Главная / Гуногун / ХОДИСАХОИ МАГНИТИ

ХОДИСАХОИ МАГНИТИ

Мо бо калимаи магнит шинос хастем. Дар бинохо даххо ходисахои истифодаи магнитро дучор омадан мумкин аст. Онхоро дар магнитофонхо, ришгиракхои барки, баландгуякхо, дар дари мебелхои хонаги ва дигар ашё истифода мебаранд. Замине, ки мо дар он зиндагй мекунем, магнити бузург шуморида мешавад.

Офтоб ин магнити боз хам бузургтар шуморида мешавад.

Дар табиат чунин Магниткой бузург, аз кабили: конхои охан, маъдани магнит (магнетит) мавчуд мебошанд.

Номи «магнит», шояд аз чониби дромнависи Юнони кадим Еврипид (солхои 406-480 то ба мелод) гузошта шуда бошад. Чунин маълумот дар драмаи у «Санги Магнезия» дида мешавад. Дар он асар таъкид мегардад, ки вожаи «магнит», шояд аз номи музофоти Магнезия, ки дар Юнон карор дорад, ибтидо бигирад. Сайёхи рус В.А. Теплов дар солхои 80-и карни ХЕХ дар Магнезия карор дошта, таъкид карда буд, ки ин кух бо тандархои пайдарпаяш машхур аст. Чунин хосиятро Кухи Магнити Урал, ки комилан аз магнетит иборат аст, доро мебошад. Аз хикоёти кухан маълум аст, ки ашёи оханине, ки одамон хамрохи худ бурдаанд, аз чониби ин кух чазб ме- шуданд. Дар афсонаи «Хазору як шаб» дар бораи кухи Зимир дар Хабашистон гуфта мешавад, ки хама мехи киштидоро ва дигар ашёе, ки аз охан сохта шудаанд, ба худ мекашид.

kompas

Шояд магнитхо аз замонхои кадим дар Аврупо ва Осиё истифода мешуданд.

А Чисмхое, муддати дароз хусусияти магнитнокии хешро хифз кардаанд, магнитхо номида мешаванд.

Магнитхо ба табии ва сунъи таксим мешаванд.

Магнитхое, ки дар мактаб ва ё шароити хонагй истифода мешаванд, бо рохи сунъй ба даст оварда шудаанд. Шаклхои онхо гуногун мебошанд. Дар расми 45

магнитхое нишон дода шудаанд, ки шакли наъл ва ё рах доранд. Агар магнити рахдорро ба кабати аррамайдагихои оханин гузошта, дубора онро бардоранд, пас мебинем, ки аррарезаи оханин тавассути кисматхои гуногуни магнит бо хар рох чазб мешаванд.

Ба нуги магнит аррареза, бештар дар мобайни он камтар чазбу чамъ мешаванд. Магнитро дар байнаш бо риштаи дукабата баста овезон мекунем. Агар магнитро боэхтиёт бахаракат дароварем, вай андак давр зада, меистад. Пас аз таваккуф яке аз кутбхои магнит ба шимол ва дигараш ба чануб менигарад. Агар магнитро аз ин холат берун кунем, пас аз таваккуф боз дубора ба холати аввалааш бармегардад. Кутбе, ки дар он магнит овезон туда, ба шимол нигаронида шудааст, кутби ши­мол ва кутбе, ки ба чануб нигаронида шудааст, кутби чануб номида мешавад. Кутби шимоли магнит бо харфи N ишора туда, бо ранги обй ранг карда мешавад. Кутби чанубй бо харфи S ишора туда, бо ранги сурх ранг карда мешавад.

▲ Дар хама магнитхо хатман ду кутб мавчуд мебошанд: кутби шимолй (N) ва кутби чанубй (S).

Агар магнитро ба чисмхое, ки аз моддахои гуногун сохта шудаанд, наздик кунем, пае баъзе аз онхо ба магнит чазб мешаванд, баъзеашон не. Таври мисол, ба магнит охан, чуян ва пулод хуб чазб мешаванд. Вале никел ва кобалт чазб на- мешаванд.

Кайхост, ки акрабакхои магнитй истифода мешаванд. Акрабаки магнитй ин магнити сабукест, ки аз пулод сохта шудааст. Дар он подшипники шишагин гузошта шудааст. Подшипники акрабакхо ба сузанхои тез, ки дар поя карор доранд, гузошта мешаванд. Аз ин ру, вай метавонад озод чарх занад ва хамеша дар самти шимол карор бигирад.

Агар як акрабакро ба акрабаки дигари магнитй наздик кунем, онхо чарх зада, кутбхои мукобилро ба хамдигар гардонида, таваккуф мекунанд. (расми 49-6).

А Кутбхои гуногунноми магнитхо ба хамдигар чазб шуда, кутбхои якнома аз хамдигар дур мешаванд.

КОМПАС (КУТБНАМО)

Кисмати асосии кутбнамо акрабаки магнитй, ки ба сузанхои тез насб шудааст, ба шумор меравад. Акрабаки магнитй дар куттии мудаввар чойгир карда мешавад. Дар шкалаи компас самтхои уфук нишон дода шудааст. Дар холати гайрикори акрабаки магнити давр намезанад, зеро бо фишангча пайваст шудааст. Агар акрабакро озод намуда, куттичаро тавре бигардонем, ки кутби шимолии акрабак бо нуктаи шимолии шкала рост ояд, метавон дигар самтхои уфукро пайдо кард. Агар дар наздикии компас магнити кави ва ё ашёи вазнини металли карор дошта бошанд, пас вай тав­ри дурусту дакик самтхои уфукро нишон дода наметавонад. Дар нуктахои гуногуни Замин акрабаки соат ба таври муайян карор мегиранд. Ин баёнгари он аст, ки дар гирди Замин майдони бузурги магнити вучуд дорад.

Имконияти бо рохи сунъи ба даст овардани майдони магнити аз тарафи физики данияги Эрстед соли 1820 зикр шуда буд.

Агар акрабаки магнитиро дар пахлуи нокиле, ки чараёни баркро интикол медихад, гузорем, пас метавон мушохида кард, ки вай ба самти шимол-чануб моил аст. Пас маълум мегардад, ки дар гирди нокили чараёндор майдони магнитй пайдо мешавад.

Супориш

  1. Мушохида кунед, ки магнит кадоме аз моддахои дар зер зикршавандаро ба худаш мекашад: мехи оханин, калам, шиша, алюминий, чуян, когаз ва гайра
  2. Кадом кисмати магнит ба худ бештар оханрезахоро мекашад?
  3. Сузан ё скрепкаро яке паси дигар ба кутби магнит бибанд ед. Сипае сузани болоро ба даст гирифта, халкаи хосилшударо аз магнит берун кашед. Оё пас аз ин халка бокй мемонад?
  4. Магнитро болои миз гузошта, болои он картон бимонед. Оханрезахоро ба картон рехта, охистакак ба картон бизанед. Ба манзараи пайдошуда бингаред ва расми онро бикашед. Ин расм ифодагари майдони магнитй аст. Чаро дар ин тачрибахо оханрезахоро истифода мебаранд?

Пурсишхо

  1. Вожаи магнит аз кучо пайдо шудааст?
  2. Магнитхо чистанд?
  3. Кутбхои магнити чистанд?
  4. Магнит чанд кутб дорад. Онхо чи тавр ифода мешаванд?
  5. Магнитхо читавр фаъолият менамоянд?
  6. Компас чй тавр сохта шуцааст?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …