Главная / Гуногун /  ХОДИСАХОИ КИМИЁВИ

 ХОДИСАХОИ КИМИЁВИ

То ба инхо, мо асосан, бо тагйироти зохирии чисмхо, ба ибораи дигар бо ходисахои физикй шинос шудем. Мисли чисмхо, моддахо низ ба тагйирот дучор мешаванд.

Мисол меоварем. Хангоми даргирифтани гугирд, моддахои таркибии он махсулоти сузандаро ба вучуд меоваранд: зуголи ангишт, газ ва об.

Маълум мегардад:

А Табдили як модда ба моддаи дигар ходисахои кимиёви ва реаксияхои кимиёвй номида мешаванд.

Дар хаво хамеша ходисахои сершумори кимиёвй ба амал меоянд. Дар мавриди баъзе аз онхо таваккуф мекунем: сузиш, занг задан (коррозия) ва нафаскаши.

  1. Сузиш ва хаво.

Ба тачриба руй меоварем. Болои миз се адад шамъ гузошта онро рушан мекунам. Як шамьро бо истакон, шамъи дуввумро бо бонкаи калони шишагин пушида, саввумро озод мегузорем.

Аз болои шамъхои сузанда назорат мекунем. Аз хама аввал шамъе хомуш мешавад, ки бо истакони хурд пушонида шудааст. Зеро ки дар он микдори ками хаво мавчуд мебошад. Шамъе, ки бо бонка пушонида шудааст, тулонитар месузад. Ин баёнгнари он аст, ки дар зери бонка хавои бештар мавчуд мебошад. Шамъе, ки бо хеч чиз пушонида нашудааст, то замоне хохад сухт, ки мо онро махсус хомуш насозем.

Дар натичаи бад-ин монанд тачрибахо маълум гардид, ки модда дар хаво месузад, вале дар сухтан танхо кислороди хаво иштирок мекунад.

Дар натичаи сузиш чи ходиса pyx медихад? Дастгохеро, ки дар расм инъикос ёфтааст, чамъ месозем. Ба бонка махдули охаки шукуфтаро ва дар истакон оби тоза- ро мерезем. Тавассути пробкаи ( сарпуши) пластмассавии бонка чумчаи дастадоре чойгир карда шудааст. Дар чумча як пора ангишти сузанда мавчуд мебошад. Пас аз чанд муддат, ангишт хомуш гардида, махлули охаки шукуфта гализтар мешавад. Ин баёнгари он аст, ки дар чараёни сухтан гази ангидриди карбон, ки бо махлул таъсири мутакобила мерасонад, пайдо мешавад.Сухтани ангиштро, ки аз углерод иборат ме­бошад, бо схемаи зерин ифода мекунем:

УГЛЕРОД + КИСЛОРОД = ГАЗИ .АНГИДРИДИ КАРБОН

Гази ангидриди карбон бо охаки шукуфта таъсири мутакобил расонида, нама- кро ташкил медихад. Вай калсии андигриди карбон номида мешавад. Дар амал дар холати охаки обшуда ва сахтшуда дучор меояд.

▲ Сухтан – ин ходисаи ба хам пайвастшавии углерод ва кислород буда, дорой рушноии комил, сухтан ва чудо шудани гази ангидриди карбон мебошад.

Агар сухтани хезум, ангиштсанг ва ё нафтро кувват бахшиданй бошем, пас моро лозим аст, ки воридоти микдори бузурги хаворо ба он таъмин созем. Вале барои он ки алангаро хомуш кунем, кофист, ки воридоти хаворо ба он катх созем.

Барои дар мактаб гузаронидани тачрибахо, дар аксарияти мавридхо, спиртовка истифода мешавад. Агар алангаро дар спиртовка хомуш карданй шавем, онро дар чойи хавокашаш бо сарпуши махсуси оханин мепушонанд.

Сарпушак хамон лахза воридшавии хаворо ба пилтаи спиртовка катъ мекунад. Аз ин ру, агар дар хона сухторе ба вучуд ояд, онро бо матоъи дагал ва ё ягон маводи дигар мепушонанд.

Дар аксарияти мавридхо, ба оташ об мепошанд. Вай хам воридшавии микдори хаворо ба аланга кам карда, сухторро бозмеистонад. Хангоми сухтани аксарияти моддахо аланга ба вучуд меояд. Агар ба алангаи шамъ ва ё спиртовка бингаред, ме- бинед, ки вай якрангу хамсон намебошад.

Тачриба нишон дод, ки аланга асосан аз се кабат иборат аст. Кабати аз хама поёнии он, бо ибораи дигар нуги пилта ранги торик (а), миёнааш – норанчи (б), кабати беруна-кабуд буда, такрибан ба чашм дида намешавад.

Мушохида мекунем, ки кадоме аз ин кабатхо аз хама сузон мебошад. Барой ин ду гугирд, гугирди сухтаистодаи яке аз онхоро ба нуги пилта бурда, нуги дигари онро ба кабати берунаи аланга мерасонем. Гугирде, ки дар кабати берунаи аланга хаст, зуд даргирифта, гугирде, ки ба пилта расонида шудааст, пас аз чанд мудцат дармегирад. Ин баёнгари он аст, ки нисбат ба кабати дарунии аланга, харорати кабати беруна баланд аст.

Боз ба як тачриба руй меоварем. Як чубаки борикро гирифта онро таври уфуки дар кисмати поёнии аланга, наздик ба пилта мегузорем, то ки вай хама кабатхои алангаро гузашта бошад. Агар чубакро пас аз 2-3 сония аз аланга берун кунем, пас мебинем, ки нуги чубакчахо нимсухта шуда, кисмати мобайнии он бе тагйир монда- аст. Зеро ки нуги гугирд ба кисмати берунаи сузандаи аланга ва кисмати миёнаи он ба кисмати хунуки дохилй рост омадаанд.

Чаро харорати берунаи аланга нисбат ба харорати дохилии он баланд мебошад? Зеро ки дар кабати берунаи аланга, ки бо хавои сузишро таъминкунанда хамсархад аст, сухтор нагз сурат мегирад. Вале дар даруни аланга хаво нест ва дар он ходисаи сухтан амалан дида намешавад.

АКарорати кабати берунаи аланга барон он баланд аст, ки дар он кислород зиёд аст.

  1. Коррозия (зангзанй).

Сими мисин ва оханинро бигиред. Онро ба спирал тоб дода, ба пробиркаи тар чойгир кунед. Пас аз 10-15 руз ранги симхоро бисанчед.Маълум мегардад, ки сими мисин бо пардаи сабз , сими оханин бо кабати сиёхтоб пушонида шудааст.

Ин коррозия номида мешавад. Чй тавр вай пайдо шудааст? Агар симхоро то ва пас аз тачриба баркашед, мо фаркиятро мебинем. Пас аз ин тачриба маълум мегар­дад, ки ба метал кадом як низе хамрох гардидааст. Хамон тавре дар илм исбот пгуда- аст, дар ин маврид ба метал кислород хамрох шудааст.

А Коррозия – ин ходисаи кимиёвии пайваст шудани кислород бо метал дар хаво мебошад. Коррозия нисбат ба ходисаи сухтан андак сустар сурат мегирад. Дар чараёни ин ходиса рушной ва гармй хорич намешавад.

  1. Нафаскашй.

Хамаи организмхои зинда нафас мекашанд. Катьи нафаскашиятонро бисанчед. Шумо бовар хосил кард, ки бе нафаскашй хамаги дар муддати хеле кутох зистан мумкин аст.

Ин вактро тавассути сониясанч санчиданатон мумкин аст. Дангоми нафаскашй дар организмхри зинда хамон раванде, ки хангоми сухтан хаст, ба мушохида мерасад.

Бо вучуди он ки дар организмхои зинда ангишти сузанда ва хезум мавчуд на- мебошад, дар таркиби онхо моддахои органикие хастанд, ки дар он кислород мавчуд мебошад. Дангоми нафаскашии организмхои зинда кислород ва моддахои органики ба хамдигар таъсир мерасонанд.

Дар ин маврид углерод бо кислород пайваст пзуда, гази ангидриди карбон хосил менамоянд. Инро дар тачриба бад-ин тартиб дидан мумкин аст.

Ба истакон оби охакдорро рехта, тавассути найчаи борик ба он дам мекунем. Махлул рангашро тагйир дода, сиёхчатоби тира мешавад. Ин баёнгари он аст, ки ба ин махдули тоза гази ангидриди карбон хамрох шудааст.

▲ Даман организмхои зинда хангоми нафаскашй гази ангидриди карбон- ро хорич мекунад. Одам дар як шабонаруз 400 л гази ангидриди карбон нафас мекашад.

Агар дар синфхона гази ангидриди карбон чамъ шавад, пас кобилияти омузишии толибилмон паст П1уда, майли хобравй пайдо мешавад. Аз ин ру, сари вакт шамол додани синфхона тавсия мешавад.

Дангоми нафаскашй ба организми инсон кислороде, ки барои хосил кардани тер- морегулятсия, яъне танзими харорат лозим аст, ворид мешавад. Ин барои таъмини организм бо харорати лозим зарур мебошад.

АСОСИТАРИН НУКТАДОИ МАВЗУЪ

Сухтан, коррозия, нафаскашй ин хама ходисахои кимиёвй мебошанд. Дар ин хангом моддахо бо кислород пайваст мешаванд. Дар натича гармй хорич шуда, гази ангидриди карбон ба вучуд моеяд.

Пурсишхо:

  1. Хосиятхои кислорода ва гази ангидриди карбонро ном баред.
  2. Чй тавр метавон исбот кард, ки кислород сухтан ва нафаскаширо таъмин намуда,

гази ингидриди карбон дорой чунин хосиятхо намебошад?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …