Главная / Илм / ХИРС дар Канзи Шифо (Китоб)

ХИРС дар Канзи Шифо (Китоб)

xirs-surat-650x330Хирс — ин хайвони маълуми калони серпашм аст, ки хама чизро мехурад. Мизочаш гарм ва тариаш бисёр аст, вале мизочи хирси пир хушк мебошад.

Хислатхои шифобахши Хтрс: захраи он гиреххои баданро ба шиддат кушоянда аст. Ним граммашро бо асал бихуранд, иллати саръро шифо мебахшад; бо сиркоасал, асал ва мурч бихуранд, дарди чигареро, ки аз сарди бошад, сихат мекунад; истискои лахми ва обиро ба ибро меоварад; ду граммашро бихуранд, кулинчи чунбандаро (подвижной колитро) шифо мебахшад. Агар захраи хирсро бо асал ва оби бодён (арпабодиён) даромехта, ба чашм кашанд, чашмро кави ва гули дар он афтодаро дафъ мекунад, мижахои рехтаро аз нав меруёнад.

Агар инро бо асал ва мурчи куфтаги даромехта, хар руз як мартаба то панч руз бимоланд, решхои хуранда ва сабусаки сарро дафъ мекунад, инчунин ба сар муй меруёнад.

Ширдони бачаи хирсро, ки хануз ба гайр аз шир чизи дигар нахурда бошад, панирмояи хирс меноманд. Агар инро бихуранд, баданро фарбех мекунад. 4,5 грамм аз он бихуранд, саръро, ки сабабаш чамь шудани балгам дар магзи сар бошад, шифо мебахшад. Агар дар милки чашм муйи чаппа руйида бошад ва дар чашм бихалад, онро баъд аз кандан инро ба чашм кашанд, дигар муй намеруяд. Агар инро ба хар чойи бадан бимоланд, руйидани муйро дар он чо манъ мекунад; бар пучак бимоланд, ба зуди онро мепазонад.

Мизочи равганаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст. Агар инро гузошта банданд, дарди кухнаи бугумхоро бартараф мекунад, асабхо ва узвхои шахшударо мулоим мегардонад, агар ягон устухон бечо шуда шикаста бошад, бечоро бачо меоварад ва шикастаро пайваст мекунад, латхурдаи узвхоро ислох менамояд; ба сина гузошта банданд, сурфаеро, ки аз хушки бошад, шифо мебахшад. Ба доги пес ва гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, шифо мебахшад.

Равгани хирсро дар вакти зоида шуданашон бар бадани тифлон бимоланд, онхо аз хамаи ходисоти зарарноки табиат эмин мешаванд. Чун даруни анорро тамоман холи карда, равгани хирс ва равгани зайтун баробарвазн дар он андохта, ба оташ гузошта гарм намуда бимоланд, барои руёнидани муйи абру доруи хубест; ба гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш, бавосир, носур ва саъфа (ширинча) дору мешавад.

Мизочи пусташ бисёр хушк аст. Агар бар он бардавом бишинанд, фолич, никриси тармизочон ва бемории аъзошиканиро шифо мебахшад. Чун хояи онро чок карда, куфтаи мозу ва татум ба он пур намуда, хушк кунанд, баъд соида бихуранд, исхолро ба суръат манъ мекунад.

Саргинашро гузошта банданд, варамхо ва дарди гулуи шадидро, ки аз чамъ шудани хун сар зада бошад, тахлил медихад. Агар инро бихуранд, дарди рудахоро дафъ мекунад. Муяшро бисузанд, аз дуд ва буйи он чонварони зарарнок мегурезанд.

Чашми рости онро ба худ биёвезанд, чонварони вахши аз он кас мегурезанд. Агар хар ду чашми онро дар латта баста, ба гардани бемор биёвезанд, таби дуруздармиёнро шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …