Главная / Чамъият / ХИЗМАТРАСОНИХОИ ПАРДОХТИ ВА НИЗОМИ ПАРДОХТИ – КОНУНИ ЧТ

ХИЗМАТРАСОНИХОИ ПАРДОХТИ ВА НИЗОМИ ПАРДОХТИ – КОНУНИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИХОИ ПАРДОХТИ ВА НИЗОМИ ПАРДОХТИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 20)

Конуни мазкур асосхои хукукию ташкилии фаъолияти низоми пардохти ва тартиби пешниход намудани хизматрасонихои пардохтиро дар Чумхурии Точикистон муайян намуда, ба фарохам овардани шароити мусоид барои рушди низоми пардохти равона карда шудааст.

pul-intiqol

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– аксепти пардохткунанда – розигии пардохткунанда барои аз суратхисоби бонкии у дар асоси шартнома бо талаби маблаггиранда интикол додани маблаг;

тахвилгари хизматрасонихои пардохти – Бонки миллии Точикистон ва ташкилотхои карзие, ки барои интикол додани маблагхо хизмат мерасонанд;

хизматрасонихои пардохти – кабул намудан ва додани маблагхои накд, хисоббаробаркуни ва интиколи маблагхо, аз чумла интиколи маблагхои электрони, барориш (эмиссия) ва (ё) хизматрасонии воситахои пардохти ва хизматрасони оид ба кабули пардохтхо;

воситаи пардохт – восита ва (ё) мачмуи расмиёте, ки байни муштари ва тахвилгари хизматрасонихои пардохти мувофика шудааст ва муштари барои додани фармоиши пардохти онхоро истифода мебарад;

интиколи маблаг – амали тахвилгари хизматрасонихои пардохти дар доираи шаклхои истифодашавандаи хисоббаробаркунихои гайринакди оид ба пешниходи маблаги пардохткунанда ба маблаггиранда;

воситаи электронии пардохти – восита ва (ё) усуле, ки ба муштарии тахвилгари хизматрасонихои пардохти барои тахия, тасдик ва додани фармоиши пардохти бо максади интиколи маблаг дар доираи шаклхои истифодашавандаи хисоббаробаркунихои гайринакди бо истифодаи технологияхои иттилоотию коммуникатсиони, хомили электронии иттилоот, аз чумла корти пардохтии бонки ва дигар тачхизоти техники имкон медихад;

интиколи фаромарзии маблагхо – интиколи маблагхое, ки хангоми анчом додани он пардохткунанда ё маблаггиранда берун аз Чумхурии Точикистон карор дорад ва (ё) хангоми амали намудани интиколи маблаг ба пардохткунанда ё маблаггиранда бонки марказии (миллии) хоричи ё бонки дигари хоричи хизмат мерасонад;

оператори низоми пардохти – шахси хукукие, ки коидахои низоми пардохтиро муайян карда, ухдадорихои дигарро тибки Конуни мазкур ичро менамояд;

оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти – шахси хукукие, ки хизматрасонихои амалиёти ва (ё) хизматрасонихои клиринги пардохтиро пешниход мекунад, инчунин барои ичрои вазифахои иттилооти ва вазифахои дигари технологи дар низоми пардохти хангоми интиколи маблаг ваколатдор шудааст;

– фармоиши пардохти – супорише, ки аз чониби пардохткунанда ё маблаггиранда дар доираи шаклхои истифодашавандаи хисоббаробаркунихои гайринакди барои интикол додани маблаг ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти дода мешавад;

хизматрасонихои амалиёти – хизматрасонихои оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, ки дастрасии хизматрасонихо оид ба интиколи маблагхоро ба иштирокчиёни низоми пардохти ва муштариёни онхоро аз чумла бо истифодаи воситахои электронии пардохти, инчунин мубодилаи паёмхои электрони таъмин менамояд;

хизматрасонии клиринги пардохти – хизматрасонии оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, ки дар доираи низоми пардохти кабули фармоишхои иштирокчиёни низоми пардохти барои интиколи маблагхо, инчунин хисоби мутакобилаи талаботу ухдадорихои пулии иштирокчиёни низоми пардохтиро таъмин менамояд;

– контрагенти марказии клиринги пардохти – Бонки миллии Точикистон ва (ё) ташкилоти карзие, ки тибки Конуни мазкур пардохткунанда аз руи талабот ва маблаггиранда аз руи ухдадорихои иштирокчиёни низоми пардохти мебошанд;

маркази хисоббаробаркуни – Бонки миллии Точикистон ва (ё) ташкилоти карзие, ки дар доираи низоми пардохти фармоишхои иштирокчиёни низоми пардохтиро бо рохи хорич ва ворид намудани маблагхо аз суратхисобхои бонкии онхо ичро карда, дар ин бора ба иштирокчиёни низоми пардохти тасдикнома ирсол менамояд;

агенти бонкии пардохти – шахси хукуки, ба истиснои ташкилоти карзи ё сохибкори инфироди, ки аз чониби ташкилоти карзи барои анчом додани амалиёти алохидаи бонки мутобики Конуни мазкур чалб карда мешавад;

– субагенти бонкии пардохти – шахси хукуки, ба истиснои ташкилоти карзи ё сохибкори инфироди, ки аз чониби агенти бонкии пардохти барои анчом додани амалиёти алохидаи бонки мутобики Конуни мазкур чалб карда мешавад;

бебозхонд будани интиколи маблагхо – хусусияти интиколи маблагхо, ки имконнопазир будани бозхонди фармоиш ё катъи имконияти бозхонди фармоишро оид ба интиколи маблагхо дар лахзаи муайяни вакт ифода мекунад;

бечунучароии интиколи маблагхо – хусусияти интиколи маблагхо, ки мавчуд набудани шартхоро барои интиколи маблагхо ё ичрои хамаи шартхоро барои интиколи маблагхо дар лахзаи муайяни вакт ифода мекунад;

анчомёбии интиколи маблагхо – хусусияти интиколи маблагхо, ки пешниходи маблагхоро ба маблаггиранда дар лахзаи муайяни вакт ифода мекунад;

– низоми пардохти – мачмуи ташкилотхое, ки бо максади интиколи маблагхо мутобики коидахои низоми пардохти якчоя амал менамоянд;

субъектхои низоми пардохтии Чумхурии Точикистон – мачмуи тахвилгарони хизматрасонихои пардохти, агентхои (субагентхои) бонкии пардохти, операторони низомхои пардохти, операторони хизматрасонии инфрасохтори пардохти ва ташкилоти алокаи почта хангоми анчом додани интиколи маблагхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, ки пурра ё кисман дар Чумхурии Точикистон фаъолият мекунанд;

низоми идоракунии хавфхо дар низоми пардохти – мачмуи чорабинихо ва усулхои кохиш додани пайдоиши эхтимолии окибатхои ногувор дар фаъолияти мунтазами низоми пардохти;

– коидахои низоми пардохти – хуччате (хуччатхое), ки шартхои иштирок дар низоми пардохти, анчом додани интиколи маблагхо, пешниходи хизматрасонии инфрасохтори пардохти ва шартхои дигари муайянкардаи оператори низоми пардохтиро тибки Конуни мазкур дар бар мегирад (мегиранд);

иштирокчиёни низоми пардохти – шахсони хукукие, ки бо максади пешниходи хизматрасони оид ба интиколи маблагхо ба низоми пардохти хамрох шудаанд ва тибки коидахои он амал мекунанд;

маблагхои электрони – маблагхо бо пули милли ё асъори хоричи, ки каблан аз чониби шахси вокеи ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти пешниход шудаанд ва аз чониби тахвилгари хизматрасонихои пардохти иттилоот оид ба андозаи пулхои бе кушодани суратхисоби бонки додашуда барои ичрои ухдадорихои пулии шахси вокеи дар назди шахсони сеюм ба хисоб гирифта мешавад;

терминал – тачхизоти барномавию техникии электрони, ки барои хондани маълумот аз воситаи электронии пардохти, тахия, интикол ва кабул намудани маълумот дар бораи амалиёт бо воситаи электронии пардохти ба (аз) низоми пардохтии дахлдор имконият медихад;

терминали худкори худхизматрасон – тачхизоти барномавию техникии электрони, ки барои кабули маблагхои накд ва анчом додани пардохтхо ба ташкилотхои коммунали, операторони алокаи мобили, интернет ва дигар пардохтхо, бо дарназардошти кисми 16 моддаи 13 Конуни мазкур, инчунин барои анчом додани хисоббаробаркунихои гайринакди бо истифодаи кортхои пардохтии бонки ва дигар воситахои электронии пардохти пешбини шудааст;

банкомат – тачхизоти барномавию техникии электрони, ки барои кабул ва додани маблагхои накд ва пешниходи хизматрасонихои дигари ташкилоти карзи бо истифодаи воситаи электронии пардохти пешбини шудааст.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хизматрасонихои пардохти ва низоми пардохти

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хизматрасонихои пардохти ва низоми пардохти ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукуки, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ПЕШНИХОДИ ХИЗМАТРАСОНИХОИ ПАРДОХТИ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАХОИ ЭЛЕКТРОНИИ ПАРДОХТИ

 

Моддаи 3. Тартиби пешниходи хизматрасонихои пардохти

  1. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти дар асоси шартномахои бо муштариён ва дигар тахвилгарони хизматрасонихои пардохти басташуда дар доираи шаклхои хисоббаробаркунихои гайринакдии истифодашаванда тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хизматрасонии пардохтиро пешниход менамояд.
  2. Агентхои бонкии пардохти ва субагентхои бонкии пардохти дар асоси шартномахои бо тахвилгарони хизматрасонихои пардохти ва агентхои бонкии пардохти басташуда, тибки талаботи моддаи 13 Конуни мазкур дар пешниходи хизматрасонихои пардохти иштирок менамоянд.
  3. Ташкилотхои алокаи почта хизматрасони оид ба интиколи маблагро мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи алокаи почта» пешниход менамоянд.

Моддаи 4. Тартиби интиколи маблагхо

  1. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти маблагхоро дар асоси фармоиши пардохтии муштари (пардохткунанда ё маблаггиранда), ки дар доираи шаклхои истифодашавандаи хисоббаробаркунихои гайринакди тартиб дода шудааст (минбаъд – фармоиши пардохти), интикол медихад.
  2. Интиколи маблагхо аз хисоби маблагхои пардохткунанда, ки дар суратхисоби бонкии у мавчуданд ё бе кушодани суратхисоби бонки пешниход шудаанд, амали мегардад.
  3. Интиколи маблагхо дар доираи шаклхои истифодашавандаи хисоббаробаркунихои гайринакди тавассути ворид намудани маблаг ба суратхисоби бонкии маблаггиранда, додани маблаги накд ба маблаггиранда ё бахисобгирии маблаг ба фоидаи маблаггиранда бе кушодани суратхисоб, хангоми интиколи маблагхои электрони амали мегардад.
  4. Интиколи маблагхо, ба истиснои интиколи маблагхои электрони, дар муддати на зиёда аз се рузи кори, аз рузи хорич гардидани маблаг аз суратхисоби бонкии пардохткунанда ё аз рузи пешниход намудани маблаги накд аз чониби пардохткунанда бо максади интиколи маблагхо бе кушодани суратхисоб амали мегардад.
  5. Бебозхонд будани интиколи маблаг, ба истиснои интиколи маблагхои электрони, аз лахзаи хорич гардидани маблаг аз суратхисоби бонкии пардохткунанда ё аз лахзаи аз чониби пардохткунанда пешниход гардидани пули накд барои интиколи маблаг бе кушодани суратхисоб фаро мерасад, агар дар конунгузории сохаи бонки тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  6. Аз лахзаи аз чониби пардохткунанда ва (ё) маблаггиранда ё шахсони дигар ичро гардидани шартхои амалигардонии интиколи маблаг, аз чумла амалигардонии интиколи маблаги мутакобил бо асъори дигар, тахвили мутакобили когазхои киматнок, пешниходи хуччатхо ё хангоми мавчуд набудани шартхои нишондода, интиколи маблаг бечунучаро хисобида мешавад.
  7. Агар ба пардохткунанда ва маблаггиранда як тахвилгари хизматрасонихои пардохти хизмат расонад, аз лахзаи ба суратхисоби бонкии маблаггиранда ворид гардидани маблаг ё ба маблаггиранда додани имконияти гирифтани пули накд, интиколи маблаг, ба истиснои интиколи маблагхои электрони, анчомёфта хисобида мешавад.
  8. Агар ба пардохткунанда ва маблаггиранда тахвилгарони гуногуни хизматрасонихои пардохти хизмат расонанд, интиколи маблаг аз лахзаи ворид гардидани маблаг ба суратхисоби бонкии тахвилгари хизматрасонихои пардохтие, ки ба маблаггиранда хизмат мерасонад, бо назардошти талаботи моддаи 21 Конуни мазкур анчомёфта хисобида мешавад.
  9. Аз лахзаи анчом ёфтани интиколи маблаг ухдадории тахвилгари хизматрасонихои пардохтие, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад, дар назди пардохткунанда катъ мегардад.
  10. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти ухдадор аст, ки пеш аз интикол додани маблаг муштариёнро дар шакли ба онхо дастрас бо шартхои анчом додани интиколи маблаг дар доираи шаклхои истифодашавандаи хисоббаробаркунихои гайринакди шинос намояд, аз чумла:

– бо андозаи хакки хизмат ва тартиби ситонидани он, агар дар шартнома пешбини шуда бошад;

– бо тарзи муайян намудани курби мубодила хангоми анчом додани интиколи маблаг бо асъори хоричи (дар холати фарк кардани асъори маблаге, ки пардохткунанда пешниход намудааст ва асъори маблаги интиколшаванда);

– бо тартиби пешниходи иддао, аз чумла бо иттилооте, ки барои тамос бо тахвилгари хизматрасонихои пардохт зарур мебошад.

  1. Муштари ухдадор мебошад, ки барои тамос гирифтан бо у ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти иттилооти аникро пешниход кунад ва хангоми тагйир ёфтани чунин иттилоот сари вакт иттилооти навшударо ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти манзур намояд. Ухдадории тахвилгари хизматрасонихои пардохти оид ба фиристодани огохиномаи пешбининамудаи Конуни мазкур ба муштари хангоми фиристодани огохинома мувофики иттилооти дар ихтиёрдоштааш барои тамос бо муштари ичрошуда хисобида мешавад.

Моддаи 5. Фармоиши пардохти, тартиби  барои ичро кабул намудан ва ичро кардани он

  1. Фармоиши пардохти иттилоотеро дар бар мегирад, ки мувофики шаклхои истифодашавандаи хисоббаробаркунихои гайринакди барои интикол додани маблаг имконият дихад (минбаъд – мушаххасоти интикол). Номгуи мушаххасоти (реквизитхои) интиколро Бонки миллии Точикистон мукаррар менамояд. Бо шартномае, ки байни тахвилгари хизматрасонихои пардохти ва муштари ё байни тахвилгарони хизматрасонихои пардохти баста шудааст, мумкин аст мушаххасоти иловагии интикол мукаррар карда шавад.
  2. Фармоиши пардохти метавонад дар шакли электрони интикол гардад, барои ичро кабул карда шавад, ичро гардад ва нигох дошта шавад.
  3. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти барои ичрои фармоиши пардохтии муштари хукук дорад аз номи худ фармоиш тартиб дихад.
  4. Хангоми барои ичро кабул намудани фармоиши пардохти, тахвилгари хизматрасонихои пардохти ухдадор аст ба хукук доштани муштари ба ихтиёрдории маблаг бовари хосил намояд, мушаххасоти интикол ва кифоягии маблагро барои ичрои фармоиши пардохти санчад, инчунин расмиёти дигари барои ичро кабул намудани фармоиши пардохтиро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, ичро намояд.
  5. Агар хукуки муштари барои ихтиёрдории маблаг тасдик нагардад, ё маблаг дар суратхисоби бонки нокифоя бошад, инчунин агар мушаххасоти интикол ба талаботи мукарраршуда чавобгу набошад, тахвилгари хизматрасонихои пардохти фармоиши пардохтиро барои ичро кабул накарда, ба муштари дар муддати на дертар аз рузи ояндаи кабули фармоиши пардохти дар ин бора огохинома ирсол менамояд.
  6. Хангоми нокифоя будани маблаг тахвилгари хизматрасонихои пардохти фармоиши пардохтиро оид ба интиколи маблаг бе кушодани суратхисоби бонки, аз чумла интиколи маблагхои электрони, барои ичро кабул намекунад ва ба муштари дар ин бора бетаъхир огохинома ирсол менамояд.
  7. Кабули фармоиши пардохти барои ичро аз чониби тахвилгари хизматрасонихои пардохти бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ё шартнома тасдик мегардад.
  8. Фармоиши пардохтиро муштари метавонад пеш аз фаро расидани лахзаи бебозхондии интиколи маблаг бо тартиби пешбининамудаи шартнома бозхонд намояд.
  9. Фармоиши пардохти аз чониби тахвилгари хизматрасонихои пардохти дар доираи шаклхои истифодашавандаи хисоббаробаркунихои гайринакди дар хачми маблаги дар фармоиши пардохти зикршуда ичро мегардад. Хакки хизмати тахвилгари хизматрасонихои пардохти (хангоми ситонидани он), ба истиснои холатхои анчом додани интиколи фаромарзии маблагхо, наметавонад аз маблаги интиколшаванда гирифта шавад.
  10. Ичро шудани фармоиши пардохтиро тахвилгари хизматрасонихои пардохти бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартнома тасдик менамояд.

Моддаи 6. Хусусиятхои анчом додани интиколи маблаг бо талаби маблаггиранда

  1. Хангоми интиколи маблаг бо талаби маблаггиранда (дебети бевосита) тахвилгари хизматрасонихои пардохти дар асоси шартнома бо пардохткунанда маблагхоро аз суратхисоби бонкии пардохткунанда дар асоси розигии у бо фармоиши маблаггиранда (минбаъд – талабномаи маблаггиранда) хорич менамояд.
  2. Хукуки маблаггиранда оид ба пешниходи талабот ба суратхисоби бонкии пардохткунанда дар шартномаи байни пардохткунанда ва тахвилгари хизматрасонихои пардохти, ки ба у хизмат мерасонад, пешбини карда мешавад.
  3. Аксепти пардохткунанда метавонад то ворид гардидани талабномаи маблаггиранда (аксепти каблан додашуда) ё баъд аз ворид гардидани чунин талабнома ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад, дода шавад. Аксепти пардохткунанда метавонад дар шартномаи байни тахвилгари хизматрасонихои пардохти, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад ва пардохткунанда ё дар шакли хуччати алохида (мактуб, паёми электрони ва гайра) дода шавад.
  4. Дар холати набудани аксепти каблан додашудаи пардохткунанда тахвилгари хизматрасонихои пардохти талабномаи воридгаштаи маблаггирандаро на дертар аз рузи ояндаи ворид гаштани талабномаи маблаггиранда барои аксепт ба пардохткунанда равон мекунад. Аксепти пардохткунанда дар муддати панч рузи кори дода мешавад, агар дар шартномаи байни тахвилгари хизматрасонихои пардохти ва пардохткунанда мухлати нисбатан кутох пешбини нашуда бошад.
  5. Аксепти пардохткунанда метавонад ба як кисми маблаги дар талабномаи маблаггиранда зикршуда (аксепти кисман додашудаи пардохткунанда) дода шавад, агар дар шартномаи байни тахвилгари хизматрасонихои пардохти ва пардохткунанда тартиби дигар пешбини нашуда бошад. Дар холати кисман дода шудани аксепти пардохткунанда, тахвилгари хизматрасонихои пардохти ухдадор аст хангоми тасдики ичрои талабномаи маблаггиранда дар ин бора ишора намояд.
  6. Хангоми аз чониби пардохткунанда надодани аксепт ё дар мухлати мукарраршуда нагирифтани аксепт, талабномаи маблаггиранда бо нишон додани сабаби он ба у баргардонида мешавад.
  7. Хангоми ворид гардидани талабномаи маблаггиранда бо аксепти каблан додашудаи пардохткунанда, тахвилгари хизматрасонихои пардохти, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад, ухдадор аст мувофикати талабномаи маблаггирандаро ба шартхои аксепти каблан додашудаи пардохткунанда санчад.
  8. Дар сурати мувофикат кардани талабномаи маблаггиранда ба шартхои аксепти каблан додашудаи пардохткунанда талабномаи маблаггиранда дар хачми маблаг ва мухлате, ки дар шартхои аксепти каблан додашуда пешбини шудааст, ичро мегардад.
  9. Дар сурати мувофикат накардани талабномаи маблаггиранда ба шартхои аксепти каблан додашудаи пардохткунанда ё набудани имконияти санчиши чунин шартхо, тахвилгари хизматрасонии пардохти, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад, талабномаи маблаггирандаро бе ичро бармегардонад, агар дар шартнома ухдадори дар бораи аз пардохткунанда дархост кардани аксепти у пешбини нашуда бошад.
  10. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти ухдадор аст оид ба ичрои талабномаи маблаггиранда на дертар аз рузи ояндаи ичро гардидани талабнома ба пардохткунанда хабарнома равон кунад.

Моддаи 7. Тартиби истифодаи воситахои электронии пардохти

  1. Истифодаи воситахои электронии пардохти дар асоси шартномаи истифодаи воситахои электронии пардохтии байни тахвилгари хизматрасонихои пардохти ва муштари, инчунин шартномахои байни тахвилгарони хизматрасонихои пардохти басташуда амали мегардад.
  2. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти хукук дорад бастани шартномаро бо муштари оид ба истифодаи воситахои электронии пардохти рад намояд.
  3. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти ухдадор аст:

– муштариро дар бораи шартхои истифодаи воситаи электронии пардохти, аз чумла доир ба махдудияти усулхо ва чойхои истифодабари, холатхои хавфи барзиёд хангоми истифодаи воситаи электронии пардохти пеш аз бастани шартномаи истифодаи воситахои электронии пардохти хабардор намояд;

– муштариро оид ба хар амалиёти гузаронидаи у, ки бо истифодаи воситаи электронии пардохти сурат мегирад, бо рохи фиристодани огохиномаи дахлдор бо тартиби мукарраркардаи шартномаи бо муштари басташуда хабардор намояд;

– имконияти аз чониби муштари ба у фиристодани огохинома дар хусуси гум кардани воситаи электронии пардохти ва (ё) бе ичозати муштари истифода шудани воситаи электронии пардохтиро таъмин намояд;

– огохиномахои ба муштари фиристода ва аз муштари гирифтаро ба кайд гирифта, иттилооти дахлдорро на кам аз 3 сол нигох дорад;

– хуччатхо ва иттилоотеро, ки ба истифода шудани воситаи электронии пардохтии  муштари дахл доранд, бо тартиби мукарраркардаи шартнома ба у пешниход намояд;

– аризаи муштари, аз чумла бахсхои бамиёномадаро, ки ба истифодаи воситаи электронии пардохтии муштари алокаманданд, барраси намояд, инчунин ба муштари барои гирифтани маълумот оид ба натичаи баррасии ариза, аз чумла дар шакли хатти, бо талаби муштари дар мухлати мукарраркардаи шартнома, аммо на зиёда аз 30 (си) руз аз рузи гирифтани чунин ариза ва хангоми истифодаи воситаи электронии пардохти барои интиколи фаромарзии маблаг на дертар аз 60 (шаст) руз аз рузи кабули чунин ариза имконият фарохам орад.

  1. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти метавонад истифодаи  воситаи электронии пардохтиро хангоми аз чониби муштари риоя накардани тартиби истифодаи воситаи электронии пардохти, ки дар шартнома мукаррар шудааст ё дар асоси огохиномаи аз муштари гирифташуда боздошт ё катъ намояд.
  2. Боздошт ё катъ намудани истифодаи воситаи электронии пардохти аз чониби муштари ичрои ухдадорихои муштари ва тахвилгари хизматрасонихои пардохтиро, ки то лахзаи боздошт ё катъ гардидани истифодаи воситаи электронии пардохтии мазкур ба вучуд омадаанд, катъ намегардонад.
  3. Хангоми гум кардани воситаи электронии пардохти ва (ё) истифодаи он бе ичозати муштари, муштари ухдадор аст фавран огохиномаи дахлдорро ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти бо тартиби дар шартнома пешбинигардида, аммо на дертар аз рузи ояндаи гирифтани огохинома аз тахвилгари хизматрасонихои пардохти оид ба амалиёти анчомдода ирсол намояд.
  4. Пас аз гирифтани огохиномаи муштари тибки кисми 6 моддаи мазкур тахвилгари хизматрасонихои пардохти ухдадор аст маблаги амалиёти бе ичозати муштари гузаронидашударо баъди гирифтани огохиномаи зикргардида ба муштари чуброн намояд.
  5. Агар тахвилгари хизматрасонихои пардохти ухдадорихои худро дар бораи огох кардани муштари оид ба амалиёти гузарондашуда тибки сархати дуюми кисми 3 моддаи мазкур ичро накунад, тахвилгари хизматрасонии пардохти ухдадор аст маблаги амалиётеро, ки муштари оид ба ичрои он огох карда нашуда буд ва бе ичозати муштари гузаронида шуда буд, чуброн намояд.
  6. Агар тахвилгари хизматрасонии пардохти муштариро оид ба амалиёти гузаронидашуда тибки сархати дуюми кисми 3 моддаи мазкур хабардор кунад, вале муштари ба тахвилгари хизматрасонии пардохти тибки кисми 6 моддаи мазкур огохинома ирсол накарда бошад, он гох тахвилгари хизматрасонии пардохти ухдадор намебошад, ки маблаги амалиёти бе ичозати муштари ичрошударо чуброн намояд.
  7. Агар тахвилгари хизматрасонихои пардохти муштари – шахси вокеиро оид ба амалиёти гузарондашуда тибки сархати дуюми кисми 3 моддаи мазкур хабардор кунад ва муштари – шахси вокеи ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти тибки кисми 6 моддаи мазкур огохинома ирсол карда бошад, он гох тахвилгари хизматрасонии пардохти ухдадор аст, ки маблаги амалиёти бе ичозати муштари гузаронидаро то лахзаи фиристодани огохинома аз чониби муштари – шахси вокеи чуброн намояд. Дар ин маврид тахвилгари хизматрасонии пардохти ухдадор аст маблаги амалиёти бе ичозати муштари гузарондашударо чуброн намояд, агар исбот карда натавонад, ки муштари тартиби истифодаи воситаи электронии пардохтиро барои гузаронидани амалиёт бе ичозати муштари – шахси вокеи риоя накардааст.
  8. Мукаррароти кисми 10 моддаи мазкур доир ба ухдадории тахвилгари хизматрасонихои пардохти барои чуброн намудани амалиёте, ки бе розигии муштари то лахзаи аз чониби муштари – шахси вокеи ирсол шудани огохинома ичро гардидааст, дар сурати анчом додани амалиёти интиколи маблагхои электрони аз чониби муштарие, ки дар лахзаи ичрои амалиёт тибки талаботи конунгузори мушаххас нашудааст, татбик намегардад.

БОБИ 3. МАБЛАГХОИ ЭЛЕКТРОНИ ВА ХУСУСИЯТХОИ ИНТИКОЛИ ОНХО

 

Моддаи 8. Талабот нисбат ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти хангоми интиколи маблагхои электрони

  1. Танхо тахвилгари хизматрасонии пардохти, ки ташкилоти карзи мебошад, хукуки анчом додани амалиёти интиколи маблагхои электрониро дорад.
  2. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти пеш аз огози фаъолият оид ба интиколи маблагхои электрони Бонки миллии Точикистонро ба таври хатти огох менамояд.
  3. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти ухдадор аст коидахои интиколи маблагхои электрониро мукаррар карда, мунтазамии интиколи маблагхои электрониро тибки талаботи пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон таъмин намояд.
  4. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти хукук дорад бо ташкилотхои дигар шартнома бандад, ки аз руи шартхои он ташкилотхои мазкур метавонанд ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти хангоми интиколи маблагхои электрони хизматрасонии амалиёти ва (ё) клиринги пардохтиро пешниход намоянд.
  5. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти пеш аз бастани шартнома бо муштари – шахси вокеи ухдадор аст ба у маълумоти зеринро пешниход намояд:

– оид ба ном ва махалли чойгиршавии тахвилгари хизматрасонихои пардохти, инчунин раками ичозатномаи у барои анчом додани амалиёти бонки;

– оид ба шартхои истифодаи воситахои электронии пардохти;

– оид ба тарз ва махалли амали намудани интиколи маблагхои электрони;

– оид ба тарз ва махалли додани пул ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти аз чониби муштари – шахси вокеи;

– оид ба андоза ва тартиби аз чониби шахси вокеи пардохтани хакки хизмат ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти, агар гирифтани хакки хизмат пешбини шуда бошад;

– оид ба тарзхои пешниходи иддао ва тартиби баррасии он, аз чумла маълумот барои тамос бо тахвилгари хизматрасонихои пардохти.

  1. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти ухдадор аст оид ба амалиёт бо маблагхои электрони ва ахду амалиёти шубханок бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм» ба макоми ваколатдори муковимат ба конунигардонии даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм маълумот пешниход намояд.

Моддаи 9. Интиколи маблагхои электрони

  1. Барои амали намудани хисоббаробаркунихои гайринакди дар шакли интиколи маблагхои электрони муштари маблагхоро ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти тибки шартномаи басташуда (аз чумла дар намуди офертаи оммави) пешниход менамояд.
  2. Муштари – шахси вокеи метавонад маблагхоро бо истифодаи суратхисоби бонкии худ ё бе истифодаи он ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти пешниход намояд.
  3. Муштари – шахси вокеи хукук дорад маблагхои электронии шахсии худро истифода барад ва оид ба ихтиёрдории маблагхои электронии худ танхо бо истифодаи воситахои электронии алока (коммуникатсия) фармоишхо дихад.
  4. Маблагхое, ки шахси вокеи ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти пешниход кардааст, бо рохи ташаккулдихии сабти электрони, ки дар он андозаи ухдадорихои тахвилгари хизматрасонихои пардохти дар назди шахси вокеи баробар ба маблаги супурдаи шахси вокеи (минбаъд – бакияи маблагхои электрони) бо назардошти асъор инъикос ёфтааст, ба хисоб гирифта мешаванд.
  5. Маблагхои электрони аз чониби тахвилгари хизматрасонихои пардохти бе кушодани сурахисоби бонки ба хисоб гирифта мешаванд. Бахисобгирии маблагхои ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти супурдаи муштариён дар суратхисобхои мачмуии бахисобгирии маблагхои электрони, вобаста ба намуди асъор, амали мегардад.
  6. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти хукук надорад барои зиёд намудани бакияи маблагхои электронии муштари ба у маблаг пешниход намояд.
  7. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти хукуки хисоб намудани фоиз ё пардохти хакки хизматро ба бакияи маблагхои электрони надорад.
  8. Маблагхои электрони дар асоси фармоиши пардохткунанда ба фоидаи маблаггиранда интикол мегарданд. Дар холатхои пешбининамудаи шартномаи байни пардохткунанда ва тахвилгари хизматрасонихои пардохти, байни пардохткунанда ва маблаггиранда, интиколи маблагхои электрони метавонад бо талаби маблаггиранда тибки моддаи 6 Конуни мазкур анчом дода шавад.
  9. Маблагхои электрони метавонад байни пардохткунанда ва маблаггиранда, ки муштарии як ё чанд тахвилгари хизматрасонихои пардохти мебошанд, интикол дода шаванд.
  10. Хангоми интиколи маблагхои электрони шахсони хукуки метавонанд танхо маблаггиранда бошанд. Ба маблагхои электронии ба суратхисобхои шахсони хукуки гузарондашаванда хангоми зарурат руйхат замима мегардад, ки дар он маблаги гузаронидаи хар як пардохткунанда нишон дода мешавад.
  11. Интиколи маблагхои электрони бо рохи аз чониби тахвилгари хизматрасонихои пардохти дар як вакт кабул намудани фармоиши муштари, кам намудани бакияи маблагхои электронии пардохткунанда ва зиёд намудани бакияи маблагхои электронии маблаггиранда дар хачми интиколи маблагхои электрони амали мегардад.
  12. Интиколи маблагхои электрони пас аз кабули фармоиши муштари аз чониби тахвилгари хизматрасонихои пардохти фавран амали мегардад.
  13. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти пас аз ичрои фармоиши муштари дар бораи интиколи маблагхои электрони ба муштари оид ба ичро шудани фармоиш фавран тасдикнома ирсол менамояд.
  14. Интиколи маблагхои электрони баъди аз чониби тахвилгари хизматрасонихои пардохти ичро гардидани талаботи дар кисми 11 моддаи мазкур пешбинишуда бебозхонд ва анчомёфта хисобида мешавад.
  15. Ухдадории пулии пардохткунанда дар назди маблаггиранда баъд аз анчомёбии интиколи маблагхои электрони катъ мегардад.
  16. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти мунтазам иттилоот оид ба бакияи маблагхои электрони ва маблагхои электронии интиколдодаро ба хисоб мегирад.
  17. Гайр аз интиколи маблагхои электрони, бакия ё кисми бакияи маблагхои электронии муштари – шахси вокеи бо фармоиши у метавонад ба суратхисоби бонки гузаронида шавад, бе кушодани суратхисоби бонки интикол дода шавад ё ба таври накди пешниход карда шавад.
  18. Бакия ё кисми бакияи маблагхои электронии муштари – шахси хукуки ё сохибкори инфироди бо фармоиши муштари метавонад танхо ба суратхисобхои бонкии у гузаронида шавад.
  19. Муштари – шахси хукуки ё сохибкори инфироди ухдадор аст барои интиколи бакия ё кисми бакияи маблагхои электрони дар тахвилгари хизматрасонихои пардохти суратхисоби бонки кушояд ё дар бораи суратхисоби бонкии ин шахси хукуки ё сохибкори инфироди, ки дар дигар ташкилоти карзи кушода шудааст ва ба он бакия ё кисми бакияи маблагхои электрони метавонад интикол дода шавад, ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти маълумот пешниход намояд.
  20. Нисбат ба интиколи маблагхои электрони бо асъори хоричи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор татбик мегардад.
  21. Агар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм шахсияти муштари – шахси вокеи мушаххас нашуда бошад, тахвилгари хизматрасонихои пардохти интиколи маблагхоро бо фармоиши чунин муштари барои пардохти молу хизматрасонихо бо шарте анчом медихад, ки бакияи маблагхои электронии муштари аз 20 нишондиханда барои хисоб зиёд набошад, аммо хачми умумии маблагхои электронии интиколшаванда бо истифодаи як воситаи электронии пардохти дар давоми як мохи таквими аз 50 нишондиханда барои хисоб зиёд набошад. Чунин муштари – шахси вокеи хукуки интиколи маблагхои электрониро ба дигар шахси вокеи ё хукуки гирифтани маблагхои электрониро аз дигар шахси вокеи надорад.

Моддаи 10. Талабот нисбат ба фаъолияти тахвилгари хизматрасонихои пардохти хангоми зиёд намудани бакияи маблагхои электронии шахсони вокеи – муштариёни оператори алока

  1. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти метавонад бо оператори алока, ки хукуки мустакилона пешниход намудани хизматрасонии вобаста ба алокаи мутахаррики радиотелефониро (алокаи сайёри мобили) (минбаъд – оператори алока) дорад, бо максади зиёд намудани бакияи маблагхои электронии шахси вокеи – муштарии чунин оператори алока оид ба хамкории иттилоотию технологи шартнома бандад. Бакияи маблагхои электронии муштари аз хисоби маблагхои у, ки хамчун пешпардохти хизматрасонихои алока мебошанд, зиёд карда мешавад. Муносибатхои тахвилгари хизматрасонихои пардохти бо муштарии оператори алока дар асоси шартномаи пешбининамудаи кисми 1 моддаи 9 Конуни мазкур ба рох монда мешавад.
  2. Оператори алока хукук надорад ба шахси вокеи – муштари бо максади аз чониби тахвилгари хизматрасонихои пардохти зиёд намудани бакияи маблагхои электронии муштари маблаги пули пешниход намояд.
  3. Бакияи маблагхои электронии шахси вокеи – муштарии оператори алока дар асоси фармоиши у, ки оператори алока онро ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти ирсол менамояд, тибки шартномаи байни шахси вокеи – муштари ва оператори алока зиёд карда мешавад.
  4. Оператори алока ухдадор аст маблагхои пулии шахси вокеи – муштариро, ки хамчун пешпардохт барои хизматрасонихои алока ворид намудааст, пас аз гирифтани тасдикномаи тахвилгари хизматрасонихои пардохти оид ба зиёд намудани бакияи маблагхои электронии шахси вокеи – муштари фавран кам намояд. Аз лахзаи зиёдшавии бакияи маблагхои электрони тахвилгари хизматрасонихои пардохти ба андозаи маблаге, ки бакияи маблагхои электрони зиёд гардид, дар назди шахси вокеи ухдадор мегардад.
  5. Агар оператори алока ва (ё) тахвилгари хизматрасонихои пардохти аз шахси вокеи – муштари барои зиёд намудани бакияи маблагхои электронихакки хизмат гирад, он гох оператори алока то супурдани фармоиши муштари ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти ба шахси вокеи – муштари барои даст кашидан аз супурдани фармоиш имконият дихад ва маълумоти зеринро пешниход намояд:

– оид ба воситаи электронии пардохти шахси вокеи;

– оид ба хачми зиёд намудани бакияи маблагхои электрони;

– оид ба хачми хакки хизмате, ки шахси вокеи-муштари пардохт мекунад, агар он гирифта шавад;

– оид ба сана ва вакти пешниходи иттилоот.

  1. Оператори алока ухдадор аст пас аз гирифтани иттилооти дахлдор аз тахвилгари хизматрасонихои пардохти фавран ба шахси вокеи – муштари ба воситаи алокаи радиотелефонии сайёр оид ба зиёд гардидани бакияи маблагхои электрони тасдикнома равон кунад. Дар тасдикнома маълумоти пешбининамудаи кисми 5 моддаи мазкур дарч мегардад.
  2. Оператори алока ухдадор аст хисоббаробаркунихоро бо тахвилгари хизматрасонихои пардохти дар хачми бакияи зиёдшудаи маблагхои электрони на дертар аз рузи кории пас аз рузи зиёдшавии бакияи маблагхои электрони амали намояд. Дар сурати аз чониби оператори алока ичро нагардидани ухдадории мазкур тахвилгари хизматрасонихои пардохти зиёд кардани бакияи маблагхои электрониро то ичрои чунин ухдадори аз чониби оператори алока бозмедорад.

Моддаи 11. Пешниходи хисобот ба Бонки миллии Точикистон

Тахвилгари хизматрасонихои пардохти, ки ба интиколи маблагхои электрони машгул аст, ба Бонки миллии Точикистон оид ба маблагхои электронии интиколгардида дар шакли муайяннамудаи  Бонки миллии Точикистон хисобот пешниход намояд. 

БОБИ 4. СУБЪЕКТХОИ НИЗОМИ ПАРДОХТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ВА ТАЛАБОТ БА ФАЪОЛИЯТИ ОНХО

 

Моддаи 12. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти ва талабот ба фаъолияти он

  1. Бонки миллии Точикистон фаъолияти тахвилгари хизматрасонихои пардохтиро тибки Конуни мазкур, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллии Точикистон» ва санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон амали менамояд.
  2. Ташкилотхои карзи фаъолияти тахвилгари хизматрасонихои пардохтиро тибки Конуни мазкур, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти бонки», Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ташкилотхои маблаггузории хурд», Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломи» ва санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон амали менамоянд.

Моддаи 13. Талабот нисбат ба фаъолияти тахвилгари хизматрасонихои пардохти хангоми чалби агенти (субагенти) бонкии пардохти

  1. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти, ки ташкилоти карзи мебошад, хукук дорад агенти бонкии пардохтиро дар асоси шартнома барои анчом додани фаъолияти зерин чалб намояд:

– кабул намудани маблаги накд аз шахси вокеи ва (ё) додани маблаги накд ба шахси вокеи, аз чумла бо истифодаи терминалхо, терминалхои худкори худхизматрасон;

– пешниходи воситахои электронии пардохти ба муштариён ва таъмини истифодаи ин воситахо мувофики шартхои мукаррарнамудаи тахвилгари хизматрасонихои пардохти;

– мушаххас намудани шахсияти муштари – шахси вокеи бо максади интикол додани маблаг бе кушодани суратхисоби бонки ё пешниходи воситаи электронии пардохти ба шахси вокеи тибки талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм».

  1. Агенти бонкии пардохти, ки шахси хукуки мебошад, дар холатхои пешбининамудаи шартномаи бо тахвилгари хизматрасонихои пардохти басташуда хукук дорад субагенти бонкии пардохтиро дар асоси шартнома барои анчом додани фаъолияти (як кисми фаъолияти) дар сархатхои якум ва дуюми кисми 1 моддаи мазкур зикршуда чалб намояд.
  2. Аз чониби тахвилгари хизматрасонихои пардохти чалб гардидани агенти бонкии пардохти метавонад хамзамон бо риоя гардидани талаботи зерин анчом дода шавад:

– анчом додани фаъолияти (як кисми фаъолияти) дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда (минбаъд – амалиёти агенти бонкии пардохти) аз номи тахвилгари хизматрасонихои пардохти;

– мушаххас намудани шахсияти муштари – шахси вокеии намояндаи у ва (ё) манфиатгир аз чониби агенти бонкии пардохти бо максади интикол додани маблагхо бе кушодани суратхисоби бонки тибки талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм»;

– аз чониби агенти бонкии пардохти истифода шудани суратхисоби (суратхисобхои) махсуси бонки барои пурра ворид намудани маблагхои накди аз шахсони вокеи гирифташуда мутобики кисмхои 5 ва 6 моддаи мазкур;

– аз чониби агенти бонкии пардохти тасдик намудани гирифтани (додани) маблаги накд бо додани чиптаи (расиди) хазина, ки чавобгуи талаботи кисми 7 моддаи мазкур мебошад;

– аз чониби агенти бонкии пардохти ба шахсони вокеи пешниход гардидани иттилооте, ки кисми 10 моддаи мазкур пешбини намудааст;

– истифодаи терминалхои худкори худхизматрасон аз чониби агенти бонкии пардохти тибки талаботи санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон хангоми анчом додани хисоббаробаркунихо бо маблаги накд.

  1. Чалби субагенти бонкии пардохти аз чониби агенти бонкии пардохти метавонад хамзамон бо риоя гардидани талаботи зерин амали гардад:

– талаботе, ки дар кисми 3 моддаи мазкур пешбини шудаанд;

– гузаронидани амалиёти субагенти бонкии пардохти, ки муайян намудани шахсияти шахси вокеиро тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм» талаб намекунад;

– ба субагенти бонкии пардохти манъ намудани чалби шахсони дигар барои анчом додани амалиёти субагенти бонкии пардохти.

  1. Агенти (субагенти) бонкии пардохти амалиёти зеринро ба воситаи суратхисоби махсуси худ метавонад анчом дихад:

– ворид намудани маблагхои накди аз шахсони вокеи кабулгардида;

– ворид намудани маблагхо аз дигар суратхисоби махсуси бонкии агенти (субагенти) бонкии пардохти;

– хорич кардан ва ба суратхисобхои бонки ворид намудани маблагхо.

  1. Гузаронидани амалиёти дигар бо суратхисоби махсуси бонкии агенти (субагенти) бонкии пардохти манъ мебошад.
  2. Тачхизоти назоратию хазинави дар дохили терминали худкори худхизматрасон, ки ба агентхои (субагентхои) бонкии пардохти тааллук дорад, додани чиптаи (расиди) хазинаро бо мушаххасоти хатмии зерин таъмин менамояд:

– номгуи хуччат – чиптаи (расиди)  хазина;

– маблаги умумии кабулшуда ё додашуда;

– номгуи амалиёт;

– сана ва вакти гузаронидани амалиёт;

– маблаги хакки хизмате, ки шахси вокеи пардохт мекунад, дар мавриди гирифтани он;

– раками чиптаи (расиди)  хазина ва тачхизоти назоратию хазинави;

– сурогаи махалли анчом додани амалиёт;

– номгуи тахвилгарони хизматрасонихои пардохти ва агенти (субагенти) бонкии пардохти, инчунин раками мушаххаси андозсупорандаи онхо;

– раками телефонхои тахвилгари хизматрасонихои пардохти ва агенти (субагенти) бонкии пардохти ва дигар мушаххасоте, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст.

  1. Хамаи мушаххасоти (реквизитхои) дар чиптаи (расиди) хазина зикршуда дакик ва дар муддати на камтар аз шаш мох имконияти хонда шудан дошта бошанд.
  2. Дар сурати гирифтани розигии шахси вокеи, чиптаи (расиди) хазина метавонад дар намуди электрони бо истифодаи технологияхои иттилоотию коммуникатсиони ба шахси вокеи пешниход гардад.
  3. Дар хар як чойи гузаронидани амалиёт аз чониби агенти (субагенти) бонкии пардохти то огоз намудани хар як амалиёт ба шахсони вокеи иттилооти зерин пешниход карда мешавад:

– сурогаи махалли анчом додани амалиётхои агенти (субагенти) бонкии пардохти;

– номгуй ва махалли чойгиршавии тахвилгари хизматрасонихои пардохти ва агенти (субагенти) бонкии пардохти, инчунин раками мушаххаси андозсупорандаи онхо;

– раками ичозатномаи тахвилгари хизматрасонихои пардохти барои анчом додани амалиёти бонки;

– мушаххасоти шартномаи байни тахвилгари хизматрасонихои пардохти ва агенти бонкии пардохти, инчунин хангоми чалби субагенти бонкии пардохти мушаххасоти шартномаи байни он ва агенти бонкии пардохти;

– маблаги хакки хизмате, ки шахси вокеи пардохт мекунад;

– тарзи пешниходи иддао ва тартиби баррасии он;

– раками телефонхои тахвилгари хизматрасонихои пардохти ва агенти (субагенти) бонкии пардохти.

  1. Дар сурати аз чониби агенти (субагенти) бонкии пардохти истифода гардидани терминали худкори худхизматрасон, иттилооти тибки кисми 10 моддаи мазкур пешбинигардида ба шахсони вокеи дар речаи автомати пешниход карда мешавад.
  2. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти пешбурди руйхати агентхои (субагентхои) бонкии пардохтиро таъмин менамояд, ки дар он сурогаи хамаи чойхои гузаронидани амалиёти агентхои (субагентхои) бонкии пардохти зикр мегардад ва бо дархости шахсони вокеи бо он шинос шудан мумкин аст. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти ухдадор аст дар асоси дархости макомоти андоз бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон руйхати агентхои (субагентхои) бонкии пардохтиро ба онхо пешниход намояд. Агенти бонкии пардохти ухдадор аст ба тахвилгари хизматрасонихои пардохти оид ба субагентхои бонкии пардохтии чалбгардида, ки ба руйхати мазкур ворид карда мешаванд, бо тартиби пешбининамудаи шартнома бо тахвилгари хизматрасонихои пардохти иттилоотро пешниход намояд.
  3. Тахвилгари хизматрасонихои пардохти бояд аз чониби агенти бонкии пардохти риоя шудани шартхои чалб кардани уро, ки моддаи мазкур ва шартномаи байни тахвилгари хизматрасонихои пардохти ва агенти бонкии пардохти мукаррар кардааст, инчунин риояи конунгузории Чумхурии Точикистонро дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм назорат намояд. Тартиби амалисозии назорати риояи шартхои чалби агенти бонкии пардохти бо санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон ва шартномаи байни тахвилгари хизматрасонихои пардохти ва агенти бонкии пардохти мукаррар карда мешавад.
  4. Агенти бонкии пардохти бояд риоя шудани шартхои чалби субагенти бонкии пардохтиро, ки моддаи мазкур ва шартномаи байни агенти бонкии пардохти ва субагенти бонкии пардохти мукаррар кардааст, инчунин ичрои талаботи моддаи мазкурро назорат намояд. Тартиби амалисозии чунин назоратро шартномаи байни тахвилгари хизматрасонихои пардохти ва агенти бонкии пардохти, инчунин шартномаи байни агенти бонкии пардохти ва субагенти бонкии пардохти мукаррар менамояд.
  5. Агенти (субагенти) бонкии пардохти бевосита бастани шартномаро бо тахвилгарони хизматрасонихои коммунали, алока, кувваи барк ва хизматрасонии дигар хукук надорад ва наметавонад бидуни тахвилгари хизматрасонихои пардохти кабули пардохтхоро ба рох монад.
  6. Тартиби кабули маблагхои андоз, бочхо, пардохтхои хатми ба бучет ва маблагхои дигари бучети давлатиро, ки тавассути терминалхо ва терминалхои худкори худхизматрасон амали мегардад, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 14. Оператори низоми пардохти ва талабот нисбат ба фаъолияти он

  1. Низоми пардохти аз тарафи оператори низоми пардохти идора карда мешавад.
  2. Оператори низоми пардохти метавонад Бонки миллии Точикистон, ташкилоти карзи ё шахси хукукие бошад, ки ташкилоти карзи намебошад.
  3. Оператори низоми пардохтие, ки Бонки миллии Точикистон ё ташкилоти карзи мебошад, метавонад фаъолияти худро бо фаъолияти тахвилгари хизматрасонихои пардохти, оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, маркази хисоббаробаркуни ва дигар фаъолият якчоя намояд, агар он ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат накунад.
  4. Оператори низоми пардохтие, ки ташкилоти карзи намебошад, метавонад фаъолияти худро бо фаъолияти оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти ва фаъолияти дигар якчоя намояд, агар он ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат накунад.
  5. Бонки миллии Точикистон фаъолияти оператори низоми пардохтиро дар асоси Конуни мазкур тибки санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон ва шартномахои басташаванда амали менамояд.
  6. Оператори низоми пардохти ухдадор аст:

– коидахои низоми пардохтиро муайян намуда, назорати риоя шудани онхоро аз чониби иштирокчиёни низоми пардохти ва операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти ташкил ва амали  намояд;

– операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохтиро чалб намояд, ба истиснои холате, ки оператори низоми пардохти дар як вакт вазифаи оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохтиро низ ичро кунад, назорати хизматрасонихои инфрасохтори пардохтиро, ки ба иштирокчиёни низоми пардохт расонида мешавад таъмин намояд, инчунин пешбурди номгуи операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохтиро ба рох монад;

– низоми идоракунии хавфхоро дар низоми пардохти тибки моддаи 24 Конуни мазкур ташкил намуда, хавфхои низоми пардохтиро арзёби ва идора намояд;

– ба иштирокчиёни низоми пардохти ва операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти имконияти баррасии бахсхоро бо тартиби то суди ва (ё) дар суди хаками тибки коидахои низоми пардохти  фарохам орад.

  1. Оператори низоми пардохтие, ки ташкилоти карзи намебошад, ухдадор аст ташкилоти карзиро ба хайси маркази хисоббаробаркуни чалб намояд.
  2. Барои низомхое, ки ба хайси низомхои нихоят мухим муайян гардидаанд, танхо Бонки миллии Точикистон метавонад маркази хисоббаробаркуни бошад.
  3. Барои гирифтани ичозатномаи оператори низоми пардохти ташкилоти карзи ба Бонки миллии Точикистон дархостро бо замимаи хуччатхои зерин ирсол менамояд:

– карори макоми идоракунии ташкилоти карзи дар бораи ташкили низоми пардохти;

– накшаи фаъолият оид ба рушди низоми пардохти барои ду соли  таквимии наздик;

– коидахои низоми пардохти, ки ба талаботи хамин Конун чавобгу мебошанд;

– номгуи операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, ки барои хизматрасони дар низоми пардохти чалб карда мешаванд.

  1. Шахси хукукие, ки ташкилоти карзи намебошад, барои гирифтани ичозатномаи оператори низоми пардохти ба Бонки миллии Точикистон дархостро бо замимаи хуччатхои зерин пешниход менамояд:

– хуччатхои таъсиси;

– карори макоми ваколатдори чунин шахси хукуки дар бораи ташкили низоми пардохти;

– накшаи фаъолият оид ба рушди низоми пардохти барои ду соли  таквимии наздик;

– коидахои низоми пардохти, ки ба талаботи хамин Конун чавобгу мебошанд;

– номгуи операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, ки барои хизматрасони дар низоми пардохти чалб карда мешаванд;

– розигии хаттии ташкилоти карзи, аз чумла дар шакли шартномаи басташуда, дар бораи фаъолият кардани он ба хайси маркази хисоббаробаркунии низоми пардохти;

– хуччатхое, ки дар онхо оид ба андозаи сармояи оинномавии ташкилот маълумот оварда шудааст;

– хисоботи молиявие, ки дар рузи охирини хисоботи пеш аз  пешниходи хуччатхо барои гирифтани ичозатнома ба Бонки миллии Точикистон тахия гардидааст. Ин хисобот аз чониби рохбари макоми идоракунии ташкилот ва сармухосиби он имзо карда мешавад;

– хуччатхое, ки риоя шудани талаботи пешбининамудаи сархатхои дуюм ва сеюми кисми 12 моддаи мазкурро тасдик мекунанд.

  1. Тартиби гирифтани ичозатномаи оператори низоми пардохти бо санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  2. Барои гирифтани ичозатномаи оператори низоми пардохти шахси хукукие, ки ташкилоти карзи намебошад, бояд ба талаботи зерин чавобгу бошад:

– дорои сармояи оинномавии хадди акалли на кам аз 2500 нишондиханда барои хисобхо бошад;

– рохбари макоми ичроияи чунин ташкилот бояд дорои тахсилоти оли (иктисоди, риёзи, хукуки ё тахсилоти оли дар сохаи технологияхои иттилооти ва коммуникатсия) ва на кам аз ду сол тачрибаи кори ба хайси рохбари шуъба ё дигар вохидхои сохтории ташкилоти карзи ё оператори низоми пардохтиро дошта бошад;

– рохбари макоми ичроия ва сармухосиби чунин ташкилот бояд доги суди барои содир кардани чиноятхои хусусияти иктисоди ё коррупсиони надошта бошанд.

  1. Дар мухлати на зиёда аз 30 (си) рузи таквими аз рузи кабули ариза аз шахси хукукие, ки хохиши оператори низоми пардохти шуданро дорад, Бонки миллии Точикистон карор дар бораи додани ичозатномаи оператори низоми пардохти ё раддияи додани ичозатномаро кабул менамояд.
  2. Хангоми кабул гардидани карор дар бораи додани ичозатномаи оператори низоми пардохти Бонки миллии Точикистон ба шахси хукуки раками бакайдгири дода, дар ин бора ба Фехристи операторони низоми пардохти, ки дастраси умум мебошад, иттилооти дахлдор ворид менамояд ва дар муддати панч рузи кори аз санаи кабули карори мазкур барои анчом додани фаъолияти оператори низоми пардохти ба шахси хукуки ичозатнома медихад. Пешбурди Фехристи операторони низоми пардохти аз чониби Бонки миллии Точикистон анчом дода мешавад. Руйхати операторони низоми пардохтие, ки ичозатномаи Бонки миллии Точикистонро гирифтаанд, аз чониби Бонки миллии Точикистон хар сол мохи январ дар воситахои ахбори омма нашр карда мешаванд.
  3. Шахси хукуки аз рузи гирифтани ичозатнома оператори низоми пардохти мегардад.
  4. Оператори низоми пардохти хангоми пешниходи иттилоот оид ба низоми пардохти ухдадор аст мавчудияти ичозатномаи оператори низоми пардохтии худро нишон дихад.
  5. Низоми пардохти дар номгуи худ калимахои «низоми пардохти»-ро, ки дар коидахои низоми пардохти дарч гардидаанд, дорад. Ягон шахси хукуки дар Чумхурии Точикистон, гайр аз операторони низоми пардохти, наметавонад дар номгуи худ калимахои «низоми пардохти» ё иборахои аз онхо бавучудомадаро дар хар шакле набошад, истифода барад. Операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, иштирокчиёни низоми пардохти тибки коидахои низоми пардохти хукук доранд мансубияти худро ба низоми пардохти нишон диханд. Бонки миллии Точикистон калимахои «низоми пардохти»-ро вобаста ба низоми пардохтии Бонки миллии Точикистон истифода менамояд.
  6. Оператори низоми пардохти, ки ташкилоти карзи намебошад, ухдадор аст талаботи пешбиникардаи кисми 12 моддаи мазкурро дар муддати амали намудани фаъолияти оператори низоми пардохти риоя намояд.
  7. Бонки миллии Точикистон додани ичозатнома дар бораи фаъолияти оператори низоми пардохтиро дар холатхои зерин рад менамояд:

– пешниход нагаштани хуччатхои пешбининамудаи кисмхои 9 ва 10 моддаи мазкур;

– номувофикатии коидахои низоми пардохти ба талаботи Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон;

– мукаррар намудани номувофикатии шахси хукукие, ки ташкилоти карзи намебошад, ба талаботи кисми 12 моддаи мазкур.

  1. Дар холати рад намудани додани ичозатнома дар бораи фаъолияти оператори низоми пардохти Бонки миллии Точикистон ба таври хатти бо нишон додани сабабхои радкуни дар мухлати панч рузи кори аз санаи кабули чунин карор аризадихандаро огох менамояд.
  2. Дар холати тагйир ёфтани маълумот оид ба оператори низоми пардохти, ки дар вакти гирифтани ичозатнома нишон дода шудааст, оператори низоми пардохти ухдадор аст дар муддати панч рузи кори пас аз рузи фарорасии чунин тагйирот Бонки миллии Точикистонро огох намояд. Дар асоси огохиномаи гирифташуда аз оператори низоми пардохти Бонки миллии Точикистон ба Фехристи операторони низоми пардохти тагйироти дахлдор ворид менамояд.
  3. Бонки миллии Точикистон дар бораи бозхонди ичозатнома бо асосхои зерин карор кабул менамояд:

– дар асоси аризаи оператори низоми пардохти;

– дар холатхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи 30 Конуни мазкур;

– хангоми аз чониби Бонки миллии Точикистон дар рафти назорати низомхои пардохти муайян шудани далели номутобикати ба маълумоте, ки дар асоси он ба оператори низоми пардохти ичозатнома дода шуда буд;

 – хангоми аз чониби Бонки миллии Точикистон бозхонд гардидани ичозатнома барои анчом додани амалиёти бонки аз ташкилоти карзие, ки оператори низоми пардохти мебошад;

 – хангоми бархамхурии оператори низоми пардохти, ки ташкилоти карзи намебошад, хамчун шахси хукуки дар рузи дигар, ки ба Бонки миллии Точикистон оид ба бархамхурии оператори низоми пардохтии мазкур маълум шудааст.

  1. Ба бозхонди ичозатнома дар бораи фаъолияти оператори низоми пардохти бо асосхои дигар, ба истиснои асосхои пешбининамудаи кисми 22 моддаи мазкур рох дода намешавад. Шахси хукуки ухдадор аст ичозатномаи худро ба Бонки миллии Точикистон на дертар аз рузи кории оянда пас аз рузи гирифтани огохинома дар бораи бозхонди ичозатнома баргардонад.
  2. Хангоми бозхонди ичозатнома дар бораи фаъолияти оператори низоми пардохти Бонки миллии Точикистон ба Фехристи операторони низомхои пардохти сабти дахлдор ворид менамояд.
  3. Аз рузи оянда пас аз рузи аз чониби оператори низоми пардохти, ки ташкилоти карзи намебошад, гирифтани огохинома оид ба бозхонди ичозатнома ва хорич гардидани маълумот аз Фехристи операторони низоми пардохти, интикол додани маблаг дар доираи низоми пардохти катъ мегардад, аммо интиколи маблагхое, ки то рузи нишон додашуда огоз гардида буд, бояд аз тарафи контрагенти марказии клиринги пардохти ва (ё) маркази хисоббаробаркуни дар мухлати дар кисми 4 моддаи 4 Конуни мазкур мукарраргардида ба анчом расонида шавад. Вобаста ба низомхои нихоят мухим мухлати катъ намудани интиколи маблагхо ва ба анчом расонидани интиколи маблагхо аз чониби Бонки миллии Точикистон метавонад тамдид ёбад, аммо на зиёда аз як мох.
  4. Оператори низоми пардохти ухдадор аст тагйироти коидахои низоми пардохти ва тагйироти номгуи операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохтиро на дертар аз 10 (дах) руз пас аз рузи ворид намудани тагйироти дахлдор ба Бонки миллии Точикистон пешниход намояд.
  5. Операторони низомхои пардохти метавонанд дар бораи хамкории мутакобили низомхои пардохтии худ бо шарти нишон додани тартиби чунин хамкори дар коидахои низомхои пардохти шартнома банданд.
  6. Тахвилгари хизматрасонии пардохти, ба истиснои Бонки миллии Точикистон, ки дар он суратхисобхои бонкии на кам аз се тахвилгари хизматрасонихои пардохтии дигар кушода шуда, байни ин суратхисобхо дар муддати се мох пай дар пай интиколи маблагхо дар хачми аз андозаи мукарраркардаи Бонки миллии Точикистон зиёд сурат мегирад, ухдадор аст тибки талаботи моддаи мазкур ирсол намудани аризаи гирифтани ичозатномаи оператори низоми пардохтиро дар мухлати 30 (си) руз пас аз рузи огози мутобикат ба талаботи зикргардида таъмин намояд. Баъд аз гузаштани чор мох аз рузи огози мутобикат ба талаботи зикргардида, интиколи маблагхо байни суратхисобхои бонкии тахвилгарони хизматрасонихои пардохти, ки дар чунин тахвилгари хизматрасонихои пардохти кушода шудаанд, танхо дар доираи низоми пардохти ичозат дода мешавад. Талаботи кисми мазкур нисбат ба тахвилгарони хизматрасонихои пардохти, ки хамчун маркази хисоббаробаркунии низомхои пардохти амал карда, операторони низоми пардохтии онхо аз Бонки миллии Точикистон ичозатномаи оператори низоми пардохтиро гирифтааст, татбик намегардад.
  7. Бонки миллии Точикистон ба ташкилоте, ки фаъолияти оператори низоми пардохтиро анчом медихад ва тибки талаботи моддаи мазкур бо ариза барои гирифтани ичозатномаи оператори низоми пардохти ба Бонки миллии Точикистон мурочиат накардааст, талабнома дар бораи гирифтани ичозатномаи оператори низоми пардохти ирсол менамояд. Ташкилоти мазкур ухдадор аст дар мухлати на дертар аз 30 (си) рузи таквими аз рузи гирифтани чунин талабнома аризаи гирифтани ичозатномаи оператори низоми пардохтиро ба Бонки миллии Точикистон ирсол кунад ё амалисозии фаъолияти оператори низоми пардохтиро катъ намояд.

Моддаи 15. Оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти ва талабот нисбат ба фаъолияти он

  1. Оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти дар доираи низоми пардохти метавонад хизматрасонихои амалиёти ва (ё) хизматрасонихои клиринги пардохтиро пешниход намояд.
  2. Оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти хизматрасонихои амалиёти ва (ё) хизматрасонихои клиринги пардохтиро тибки коидахои низоми пардохти ва дар асоси шартномахо бо оператори низоми пардохти, иштирокчиёни низоми пардохти ва маркази хисоббаробаркуни пешниход менамояд.
  3. Ташкилоти карзи, шахси хукукие, ки ташкилоти карзи намебошад ё Бонки миллии Точикистон метавонанд оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти бошанд.
  4. Оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, ки Бонки миллии Точикистон ё ташкилоти карзи мебошад, метавонад хизматрасонихои амалиёти, клиринги пардохти ва хизматрасонихои маркази хисоббаробаркуниро анчом дихад.
  5. Оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, ки ташкилоти карзи намебошад, метавонад хамзамон хизматрасонии амалиёти ва хизматрасонии клиринги пардохтиро дар доираи як ташкилот ичро намояд.
  6. Оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, ки ташкилоти карзи ё Бонки миллии Точикистон мебошад, метавонад фаъолияти худро бо фаъолияти тахвилгари хизматрасонихои пардохти, оператори низоми пардохти ва фаъолияти дигар якчоя намояд, агар чунин фаъолият ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат накунад.
  7. Оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, ки ташкилоти карзи намебошад, метавонад фаъолияти худро бо фаъолияти оператори низоми пардохти ва фаъолияти дигар якчоя намояд, агар чунин фаъолият ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат накунад.
  8. Бонки миллии Точикистон фаъолияти оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохтиро дар асоси Конуни мазкур мутобики санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон ва шартномахои басташаванда амали менамояд.
  9. Оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти фаъолияти худро мутобики коидахои низоми пардохти ва шартномахое, ки бо иштирокчиёни низоми пардохти ва операторони дигари хизматрасонихои инфрасохтори пардохти баста мешаванд, амали менамояд.
  10. Талабот ба операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, ки тибки Конуни мазкур бо онхо шартномахо бастан мумкин аст, бо коидахои низоми пардохти муайян мегарданд.
  11. Нисбат ба холати молиявии операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, таъминоти технологии онхо ва омилхои дигаре, ки ба фаъолияти муттасили низоми пардохти таъсир мерасонанд, талабот муайян карда мешавад ва он талаботи мазкур бояд вокеи (объективи) ва дастраси омма бошад, дастрасии баробархукуки операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохтиро ба низоми пардохти таъмин намояд.
  12. Операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти ухдадоранд ба оператори низоми пардохти оид ба фаъолияти худ (дар мавриди хизматрасонихои инфрасохтори пардохти) мутобики коидахои низоми пардохти иттилоот пешниход намоянд.
  13. Оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти хангоми пешниходи хизматрасонихои амалиёти додугирифти паёмхои электрониро байни иштирокчиёни низоми пардохти, байни иштирокчиёни низоми пардохти ва муштариёни онхо, оператори дигари хизматрасонихои инфрасохтори пардохтии пешниходкунандаи хизматрасонихои клиринги пардохти ва маркази хисоббаробаркуни таъмин менамояд.
  14. Тибки шартномаи хизматрасонии клиринги пардохти, ки бо маркази хисоббаробаркуни баста мешавад, оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохтии пешниходкунандаи хизматрасонихои клиринги пардохти ухдадор аст аз номи иштирокчиёни низоми пардохти ба маркази хисоббаробаркуни фармоишхои онхоро барои ичро пешниход намояд.
  15. Оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти хангоми пешниходи хизматрасонихои амалиёти метавонад намудхои дигари фаъолияти марбут ба истифодаи технологияхои иттилооти ва коммуникатсиониро, ки барои фаъолияти низоми пардохти зарур буда, бо коидахои низоми пардохти пешбини шудаанд, анчом дихад.
  16. Оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти барои зарари вокеие, ки ба иштирокчиёни низоми пардохти ва (ё) маркази хисоббаробаркуни дар натичаи пешниход накардани (ба таври номатлуб пешниход кардани) хизматрасонихои амалиёти ё хизматрасонихои клиринги пардохти расонидааст, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгар мебошад.
  17. Оператори низоми пардохти дар холатхо ва бо тартиби пешбининамудаи коидахои низоми пардохти хукук дорад барои хизматрасонихои амалиёти ба иштирокчиёни низоми пардохти оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохтии пешниходкунандаи хизматрасонихои амалиётиро, ки берун аз Чумхурии Точикистон карор дорад, чалб намояд. Дар холати мазкур оператори низоми пардохти барои пешниходи хизматрасонихои муносиби амалиёти ба иштирокчиёни низоми пардохти масъул мебошад.

Моддаи 16. Талабот нисбат ба фаъолияти контрагенти марказии клиринги пардохти

Контрагенти марказии клиринги пардохти ухдадор аст:

а) барои ичрои ухдадорихояш маблаги кофи дошта бошад ё ичрои ухдадорихояшро, аз чумла аз хисоби фонди кафолат, дар хачми ухдадории зиёдтарине, ки аз руи он контрагенти марказии клиринги пардохти пардохткунанда мегардад, дар мухлати муайяннамудаи коидахои низоми пардохти таъмин намояд;

б) хамаруза назорати хавфхои ичро нашудани (ба таври номатлуб ичро шудани) ухдадорихо оид ба интиколи маблагро аз чониби иштирокчиёни низоми пардохти  амали созад:

– нисбат ба иштирокчиёни низоми пардохти, ки тахлили холати молиявиашон аз хавфи барзиёд шаходат медихад, чорахои махдудкунандаро истифода барад, аз чумла бо рохи мукаррар намудани хачми барзиёди мавкеи клиринги пардохти;

– таъмини барзиёди ичрои ухдадорихои иштирокчиёни низоми пардохтиро оид ба интиколи маблагхо талаб намояд.

Моддаи 17. Талабот ба фаъолияти маркази хисоббаробаркуни

  1. Маркази хисоббаробаркуни фаъолияти худро тибки коидахои низоми пардохти ва дар асоси шартномахои суратхисоби бонки, ки бо иштирокчиёни низоми пардохти баста мешаванд, амали менамояд.
  2. Маркази хисоббаробаркуни фармоишхои иштирокчиёни низоми пардохтии аз оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти воридгардидаро, ки хизматрасонихои клиринги пардохтиро пешниход менамояд, бо рохи хорич ва ворид намудани маблагхо аз (ба) суратхисобхои бонкии иштирокчиёни низоми пардохти ичро менамояд.

БОБИ 5. ТАЛАБОТ БАРОИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ НИЗОМХОИ ПАРДОХТИ

Моддаи 18. Коидахои низоми пардохти

  1. Низоми пардохти мутобики коидахои мукаррарнамудаи оператори низоми пардохти фаъолият менамояд.
  2. Коидахои низоми пардохти инхоро мукаррар менамояд:

– номи оператори низоми пардохти;

– сохтори ташкили ва тартиби хамкории байни оператори низоми пардохти, иштирокчиёни низоми пардохти ва операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти;

– шартхои иштирок, тартиби дохил шудан ва баромадан аз низоми пардохти;

– шаклхои истифодашавандаи хисоббаробаркунихои гайринакди;

– тартиби интиколи маблагхо дар доираи низоми пардохти, аз чумла лахзахои фарорасии бебозхонди, бахснопазири ва анчомёбии интиколи маблагхо;

– тартиби пардохти хизматрасони барои интиколи маблагхо ва хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, ки дар доираи низоми пардохт барои иштирокчиён хаммонанд мебошад;

– тартиби амали намудани клиринги пардохти ва хисоббаробаркуни;

– низоми идоракунии хавфхо дар низоми пардохти, аз чумла усули истифодашавандаи идоракунии хавфхо, номгуи чорабинихо ва тарзхои идоракунии хавфхо;

– тартиби таъмини фаъолияти муттасили низоми пардохти;

– тартиби таъмини ичрои ухдадорихои иштирокчиёни низоми пардохти аз руи интиколи маблагхо;

– талабот нисбат ба хифзи иттилоот;

– тартиби тагйир додани коидахои низоми пардохти;

– тартиби халли гайрисудии бахсхо бо иштирокчиёни низоми пардохти ва операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти.

  1. Коидахои низоми пардохти метавонанд дар шакли хуччати ягона ё якчанд хуччати ба хамдигар алокаманд тахия карда шаванд.
  2. Дар коидахои низоми пардохти мукаррар намудани талаботи зерин манъ аст:

– талабот ба иштирокчиёни низоми пардохти дар бораи иштирок накардан дар дигар низомхои пардохти;

– талабот ба операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти оид ба махдуд (манъ) кардани хизматрасонихои инфрасохтори пардохти дар доираи низомхои пардохтии дигар.

  1. Оператори низоми пардохти ухдадор аст ба ташкилотхое, ки хохиши иштирок намуданро дар низоми пардохти доранд, каблан коидахои низоми пардохти, аз чумла тарифхои хизматрасониро барои шиносои пешниход намояд. Коидахои низоми пардохти, барои омма дастрас мебошанд, ба истиснои маълумоте, ки дастраси ба он махдуд аст.
  2. Иштирокчиёни низоми пардохти ухдадоранд хамаи коидахои низоми пардохтиро ичро намоянд.
  3. Оператори низоми пардохти метавонад ба таври яктарафа ба коидахои низоми пардохти тагйирот ворид намояд, ба шарте ки мухлати ворид намудани тагйиротро на камтар аз ду мох аз рузи огох намудани иштирокчиёни низоми пардохти мукаррар намояд.
  4. Коидахои низоми пардохтии Бонки миллии Точикистон бо санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон дар асоси Конуни мазкур муайян карда мешаванд.
  5. Хусусиятхои коидахои низоми пардохти, ки дар доираи онхо аз руи амалиёти дар бозори муташаккил гузаронидашуда маблаг интикол мегардад, аз чониби Бонки миллии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 19. Иштирокчиёни низоми пардохти

  1. Шахсони хукукии зерин метавонанд ба шарти ба коидахои низоми пардохти хамрох шуданашон тибки тартиби дар коидахои низоми пардохти мукарраргардида иштирокчии низоми пардохти гарданд:

– тахвилгари хизматрасонихои пардохти;

– иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок, инчунин шахсони хукукие, ки иштирокчиёни бозори муташаккил мебошанд;

– Вазорати молияи Чумхурии Точикистон.

  1. Дар сурати баста шудани шартномаи хамкории низомхои пардохти байни операторони низоми пардохти контрагенти марказии клиринги пардохти ва (ё) маркази хисоббаробаркунии низоми пардохтии дигар, ки бо супориши оператори чунин низоми пардохти амал мекунанд, метавонанд иштирокчиёни низоми пардохти бошанд.
  2. Ташкилотхои молиявии байналмилали, бонкхои марказии (миллии) хоричи, бонкхои хоричи ва филиалхои онхо дар Чумхурии Точикистон метавонанд иштирокчиёни низоми пардохти бошанд.
  3. Коидахои низоми пардохти иштироки мустакимро пешбини менамоянд ва метавонанд иштироки гайримустакимро дар низоми пардохти, инчунин намудхои гуногуни иштироки мустаким ва гайримустакимро дар низоми пардохти пешбини намоянд.
  4. Иштироки мустаким дар низоми пардохти талаб мекунад, ки дар маркази хисоббаробаркуни суратхисоби бонкии ташкилоте, ки иштирокчии мустаким мегардад, бо максади анчом додани хисоббаробаркуни бо иштирокчиёни дигари низоми пардохти кушода шавад.
  5. Иштироки гайримустаким дар низоми пардохти талаб мекунад, ки ба иштирокчии гайримустаким аз чониби иштирокчии мустакими низоми пардохти, ки тахвилгари хизматрасонихои пардохти мебошад, бо максади анчом додани хисоббаробаркуни бо иштирокчиёни дигари низоми пардохти суратхисоби бонки кушода шавад.
  6. Муносибатхои байни иштирокчиёни мустаким ва гайримустаким бо коидахои низоми пардохти ва шартномахои басташуда танзим мегарданд.
  7. Тахвилгарони хизматрасонихои пардохтихукук надоранд дар низоми пардохтие, ки оператори он ичозатномаи Бонки миллии Точикистонро доро намебошад, иштирок намоянд.

Моддаи 20. Эътирофи ахамиятнокии низоми пардохти

  1. Бонки миллии Точикистон гуруххои зерини низоми пардохтии ахамиятнокро муайян менамояд:

– низоми пардохтии нихоят мухим;

– низоми пардохтии аз нигохи ичтимои мухим.

  1. Агар низоми пардохти ба яке аз меъёрхои зерин чавобгу бошад, он нихоят мухим дониста мешавад:

– дар доираи низоми пардохти дар давоми се мохи таквими пай дар пай интикол додани хачми умуми ва алохидаи маблаг ба андозаи на кам аз 30 фоизи хачми умумии хисоббаробаркунихои байнибонки дар Чумхурии Точикистон;

– дар доираи низоми пардохти аз чониби Бонки миллии Точикистон интикол додани маблагхо хангоми маблаггузории такрории ташкилотхои карзи ва анчом додани амалиёт дар бозори озод;

– дар доираи низоми пардохти интикол додани маблагхо аз руи ахдхое, ки дар бозорхои савдои муташаккил анчом дода шудаанд.

  1. Низоми пардохти аз нигохи ичтимои вакте мухим дониста мешавад, агар ба яке аз меъёрхои зерин чавобгу бошад:

– дар доираи низоми пардохти дар давоми се мохи таквими пай дар пай интикол додани хачми умумии маблагхо ба андозаи на кам аз нишондоде, ки  Бонки миллии Точикистон мукаррар кардааст ва интиколи аз нисф зиёди ин маблагхоро ба андозаи на зиёда аз нишондоди мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон амали созад;

– дар доираи низоми пардохти интиколи маблагхоро бо истифодаи кортхои пардохти дар давоми соли таквими ба андозаи на кам аз нишондоди мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон амали созад;

– дар доираи низоми пардохти интиколи маблагхоро дар давоми соли таквими бе кушодани суратхисоби бонки ба андозаи на кам аз нишондоди мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон амали созад;

– дар доираи низоми пардохти дар давоми соли таквими интиколи маблагхои муштариён – шахсони вокеиро аз руи суратхисобхои бонкии онхо (ба истиснои интиколи маблагхо бо истифодаи кортхои бонкии пардохти) ба андозаи на кам аз нишондоди Бонки миллии Точикистон амали созад.

  1. Низоми пардохти аз чониби Бонки миллии Точикистон дар асоси иттилооте, ки мутобикати низоми пардохтиро ба меъёрхои мукарраргардида тасдик мекунад, дар холатхои зерин ахамиятнок эътироф карда мешавад:

– хангоми додани ичозатномаи оператори низоми пардохти аз чониби Бонки миллии Точикистон;

– хангоми аз чониби Бонки миллии Точикистон назорат гардидани низоми пардохтии Чумхурии Точикистон;

– дар асоси аризаи хаттии оператори низоми пардохти бо замимаи хуччатхое, ки мутобикати низоми пардохтиро ба меъёрхои мукарраршуда тасдик мекунанд.

  1. Талабот ба низоми пардохтии ахамиятнок, идоракунии хавфхо дар он ва тартиби аз чониби Бонки миллии Точикистон санчидани мутобикати коидахои низоми пардохтии ахамиятнок ба талаботи мукарраргардида, инчунин тартиби ворид намудани иттилоот оид ба низоми пардохтии ахамиятнок ба Фехристи операторони низомхои пардохти бо санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон муайян карда мешавад.
  2. Низоми пардохтии Бонки миллии Точикистон низоми пардохтии нихоят мухим эътироф карда мешавад.
  3. Низоми пардохтие, ки интиколхои фаромарзиро бе кушодани суратхисобхои бонки анчом медихад ва хамчун низоми пардохтии нихоят мухим ё аз нигохи ичтимои мухим барои ичрои ухдадорихои иштирокчиёни низоми пардохти эътироф гардидааст, бояд дар Бонки миллии Точикистон фонди кафолат дошта бошад. Тартиб, андоза ва шартхои ташаккули фонди кафолатро санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон муайян менамояд.
  4. Агар Хукумати Чумхурии Точикистон ё Бонки миллии Точикистон ба таври мустаким ё гайримустаким дар идоракунии низоми пардохти ва операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти иштирок намоянд, он гох низоми пардохти милли дониста мешавад ва хамаи бонкхо, аз чумла бонкхои исломи – резидентхои Чумхурии Точикистон иштирокчии он бояд бошанд.
  5. Тартиби фаъолияти низоми пардохти, ки тавассути он интиколхои фаромарзии маблагхо анчом дода мешавад, бо санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Моддаи 21. Амали намудани клиринги пардохти ва хисоббаробаркуни дар низоми пардохти

  1. Клиринги пардохти дар низоми пардохти аз чониби оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, ки хизматрасонихои клиринги пардохтиро пешниход менамояд, бо роххои зерин амали мегардад:

– анчом додани расмиёти барои ичро кабул намудани фармоишхои иштирокчиёни низоми пардохти, аз чумла санчиши мутобикати фармоишхои иштирокчиёни низоми пардохти ба талаботи мукарраршуда, муайян кардани кифоягии маблагхои пули барои ичро намудани фармоишхои иштирокчиёни низоми пардохти ва муайян кардани мавкеи клиринги пардохти;

– ба маркази хисоббаробаркуни барои ичро супурдани фармоишхои кабулшудаи иштирокчиёни низоми пардохти;

– ба иштирокчиёни низоми пардохти фиристодани огохиномахо (тасдикномахо) барои ичро кабул намудани фармоишхои иштирокчиёни низоми пардохти, инчунин ирсоли огохиномахо (тасдикномахо) дар бораи ичро шудани фармоишхои иштирокчиёни низоми пардохти.

  1. Расмиёти барои ичро кабул намудани фармоишхои иштирокчиёни низоми пардохти аз чониби оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, ки хизматрасонихои клиринги пардохтиро пешниход менамояд, мутобики коидахои низоми пардохти амали мегардад.
  2. Мавкеи клиринги пардохтии иштирокчии низоми пардохти метавонад ба таври мачмуи ва (ё) холис муайян карда шавад.
  3. Мавкеи клиринги пардохти ба таври мачмуи ба андозаи маблаги фармоиши алохидаи иштирокчии низоми пардохти ё маблаги умумии фармоишхои иштирокчиёни низоми пардохти, ки аз руи онхо иштирокчии низоми пардохти пардохткунанда ё маблаггиранда мебошад, муайян карда мешавад.
  4. Баъди ба таври мачмуи муайян кардани мавкеи клиринги пардохти фармоишхои иштирокчиёни низоми пардохти аз чониби оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти ба маркази хисоббаробаркуни барои ичро дода мешаванд.
  5. Мавкеи клиринги пардохти ба таври холис аз руи андозаи фаркияти байни маблаги умумии фармоишхои ичрошавандаи иштирокчиёни низоми пардохти, ки аз руи онхо иштирокчии низоми пардохти пардохткунанда мебошад ва маблаги умумии фармоишхои иштирокчиёни низоми пардохти, ки аз руи онхо иштирокчии низоми пардохти маблаггиранда мебошад, муайян карда мешавад.
  6. Баъди ба таври холис муайян кардани мавкеи клиринги пардохти оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти фармоишхои худ ва (ё) фармоишхои кабулшудаи иштирокчиёни низоми пардохтиро ба маркази хисоббаробаркуни барои ичро месупорад.
  7. Хисоббаробаркуни дар низоми пардохти дар асоси фармоишхои оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохти аз чониби маркази хисоббаробаркуни бо рохи дар суратхисобхои бонкии иштирокчиёни низоми пардохти ва (ё) контрагенти марказии клиринги пардохти хорич ва дохил намудани маблагхо ба андозаи муайяншудаи мавкеи клиринги пардохти амали мегардад.
  8. Хангоми баста шудани шартнома байни операторони низомхои пардохти оид ба хамкории низомхои пардохти клиринги пардохти ва хисоббаробаркуни бо максади интиколи маблагхо байни низомхои гуногуни пардохти бо тартиби пешбининамудаи шартнома оид ба хамкори байни низомхои пардохти амали мегардад.

Моддаи 22. Таъмини сирри бонки дар низоми пардохти

Тахвилгарони хизматрасонихои пардохти, операторони низоми пардохти, операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти ва агентхои (субагентхои) бонкии пардохти вазифадоранд сирри бонки ва тартиби ифшои онро тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти бонки» риоя намоянд.

Моддаи 23. Таъмини хифзи иттилоот дар низоми пардохти

Тахвилгарони хизматрасонихои пардохти, операторони низоми пардохти, операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти ва агентхои (субагентхои) бонкии пардохти ухдадоранд хифзи иттилоотро оид ба воситахо ва усули таъмини амнияти иттилоот,  маълумоти шахси ва дигар иттилооте, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хатман хифз мегардад, таъмин намоянд.

Моддаи 24. Низоми идоракунии хавфхо дар низоми пардохти

  1. Оператори низоми пардохти ухдадор аст яке аз усулхои зерини идоракунии хавфхоро, ки дар низоми пардохти истифода мешавад, муайян намояд:

– идоракуни ва арзёбии мустакили хавфхо дар низоми пардохти аз чониби оператори низоми пардохти;

– таксимоти вазифахо оид ба арзёби ва идоракунии хавфхо байни оператори низоми пардохти, операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти ва иштирокчиёни низоми пардохти;

– супоридани вазифахо оид ба арзёби ва идоракунии хавфхо ба маркази хисоббаробаркуни аз чониби оператори низоми пардохти, ки ташкилоти карзи намебошад.

  1. Тарзхои идоракунии хавфхо дар низоми пардохти бо дарназардошти хусусиятхои ташкили низоми пардохти, усули идоракунии хавфхо, расмиёти клиринги пардохти ва хисоббаробаркуни, микдори интиколхои пули ва маблаги онхо, вакти анчомёбии хисоббаробаркуни азчониби оператори низоми пардохти муайян карда мешавад.

Моддаи 25. Таъмини ичрои ухдадорихои иштирокчиёни низоми пардохти

  1. Тартиби таъмини ичрои ухдадорихои иштирокчиёни низоми пардохти бо коидахои низоми пардохти мукаррар карда мешавад.
  2. Коидахои низоми пардохти метавонанд аз чониби оператори низоми пардохти ё бо супориши у аз чониби контрагенти марказии клиринги пардохти ё маркази хисоббаробаркуни таъсис додани фонди кафолати низоми пардохтиро аз хисоби маблагхои (хакгузории кафолатии) иштирокчиёни низоми пардохти пешбини намоянд. Коидахои низоми пардохти, инчунин метавонанд ворид намудани маблагхои оператори низоми пардохти, контрагенти марказии клиринги пардохти ва (ё) маркази хисоббаробаркуниро ба фонди кафолати низоми пардохти пешбини намоянд.
  3. Фонди кафолати низоми пардохти бо максади таъминоти ичрои ухдадорихои иштирокчиёни низоми пардохти аз чониби оператори низоми пардохти ва ё бо супориши у аз чониби контрагенти марказии клиринги пардохти ё маркази хисоббаробаркуни истифода мегардад.
  4. Хангоми аз чониби иштирокчии низоми пардохти ичро нашудани (ба таври номатлуб ичро шудани) ухдадорихо, хакгузории кафолатии у барои конеъгардонии талабот аз руи чунин ухдадорихо истифода мегардад.
  5. Хангоми нокифоя будани хакгузории кафолатии иштирокчии низоми пардохти, хакгузорихои кафолатии дигар иштирокчиёни низоми пардохти бо тартиби пешбининамудаи коидахои низоми пардохти истифода мегарданд. Дар ин холат иштирокчии номбурдаи низоми пардохти ухдадор аст маблаги хакгузорихои кафолатии истифодашударо чуброн карда, инчунин барои истифодаи онхо фоиз пардохт намояд, агар ин бо коидахои низоми пардохти пешбини шуда бошад.
  6. Хангоми катъ шудани иштирок дар низоми пардохти, хакгузории кафолатии иштирокчии низоми пардохти бо тартиб ва мухлати пешбининамудаи коидахои низоми пардохти баргардонида мешавад.
  7. Фонди кафолати низоми пардохти дар суратхисоби бонкии алохида (минбаъд – суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти), ки ба оператори низоми пардохти, контрагенти марказии клиринги пардохти ё иштирокчиёни низоми пардохти кушода мешавад, тибки моддаи 26 Конуни мазкур ба хисоб гирифта мешавад.
  8. Суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти дар Бонки миллии Точикистон кушода мешавад.

Моддаи 26. Суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти

  1. Хангоми ба оператори низоми пардохти кушодани суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти, амалиёт аз руи суратхисоби мазкур дар асоси фармоишхои оператори низоми пардохти гузаронида мешавад.
  2. Хангоми ба контрагенти марказии клиринги пардохти кушодани суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти, амалиёт аз руи суратхисоби мазкур дар асоси фармоишхои оператори низоми пардохти бе фармоиши контрагенти марказии клиринги пардохти ё дар асоси фармоиши контрагенти марказии клиринги пардохти бо розигии оператори низоми пардохти гузаронида мешавад.
  3. Хангоми ба иштирокчии низоми пардохти кушодани суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти, амалиёт аз руи суратхисоби мазкур ё дар асоси фармоишхои оператори низоми пардохти ё контрагенти марказии клиринги пардохти бе фармоиши иштирокчии низоми пардохти, ки ба у суратхисоби мазкур кушода шудааст ё дар асоси фармоишхои иштирокчии низоми пардохти, ки ба у чунин суратхисоб кушода шудааст, бо розигии оператори низоми пардохти ё контрагенти марказии клиринги пардохти гузаронида мешавад.
  4. Хангоми ба контрагенти марказии клиринги пардохти кушодани суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти, оператори низоми пардохти хукук дорад аз тахвилгари хизматрасонихои пардохти, ки дар он суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти кушода шудааст, оид ба амалиёт аз руи суратхисоби мазкур маълумотро дастрас намояд. Хангоми ба иштирокчии низоми пардохти кушодани суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти, контрагенти марказии клиринги пардохти ва оператори низоми пардохти хукук доранд аз тахвилгари хизматрасонихои пардохти, ки дар он суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти кушода шудааст, оид ба амалиёт аз руи суратхисоби мазкур маълумотро дастрас намоянд.
  5. Хангоми кушодани суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти ба контрагенти марказии клиринги пардохти ё иштирокчии низоми пардохти, шахсе, ки хукуки додани фармоишро аз руи ин суратхисоб тибки талаботи кисми 2 ва 3 моддаи мазкур дорад, муайян карда мешавад.
  6. Розигии оператори низоми пардохти ё контрагенти марказии клиринги пардохти барои гузаронидани амалиёт аз руи суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти тибки коидахои низоми пардохти бо он тартиби дар шартномаи суратхисоби бонки пешбинигардида дода мешавад.
  7. Оператори низоми пардохти, контрагенти марказии клиринги пардохти, иштирокчии низоми пардохти дар холатхои пешбининамудаи кисмхои 2 ва 5 моддаи 25 Конуни мазкур маблагхои худро ба суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти мегузаронанд.
  8. Дар холати муфлис эътироф намудани оператори низоми пардохти, контрагенти марказии клиринги пардохти ва иштирокчии низоми пардохти, маблагхои суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти ба хисоби дороихои ситонидашавандаи шахси муфлисшуда гузаронида нашуда, дар хачми маблагхое, ки пас аз ичрои хама ухдадорихои иштирокчиёни низоми пардохти боки мондаанд, ба шахсони пардохтнамуда баргардонида мешаванд.
  9. Аз руи карзхои оператори низоми пардохти, контрагенти марказии клиринги пардохти, иштирокчии низоми пардохти маблагхои суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти наметавонанд хабс карда шаванд, инчунин амалиёт аз руи суратхисоби мазкур низ боздошта намешавад.
  10. Бо асосхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба боздошти амалиёт аз руи суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти ичозат дода намешавад.
  11. Маблагхое, ки дар суратхисоби фонди кафолати низоми пардохти мавчуданд, аз руи ухдадорихои оператори низоми пардохти, контрагенти марказии клиринги пардохти ё иштирокчии низоми пардохти ситонида намешавад.

БОБИ 6. НАЗОРАТИ НИЗОМИ ПАРДОХТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Моддаи 27. Максади назорати низоми пардохтии Чумхурии Точикистон

  1. Максади асосии назорати низоми пардохти – мусоидат ба фаъолияти босамару мунтазами низоми пардохтии Чумхурии Точикистон мебошад.
  2. Назорати низоми пардохтии Чумхурии Точикистон – фаъолияти Бонки миллии Точикистон оид ба назорати риоя шудани талаботи Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии дахлдори Бонки миллии Точикистон аз чониби тахвилгарони хизматрасонихои пардохти, операторони низомхои пардохти ва операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти мебошад.
  3. Бонки миллии Точикистон риояи талаботи Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии дахлдорро аз чониби ташкилотхои карзи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти бонки, ташкилотхои маблаггузории хурд ва Конуни мазкур назорат менамояд.
  4. Бонки миллии Точикистон риояи талаботи Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии дахлдорро аз чониби операторони низоми пардохти, операторони хизматрасонихои инфрасохтори пардохти, ки ташкилоти карзи намебошанд (минбаъд – ташкилотхои назоратшаванда) тибки Конуни мазкур амали менамояд.

Моддаи 28. Амалисозии назорати низоми пардохтии Чумхурии Точикистон

  1. Хангоми амалисозии назорати низоми пардохтии Чумхурии Точикистон Бонки миллии Точикистон амалхои зеринро анчом медихад:

– чамъовари, мураттабсози ва тахлили иттилоот (аз чумла маълумоти хисоботхо), ки ба фаъолияти ташкилотхои назоратшаванда ва иштирокчиёни низомхои пардохти, инчунин сохтори ташкили ва фаъолияти низомхои пардохти дахл дорад;

– арзёбии фаъолияти ташкилотхои назоратшаванда ва иштирокчиёни низоми пардохти;

– омода намудани таклифхо оид ба тагйир додани фаъолияти ташкилотхои назоратшаванда ва иштирокчиёни низоми пардохти аз руи натичаи арзёби;

– санчиши фаъолияти ташкилотхои назоратшаванда;

– татбик намудани чорахои фаврии ислохи ва таъсиррасони мутобики моддаи 30 Конуни мазкур дар холати аз чониби ташкилотхои назоратшаванда риоя нашудани талаботи Конуни мазкур ё санадхои меъёрии хукукии дахлдори Бонки миллии Точикистон.

  1. Бонки миллии Точикистон шакл ва мухлати пешниходи хисоботро оид ба низоми пардохти ва усули тахияи хисоботи мазкур муайян менамояд.
  2. Хангоми амалисозии назорати низоми пардохтии Чумхурии Точикистон Бонки миллии Точикистон хукук дорад аз ташкилотхои назоратшаванда ва иштирокчиёни низоми пардохти хуччатхо ва дигар иттилооти заруриро дастрас намояд.
  3. Тартиби амалисозии назорати низоми пардохтии Чумхурии Точикистон тибки санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 29. Тартиби гузаронидани санчиши ташкилотхои назоратшаванда

  1. Бонки миллии Точикистон хукук дорад на зиёдтар аз як маротиба дар ду сол дар ташкилотхои назоратшаванда санчиши накшави гузаронад.
  2. Хангоми халалдор шудани фаъолияти мунтазами низоми пардохтии ахамиятнок Бонки миллии Точикистон санчишхои гайринакшави мегузаронад.
  3. Хангоми гузаронидани санчиши ташкилоти назоратшаванда намояндагони (хизматчиёни) ваколатдори Бонки миллии Точикистон дорои хукукхои зерин мебошанд:

– тафтиш намудани хуччатхои ташкилоти назоратшаванда;

– хангоми зарурат хамрох намудани нусхаи хуччатхо ба маводи санчиш;

– гирифтани тавзехоти шифохи ва хатти доир ба фаъолияти ташкилоти назоратшаванда;

– дастрасии чойхои фаъолияти ташкилоти назоратшаванда;

– дастрасии низомхои иттилоотии ташкилоти назоратшаванда, аз чумла барои гирифтани иттилоот дар шакли электрони.

  1. Аз руи натичаи санчиш намояндагони (хизматчиёни) ваколатдори Бонки миллии Точикистон санади санчиш тартиб медиханд, ки он маълумоти умуми оид ба фаъолияти ташкилоти назоратшаванда, иттилоот оид ба камбудихои дар рафти санчиш ошкоргардидаро бо замимаи хуччатхои тасдиккунанда ва маълумот оид ба далелхои мухолифат ба гузаронидани санчишро дар бар мегирад.
  2. Тартиби гузаронидани санчиши ташкилотхои назоратшавандаро Бонки миллии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 30. Чорахои фаврии ислохи ва таъсиррасони

  1. Бонки миллии Точикистон метавонад чорахои фаврии ислохи ё таъсиррасонии дар кисми 2 моддаи мазкур пешбинишударо татбик намояд, агар ба он маълум гардад, ки ташкилоти назоратшаванда, кормандони рохбарикунанда ё кормандони дигари он:

– талаботи Конуни мазкур, конунхо, санадхои меъёрии хукукии дахлдор ва амрномахои Бонки миллии Точикистонро риоя накардаанд;

– ба Бонки миллии Точикистон маълумоти мукарраршударо сари вакт пешниход накардаанд ё онро носахеху нопурра пешниход намудаанд;

– фаъолияти мунтазами низоми пардохтиро таъмин накардаанд.

  1. Хангоми чой доштани холатхои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда Бонки миллии Точикистон метавонад нисбат ба ташкилоти назоратшаванда чорахои ислохи ё таъсиррасонии зеринро татбик намояд:

– ба ташкилоти назоратшаванда оид ба зарурати мувофики талаботи мукарраргардида фаъолият намудан дастур дихад;

– ба ташкилоти назоратшаванда оид ба бартараф намудани камбудихо бо нишон додани мухлати рафъи онхо амрнома ирсол намояд;

– аз ташкилоти назоратшаванда тахия ва пешниходи накшаи чорабинихоро оид ба рафъи камбудихо ва ислохи вазъи баамаломада ё маълумотро оид ба чорахои андешидашуда талаб намояд;

– бо амрнома пешниходи хизматрасонихои амалиёти ва клиринги пардохтиро, аз чумла хангоми чалб намудани маркази амалиётии берун аз Чумхурии Точикистон чойгиршуда, махдуд ё боздошт намояд;

– ичозатномаи оператори низоми пардохтиро бозхонд намояд.

  1. Карор дар бораи бозхонди ичозатномаи оператори низоми пардохти аз чониби Бонки миллии Точикистон кабул карда мешавад.
  2. Тартиби татбики чорахои фаврии ислохи ва таъсиррасони аз чониби Бонки миллии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 31. Хамкории Бонки миллии Точикистон бо макомоти давлати хангоми амалисозии назорати низоми пардохтии Чумхурии Точикистон

Хангоми амалисозии назорати низоми пардохтии Чумхурии Точикистон Бонки миллии Точикистон метавонад бо макомоти давлати хамкори намояд.

Моддаи 32. Хамкории байналмилалии Бонки миллии Точикистон оид ба назорати низоми пардохтии Чумхурии Точикистон

  1. Хамкории Бонки миллии Точикистон бо бонкхои маркази (милли) ва макомоти назораткунандаи дигар дар низоми миллии пардохтии давлатхои хоричи мутобики созишномахои (ёддоштхои тафохуми) хамкори, ки бо онхо баста шудааст, амали мегардад.
  2. Бонки миллии Точикистон метавонад тибки созишномахои (ёддоштхои тафохуми) басташуда бо бонкхои маркази (милли) ё дигар макомоти назорати низоми миллии пардохтии давлати хоричи бо назардошти талаботи таъмини хифзи иттилоот мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон додугирифти иттилоотро дар сохаи назорати низоми пардохти ба рох монад. Бонки миллии Точикистон ухдадор аст нисбат ба иттилооте, ки аз бонкхои маркази (милли) ё дигар макомоти назорати низоми миллии пардохтии давлати хоричи гирифта шудааст, талаботи ифшои иттилоотро тибки созишномаи (ёддошти тафохуми) басташуда риоя намояд. 

БОБИ 7. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 33. Коидахои гузариш

Ташкилотхое, ки фаъолияти операторони низомхои пардохтиро анчом медиханд, ухдадоранд фаъолияти худро ба талаботи Конуни мазкур мутобик намуда, тибки моддаи 14 Конуни мазкур дар давоми  1 (як) сол аз рузи мавриди амал карор дода шудани он аз Бонки миллии Точикистон ичозатномаи оператори низоми пардохтиро гиранд.

Моддаи 34. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 35. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

         Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                    Эмомали Рахмон

         ш. Душанбе

24 феврали соли 2017

           №1397

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …