Главная / Гуногун / ХИСОБОТИ ЭЛЕКТРОНи БА КУМИТАИ АНДОЗ

ХИСОБОТИ ЭЛЕКТРОНи БА КУМИТАИ АНДОЗ

Ба холати 1-уми майи соли 2020 шумораи умумии андозсупорандагоне, ки эъломияи андозро пешниход намуда, дар нохия 1442 адад буда, аз он 901 андозсупоранда ба шакли пешниходи электронии хисоботи андоз гузаштаанд, ки 62,4%-ро ташкил медихад,  гуфт муовини сардори Нозироти андоз дар нохияи Айни Туймахмад Шеров. – Аз он чумла, шумораи шахсони хукуки 297 адад буда, ба шакли электронии пешниходи хисоботи андоз 294 адад ё 98,99%, сохибкорони инфиродии дар асоси шаходатнома фаъолияткунанда бо дарназардошти хочагихои дехкони аз шумораи 1145 адад ба шакли электронии хисобот 607 адад ё 53,0% гузаштаанд.
Барои кохиш додани бакияи карзи андоз дар асоси талаботи моддаи 72 Кодекси андози Чумхурии Точикистон дар ин давраи сипаришудаи соли 2020 ба 62 андозсупоранда барои пардохти карзи андозхо ба маблаги 6,8 млн сомони огохинома дастрас гардид. Дар натича, аз хисоби ин огохиномахо ба маблаги 3,0 млн. сомони андозхо ба бучети давлати ворид карда шуд. Инчунин, аз тарафи Раёсати андоз дар вилояти Сугд бо максади ситонидани карзи андозсупорандагони нохия ба маблаги 1,1 млн чанд адад карор сомони кабул карда шудааст, ки аз ин хисоб низ ба маблаги 1,0 млн. сомони ба кисми даромади бучети давлати пардохт гардидааст.
Ба холати имруза бакияи карзи андози андозсупорандагони нохия дар назди бучети давлати, дар мачмуъ, 389,3 хазор сомониро ташкил намуда, нисбат ба ибтидои соли чори 12,4 хазор сомони кам шудааст. Аз маблаги умумии карз 123,0 хазор сомониашро карзи андози ичтимои ташкил медихад.
Шумораи сохибкорони дар асоси шаходатнома фаъолияткунанда дар нохия ба санаи 1-уми апрели соли чори 1171 адад буда, аз он хочагихои дехконии инфироди 1048 адад, сохибкорони инфироди 123 адад мебошанд. Аз хисоби фаъолияти сохибкорони инфиродии дар асо си шаходатнома фаъолияткунанда дар ин давра ба маблаги 337,4 хазор сомони андозхо ба бучети давлати пардохт карда шудааст. Теъдоди сохибкорони дар асоси патент фаъолияткунанда 650 ададро ташкил дода, ба маблаги 317,1хазор сомони андозхо ба бучет пардохт намудаанд, ки ба хар як сохибкор ба маблаги 162,63 сомони рост меояд.
Бояд кайд намуд, ки нишондихандахои Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2020»- ро Нозироти андози нохияи Айни аз руи чамъбасти семохаи якуми соли равон бо дарна зардошти андози ичтимоии гайрибучети дар хачми 101,4% таъмин намуд. Ба кисми даромади бучети давлати амалан 44,1 млн. сомони маблаг ворид карда шуд, ки нисбат ба накшаи пешбинишуда 623,9 хазор сомони зиёд ва дар киёси маблагхои дар хамин давраи соли гузашта вокеан чамъоваригардида ба андозаи 733,4 хазор сомони бештар аст.

Тохирчон ИСКАНДАРЗОДА, вилояти Сугд

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …