Главная / Чамъият / ХОЧАГИДОРИ ВА ИСТЕХСОЛОТИ БИОЛОГИ

ХОЧАГИДОРИ ВА ИСТЕХСОЛОТИ БИОЛОГИ

Конуни Чумхурии Точикистон  ДАР БОРАИ ХОЧАГИДОРИ ВА ИСТЕХСОЛОТИ БИОЛОГИ  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2013, №7, мод. 529)  

Конуни мазкур асосхои хукуки ва ташкилии фаъолияти хочагидории биологиро мукаррар намуда, ба истехсол, коркард,  нигохдори, хамлу накл, борчома, тамгагузори ва фуруши махсулоти биологи равона карда шудааст.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ
 Моддаи 1. Мафхумхои асоси
 Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд: 
 - хочагидории биологи - тартиби муттахид сохтан ва инкишоф додани  сохахои экологи, иктисоди ва ичтимоию чамъиятии онхо буда, низоми танзимёфтаи меъёрхои кишоварзи, банакшагири, идоракунии хочаги ва хамчунин усулхои истехсолотро дар бар гирифта, ба нигохдории тавозуни табии, организмхои зинда ва мухити зист мусоидат менамояд; 
 - махсулоти биологи - махсулоти таъиноти кишоварзи,  ки дар бозор ба намоиш гузошта ё ба фуруш бароварда мешавад, инчунин махсулоте, ки истехсол, коркард, нигохдори, хамлу накл, борчома, тамгагузори ва фурушаш ба меъёрхои истехсолоти биологи мутобикат дошта, дар руи борчомааш нишону аломати мувофикат  ва  навиштачоти дахлдор сабт карда шудааст; 
 - истехсолоти биологи - хосил кардан, нигох доштан, коркарди махсулоти озукавии кишоварзи бо риояи сертификатсияи махсулоти биологи бе татбики моддахои сунъии кимиёви мутобики талаботи меъёрхои истехсолоти биологи, ки бо Конуни мазкур мукаррар карда шудаанд;
 - регламентхои техники ва стандартхои  истехсолоти биологи - низоми назариявии истехсолоти биологи (органики, экологи), ки ба истехсоли самарабахшу бехатарии биологии озукавори ва ашёи хом равона гардида, тавассути он низоми истехсол, коркард ва фуруши махсулоти биологи тибки регламентхои техники, стандартхо ва коидахои мукарраргардида идора карда мешавад;  
 - усулхои хочагидории биологи - усулхои истехсолот, ки дар истехсоли махсулоти биологи истифодаи маводи сунъи ва организмхои генашон тагйирёфтаро истисно менамоянд ва онхо пурра ба регламентхои техники ва стандартхои  истехсолоти биологи мутобикат мекунанд; 
 - низоми экологи - тамоми организмхои зиндае, ки дар мавзеи муайян сокин мешаванд ва мухити табиии ин мавзеъ; 
biologicheskoe-oruzhie
 - бозраси - санчиши махсулоти озукавии биологи ё низоми мукарраргардидаи назорати махсулот, ашёи хоми коркардшуда ва расонидашаванда, махсулот дар чараёни коркард ва баъд аз тайёр шудан, санчиши мутобикати махсулот ба талаботи регламентхои техники ва стандартхои истехсолоти биологи;
 - тамгаи миллии махсулоти биологи - навиштачоте, ки дар шакли чопи ё графики дар руи борчомаи махсулоти биологи тасвир ёфта, бо максади нишон додани чойи истехсол ва ба талаботи регламентхои техники ва стандартхои мукарраргардида чавобгуй будани махсулоти биологи гузошта мешавад. 
               Моддаи 2. Конунгузории  Чумхурии Точикистон  дар бораи  хочагидори ва истехсолоти биологи
 Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хочагидори ва истехсолоти биологи ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

           Моддаи 3. Вазифахои  Конуни мазкур
 Вазифахои асосии Конуни мазкур  аз инхо иборатанд: 
 - муайян намудани принсипхои хочагидори ва истехсолоти биологи;
 - тибки талаботи истехсолоти биологи мукаррар намудани коидахои истехсол, коркард, нигохдори, хамлу накл, борчома, тамгагузори ва фуруши махсулоти биологи; 
 - муайян намудани татбики усулхои биологии бехтаргардонии сифати махсулоти биологи; 
 - истифодаи усулхои биологи барои ба даст овардани махсулоти сифатан чавобгуи биологи;
 - рушди бозори махсулоти биологи;
 - татбики низоми истифодаи окилонаи махсулоти биологи ва захирахои табии; 
 - пешгирии истифодаи хар гуна технологияи олудакунанда, моддахои сунъии кимиёви дар истехсолоти биологи; 
 - хифз кардан ва афзун намудани гуногунии намудхои растанихои худруй бо рохи созгории истехсолоти биологи; 
 - пешгирии мухити зист аз олудашави ва риоя кардани  мувозинати низоми экологи дар рафти истехсолоти биологи; 
 - мусоидат кардан ба рушди устувори истехсолоти биологи, хифзи гуногунии генетикии низоми экологи бо максади нигохдории шароити рушди махсулоти биологи;
  - мухайё кардани шароити мусоид барои инкишофи истехсолоти биологи.

         Моддаи 4. Принсипхои асосии хочагидори ва истехсолоти биологи
 Принсипхои асосии амали намудани хочагидори ва истехсолоти биологи: 
 - риоя кардани мувозинати экологии табиат ва баркарор намудани захирахои он; 
 - татбики усулхои самарабахши истифодаи захирахои табиии баркарорнашаванда; 
 - татбики механизми истифодаи самараноки  замин; 
 - истифодаи навъхои тухмии серхосили ба махал мувофик; 
 - муборизаи комплекси ба мукобили хашароти зараррасон, касали ва алафи бегона; 
 - истифодаи окилонаи захирахои об.

        Моддаи 5. Танзими раванди истехсолоти биологи
 1. Субъектхои хочагидор сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки, ки дар сохаи истехсолоти биологи хукуки фаъолият карданро доранд, ухдадоранд бо максади амали гардонидани фаъолияти пешгирифта дар макомоти ваколатдори давлати расмиёти аз кайд гузаштани махсулоти биологии истехсолшударо риоя намоянд.
 2. Фаъолияти субъектхои хочагидор дар сохаи истехсолоти биологи дар асоси маълумотхои зерин амали карда мешаванд: 
 - ном ва сурогаи субъекти хочагидор; 
 - махалли вокеъгардидаи китъахо ва бинохое, ки амалиёти истехсоли ба рох монда мешавад; 
 - хусусияти амалиёти истехсоли ва хосияти махсулоти биологи; 
 - риоя кардани ухдадорихое, ки аз мукаррароти Конуни мазкур бармеоянд; 
 - номи макоми бозраси ва сертификатсияи махсулоти биологи.

БОБИ 2. САЛОХИЯТИ ХУКУМАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ВА ВАКОЛАТХОИ МАКОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ХОЧАГИДОРИ ВА ИСТЕХСОЛОТИ БИОЛОГИ

           Моддаи 6. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи хочагидори ва истехсолоти биологи
 Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи хочагидори ва истехсолоти биологи мансубанд: 
 - муайян кардани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи хочагидори ва истехсолоти биологи; 
 - кабул намудани санадхои меъёрии хукуки;
 - муайян кардани макоми ваколатдори давлати дар сохаи хочагидори ва истехсолоти биологи;
 - тахия ва амали намудани барномахои максаднок ва илмию техники; 
 - мутобик намудан ба меъёргирии давлатии хочагидори ва истехсолоти биологи; 
 - амали намудани дигар ваколатхо тибки санадхои  меъёрии  хукукии Чумхурии Точикистон.

            Моддаи 7. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи хочагидори ва истехсолоти биологи
 Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи хочагидори ва истехсолоти биологи инхоянд:
 - иштирок дар тахия ва амали намудани барномахои максаднок ва илмию техники;
 - ба рох мондани хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи хочагидори ва истехсолоти биологи;
 - тахияи санадхои меъёрии хукуки ва чихати тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон  пешниход намудани онхо;
 - тахияи коидахои махсуси борчома ва тамгагузории махсулоти биологи;
 - амали намудани дигар ваколатхо тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.

БОБИ 3. СЕРТИФИКАТСИЯ ВА ШАРТХОИ ИСТЕХСОЛОТИ МАХСУЛОТИ БИОЛОГИ

          Моддаи 8. Сертификатсияи махсулоти биологи
 Сертификатсияи махсулоти биологи дар асоси регламентхои техники ва стандартхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон ба рох монда мешавад.

           Моддаи 9. Шартхои истехсолоти махсулоти биологи
 1. Шахси дар истехсолоти биологи ба фаъолияти сохибкори машгулбуда ухдадор аст, шартхои  истехсолоти махсулоти биологиро, ки бо регламентхои техники ва стандартхои дахлдор мукаррар карда шудаанд, риоя намояд. 
 2. Дар истехсолоти биологи бояд талаботи зерин риоя карда шаванд: 
 - татбики принсипхои хочагидори ва истехсолоти биологи; 
 - истифода накардани нуриву моддахо ва воситахо барои бех намудани таркиби хок, пестисиду гербисидхои пасмондаи дарав,  ангезандахои сунъии нумуъ, эмулгатерхо, ки регламентхои техники ва стандартхои  мукарраргардида манъ кардаанд; 
 - истифодаи тухми ва ё нихолу кучате, ки бо усулхои истехсолоти биологи сабзонида ва парвариш карда шудааст; 
 - истифода накардани организмхои генашон тагйирёфта ва хосилаи онхо, ба истиснои воситахое, ки дар байтори истифода мешаванд;
 - риояи стандартхои мукарраргардида оид ба афзоиши саршумори чорво, тулгири ва гизои чорво;
 - истифодаи усулхои хочагидори ва истехсолоти биологи бо максади пешгирии бемории чорво, ба истиснои холатхое, ки ин усулхо дар муоличаи чорво натичае намедиханд.

        Моддаи 10. Шартхои истифодабарии растанихои худруй ва меваи онхо дар сохаи хочагидори ва истехсолоти биологи 
 1. Растанихои худруй ва мевахои онхо, инчунин дигар растанихои киштнашуда бояд тавре чамъовари карда шаванд, ки дар натича ба низоми экологи зарар нарасад. 
 2. Дар худуди чарогоххо бояд китъахое интихоб карда шаванд, ки растанихои худруй ва меваи онхо бо моддахои кимиёви коркард нашуда бошанд.

БОБИ 4. КОИДАХОИ ИСТЕХСОЛ, КОРКАРД, НИГОХДОРИ, ХАМЛУ НАКЛ, БОРЧОМА, ТАМГАГУЗОРИ ВА ФУРУШИ МАХСУЛОТИ БИОЛОГИ


              Моддаи 11. Коидахои истехсол, коркард, нигохдори, хамлу накл, борчома, тамгагузори ва фуруши махсулоти биологи
 1. Махсулоти биологи бояд аз дигар намуди махсулот чудо коркард карда шавад. Агар махсулоти биологи аз дигар махсулотхо чудо гузошта ва мувофикан тамгагузори нашуда бошад, дар якчояги нигох доштан, хамлу накл ва фуруши онхо манъ аст. 
 2. Барои пешгирии олудашавии мухити зист хангоми коркард, нигохдори ва хамлу накли махсулоти биологи бояд меъёрхои эътирофшудаи байналмилалии санитарию гигиени, регламентхои техники ва  стандартхои махсулоти биологи катъи риоя карда шаванд. 
 3. Дар хочагидори ва истехсолоти биологи бояд шартхои истехсол, коркард, нигохдори, хамлу накл, борчома, тамгагузори ва фуруши махсулоти биологи, ки бо шартномахои байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон тасдик шудаанд, талаботи  регламентхои техники  ва стандартхои истехсолоти биологи катъи риоя карда шаванд. 
 4. Дар истехсолоти биологи хамчун борчома бояд мавод, контейнер ё зарфхои сертификатсияшуда истифода шаванд, ки истехсоли технологияхои муосир бошанд. 
 5. Маводи борчома, контейнер ё зарфхое, ки дар истехсолоти биологи истифода мешаванд, бояд ба меъёрхои эътирофшудаи байналмилалии  санитарию гигиени мутобикат кунанд.

         Моддаи 12. Воридот ва содироти махсулоти биологи
 1. Коидахои воридот ва содироти махсулоти биологи аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи хочагидори ва истехсолоти биологи тахия ва аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд. 
 2. Махсулоти биологии воридоти бояд дорои сертификате бошад, ки онро макоми ваколатдори мамлакати воридкунанда оид ба сертификатсия ба чунин махсулот додааст.

        Моддаи 13. Коидахои тамгагузори намудани  махсулоти биологи
 1. Махсулоти биологи мутобики талаботи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тамгагузори карда мешавад. 
 2. Тамгаи борчома ё хуччатхои тасдиккунандаи махсулоти биологи бояд дорои чунин маълумот бошанд:
 - ном ва сурогаи истехсолкунанда ё корхонаи коркард; 
 - номи махсулот бо зикри усули татбикшудаи истехсолоти биологи; 
 - ном ва рамзи макоми ваколатдор оид ба бозраси ва сертификатсия;
 - шартхои нигох доштан; 
 - мухлати коршоями; 
 - ишора дар бораи тартиби нигох доштани чунин махсулоти биологи бо дигар махсулот. 
 3. Дар руи борчома бояд тамгаи миллии махсулоти биологи, ки мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тайёр  ва ба кайд гирифта шуда, мавриди истифода  карор дорад сабт шуда бошад ва дар бораи ба талаботи регламентхои техники ва стандартхои мукарраргардида чавобгуй будани махсулоти мазкур ишора карда шавад.

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

         Моддаи 14.  Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур 
 Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
          Моддаи 15. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур 
 Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти
Чумхурии Точикистон                                                                                          Эмомали РАХМОН
ш. Душанбе,

22 июли соли 2013,

№ 1001

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …