Чумхурии Точикистон халлу фасл намудани масъалахои дорои ахамияти махалли иборат аст.

Макомоти худидораи махалли масъалахоеро, ки ба салохияти онхо тааллук дорад, мустакиман ё ба воситаи намояндагони худ хал менамоянд. Макомоти худидораи шахрак ва деха чамоат мебошад. Онхо аз руи усули марзи ташкил карда мешаванд. Шакли асосии худидораи махаллии шахрвандон Мачлиси намояндагон мебошад. Дар кори чамоатхо шахрвандоне иштирок менамоянд, ки синнашон ба 18 расидааст ва дар худуди мазкур доими истикомат мекунанд.

Чамоатро раиси чамоат бо маслихати мачлиси дахлдори вакилони халк ё раиси шахр, нохия дар мавриди зарурат, вале соле камаш ду бор даъват мекунад. Чамоат инчунин аз тарафи Мачлиси вакилони халк, раиси шахр, нохия ё худ бо ташаббуси камаш сеяки шахрвандоне, ки хукуки дар чамоат иштирок кардан доранд, даъват шуда метавонад.

Дар чамоати шахрак намояндагони кучахо, махаллахо, дигар вохидхои марзии каламрави он, дар чамоати дехот бошад, намояндагони дехахои дахлдор чун вакил иштирок менамоянд. Меъёри намояндаги ва тартиби пешбарии вакил аз тарафи Мачлиси вакилони халки шахр, нохия ё раиси шахр ё нохия мукаррар карда мешавад.

Чамоатхо ба шарте босалохият хисоб карда мешаванд, ки дар онхо камаш аз се ду хиссаи намояндагони шахрвандони ба чамоатхо пешбаригардида хозир бошанд.

Барои ичрои кори чамоат раёсат интихоб карда мешавад. Чамоатро раиси он идора мекунад. Карорхо аз руи хамаи масъалахо бо овоздихии ошкоро ва бо аксарияти оддии овозхои хозирон кабул карда мешаванд. Раиси чамоатро бо пешниходи раиси шахр ё нохияи дахлдор чамоат интихоб мекунад.

Шумораи хайат ва муовинони раиси чамоатро раиси шахр ё нохия мукаррар менамояд. Муовинони раис ва котиби чамоат бо пешниходи раиси чамоат он гох интихобшуда хисоб меёбанд, ки ба тарафдории онхо зиёда аз нисфи хозирон овоз дода бошанд. Раис, муовинони раис ва котиби чамоат ба мухлати 5 сол интихоб карда мешаванд.

Раис, муовинони у ва котиби чамоат пеш аз мухлат аз нав интихоб шуданашон мумкин аст. Ин дар мавриди мунтазам риоя накардани Конститутсия, конунхои Чумхурии Точикистон, ичро накардани карорхои чамоат, мачлиси вакилони халк, санадхои Президент ва Хукумати Чумхурии Точикистон, эътибор пайдо кардани хукми суд, инчунин аз худуди чамоати дахлдор кучида рафтан ва шахси бешахрванд шудан имконпазир мебошад.

Асоси иктисоди ва молиявии макомоти худидораро моликияти он ташкил медихад. Иншоотхои сохташуда, харида ё худ бо тартиби мукарраркардаи конун додаи муассисахои чамъияти, ичтимоиву мадани ва таъиноти дигар, инчунин воситахои наклиёт, лавозимоти хочаги ва амволи дигар ба моликияти макомоти худидора дохил мешаванд. Захираи молиявии макомоти худидора аз маблаги бучет, ки мачлисхои шахри ва нохиявии вакилони халк бо тартиби муайянкардаи конун чудо мекунанд, аз сахми ихтиёрии шахрвандон ва коллективхои мехнати, маблаги аз фондхои хайрия ва манбаъхои дигар чудокарда хосил мешавад.

Чамоат фаъолияти худро дар доираи ваколатхои худ, ки конунгузори мукаррар намудааст, ба рох мемонад. Аз чумла, ободонии шахраку деха ва хизматрасони ба ахолии махалро ба рох монда, накшаи чорабинихои ободони ва бехбудии вазъи санитарии махал, инчунин накшаи харочоти макомоти худидораро тасдик мекунад, ба харочоти маблаги дар ихтиёраш буда назорат мекунад ва масъалахои дар каламрави худ мувофики тартиби мукарраркардаи конун таъсис намудани корхонахои хурд, кооперативхо, устохонахо ва сеххои хунармандиро хал мекунад. Хамзамон, масъалахои дигареро, ки конунгузори ба салохияти у додааст, амали менамояд. Чамоат дар доираи ваколатхояш карорхо кабул мекунад, ки ичрои онхо барои хамаи шахрвандони худуди чамоат хатми мебошад. Аз болои карорхои гайриконунии чамоат ба суд ё Мачлиси вакилони халк шикоят кардан мумкин аст.

Раиси чамоат дастгохи худро дорад, ки шумораи кормандони он бо маслихати Мачлиси вакилони халки шахр, нохия ё аз тарафи раиси он мукаррар карда мешавад. Раиси чамоат ичрои карорхои чамоат, инчунин фаъолияти чории онро ба рох мемонад.

Барои ичрои талаботи меъёрхои Конститутсия, конунхо, дигар санадхои меъёрии хукуки дар худуди чамоат кор мебарад, захирахои молиявиро ихтиёрдори менамоянд, бо шахсони хукуки ва вокеи шартномахо мебандад, манфиатхои шахрвандонро дар макомоти хокимияти давлати, судхо, дар муносибат бо ташкилотхо дар холатхои пешбининамудаи конунгузори химоя менамояд, дар бораи бехбудии шароити модди ва манзилию маишии шахрвандон чорахо меандешад, назорати чамъиятиро ба кори ташкилотхои савдо, хизматрасонии маиши, ичтимоиву мадании худуди худ ба рох мемонад; ба ташкили назорати вазъи санитарии махалхо, манбаъхои обрасони, манзилу мактабхо ва муассисахои дигар мусоидат мекунад; ба хифзу истифодаи амволи бесохиб, инчунин амволе, ки бо тарики мерос ба давлат гузаштааст, тадбирхо меандешад; бо макомоти хифзи хукук дар таъмини тартиботи чамъияти дар каламрави дахлдор хамкори менамояд; шахрвандонро дар чои кор кабул мекунад, арзу шикояти шахрвандонро барраси менамояд, доир ба онхо чорахои дахлдор меандешад ва дигар ваколатхои пешбининамудаи конунгузорииЧумхурии Точикистонро амали менамояд.

Бояд кайд кард, ки мутобики конунгузории амалкунанда макомоти худидораи шахрак ва дехот макомоти давлати ба хисоб намераванд ва дар низоми макомоти махаллии хокимияти давлати чои мустакил надоранд, харчанд ки дар доираи худидораи махалли салохияти васеъ доранд.

Саволхо:

  1. Хокимияти махалли аз кадом макомотхо иборат мебошад?
  2. Фаъолияти макомоти махаллии хокимияти давлати дар асоси кадом принсипхо амали карда мешавад?
  3. Макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати ба кадом мухлат ва дар асоси кадом принсипхо интихоб карда мешавад?
  4. Дар бораи салохиятхои мачлиси вакилони халк маълумот дихед.
    5. Шакли асосии фаъолияти мачлиси вакилони халк чи мебошад? 6. Дар бораи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати маълумот дихед.
  5. Чамоат чи гуна макомот мебошад?
  6. Дар бораи асоси иктисоди ва молиявии макомоти худидораи махалли маълумот дихед.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …