Главная / Илм / ХИНО дар Канзи Шифо (Китоб)

ХИНО дар Канзи Шифо (Китоб)

hino__-660x330Хино (Хина) Ин растани маълум ва машхур аст. Кадаш то 60-90 сантиметр мехезад, вале дар нохияхои Хиндустон то баробари ду кадди одам баланд мешавад. Пояаш сурх, баргаш монанди барги анор аст, вале нозуктар ва хурдтар аз он, инчунин мулоимтар аз барги анор мебошад. Мизочаш мураккабкувват, моил ба сарди ва дар дарачаи дувум хушк аст. Ва ба кавли баъзе табибон дар дарачаи якум гарм аст.

Хислатхои шифобахши он: як микдор хинои тар ва хамон микдор барги чормагзро бигиранд.

Аввал барги чормагзро куфта, баъд хардуро якчо куфта гузошта банданд, байза ном дарди тамоми сарро, ки азияти муттасил мебошад, шифо мебахшад; инчунин дарди нимсарро низ дафъ мекунад ва дарди сарро, ки сабабаш чамъ шудани бодхо ва балгам дар сар бошад, ба ибро меоварад. Ва агар барги хиноро куфта, бо сирко сиришта, ба пешони гузошта банданд, дарди сарро дафъ мекунад; бо зифт (катрон) ва равгани гули сурх хамрох карда гузошта банданд, захмхои сарро шифо мебахшад. Ва агар бо катрон ва равгани зайтун сиришта, ба сар гузошта банданд, муй меруёнад; бо оби кашниз сиришта, ба чаккахои сар гузошта банданд, рехтани моддахои бегонаро ба чашм манъ мекунад.

Хиноро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, решхои дахан ва (пухтани) даруни дахани кудаконро шифо мебахшад. Хиноро куфта, бар кафи обиладори пой гузошта банданд, хусусан бо об андак гули махсар ва заъфарон илова карда бошанд, таъсираш зуртар мегардад дар дармон гаштан; агар ба чашм бибанданд, баромадани обиларо дар он монеъ мешавад.

hina_ukrashenieДар тамоми халкхои чануб ва шаркии китъаи Осиё анъана шудааст, ки хино дарди сарро дафъ мекунад, нури чашмро мегардонад, бохро кувват мебахшад; барои бемори ва иллатхои меъда, чигар, сипурз, роххои пешоб, бачадон, махав, тоун, вабо ва гайра нафъ дорад. 2,5 грамм хиноро бихуранд ё 4,5 грамми онро як шабонаруз дар об тар карда, он обро соф намуда биёшоманд, зардпарвинро шифо мебахшад, иллатхои сипурзро дафъ мекунад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвории шошиданро ба ислох меоварад, пешоби бандшударо мекушояд, бачаи занони хомиладорро аз шикам меафтонад. Агар ин оби тариди хиноро то дах руз пай дар хам бинушанд, вабо ва захмхои рохи пешобро дафъ месозад, пешоб ва хайзро равон мекунад, ба чойи нохуни кач ва пусида нохуни асли меруёнад. Агар ин обро бо 32 грамм шакар бардавом биёшоманд, иллати махав дар давраи ибтидо бошад, шифо мебахшад. Ба кавли як катор табибон, агар хамин тавр оби хинотаркардашударо бо шакар як мох биёшоманд, махав сихат наёбад, дигар илочпазир нест.

Хиноро дар об чушонида ва обро ба реши чамра (карбункул) ва сухтагии оташ кам-кам ва бардавом бирезанд, шифо мебахшад.   Хиноро куфта, ба варамхои гарм, ки аз онхо зардоб таровиш мекарда бошад, бимоланд, сихат мебахшад; бо равгани гули сурх сиришта бимоланд, — кутурро ба ибро меоварад; бо оби барги беданчир даромехта бимоланд, кафидагии пустро, ки кухна шуда бошад, сихат мекунад ва дарди зонуро нест месозад; бо гули индов якчо куфта бимоланд, чурра (дабба)-ро шифо мебахшад.

Хинои хушкро куфта, ба захмхо бишаканд, онхоро хушк мекунад ва сихат мебахшад. Барги хушкащро куфта, бо равгани буз хамир карда гузошта банданд, захмхоро ба хам оварда ислох мекунад, хусусан захмхои гушаи нохунро зудгар сихат менамояд. 4,5 грамми тухмашро куфта, бо асал ва катиро бихуранд, майнаро хеле кави мегардонад. Мизочи гулаш муътадил ва латиф аст. 4,5 грамм гулашро бо 75 грамм об ва асал бихуранд, хамаи навъхои дарди сарро дафъ мекунад, назлахоро катъ менамояд, рутубатхои нодаркор ва зарарноки баданро хушк мекунад.

Гули хиноро куфта, бо сирко сиришта бимоланд, дарди сарро даво мебошад. Вале гулашро танхо гузошта банданд, барои фолич, беморихои вобаста ба магзи сар, иллатхои асабони ва дарди асабхоро дармон мешавад; дарди бади гулуро, ки аз чамъ шудани хун дар ин узв аст, дафъ мекунад; агар бо мумии занбури асал ва равгани гули сурх сиришта бимоланд, дарди пахлу ва лат хурдани аъзоро ба ибро меоварад. Гули хинои хушкро дар либоси муина бигузоранд, намегузорад, ки онро кирм ва куя бизанад. Баргаш хам хамин хислатро дорад.

hino__03-768x617

Аз гули хино равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Дар зарфи шиша равгани кунчиди тоза ё равгани зайтун андохта, онро аз гули хино пур месозанду ба офтоб мегузоранд. Баъди шаш-хафт руз ранги гул мепарад, он гулро фишурда дур намуда, ба чойи он гули дигар пур мекунанд. Хамин тавр панч-шаш маротиба гулро нав карда, охиронашро хам фишурда дур намуда, равганро соф карда мегиранд — ин равгани хино хисоб меёбад,

Мизочи ин равган гарм аст. Инро бимоланд, варамхоро тахлил медихад, муйро мустахкам месозад, ранги руйро неку мекунад. Аз барги хино хам равган тайёр мекунанд ба ин тарик. Оби барги хиноро дар зарфе карда, аз болояш хамон микдор равгани зайтун ё равгани кунчиди тоза мерезанду бо оташи мулоим мечушонанд, то он ки обаш ба тамом бухор гардаду равган бимонад. Аломати тамом шудани об дар ин амал хамон аст, ки аз чуш мемонад. Ин равганро низ бимоланд, варамхоро тахлил медихад, дардхои гуногунро дафъ мекунад, тарангу бехаракат мондани узвхоро шифо мебахшад, иллатхои асабхо ва бугумхоро ба ибро меоварад.

Навъи дигари гирифтани равгани барги хино ин тавр аст. Барги хиноро дар соя хушк карда, хар кадар, ки хоханд, бигиранд. Дар шаш баробари вазни он об як шабонаруз тар карда, баъд то сеяки об мондан мечушонанд. Сони он обро соф карда, аз болояш баробари он об равгани кунчиди тоза ё равгани зайтун андохта, бо оташи мулоим мечушонанд, то ба хадде, ки об тамоман бухор шуда раваду равган бимонад.

Микдори як бор дар як руз хурдан аз чирми хино ва гули он аз 2,25 то 4,5 грамм аст, зиёда аз ин бихуранд, кушанда мебошад. Ин растании маълум аст, ки ду навъ мебошад: навъи бустони ва намуди сахрои дорад. Ду гурух дорад: гулаш сурх ва гулаш сафед. Бехтаринаш кисми сафедгули он аст.

Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Хислатхои шифобахши бустонии он: оби аз себаргаи тар фишурдаро дар офтоб хушк кунанд, инро усораи себарга меноманд. Усораи инро махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи афтодаеро, ки чашмро торик мегардонад ва гули чашмро дафъ мекунад, реши чашмро шифо мебахшад.

Себаргаро куфта бо шароб бихуранд, истиско ва зардпарвинро даво мешавад, кулинчро, ки варам ва дарди рудахои гафс аст, ба ибро меоварад, дарди рудахоро таскин медихад, захрхои каттолро аз бадан дур менамояд, пучакхоро мепазонад ва мекафонад; холати бади ахлоти сегона — хун, балгам ва сафроро, агар мурдор гашта бошанд, ба ислох меоварад, дарунро мулоим мекунад, иштихоро мекушояд.

Барги тарашро кима карда, бо андак равган бирён намуда, бардавом тановул кунанд, иллати истискоро, ки сабабаш чамъ шудани моддахои хунукмизоч бошад, сихат мекунад. Араки инро низ бардавом бинушанд, истискоро шифо мебахшад. Тарики гирифтани араки себарга чунин аст. Барги тарашро куфта, дар анбик андохта, ба оташ мегузоранд ва ба руйи ин асбоб оби хунук мерезанд. Оби барги себарга бухор гашта, ба сархонаи сарди анбик расида, катрахои об гашта, ба зарфи дар поён гузошташуда мечакад. Вале араки ин монанди нушокихои масткунанда таъсир намекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …