Главная / Гуногун / ХИЗМАТИ САРБОЗИ

ХИЗМАТИ САРБОЗИ

Дар холе, ки дар Шурави донишчуёнро ба хизмати сарбози намегирифтанд, ба бахти ман дар соли 1984, ки соли аввали дар Донишгох хонданам буд, коидаи нав руйи кор омад ва давлат карор кард, ки донишчуён низ ба хизмати сарбози чалб ша- ванд. Ягона истисно барои донишгоххои пизишки дар назар гирифта шуда буд, ки ин карор донишчуёни онхоро аз хизмат озод мекард. Аслан, барои омузиши забони хоричи низ фосила дар байни тахсил зараровар аст, вале он вакт факултаи мо хам шомили фехристе шуд, ки донишчуёнаш бояд барои сарбози бираванд. Он замон артиши шурави дар хоки Афгонистон буд, эхтимолан, шояд ба хамин далел ниёз ба сарбозон бештар шуда бошад.

dushanbe

Хизмати сарбози барои чавонон дар Шурави хатми буд. Баччахоро аз хаждахсолаги барои ду сол ба хизмат мегириф- танд. Шояд барои мутобик кардан бошад, аксаран баччахоро барои хизмат ба шароити иклимии мухолифи чои зисташон мефиристоданд. Масалан, аскарбаччахои Осиёи Миёнаро ба Сибир ва Шарки Дури Русия, ки иклимаш сард аст, мефирис- тоданд, баччахои он чоро бошад, ба ин минтакахо интикол медоданд. Дар артиш бештар ба сарбозон сафорои, кадамзани ва дигар корхои ташрифотиро меомузонданд. Намедонам аз чи сабаб бошад, ки хунархои разми аз кабили каратэву самбо ва гайра омузиш дода намешуданд, шояд аз он метарсиданд, ки ин баччахо баргашта, сафи авбошонро зиёд кунанд.

Бахори соли 1985, вакте соли аввали тахсилро ба поён ме- расондам, ман хам барои сарбози даъват шудам. Ман мохи сен- тябри соли 1984, яъне аз огози соли тахсил ба Душанбе омада ва дар тули нух мохи аввали донишчуи ба хонаамон нарафта ва падару модарамро надида будам. Чунки он замон рохи замини аз тарики агбаи Анзоб факат дар фаслхои гарм боз буд ва дар зимистон рафту омад ба Панчекат аз тарики парвоз ва ё ба ва- силаи катор аз тарики Самарканд имконпазир буд, ки вакт ва харчи зиёд металабид. Ман хамин тавр, бе дидору хайрухуш бо хонавода ба хизмати аскари рафтам. Ду соли дигар хам бар ин фосилаи дидор бо ахли хонавода афзуда шуд ва дар мачмуъ худуди 3 сол хонавода ва пайвандонро надидам, факат падар ва амакамро дидам, ки хикояи он хохад омад.

Мо наваскаронро аз фурудгохи кухнаи Душанбе, бо пар- вози хаштсоата ба вилояти Амур дар Шарки Дури Иттиходи Шурави бурданд ва бо катор ба кисми низомии омузиши ро- нандахои тонк расонданд. Хамаи мо 175 нафар наваскарро, ки бо як хавопаймои «Ту-154» аз Точикистон омада будем, ба хамин кисми низомии омузиши оварданд, вале дар давоми як мохи аввал аксари ин наваскарони аз Точикистон омадаро ба кисмхои дигар, махсусан ба кисмхои сохтмони ва кисмхои ёри- диханда фиристоданд. Мо факат 3 нафар аз Точикистон дар ин омузишгох мондем ва хар руз аз дигар кисматхои Шурави ба омузишгох наваскар меоварданд, ки бештарашон баччахои рус, белорус ва укроин буданд. Чи тавре ки арз шуд, кисми низомие, ки моро барои омузиш бурданд, барои таълими ронандагони тонкхои сабук ихтисос ёфта буд. Ба мо дар ин омузишгох ро- нандагии тонк ва сохти онро хам меомузонданд. Шаш мох мо дар ин кисми низоми омузиш дидем ва пас аз он, ба кисмхои харби барои хизмати асоси фиристода шудем.

Пас аз хатми омузиш, моро ба кисмхои низоми фиристо- данд, то тонкхои чангиро ронандаги кунем. Ман ва ду русбач- чаро ба вилояти Хабаровск фиристоданд. Дар он чо моро ба як мачмуае бурданд, ки барои таксими сарбозхо ихтисос дода шуда буд. Мо ба як салони бузург ворид шудем. Ин толори хеле калон пур аз сарбозу афсарон буд. Мисли ин ки хамаи сарбозони дар он толор бударо дар ихтисосхои гуногун омузиши шашмоха дода, барои идомаи хизмат ба кисмхои низоми фиристода бу- данд. Мо се нафар, ки ронандагии тонк хонда будем, аз кайд гу- заштем ва дар гушае нишастем. Ин толори бузург ба як бозори пургавго шабохат дошт. Афсарони зиёд меомаданд ва аз миёни он сарбозон аскарбаччахои барои кисми низомияшон дарко- риро пайдо мекарданду сабти ном мекарданд ва мебурданд. Замоне як капитан ворид шуду пурсид, ки ронандахои тонк кучоанд? Суи мо нишон доданд, омад ва номхои моро пурсид. Чун аз ном ва зохири ман маълум буд, ки ман аз миллати рус нестам, у ба ман таваччухе нишон надода, он дуро гирифту бурд ва сабт кард. Ин замон боз як капитани дигар ворид шуд ва бо садои баланд пурсид, ки:

– Ронандагони тонк кучоанд?

Он касе, ки сабти ном анчом медод, суи ман нишон дод. У пештар омаду пурсид:

  • Кучост?

Он яке бо ишора ба ман гуфт:

  • Ин аст.

Афсар бо дашномхои кабех дод зад:

  • На, ман «чурка» (русхо зодагони Осиёи Маркази ва Каф- козро дагалона хамин тур меномиданд, ки маънои ахмакро дорад) намехохам, ман ронандаи тонк мехохам.

Гуфт:

  • Хамин ронандаи тонк аст, 3 нафар буданд, як нафар монд. Афсар пурсид:
  • Он ду нафари дигар кучо хастанд?

Гуфт:

  • Ду нафари дигарро гирифтанд, – ва ба суи афсари кабли ишора кард.

Ин афсар ба он афсаре, ки он ду танро интихоб карда буд, хитоб кард:

  • Колябин, ту чаро хардуро бурди ва хадди акал якеро ба- рои ман нагузошти?

Афсаре, ки машгули сабти номи он ду тан буд, табассуми истехзоомезе кард ва чавоб надода, ба кори худ идома дод. Вакте афсари тозарасида аз у хост яке аз он ду танро барои кисми у бидихад ва манро ба чои у бипазирад, афсари аввал кабул накард ва гуфт:

  • Кузмин, сабти асноди инхо анчом шуд, ту хамон якеро, ки монда, бигир ва агар иддаое дори, дар чои дигар бигу.

Капитан Кузмин, дар холе, ки хеле асабони шуда буд ва дашном медод, ба суи ман мисли саг аккос зад:

  • Ки хасти?

Ман исмамро гуфтам, гуфт:

  • Миллатат чист?

Гуфтам:

  • Точик.

Бо асабонияту норохати гуфт:

  • Бо ман биё.

Ноилоч исм ва асноди маро сабт кард ва бо худаш бурд. У хеле норози аз он буд, ки ба у як «чурка» расид. Ман, тамоми ин муддат, бо истехзо муносибати уро дунбол мекардам. У намедонист, ки ман ронандаи хубам ё бад. Барояш миллатам мухим буд, на кобилиятам!

Мо ба кисми харбие омадем, ки бояд он чо давраи асосии хизмати сарбозиро мегузарондем. Ин кисми низоми дар хашт километрии марзи Чин вокеъ буд ва дар канори роххое, ки мо кадам мезадем, хар чо-хар чо навишта буданд: «Сарбоз, хушёр бош, то марзи давлати хашт километр аст». Ба кавли афсарон, ин кисми низоми дар мукоиса бо махалли омузиши мукаддамотии мо, чое хеле мухим ва хатарнок буд. Мегуфтанд, ки солхои шаст дар танише, ки миёни Чин ва Шурави гузашта буд, сарбозони чини вориди каламрави Шурави шуда, теъдоди зиёди сарбозонро дар шаби хобашон кушта буданд. Намедо- нам, ки ин гуфтахо хакикат дошт ё барои хушёр кардани мо мегуфтанд.

Моро ба баталиони алока оварданд ва чои хоб, ошхона, майдони машк, пойгохи тонку мошинхо ва гайраро бароямон нишон доданд. Рузи дигар боз моро ба пойгохи тонкхо бур- данд ва мошинхоямонро мушаххас карданд. Аслан, мо барои ронандагии тонк омузиш дида будем, вале вакте ба ин кисми низоми омадем, ба мо зирехпуш (БТР) доданд, ки дар поя ё платформи хамон тонк сохта шуда буд, вале ба чои аслиха до- хилаш пур аз тачхизоти радиову алока ва вазифааш таъмини алока барои фармондехон дар холати чанг буд. Исми он ПУМ (Пункт управления мобильный), буд, ки ба забони точики Мар- кази фармондехии сайёр гуфтан мумкин аст. Дар сурати сар задани чанг, фармондехи дивизия, ки зери дасташ 8-10 хазор афсару сарбоз буд, аз тарики хамин мошини мо амалиёти ни- зомиро идора мекард, чун ин мошин тачхизоти заруриро дошт, зирехпуш ва тасмачарх буда, метавонист аз чойхои душворгузар харакат кунад. Мошинхои махсуси мучаххази дигар низ буданд, ки дар атрофи мо меистоданду бо хам васл мешуданд ва дар мачмуъ, низоми алокаи махфии низоми шакл мегирифт, ки вобаста ба талаби фармондех уро бо хама кисмхои низомии зердасташ ва рохбарони болодасташ бо алокаи махфи васл мекард.

Ин зирехпушхо аз назари ман ба унвони ронанда, хеле бадсохт буданд ва зуд-зуд вайрон мешуданд ва ду мушкили бузург доштанд, ки яке ба танзимоти системи сухт марбут буд ва дигараш – ба танзимоти чаъбаи данда. Рузе набуд, ки онхо вайрон нашаванд. Албатта, аз назари сарбозоне, ки корашон алока буд, ин зирехпушхо хуб буданд, чун тачхизоти онхо хуб кор мекард. Вале худи мошин зуд-зуд хароб мешуд.

Мотори он дизели буд ва хамохангии миёни помпи сухт ва мотор доим бархам мехурд. Ман ба ронандаги шавк доштам ва дар як соли дар Заврон кор карданам, бо трактору мошинхо зиёд машгул шуда будам, аз сохт ва кори техника огох будам ва дар он шаш мохи омузиш роххои рафъ кардани мушкилоти ин зирехпушро хуб фахмида будам.

Рузе аз рузхои аввали хизматамон ба мо гуфтанд, ки бояд зирехпушхоро барорем ва машк кунему корхои тоза кардан ва сервисро анчом дихем. Мо ба порк рафтем ва ман пеш аз гирон кардани мотори тонк, аввал ба хамон чойи заъфи сухт нигох кардам ва дидам, ки дар танзимот ихтилоф эчод шудааст. Аввал помпро боз кардам ва чархаи моторро сари чояш овар- даму такти аввали хардуро танзим кардам. Як помпи дасти хам дошт, ки бояд аввал тавассути он худи помпро бо сузишвори пур мекарди ва он гох бо аввалин харакати калид мотори тонк гирон мешуд. Вале агар ин кор анчом намешуд, бо як-ду калид задан батерихо, ки хеле кухна буданд, аз кор меуфтоданд. Аз нав пур кардани батерихо вакти зиёд металабид. Ман, ки инхоро медонистам, аввал хама танзимотро дуруст кардам ва баъд ка- лид задам ва мотори зирехпуши ман гирон шуд. Онро берун овардам ва хамрох бо ёрдамчи, ки хар ронанда як ёрдамчи хам дошт, корхои назофат ва сервисро анчом додем. Ротаи мо дорои ду зирехпуш буд – яке таълими ва дигаре – чанги. Дувумиро хам берун овардем ва танзиму назофат кардем. Дар пахлуи боксхои (гараж) мо зирехпушхои он ду нафаре буд, ки хамрохи ман аз омузишгох омада буданд ва онхо гирон намешуданд. Вакте ки афсарон барои бозбини омаданд, диданд, ки харду зирехпуши мо гирон шудаву кор мекунанд ва он ду бошад, гирон намешаванд. Колябин, ки он ду сарбозро интихоб карда ва ба ман бо истехзо бархурд карда буд, назди мо омад, даври зирехпушхои мо гашту рафта ба сарбозонаш дуг зад, то зудтар зирехпушхоро гирон карда, корхоро анчом бидиханд. Дар ин лахза фармондехи ротаи мо омад ва аввали бо хитоб ба у гуфт:

  • Кузмин! Ин зирехпушхои ту чи тавр гирон шуданд? Кузмин гуфт:
  • Намедонам.

Колябин гуфт:

  • Ба он сарбозат бигу, биёяд ва зирехпушхои моро хам бубинад.

Ин Кузмин фикр карда буд, ки манзури у он шогирд – ёвари ман аст ва ба у гуфт:

  • Бирав, мошинхои онхоро хам бубин.

Сарбоз рафт ва пурсид:

  • Чиро бубинам?

Ба у гуфтанд, ки бинад чаро онхо гирон намешаванд.

Вай гуфт:

  • Ман наметавонам.

Ба у гуфтанд:

  • Пас чи гуна он дуро гирон карди?

Сарбоз гуфт:

  • У медонад, – ва ба ман ишора кард.

Колябин ба ман бо пуписа гуфт:

  • Биё ин чо, ту он зирехпушхоро гирон карди? – гуё ман чинояте карда бошам, -чи тавр гирон карди?

Ман гуфтам:

  • Танзим кардам ва гирон шуд.

Пурсид:

  • Чи тавр танзим карди?

Ман тавзех додам.

Вай гуфт:

  • Бубин, инхо чаро гирон намешаванд?

Нигох кардам, ки ронанда вакти танзими мотор назми пом- про вайрон карда буд. Афсар омаду пурсид, ки мушкил дар чист? Барояш тавзех додам ва мушкилро гуфтам. У гуфт:

  • Ба тартиб бигу, чи кор бикунад?

Рохнамои кардам ва ба хамон тартиб, ки гуфтам, танзим карданд ва бо аввалин старт, хушбахтона, батерихо хануз на- шишта буданд, мотор ба кор даромад.

Акнун, Кузмин ба Колябин бо истехзо менигарист.

Дигар аз забони онхо «чурка»-ро нашунидам.

Пеш аз ба хизмати сарбози рафтан, баччахои аз хизмат бар- гашта ба мо аз тачрибаи сарбозиашон хикояхо мекарданд ва машварат медоданд, ки агар ба хизмат равем, чи гуна рафтор намоем. Хама ба як овоз хушдор медоданд, ки аз рузи аввал шарму тарсро канор гузошта, аз ичрои фармонхои собикадорон саркаши кунем вагарна, моро тарсу хисобида, ба мо бештар корхои ифлосро, аз кабили шустани дастшуйихо ва фарш ме- фармоянд ва умуман, дар артиш касонеро, ки мутеъ бошанд, хурмат намекунанд. Мегуфтанд «агар як бор латтаи фаршшуиро ба дастат бигири, ду соли хизматат бо фаршшуи хохад гузашт». Баръакс, агар нотарс боши ва ба фишору тахдид тан надихи, сохиби эхтиром мешави ва хизмат осон мегузарад.

Ин буд, ки мо ба хар эроде ё фармоише вокуниш нишон медодем. Хатто лозим шавад, занозани хам мекардем, вале сар намефуровардем. Ба фахми баччагии мо, ин як кори номуси буд.

Кисми низомие, ки ман дар он адои хизмат мекардам, аз баталионхои зиёд иборат буд. Аз точикон ман бо як нафари дигар, ки Мусулмон ном дошт, дар кисми алока хизмат ме- кардем. Дар кисмхои дигар хамаги се нафар баччахои точик буданду халос. Мо бо хамдигар хеле дуст будем ва доим аз холи хамдигар хабар мегирифтем. Дар хама кор ба якдигар кумак мекардем. Хикояти як иттифоки чолибро, ки бо яке аз ин баччахо афтида буд, дар поён хохам овард.

Чи тавре ки зикраш рафт, дар артиш собикасолори роич буд. Сарбозони собикадор берун аз оиннома ба худашон са- лохиятхои бештар мегирифтанд. Сарулибосашонро ба завки худашон мувофик мекарданд. На хамеша речаи рузро риоят мекарданд. Кору вазифахои худро ба чавонсарбозон бор менаму- данд ва гайра. Умуман, конуншикани дар артиш зиёд рух медод. Инчунин, муносибати байни сарбозон зиёд ба чанчолу занозани мекашид, ки давлат мачбур шуд барои муносибатхои хилофи оиннома конунхои чинои кабул кунад ва хатто зиндонхои мах- суси интизомии сарбози ташкил кард.

Ман хам як баччаи чавону хом ва ба истилохи Устод Айни, «як точики ахмак» будам ва тибки хамин зехният хизмат мекар- дам. Бе хеч сабаби хос пархошчуи мекардам ва ба чавонсарбозон сахтгири раво медидам. Боре як сарбози чавонро аз сабаби он, ки дар бошишгох об набуд, барои об фиристодам ва тахдид кардам, ки бе об барнагардад вагарна лат хохам кард. Ба зуди об хам омаду ман он сарбози чавонро фаромуш карда будам. Ин сарбоз аз тарс гурехта, он шаб ба кисм барнагашт. Рузи дигар вакти сафороии субх набудани у ошкор шуд ва баъд аз чустучу уро аз зери буттахои боги кисмамон пайдо карданд, пурсучу маълум шуд, ки у аз тахдиди ман тарсида, гурехта будааст.

Дар натича, барои ман тафтишот огоз карданд. Дар холи ба додгохи низоми фиристода шудани парванда, ба ман хукми адои чазо дар зиндони интизомии сарбози тахдид мекард, ки ман онро хеле чидди нагирифта будам. Хеле содалавх будам, фикр мекардам агар як зарра поён оям, хамаи обруву номусам мерезад ва нобуд мешавад.

Муовини фармондех оид ба корхои сиёси-идеолочи майор Лебедев пешниход кард, ки ба падару модарам хабар диханд. У дар чамъи афсарон, ки маро мухокима мекарданд, эълон кард, ки дар Осиёи Миёна зиндаги дар аулхо ба таври кабилави мегузарад ва чунин хабари бад зуд пахн шуда, боиси сараф- кандагии хонадон мешавад. Харчанд ман даъво кардам, ки ба балогат расидаам ва ба аъмолам худам чавоб медихам, ба ин нигох накарда, ба хона телеграм фиристоданд.

Ман он замон бештар аз он норохат будам, ки амали зиш- там ба падарам ошкор мешавад, метарсидам, ки чи гуна ба чашмони падарам нигох мекунам. Фикр намекардам, ки кори баде кардаам. Аслан ба зехнам намерасид, ки чи чазое маро интизор аст. Нофармониву саркаширо кахрамони медонистам.

Падари азизам хамрохи амакам, ки хануз бархаётанд, ба кисми низомии мо, ки хашт хазор километр аз зодгох дур буд, омаданд, ки боиси сарафкандаги ва шармандагии ман шуд.

Вакте ки падарам ордени «Ленин»-у «Байраки Сурхи Мех- нат»-ро ба сари сина овехта, ба кабули фармондехи кисми ни- зоми омаданд, у дид, ки на бо як авулнишини сахрои, балки бо як собикадори хизматнишондода рубаруст, даступо хурд ва вакте ба у гуфтанд, ки худаш дар тарбияи ман масъул аст ва агар пас аз якуним соли хизмат ман чинояте содир карда бошам, у
хам чавобгар аст, ларза дар андомаш афтод ва зери обу арак монда, ваъда дод, ки пас аз мухлати ками монда, маро сихату саломат ба хона гусел хохад кард. Дастур дод, парвандаро катъ карданд ва он хатар аз сари ман рафъ шуд. То чое ман медонам, ин чоизахои падарам факат хамин як бор ба оилаи мо хизмат карданд, вале вокеан хизмати арзандае!

Вале ин ходиса ба ман дарс шуд ва баъд аз он ба худам кавл додам, ки беандеша набошам ва ба он хама бесари хотима дихам. Дар давоми мухлати бокимондаи хизмат, ки такрибан ним соли дигар буд, дигар ба хеч фитнае дода нашудам ва аз конуншиканиву чангу чанчол худдори кардам. Агар дар тули якуним соли хизмат шибхигалабахоям ба назарам боиси иф- тихор буда бошанд, бо гузашти замон худдорихои кардаам бароям мояи ифтихор шудаанд. Баъдхо дар асари безаволи Байхаки хондам, ки у низ бе овардани чузъиёт, аз мучозот шуда- наш накл мекунад ва худашро гунахкор медонад ва аз кардааш изхори пушаймони мекунад. Ман хануз хам аз он ходиса эхсоси шарм мекунам, наклашро барои он овардам, ки ба чавонон дарс шавад.

Ман хизматро мохи майи соли 1987 ба охир расонда, баргаштам ва тахсилро дар Донишгох идома додам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …