Главная / Чамъият / ХИМОЯИ РАКОБАТ – КОНУНИ ЧТ

ХИМОЯИ РАКОБАТ – КОНУНИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИМОЯИ РАКОБАТ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2017, № 5, к. 1, мод. 274)

Конуни мазкур асосхои ташкили ва хукукии химояи ракобатро муайян намуда, муносибатхоро оид ба ташкил ва фарохам овардани шароитхои мусоид барои рушди ракобат, фаъолияти самарабахши бозорхои мол, таъмини фазои ягонаи иктисоди ва фаъолияти озоди иктисоди танзим менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Доираи амали Конуни мазкур

  1. Конуни мазкур нисбати муносибатхое татбик мегардад, ки ба химояи ракобат, аз чумла огохкуни, пешгири, махдудкуни ва катъ намудани фаъолияти инхисори ва ракобати бевичдонона дар бозорхои мол ва молияви равона гардидаанд. Дар ин муносибатхо шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон, шахсони хоричи, сохибкорони инфироди, макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, дигар ташкилотхои давлатие, ки ваколатхои онхоро амали менамоянд, инчунин фондхои давлатии гайрибучети, ташкилотхои молияви ва Бонки миллии Точикистон иштирок менамоянд.
  2. Конун ба хама намуд амалхо ва созишномахои (ахдхои) ба ракобат таъсиркунандаи аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки, аз чумла шахсони хоричи, сохибкорони инфироди ва дигар ташкилотхо содир ё басташуда, инчунин ба ахдхо ва муносибатхои вобаста ба воситахои асосии истехсолот, дороихои гайримодди ё сахмияхо ва хиссахои субъектхои хочагидор, хукукхои вобаста ба ташкилотхои тичоратие, ки фаъолияти худро дар худуди Чумхурии Точикистон амали менамоянд, татбик мегардад.
  3. Конун инчунин нисбат ба созишномахои аз чониби макомот ва шахсони дар кисми 1 моддаи мазкур мукарраргардида, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон баста шудаанд ва хамчунин нисбат ба амалхои содиршавандаи онхо, агар чунин созишномахо ва амалхо ба махдудияти ракобат дар бозори мол оварда расонанд ё метавонанд биёранд, татбик карда мешавад.
  4. Конуни мазкур нисбат ба муносибатхои вобаста ба истифодаи объектхое, ки дорои хукуки моликияти зехни мебошанд, пахн намегардад, ба истиснои холатхое, ки созишномахо (ахдхо) ва бакайдгирии истифодабарии онхо ба махдудкунии ракобат нигаронида шуда бошанд.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

– бозори мол – сохаи муомилоти мол ё молхои бохамивазшаванда, ки вобаста ба имконияти иктисоди, худуди ва технологии харидор барои ба даст даровардани мол муайян карда мешавад;

– бозорхои танзимшаванда – бозорхои моле, ки дар онхо танзими давлатии нарххо мутобики конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон чори карда мешаванд;

– гурухи шахсон – мачмуи шахсони вокеи ва хукуки, ки ба як ё якчанд аломат ва шартхои дахлдори пешбининамудаи Конуни мазкур мувофикат мекунад;

– ёрии давлати ва махалли – аз чониби макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин ташкилотхои ваколатдоре, ки вазифахои макомоти зикргардидаро амали месозанд, додани имтиёзхои инфироди ва (ё) бартарият ба як ё якчанд субъектхои хочагидор, ки ба онхо шароити муфиди фаъолиятро дар бозорхои мол ва молияви (кор, хизматрасони) таъмин менамоянд;

– истеъмолкунанда – шахси вокеи ё хукуки, ки мол (кор, хизматрасони)-ро ба даст меорад;

– мутамарказияти (консентратсияи) иктисоди – ахдхо ва дигар амалхо, аз чумла таъсис ва азнавташкилдихии (якчояшави, муттахидшави, хамрохшавии) субъектхои хочагидор, ахдхо вобаста ба сахмияхо, хиссахо ва моликияти субъектхои хочагидор, ки хукуки амали онхо ба вазъи ракобат таъсир мерасонад;

– мол – объекти хукукхои граждани (кор, хизматрасони, аз чумла хизматрасонии молияви), ки барои фуруш, мубодила ё навъи дигари ба муомилоти граждани баровардани он пешбини шудааст;

– молхои бохамивазшаванда – гурухи  молхое, ки аз руи таъйинот, тарзи истифодабари, тавсифоти сифати ва техники, нарх ва дигар хусусиятхояшон тавре киёспазиранд, ки харидор вокеан метавонад як молро дар чараёни истеъмол (аз чумла хангоми истехсол) ба моли дигар иваз кунад;

– мавкеи хукмфармои – мавкеи махсуси як ё якчанд субъектхои хочагидор (гурухи шахсон) дар бозори моле, ки ивазкунанда ва ё молхои бохамивазшаванда (минбаъд – моли муайян) надоранд, хамчунин ба вай (онхо) имконият медиханд ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири халкунанда расонанд ё ворид шудани дигар субъектхои хочагидорро ба бозор мушкил гардонанд;

– мукоисаи номуносиб – мукоиса ё мулохизае, ки ракиби алохида ё ракибонро дар мачмуъ, инчунин молхои истехсолшаванда ё фурухташавандаро нисбати моли субъектхои хочагидори дигар бадном мекунад;

– мониторинги бозорхои мол ва молияви – гузаронидани тахлили иктисоди дар бозори моли муайян (кор, хизматрасони), ошкор кардан ва пешгири намудани зухуроти хукуквайронкунихое, ки дар натичаи суиистифода намудани мавкеи хукмфармои ё инхисори ба амал меоянд, ба истиснои хукуквайронкунихои дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинишудаи сохаи инхисории табии;

– нархи баланди инхисории мол – нархи моли мукарраркардаи субъекти хочагидори дорои мавкеи хукмфармо дар бозори мол, агар ин нарх аз маблаги харочоти истехсол ва фуруши аз чихати  иктисоди асоснокгардидаи мол ва даромад, инчунин аз нархи дар шароити ракобат дар бозори моли мукоисашаванда мукаррарнамудаи субъектхои хочагидоре, ки бо харидорони (фурушандахои) мол ба як гурухи шахсон шомил нестанд ва дар бозори моли мукоисашаванда мавкеи хукмфармо надоранд, хеле баланд бошад.

– нархи пасти инхисории мол – нархи моли мукарраркардаи субъекти хочагидори дорои мавкеи хукмфармо дар бозори мол, ки агар аз маблаги харочоти аз нигохи иктисоди асоснокгардида ва даромади он хангоми истехсол ва фуруши чунин мол камтар аст ё нархи моли дар бозори мол мукаррарнамудаи субъекти хочагидори мавкеи хукмфармоидошта, ки аз нархи дар шароити ракобат дар чунин бозори моли мукоисашаванда муайяннамудаи субъектхои хочагидоре, ки бо харидорони (фурушандахои) мол ба як гурухи шахсон шомил намебошанд ва дар чунин бозори моли мукоисашаванда мавкеи хукмфармо надоранд, пасттар мебошад;

– нархи баланди беасоси хизматрасонии молияви ва нархи пасти беасоси хизматрасонии молияви – нархи хизматрасонии молиявии мукарраркардаи субъекти хочагидори дорои мавкеи хукмфармо, ки аз нархи дар шароити ракобат амалкунанда дар бозори хизматрасонии молияви фаркият дошта, барои ба бозор ворид гардидани дигар ташкилотхои молияви махдудият эчод менамояд ва (ё) ба холати ракобат дар бозори мол таъсири манфи мерасонад;

– нархи ракобатноки хизматрасонии молияви – нархе, ки тибки он дар шароити ракобат мумкин аст хизматрасонии молияви расонида шавад;

– нишонахои ракобати бевичдонона – кам гардидани шумораи субъектхои хочагидоре, ки дар бозори мол ба як гурухи шахсон шомил нестанд, баланд ва (ё) паст гардидани нархи моле, ки бо тагйироти дахлдори дигар шароити умумии муомилоти мол дар бозори мол алокаманд нест, даст кашидани субъектхои хочагидори ба як гурухи шахсон шомил набуда аз фаъолияти мустакилона дар бозори мол, муайян намудани шартхои умумии муомилоти мол дар бозорхои мол бо рохи ноилшави ба созиши байни субъектхои хочагидор ё тибки дастури барои ичро хатмии дигар шахсон ва ё дар натичаи мувофикаи (ахди) амалхои худ дар бозори мол аз чониби субъектхои хочагидори ба як гурухи шахсон шомилнабуда, дигар холатхое, ки ба субъекти хочагидор ва ё якчанд субъекти хочагидор имконияти таъсиррасонии яктарафаро ба шароитхои умумии муомилоти мол дар бозори мол мухайё месозанд;

– ракобат – мусобикаи озоди субъектхои хочагидор, ки дар он амали мустакилонаи хар яки онхо, имконияти таъсиррасонии яктарафаи хар кадоми онхоро ба шароитхои умумии муомилоти мол дар бозори мол (кор, хизматрасони)-и дахлдор самаранок махдуд менамояд;

– ракобати бевичдонона – хама гуна амали субъектхои  хочагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти сохибкори равона шудааст ва хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон мебошад, ба дигар субъектхои хочагидор – ракибон зарар расонидааст ё метавонад расонад ва ё ба обруи кории онхо зиён расонидааст ё метавонад расонад;

– субъектхои хочагидор – шахсони хукуки, аз чумла шахсони хоричи, иттиходияхои онхо, ташкилотхои тичорати ва гайритичоратие, ки фаъолияти онхо барои ба даст овардани фоида равона шудааст, инчунин шахрвандоне, ки бе таъсиси шахси хукуки фаъолияти сохибкориро амали менамоянд;

– созишнома – созиши миёни субъектхои хочагидор, ки дар шакли хатти дар як ё якчанд хуччатхо инъикос ёфтааст, инчунин созише, ки дар шакли шифохи ба махдудкунии ракобат равона гардидаанд;

– созишномаи (амали мувофикашудаи) субъектхои хочагидор, ки ракобатро махдуд менамояд – амали субъектхои хочагидор дар бозори мол, ки натичаи иктисодии онхо танхо дар он сурат барои хар яке аз чунин субъектхои хочагидор фоидаовар мегардад, агар дигар субъектхои хочагидор ба таври мушобех ё бо усули барои хар яке аз чунин субъектхои хочагидор пешаки маълум амал кунанд ва агар чунин амал боиси ичозат надодан, махдуд сохтан ё бархам додани ракобат дар бозори мол гардидааст ё метавонад гардад;

– созишномахои уфуки (картел) – амалхои мувофикашудаи субъектхои хочагидори бо хам ракобаткунанда (ракобаткунандагони эхтимоли) ва дигар субъектхои хочагидоре, ки ба фаъолияти мунтазами бозор таъсири манфи расонида ва ба махдудияти бозори мол равона карда шудаанд;

– созишномахои амуди – созиши байни субъектхои хочагидоре, ки яке аз онхо харидори мол ё харидори эхтимолии мол ва дигаре тахвилгар ё фурушандаи эхтимолии мол мебошанд;

– тахлили иктисоди – муайян намудани холати ракобат, ошкор кардани субъектхои хочагидори дар бозори мол мавкеи хукмфармоиро сохиббуда бо максади тахияи чорахое, ки ба химоя ва рушди ракобат, пешгири, махдудкуни ва катъ намудани фаъолияти инхисори равона карда мешаванд;

– фаъолияти инхисори – суиистифода кардани субъекти хочагидор (субъекти бозор), гурухи шахсон аз мавкеи хукмфармои, созиш ё ичрои амалхои мувофикашудаи худ, ки бо конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон манъ карда шудаанд;

– хизматрасонии молияви – хизматрасонии бонки, сугуртави, дар бозори когазхои киматнок, иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок, лизинги, клиринги, ломбард, инчунин хизматрасонихое, ки бо чалб намудан ва (ё) чойгиркунии маблагхои пулии шахсони вокеи ва хукуки алокаманд мебошанд;

– ташкилотхои молияви – шахсони хукукие, ки хизматрасонии бонки, сугуртави, лизинги, клиринги, ломбард, хизматрасони дар бозори когазхои киматнок, инчунин хизматрасонихои вобаста бо чалб намудан ва (ё) чойгиркунии маблагхои пулии шахсони вокеи ва хукукиро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, амали менамоянд;

– ба даст овардани сахмия ва хиссаи сармояи оинномавии (шариконаи) субъектхои хочагидор – харид ё ба даст овардани  имкониятхои амалисозии хукуки овоз ба воситаи сахмияхо ва хиссахои субъектхои хочагидор дар асоси шартномахои ба бовари асосёфтаи идоракунии молик, шартномахои фаъолияти якчоя ва дигар ахдхо;

– шартхои табъизи (дискриминатсиони) – шартхои ворид шудан ба бозори мол, иваз кардан, истеъмол намудан, ба даст овардан, истехсол, фуруш ва интиколи моле, ки як ё якчанд субъектхои хочагидорро дар мукоиса бо як ё якчанд субъектхои хочагидори дигар дар мавкеи нобаробар мегузоранд;

– шахсони бонуфуз – шахсони вокеи ва хукукие, ки ба фаъолияти сохибкори машгул буда, кобилияти ба субъектхои хочагидор, инчунин ба бозори мол таъсир расониданро доранд;

– хамохангсозии фаъолияти иктисоди – мувофикаи амалхои субъектхои хочагидор аз тарафи шахси сеюм, ки ба ягон гурухи шахсони хамин гуна субъектхои хочагидор дохил намебошад.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи химояи ракобат

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи химояи ракобат ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. ФАЪОЛИЯТИ ИНХИСОРИ ВА РАКОБАТИ БЕВИЧДОНОНА

Моддаи 4. Мавкеи хукмфармои

  1. Мавкеи махсуси субъекти хочагидор (гурухи шахсон) ва ё якчанд субъектхои хочагидор (гурухи шахсон) дар бозори моли муайян (кор, хизматрасони) дар холате мавкеи хукмфармои хисобида мешавад, ки ба чунин субъекти хочагидор (гурухи шахсон) ё субъектхои хочагидор (гуруххои шахсон) имконият медихад ба шарту шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли муайян таъсири халкунанда расонад ё ворид шудани дигар субъектхои хочагидорро ба бозори мол мушкил гардонад.
  2. Мавкеи субъекти хочагидор дар холате мавкеи хукмфармои шуморида мешавад, ки хиссаи он дар бозори моли муайян аз сию панч фоиз зиёд мебошад, ба истиснои холатхое, ки субъекти хочагидор сарфи назар аз баланд будани андозаи нишондода мавкеи хукмфармо надоштани худро дар бозор исбот карда тавонад.
  3. Мавкеи субъекти хочагидор дар холатхое низ хукмфармо эътироф мегардад, ки хиссаи он дар бозори моли муайян аз сию панч фоиз камро ташкил дихад, агар ин аз чониби макоми давлатии зиддиинхисори тибки санадхои меъёрии хукуки, аз руи хиссаи бетагйири субъекти хочагидор дар бозор нисбат ба андозаи нисбии хиссаи дар бозор ба ракибон тааллукдошта ва (ё) имконияти ба ин бозор ворид гардидани ракибони нав ё дигар меъёрхои тавсифкунандаи бозори мол, мукаррар гардида бошанд. Мавкеи субъекти хочагидор дар холате хукмфармо эътироф намегардад, агар хиссаи он дар бозори моли муайян аз понздах фоиз зиёд набошад, ба истиснои холатхои пешбининамудаи кисмхои 4 ва 6 моддаи мазкур.
  4. Мавкеи хар кадоме аз якчанд субъектхои хочагидор (ба истиснои ташкилотхои молияви) хукмфармо эътироф мегардад, агар субъектхои хочагидор расман исбот накарда бошанд, ки мавкеи онхо хукмфармо намебошад ва нисбати онхо шартхои зайл ичро мегарданд:

– мачмуи хиссаи на бештар аз се субъектхои хочагидор, ки хиссаи  онхо аз хиссаи дигар субъектхои хочагидор дар бозори мазкур аз панчох фоиз зиёдтар аст. Агар хиссаи хатто яке аз субъектхои хочагидори зикршуда аз панч фоиз камтар бошад, меъёри мазкур татбик намегардад;

– мачмуи хиссаи на бештар аз панч субъектхои хочагидор, ки хиссаи онхо аз хиссаи дигар субъектхои хочагидор дар бозори мазкур аз хафтод фоиз зиёдтар аст. Агар хиссаи хатто яке аз субъектхои хочагидори зикршуда аз панч фоиз камтар бошад, меъёри мазкур татбик намегардад;

– андозаи нисбии хиссаи чунин субъектхои хочагидор устувор аст, ё ба хамин бозори мол дастрасии ракибони нав махдуд мебошад;

– моли аз чониби чунин субъектхои хочагидор фурухташаванда (харидашаванда) наметавонад дар раванди истеъмол (аз чумла истехсолот) ба моли дигар иваз карда шавад, болоравии нархи мол боиси чунин тагйироти дахлдор дар пастравии талаботи хоси мол шуда наметавонад.

  1. Тартиби эътироф намудани мавкеи хукмфармоии субъектхои хочагидоре, ки дар бозори хизматрасонии молияви фаъолият менамоянд, аз чониби макомоти давлатии зиддиинхисори дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати дар сохаи молия ва Бонки миллии Точикистон кабул карда мешаванд.
  2. Мавкеи ташкилотхои молияви дар холате хукмфармо хисобида мешаванд, агар:

– мачмуи хиссаи на бештар аз ду ташкилоти молияви, ки ба онхо хиссаи бештар дар бозори дахлдори хизматрасонии молияви тааллук дорад, аз панчох фоиз ва аз он зиёдро ташкил дихад;

– мачмуи хиссаи на бештар аз се ташкилоти молияви, ки ба онхо хиссаи бештар дар бозори дахлдори хизматрасонии молияви тааллук дорад, хафтод фоиз ва аз он зиёдро ташкил дихад.

  1. Мавкеи хукмфармоии субъектхои хочагидор дар асоси тахлил ва арзёбии бозори моли муайян аз чониби макоми давлатии зиддиинхисори мукаррар карда мешавад. Хангоми гузаронидани тахлил маълумоти пешниходнамудаи макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхои молияви, иттиходияхои ташкилотхои молияви, маълумоти маркетинги, тадкикоти сотсиологи, пурсиши интихоби ва саволномаи субъектхои бозор, шахрвандон, ташкилотхои чамъияти, маълумоти тадкикоти макомоти давлатии зиддиинхисори, коршиносон, инчунин дигар шахсони вокеи ва хукуки истифода карда мешавад.
  2. Мавкеи субъекти хочагидор – субъекти монополияи табии дар бозори мол, ки дар холати инхисории табии карор дорад, хукмфармо мебошад.

Моддаи 5. Намудхои фаъолияти инхисории махдудкардашуда

Ба намудхои фаъолияти инхисории махдудкардашуда дохил мешаванд:

– созишномахои зиддиракобатии субъектхои хочагидор дар бозори мол;

– амалхои мувофикашудаи зиддиракобатии субъектхои хочагидор дар бозори мол;

– суиистифодаи субъектхои хочагидор аз мавкеи хукмфармои дар бозори мол.

 Моддаи 6. Намудхои созишномахои зиддиракобати ва амалхои мувофикашудаи субъектхои хочагидор

Ба созишномахои зиддиракобати ва амалхои мувофикашудаи субъектхои хочагидор дохил мешаванд:

– созишномахои зиддиракобати ва амалхои мувофикашудаи субъектхои хочагидори бо хам ракобаткунанда ва ё ракобаткунандагони эхтимоли дар як бозори мол (созишномахои уфуки – картел);

– созишномахои зиддиракобати ва амалхои мувофикашудаи субъектхои хочагидори бо хам ракобат надоштае, ки яке аз онхо харидори мол ё харидори эхтимолии мол ва дигар бошад, молро пешниход мекунад ё тахвилгари эхтимоли ва ё фурушандаи эхтимолии мол махсуб меёбад (созишномахои амуди).

Моддаи 7. Созишномахои (амалхои мувофикашудаи) субъектхои хочагидоре, ки ракобатро махдуд мекунанд

  1. Бастани шартномахо, дигар ахдхо, созишномахо ё анчом додани амалхои мувофикашудаи субъектхои хочагидоре, ки дар бозори як мол (молхои бохамивазшаванда) амал менамоянд, хамчун картел эътироф гардида, манъ карда мешаванд, агар онхо боиси натичахои зерин гарданд ё гардида метавонанд:

– мукаррар намудани (дастгирии) нарххо (тарифхо), тахфиф, изофапули (иловапули), нарххои иловашуда, харочот, фоида ё амалхои дигар;

– баланд бардоштан, паст кардан ё дастгирии нарх дар музоядахо ва савдо;

– муштаракона ворид гардидан ба бозор, баромадан аз бозор, таксими бозор тибки аломатхои худуди, аз руи хачми фуруш ё харид, аз руи навъхои молхои фурухташаванда ё вобаста ба доираи фурушандахо ё харидорон (фармоишгарон);

– махдуд сохтани хукуки ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектхои хочагидор ба сифати фурушандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони) он;

– махдуд сохтани истифодаи иттилоот ё аз иттилоот дар бораи вазъи бозор махрум намудани субъектхои хочагидор;

– рад намудани бастани шартнома бо фурушандагон ё харидорони (фармоишгарони) муайян;

– ба зиммаи тарафхои шартнома вогузоштани шарте, ки барояшон судманд нест ва ба мавзуи шартнома алокаманд намебошад (талаби беасос супурдани воситахои молияви, молу мулки дигар, хукукхои молу мулки, ризоияти бастани шартнома танхо бо шарти ба он ворид кардани мукаррарот оид ба молхое, ки тарафхои шартнома ба онхо хавасманд нестанд ва амалхои дигар);

– барои харидорони хамон як мол мукаррар намудани нарххои (тарифхои) гуногуне, ки аз нигохи иктисоди, техники ва тарзи дигар беасос мебошанд;

– кохиш ё катъ кардани истехсоли молхое, ки ба онхо эхтиёчот ё фармоишот, хангоми мавчудияти имконияти истехсоли безарари онхо вучуд дорад;

– мухайё сохтани шароит барои узвият (иштирок) дар иттиходияхои касби ва дигар иттиходияхо, ки ба рох надодан, махдуд сохтан ё бартараф намудани ракобат оварда мерасонад ё метавонад оварда расонад.

  1. Амали субъектхои хочагидор дар он сурат мувофикашуда эътироф мегардад, ки он бо амали дигар субъектхои хочагидор алокаманд бошад ва ба тагйирёбии шароити умумии муомилоти мол, ки ба андозаи баробар ба субъектхои хочагидор дар бозори моли дахлдор таъсир мерасонад, вобаста набошад.
  2. Ба субъектхои хочагидор, ки дар бозори як мол амал мекунанд, бастани созишномахо ё анчом додани амалхои мувофикашуда, ки дар натичаи он холатхои рох надодан, махдуд сохтан, бартараф намудани ракобат ё халалдор кардани манфиатхои дигар субъектхои хочагидор чой доранд ё чой дошта метавонанд, манъ аст.
  3. Ба субъектхои хочагидори дар бозори моли дахлдор байни худ ракобат надошта, ки мол (молхои хамдигарро ивазкунанда) мегиранд (харидорони имконпазир) ва мол фарохам меоваранд (фурушандагони имконпазир), бастани созишномахои амуди ё анчом додани амали мувофикашуда (ба истиснои созишномахои амудие, ки тибки мукаррароти моддаи 8 Конуни мазкур чоиз эътироф шудаанд) манъ аст, агар:

– чунин созишномахо ё амалхои мувофикашуда ба рох надодан,  махдуд сохтан ё бартараф намудани ракобат оварда расонанд;

– чунин созишномахо ба мукаррар кардани нархи фуруши такрории мол таъсир расонанд, ба истиснои холатхое, ки фурушанда ба харидор нархи нихоии фуруши такрории молро муайян мекунад;

– созишномахое, ки харидорро барои нафурухтани моли субъекти хочагидоре, ки ракиби фурушанда мебошад, ухдадор менамоянд.

  1. Махдудияти мазкур ба шартномахо оид ба фуруши моли дорои тамгаи моли ё дигар воситахои фардикунонии фурушанда ва истехсолкунанда пахн намегардад.
  2. Ба субъектхои хочагидори дар бозорхои моли дахлдор байни худ ракобат надоштае, ки мол (молхои хамдигарро ивазкунанда) мегиранд (харидорони имконпазир) ва мол фарохам меоваранд (фурушандагони имконпазир), бастани созишномахо ё анчом додани амали мувофикашуда манъ аст, агар дар натичаи бастани чунин созишнома ё анчом додани амали мувофикашуда холатхои рох надодан, махдуд сохтан ё бартараф намудани ракобат чой дошта бошанд ё чой дошта тавонанд.
  3. Ба иттиходияхои шахсони хукуки (иттифокхо, ассотсиатсияхо), субъектхои хочагидор амали гардонидани хамохангсозии фаъолияти сохибкории шахсони хукуки, ки дар натича ракобат махдуд мегардад ё метавонад махдуд гардад, манъ аст.
  4. Вайрон кардани талаботи зикршуда барои бо даъвои макоми давлатии зиддиинхисори ва бо тартиби суди бархам додани иттиходияхои шахсони хукуки (иттифокхо, ассотсиатсияхо), субъектхои хочагидор, ки фаъолияти сохибкориро хамоханг месозанд, асос шуда метавонанд.

Моддаи 8. Имконпазирии созишномахои амуди

  1. Созишномахои амуди дар холатхои зерин чоиз эътироф мешаванд, агар:

– созишномахои амуди дар шакли хатти (ба истиснои шартномахои амудии байни ташкилотхои молияви), хамчун шартномахои консессияи тичорати баста шуда бошанд;

– созишномахои амудии байни субъектхои хочагидор (ба истиснои шартномахои амудии байни ташкилотхои молияви), ки хиссаи хар яке аз онхо дар дилхох бозори мол, нисбати онхое, ки шартнома баста мешавад, на зиёда аз панч фоиз бошад.

  1. Субъектхои хочагидор пеш аз бастани созишномахои амудие, ки тибки Конуни мазкур чоиз эътироф гардидаанд, ухдадоранд ба макомоти давлатии зиддиинхисори оид ба санчиши мутобикатии лоихаи созишномаи басташаванда ба талаботи конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон мурочиат намоянд.

Моддаи 9. Суиистифодаи субъекти хочагидор

Амали (беамалии) субъекти хочагидор (гурухи шахсон), ки натичаи он боиси рох надодан, махдуд сохтан, бархам додани ракобат ва (ё) халалдор намудани манфиати дигар субъекти хочагидор (гурухи шахсон) гардидаанд ё мегарданд, манъ аст, аз чумла:

– аз муомилот гирифтани молхо, ки максад ва натичааш ташкил ё дастгири намудани камчини дар бозор ё баланд бардоштани нарх мебошад;

– ба зиммаи тарафхои шартнома вогузоштани талаботи барояшон муфиднабуда ё ба мавзуи шартнома дахл надошта (талаби беасоси додани воситахои молияви, молу мулки дигар, хукуки молумулки, кувваи кори, ризоияти бастани шартнома танхо бо шарти ба он ворид кардани мукаррарот оид ба молхое, ки тарафхои шартнома, аз чумла истеъмолкунанда, ба онхо хавасманд нест ва талаботи дигар);

– ба шартнома ворид намудани шартхои табъизи (дискриминатсиони), ки тарафхои шартномаро нисбат ба дигар субъектхои хочагидор дар вазъияти нобаробар мегузорад;

– мамониат кардан ба субъектхои хочагидори дигар хангоми ворид шудан ба бозор (баромадан аз бозор);

– вайрон кардани тартиби нархгузори, ки бо санади меъёрии хукуки мукаррар шудааст;

– мукаррар ва дастгири кардани нарххои баланди (пасти) инхисори;

– ба харидорони хамон як мол мукаррар намудани нарххои (тарифхои) гуногуне, ки аз нигохи иктисоди, техники ва тарзи дигар беасос мебошанд;

– фарохам овардани шароити табъизи (дискриминатсиони);

– беасос кам ё катъ кардани истехсоли молхое, ки ба онхо истеъмолкунандагон талабот доранд ва ё онхоро фармудаанд, агар имконияти безарар истехсол кардани онхо мавчуд бошад;

– беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (фармоишдихандагони) алохида, агар имконияти истехсол ва тахвили моли дахлдор мавчуд бошад;

– бе огохкунии пешакии (пешниходи иттилооти) макомоти давлатии зиддиинхисори чори намудани нарххо (тарифхо) ва даровардани тагйироти дахлдор ба онхо.

Моддаи 10. Нархи баланди инхисории мол

  1. Нархи мукаррарнамудаи субъекти хочагидори дорои мавкеи хукмфармои дар бозори моли муайян дар холате нархи баланди инхисории мол хисобида мешавад, ки дар шароити ракобат дар бозори мол ва муомилоти мол бо чунин нишонахо ташаккул ёфтааст:

1) баланд бардоштани нархи каблан мукарраргардидаи мол (кор, хизматрасони);

2) харочоти зарури барои истехсол ва фуруши мол бетагйир мондааст ва ё тагйироти онхо ба тагйирёбии нархи мол мутобикат намекунад;

3) шартхои муомилоти мол дар бозори мол, аз чумла вобаста ба чорахои танзими давлати, бо назардошти андозбанди, танзими тарифи (нарх) бетагйир мондаанд ва ё тагйирёбии онхо ба тагйирёбии нархи мол номутаносиб мебошанд;

4) нигох доштан ва ё паст накардани нарххои каблан мукаррарнамудаи мол, агар дар баробари ин, дар мачмуъ шартхои зерин татбик карда шаванд:

– харочоти зарури барои истехсол ва фуруши мол (кор, хизматрасони) ба таври назаррас кам шуда бошад;

– шартхои муомилоти мол дар бозори мол, аз чумла вобаста ба чорахои танзими давлати, бо назардошти андозбанди, танзими тарифи (нарх) имконияти тагйирёбии нархи молро бо тамоюли кохишёбии он таъмин намоянд.

  1. Нархи моле (кор, хизматрасони), ки субъекти монополияи табии дар худудхои тарифи ба чунин мол муайяннамудаи макомоти танзимкунандаи монополияи табии мукаррар кардааст, хамчун нархи баланди инхисори эътироф намегардад.

Моддаи 11. Нархи пасти инхисории мол

  1. Нархи аз чониби субъекти хочагидори дорои мавкеи хукмфармои дар бозори моли муайян дар холате нархи пасти инхисории мол мукарраршуда хисобида мешавад, ки дар шароити ракобат дар бозори мол ва муомилоти мол, бо чунин нишонахо ташаккул ёфтааст:

– мукаррар намудани нархи паст аз нархи каблан мукарраргардидаи мол (кор, хизматрасони);

– агар харочоти зарури барои истехсол ва фуруши мол зиёд гардида бошад;

– шартхои муомилоти мол дар бозори мол, аз чумла чорахои танзими давлати, бо назардошти андозбанди, танзими тарифи (нарх) боиси тагйирёбии номутаносиби нарх гардида бошанд.

  1. Нархи мол дар холатхои зерин нархи пасти инхисори эътироф карда намешавад, агар:

– он аз чониби субъекти монополияи табии дар доираи тарифи ба чунин мол муайяннамуда тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар шуда бошад;

– он аз нархе, ки дар шароити ракобат дар бозори мукоисашавандаи мол ташаккул ёфтааст, паст набошад;

– нархе, ки мукаррар намудани он боиси махдудкунии ракобат ва кам гардидани шумораи фурушандахо ва ё харидорони моли ба як гурухи шахсони субъектхои хочагидор дар бозори моли муайян дохил набуда, гардидааст ва ё гардида метавонад.

Моддаи 12. Гурухи шахсон

  1. Гурухи шахсон дар холате мачмуи шахсони вокеи ва (ё) шахсони хукукие эътироф мешаванд, ки онхо ба як ё якчанд аломатхои зерин мутобик бошанд:

– шахс ё якчанд шахс якчоя дар натичаи созиш (амали мувофикашуда) хукук доранд, мустаким ва гайримустаким (аз чумла дар асоси шартномахои хариду фуруш, идоракунии ба бовари асосёфта, фаъолияти якчоя, супориш ё бастани дигар ахдхо) зиёда аз панчох фоизи шумораи умумии овозхоро, ки ба сахмияхо ва хиссахои овозхо мувофик меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи) шахсони хукукиро ташкил медиханд, ихтиёрдори намоянд. Хамзамон, овозхои шахси хукуки, имконияти ихтиёрдории вокеии у ба воситаи шахсони сеюм, ки нисбати онхо шахси якум хамаи он хукуку салохияти дар боло номбаршударо дорад, ихтиёрдории гайримустаким хисобида мешавад;

– шахс ё якчанд шахс дар асоси шартнома ё бо рохи дигар имконият пайдо мекунанд, ки карори кабулшавандаи шахси дигар ё шахсонро, аз чумла шартхои аз тарафи дигар шахс ё шахсон амали гардидани фаъолияти сохибкориро муайян намоянд, ё ин ки салохияти дигари макомоти ичроияи дигар шахс ё шахсонро ба чо оваранд;

– шахси хукуки хукук дорад макомоти ичроияи ягона ё зиёда аз панчох фоизи хайати макомоти ичроияи дастачамъи, ё бо пешниходи у зиёда аз панчох фоизи хайати шурои директорон (шурои сарпарастон), ё дигар макомоти идоракунии дастачамъии шахси хукукиро таъйин намояд;

– шахси вокеи метавонад салохияти макомоти ягонаи ичроияи шахси хукукиро ичро намояд;

– худи хамон шахсони вокеи, хамсарони онхо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хохарони онхо ё шахсонеро, ки хамон шахси хукуки пешниход кардааст, зиёда аз панчох фоизи хайати макомоти ичроияи дастачамъи ё шурои директорон (шурои сарпарастон) ё дигар макомоти идоракунии дастачамъии ду ва зиёда шахсони хукукиро ташкил диханд. Макомоти идоракунии дастачамъии ду ва зиёда шахсони хукуки, инчунин макомоте мебошад, ки бо пешниходи хамон шахсони хукуки зиёда аз панчох фоизи хайати шурои директорон (шурои сарпарастон) ё дигар  макомоти идоракунии дастачамъи интихоб мешавад;

– худи хамон шахсони вокеи, хамсарони онхо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хохарони онхо ё шахсони хукуки метавонанд мустакилона ё ба воситаи намояндахо (вакилон) дар мачмуъ зиёда аз панчох фоизи овозхоеро, ки ба сахмияхо ва хиссахо мувофиканд сармояи оинномавии (шариконаи) хар кадом аз ду ва зиёда шахсони хукукиро ташкил медиханд, ихтиёрдори намоянд;

– шахсони вокеи ё хукуки мустакилона ё ба воситаи намояндахо (вакилон) дар мачмуъ зиёда аз панчох фоизи овозхоеро, ки ба сахмияхо ва хиссахо мувофиканд ва сармояи оинномавии (шариконаи) шахси хукукиро ташкил медиханд, хукуки ихтиёрдори доранд ва худи хамон шахсони вокеи, хамсарони онхо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хохарони онхоро хамон як шахси хукуки пешниход кардааст, зиёда аз панчох фоизи хайати макомоти ичроияи дастачамъи ё шурои директорон (шурои сарпарастон) ё дигар макомоти идоракунии дастачамъии дигар шахси хукукиро ташкил диханд.

  1. Дар Конуни мазкур гурухи шахсон хамчун субъекти ягонаи хочагидор хисобида мешаванд.

Моддаи 13. Шахсони бонуфуз

  1. Шахсони вокеи ва хукуки дар холате шахсони бонуфуз хисобида мешаванд, ки ба фаъолияти субъектхои хочагидори дар бозори мол (кор, хизматрасони) фаъолиятдошта, метавонанд таъсир расонанд.
  2. Ба шахсони бонуфузи шахси вокеи, ки фаъолияти сохибкориро амали мегардонанд, инхо дохил шуда метавонанд:

– шахсоне, ки ба гурухи ба шахси вокеи тааллукдошта дохил мешаванд;

–  шахси хукуки, ки дар хайати он шахси вокеии мазкур хукук дорад ба зиёда аз бист фоизи мачмуи умумии овозхо, ки ба сахмияхо ва хиссахо мувофиканд ва сармояи оинномавии (шариконаи) хамин шахси хукукиро ташкил медиханд, ихтиёрдори намояд.

  1. Ба шахсони бонуфузи шахси хукуки инхо дохил шуда метавонанд:

– узви шурои директорон (шурои нозирон) ё дигар макомоти идоракунии дастачамъи, узви макомоти ичроияи дастачамъии он, инчунин шахсе, ки салохияти макомоти ягонаи ичроияи онро амали мегардонад;

– шахсоне, ки ба гурухи ба шахси хукуки тааллукдошта дохил мешаванд;

– шахсоне, ки хукуки дар мачмуъ зиёда аз бист фоизи овозхоеро, ки ба сахмияхо ва хиссахо мувофиканд ва сармояи оинномавии (шариконаи) хамин шахси хукукиро ташкил медиханд, ихтиёрдори кунанд. Агар шахси хукуки иштирокчии иттиходияхои шахсони хукуки бошад, ба катори шахсони бонуфузи вай, аъзои шурои директорон (шурои нозирон) ё дигар макомоти идоракунии дастачамъи, инчунин шахсоне, ки салохияти макомоти ягонаи ичроияи иштирокчиёни гурухи саноатию молиявиро амали мегардонанд, дохил мешаванд.

  1. Дар Конуни мазкур шахсони бонуфуз хамчун субъекти ягонаи хочагидор хисобида мешаванд.

Моддаи 14. Санад ва амалхои макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ки ба махдудкунии ракобат равона гардидаанд

  1. Ба макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот кабул намудани санад ё ба анчом расонидани амалхое, ки мустакилияти субъектхои хочагидорро махдуд месозанд, шароити табъизи ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектхои хочагидори алохида фарохам меоранд, манъ аст, агар натичаи ин санад ва амалиёт боиси рох надодан, бартараф намудан ва махдудшавии ракобат, халалдор намудани манфиатхои субъектхои хочагидор ё шахрвандон гардидааст ё метавонад гардад. Аз чумла, амалхои зерин манъ карда мешаванд:

– беасос чори намудани махдудкуни ба таъсиси субъектхои хочагидори нав дар ягон сохаи фаъолият, инчунин манъ кардан ё махдудкуни ба ичро гардидани намудхои алохидаи фаъолият ё истехсоли намудхои муайяни молхо, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст;

– манъ ё махдудкунии интиколи озоди мол аз як минтака ба минтакаи дигар ё махдуд намудани хукуки субъектхои хочагидор барои хариду фуруши молхо;

–  ба субъектхои хочагидор додани дастур дар бораи дар навбати аввал ба доираи муайяни харидорон (фармоишдихандагон) тахвил намудани молхо (кор, хизматрасони) ё бастани шартномахо бе назардошти афзалиятхое, ки бо конунгузори ё дигар санади меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар гардидааст;

– беасос ба як ё якчанд субъектхои хочагидор додани имтиёзхое, ки онхоро дар бозори мол нисбат ба дигар субъектхои хочагидор дар холати афзалиятнок мегузорад;

– мукаррар кардани махдудият барои харидорони молхо (кор, хизматрасони) вобаста ба интихоби субъектхои хочагидоре, ки молро истехсол (ичро, пешниход) мекунанд, ба истиснои холатхои чойгиркунии молхо, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст.

  1. Санадхои макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба масъалахои таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихи бо тартиби мукарраргардида (дар холатхое, ки дар конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд), инчунин додани имтиёз ба субъектхои хочагидори алохида дар мувофика бо макомоти давлатии зиддиинхисори мувофика шавад, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  2. Муттахидшавии шахсони хукуки ва макомоти давлати бо максади инхисор намудани истехсолот ё фуруши молхо, ба зиммаи макомоти давлатии дахлдор гузоштани ваколатхое, ки амалисозии онхо боиси махдудкунии ракобат мегардад ва якчоя кардани вазифахои макомоти идоракуни бо вазифахои субъектхои хочагидор, инчунин ба зиммаи субъектхои хочагидор вогузоштани вазифа ва хукукхои макомоти назорати давлати манъ аст, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.
  3. Дар хама гуна шакл бастани созишнома ё анчом додани амали мувофикашудаи макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин ташкилотхои ваколатдори макомоти зикршуда байни худ ё байни онхо ва субъектхои хочагидор, ки дар натичаи он рох надодан, махдуд сохтан ё бартараф намудани ракобат ё халалдор кардани манфиатхои субъектхои хочагидор чой дорад, ё чой дошта метавонад, манъ аст. Аз чумла, бастани созишнома ё анчом додани амали мувофикашуда, ки боиси натичахои зерин гардидааст ё мегардад, манъ аст:

– баланд бардоштан, паст кардан ё тагйир надодани нарххо (тарифхо);

– беасос муайян намудани сатхи тагйирёбандаи гуногуни нарххо барои харидорони мухталифе, ки хамон як молро ба даст меоранд;

– таксим кардани бозор аз руи принсипи худуди, хачми фуруш ё харид, номгуи молхои фуруш ва ё аз руи доираи фурушандагон ё харидорон (фармоишгарон);

– махдуд сохтани дастраси ба бозор ё аз он дур сохтани субъектхои хочагидор.

Моддаи 15. Бозорхои танзимшаванда

  1. Бо максади химояи ракобат ва пешгирии инхисоркунонии бозори мол, танзими давлатии бозори мол амали карда мешавад. Ба низом даровардани нархгузори дар бозори моли муайян (кор, хизматрасони) бо рохи танзими давлатии зиддиинхисори сурат мегирад.
  2. Дар сурати афзоиш ва ё болоравии беасоси нарххои молу махсулоти муайян дар бозори мол, нисбати онхо танзими зиддиинхисори ва назорати давлати татбик мегардад.
  3. Назорати давлати оид ба тартиби ташаккул ва татбики нарху тарифхои озод ба молу махсулоти муайян аз чониби макомоти давлатии зиддиинхисори амали карда мешавад.
  4. Дар холати болоравии беасоси нарххо ва камчинии молу махсулот, мудохилаи моли аз чониби макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар мувофика бо макомоти давлатии зиддиинхисори амали карда мешавад.
  5. Номгуи молу махсулоти аз чихати ичтимои зарури, ки нарххояшон тахти танзими давлати карор доранд, бо пешниходи макоми давлатии зиддиинхисори аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Моддаи 16. Намудхои ракобати бевичдонона

  1. Ба ракобати бевичдонона инхо дохил мешаванд:

–  пахн намудани маълумоти бардуруг, носахех ё тахрифшуда, ки боиси расонидани зарар ба дигар субъектхои хочагидор мегардад ё обруи кориашонро паст мегардонад;

– ба иштибох гузоштани истеъмолкунандагон оид ба хусусият, тарз, чои истехсол ва хосиятхои истеъмоли, сифати ва микдори мол ё истехсолкунандагони он, аз чумла рекламаи мол (кор, хизматрасони), ки ба талаботи сифат чавобгу намебошад:

– мукоисаи номуносиби молхои истехсолшаванда ва фурухташавандаи субъекти хочагидор аз чониби худи у бо молхои субъектхои дигари хочагидор (аз чумла дар чараёни фаъолияти рекламави);

– гирифтан, истифода бурдан, ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тичорати ё хизмати, ё дигар сирри бо конун хифзшаванда;

– истифодаи худсаронаи тамгахои мол, тамгаи хизматрасони, тамгахои моли маъруфшуда, ном ё нишонгузории фирмави, инчунин нусхабардории борчома ва намуди зохирии моли дигар субъекти хочагидор, ки метавонанд ракибонро аз фаъолияти сохибкориашон махрум созанд ва ё манфиати онхоро халалдор созанд;

– реклама, фуруш, мубодила ва дигар намуди гардиши мол бо рохи истифодаи тамгахои мол, тамгаи кор, хизматрасони, ном ё нишонгузории фирмави, инчунин нусхабардории борчома ва намудхои моли субъектхои хочагидор амали гарданд;

– дахолат кардан ба фаъолияти сохибкори, додани имтиёзхои гуногуни модди ба кормандони субъектхои хочагидори ракобаткунанда бо максади ба тарафи худ чалб намудани онхо барои ичро накардани ухдадорихои мехнати;

– амале, ки вокеан метавонад дастрас будани бозорро хеле махдуд созад.

  1. Ракобати бевичдонона, ки вобаста ба сохиб шудан ва истифода бурдани хукукхои истиснои ба воситахои инфиродикунонии шахсони хукуки, инфиродикунонии мол, истифодаи тамгахои молии маъруфшуда, корхои ичрошаванда ё хизматрасони алокаманд аст, манъ аст.
  2. Макомоти давлатии зиддиинхисори санадхоро вобаста ба вайрон кардани мукаррароти кисми 2 моддаи мазкур дар хусуси инфиродикунонии махсулот, тамгаи мол, истифодабарии тамгаи моли маъруфшуда, кор ва хизматрасонихои ичрошаванда ва пеш аз мухлат катъ намудани амали бакайдгирии объекти хукукхои истиснои, ё оид ба беэътибор эътироф намудани бакайдгирии ин объект ба макомоти дахлдори давлати ирсол менамояд.

Моддаи 17. Талаботи зиддиинхисори оид ба гузаронидани озмун барои чойгиркунии фармоишхо чихати тахвили мол, ичрои кор ва хизматрасони барои эхтиёчоти давлати

  1. Хангоми гузаронидани озмун барои чойгиркунии фармоишхо чихати тахвили мол, ичрои кор ва хизматрасони барои эхтиёчоти давлати ба амалхои зерин ичозат дода намешаванд:

– фарохам овардани шароити афзалиятноки иштирок дар озмун, аз чумла дастрас намудани иттилооти махфи, кам кардани маблаги пардохт барои иштирокчиёни алохидаи озмун;

– дар озмун иштироки созмондихандагон (фармоишгарон) ва кормандони созмондихандагони озмунхо ё шахсоне, ки бо корманди созмондихандаи озмун шомили як гурухи шахсон мебошанд, инчунин шахсони хукукие, ки дар онхо корманд – созмондихандаи озмун хукук дорад беш аз бист фоизи шумораи умумии овозхои дар сахмияхои овоздихи ба даст овардаро, ё ин ки сармояи оинномавии (шариконаи) шахси хукукиро ихтиёрдори намояд;

– аз чониби созмондихандаи озмун амали кардани хамохангсозии фаъолияти иштирокдорони он, ки дар натича махдудияти ракобат байни иштироккунандагони озмун ё махдуд сохтани манфиати иштироккунандагони он чой доранд, ё чой дошта метавонанд;

– баланд бардоштан, паст кардан ё тагйир надодани нарх дар музоядахо ва савдо;

– вайрон намудани тартиби муайян кардани голиб (голибон);

– беасос махдуд сохтани дастрасии имконияти иштирок дар озмун.

  1. Гузаронидани озмун ва музоядахо чихати тахвили мол, ичрои кор, хизматрасонихо барои эхтиёчоти давлати, бо максади пешгирии амалхои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, дар мувофика бо макомоти давлатии зиддиинхисори амали карда мешаванд.
  2. Вайронкунии талаботи мукаррарнамудаи кисмхои 1 ва 2 моддаи мазкур барои аз чониби суд беэътибор донистани озмун ва музояда, аз чумла бо даъвои макомоти давлатии зиддиинхисори асос шуда метавонад.

Моддаи 18. Расонидани ёрии давлати ва махалли

  1. Ёрии давлати ва махалли, ба истиснои ёрии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо максади огохкуни, пешгири, махдудкуни ва катъи фаъолияти инхисори ва ракобати бевичдонона танхо бо ичозати пешакии макомоти давлатии зиддиинхисори дода мешавад.
  2. Шахсе, ки хохиш дорад ба як ё якчанд субъектхои хочагидор ёрии давлати ва махалли расонад, ба макомоти давлатии зиддиинхисори дар хусуси додани ичозат барои расонидани ёри дархост фиристода, тамоми иттилооти заруриро, ки Тартиб ва Номгуи онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд, ба он замима мекунад.
  3. Макомоти давлатии зиддиинхисори чихати конеъ гардонидани дархост оид ба ёрии давлати ва махалли карори дахлдорро вобаста ба намудхои зерини ёри кабул менамояд:

– бо максади гузаронидани тадкикоти бунёдии илми, ки мустакиман ба истехсоли махсулоти нав ё бехтар намудани сифати он ё равандхои мавчудаи технологи нигаронида нашуда бошад;

– бо максади хифзи мухити зист;

– барои рушди фарханг ва хифзи мероси фарханги;

– барои истехсоли махсулоти кишоварзи;

– барои таъмини хифзи ичтимои ва тандурустии ахоли;

– барои хифзи мехнат;

– ба субъектхои хурду миёнаи сохибкори.

  1. Карор дар хусуси конеъ нагардонидани дархост дар холате кабул карда мешавад, агар ёрии давлати ё махалли ба шартхои пешбининамудаи кисми 3 моддаи мазкур мутобик набошад.
  2. Додани (чудо, таксим намудан) маблагхои давлати ё махалли (захирахо, имтиёзхои инфироди ва (ё) афзалият) ба шахси алохида вобаста ба натичахои савдо (озмун) ва (ё) мутобики дигар расмиёти пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ёрии давлати ва махалли ба хисоб намеравад.
  3. Додани (чудо, таксим намудан) маблагхои давлати ё махалли (захирахо, молу мулк) ба шахсони алохида бо максади рафъи окибатхои офати табии, садама, фалокат ва холатхои фавкулода, окибати амалиёти низоми ва амалиёти зиддитеррористи аз хисоби фондхои эхтиётии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ёрии давлати ва махалли ба хисоб намеравад.
  4. Макомоти давлатии зиддиинхисори оид ба дархости ичозат барои расонидани ёрии давлати ё махалли дар давоми ду мох аз рузи гирифтани маълумоти зарури карори дахлдор кабул мекунад.
  5. Дар мавриди гузаронидани омузиши иловаги макомоти давлатии зиддиинхисори дархосткунандаро огох намуда, дар давоми як мох аз рузи гирифтани маълумоти зарури оид ба дархост карор кабул менамояд.
  6. Карор оид ба конеъгардонии дархост чихати расонидани ёрии давлати ё махалли метавонад дорои дастуре бошад, ки дар он барои гирандаи дастур талаботи зарури оид ба мутобик намудани ёрии давлати ва махалли бо шартхои кисми 3 моддаи мазкур мукаррар гардидааст. Риояи дастур хангоми расонидани ёри хатми мебошад.

Моддаи 19. Назорати давлатии расонидани ёрии давлати ва махалли ва истифодаи он

  1. Макомоти давлатии зиддиинхисори назоратро аз руи риояи максад ва шартхои расонидани ёрии давлати ва махалли, ки дар дархост оид ба ичозати расонидани чунин ёри зикр гардидааст, амали менамояд.
  2. Тартиби расонидани ёрии давлати ва махалли, баррасии дархост оид ба ёрирасони, амалисозии назорати истифодаи он, бекор кардани карори конеъгардонии дархост оид ба расонидани ёри, инчунин баргардонидани он тибки Низомномае, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мегардад, мукаррар карда мешавад.
  3. Макомоти давлатии зиддиинхисори хукук дорад, дар холатхои зерин карори конеъгардонии дархости расонидани ёрии давлати ва махаллиро бекор кунад, ё чихати баргардонидани он амрнома дихад, агар:

– карор оид ба конеъгардонии дархости расонидани ёрии давлати ва махалли ба иттилооти нодурусте асос ёбад, ки барои кабули карор ахамият дошта бошад;

– аз чониби дархосткунанда вайрон кардани талаботи расонидани ёрии давлати ва махаллие, ки бо моддаи мазкур пешбини шудааст;

– ёрии давлати ва махалли ба максад ва шартхои пешбинишудаи дархост оид ба ичозати расонидани ёри номутобикати дошта бошад;

– хангоми расонидани ёрии давлати ва махалли тартиби мукаррарнамудаи моддаи 18 Конуни мазкур вайрон шуда бошад.

Моддаи 20. Ваколатхои макомоти давлатии зиддиинхисори хангоми вайрон кардани талаботи расонидани ёрии давлати ва махалли ва истифодаи он

Санадхои (карор, амрнома, фармоиш, дастури хатти) макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва дигар ташкилотхои давлатие, ки ваколатхои онхоро амали менамоянд, инчунин ташкилотхои давлатии гайрибучети, Бонки миллии Точикистон, ки ба субъектхои алохидаи хочагидор афзалият ва (ё) имтиёз медиханд, бо тартиби суди аз руи даъвои макомоти давлатии зиддиинхисори беэътибор дониста мешаванд.

БОБИ 3. МАКОМОТИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИИНХИСОРИ

Моддаи 21. Вазифахои макомоти давлатии зиддиинхисори

  1. Макомоти давлатии зиддиинхисори барои татбики сиёсати зиддиинхисори дар сохаи рушди бозорхо ва ракобати фаъолияти сохибкори масъул буда, вазифахои асосии зеринро амали менамояд:

– мусоидат ба ракобати солим;

– огохкуни, пешгири, махдудкуни ва катъ намудани фаъолияти инхисори ва ракобати бевичдонона;

– мусоидат ба ташаккули муносибатхои бозори дар асоси рушди ракобат ва сохибкори;

– назорати давлати оид ба риояи конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон;

– андешидани чорахо оид ба гайриинхисори кардани истехсол ва муомилоти мол;

– назорати риояи талаботи конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон хангоми таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии субъектхои хочагидор ва иттиходияхои онхо;

– назорати хариди сахмияхо ва хиссахои дорои хукуки овозхо дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектхои хочагидор ва иттиходияхои онхо, ки метавонад ба мавкеи хукмфармоии субъектхои хочагидор дар бозорхои мол гарданд ё ба махдудияти ракобат оварда расонанд;

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон вобаста ба масъалахои такмили конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход менамояд, оид ба лоихаи санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон вобаста ба фаъолияти бозор ва рушди ракобат хулоса медихад;

– додани тавсияхо ба макомоти давлати оид ба гузаронидани тадбирхо барои рушди бозорхои мол ва ракобат  мусоидаткунанда;

– бо тартиби мукарраргардида амали намудани хамкори бо макомоти давлатии давлатхои хоричи, ташкилотхои байналмилали, иштирок дар тахия ва татбики шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон, дар кори комиссияхои байниидорави дар самти татбики барномахо, лоихахои байналмилали оид ба масъалахои сиёсати зиддиинхисори.

  1. Вазифахои макомоти давлатии зиддиинхисори ва сохтори он бо Низомномае, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мегардад ва бо дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 22. Ваколатхои макомоти давлатии зиддиинхисори

  1. Макомоти давлатии зиддиинхисори дорои ваколатхои зерин мебошад:

– назорати давлатии риояи конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистонро аз чониби шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон, шахсони хоричи, сохибкорони инфироди, макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва дигар ташкилотхои давлатие, ки ваколатхои онхоро амали менамоянд, инчунин ташкилотхои давлатии гайрибучети, ташкилотхои молияви амали намояд;

– карор (фармоиш) дар бораи эътироф намудани мавкеи хукмфармоии субъектхои хочагидорро кабул намуда, тартиби ташаккул ва пешбурди Фехристи субъектхои хочагидоре, ки дар бозорхои мол ва молияви мавкеи хукмфармоиро доро мебошанд, муайян ва назорат намояд;

– дар баррасии парвандахои марбут ба истифода ва (ё) вайрон кардани конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон дар суд иштирок намояд;

– ба суд бо аризаи даъвоги дар бораи вайрон кардани конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон мурочиат намояд;

– дар воситахои ахбори омма карор ва амрномаи макомоти давлатии зиддиинхисориро нашр намояд;

– ба макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба гузаронидани чорабинихое, ки ба рушди ракобат дар бозорхои мол равона гардидаанд, тавсияхо дихад;

– бо макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва тибки тартиби мукарраргардида бо ташкилотхои байналмилали, макомоти давлатии давлатхои хоричи дар доираи ваколати худ мубодилаи иттилооти анчом дихад;

– мониторинги бозори молро гузаронида, вазъи ракобатро дар бозорхои мол тахлил ва арзёби намояд;

– назорати давлатиро аз руи тартиби дурустии ташаккул ва татбики нарху тарифхои озод ба махсулоти таъйиноти истехсолию техники, молхои истеъмолии халк ва хизматрасонихо дар бозори танзимшаванда амали намояд;

– санчиши риояи конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистонро аз чониби субъектхои хочагидор, макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин шахсони вокеи гузаронида, аз онхо бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хуччати зарури, иттилоот ва тавзехотро дар шакли хатти ва шифохи гирад;

– бо максади ичрои вазифахои ба зиммааш гузошташуда Тавсияхои методи оид ба муайян кардани навъи шартномахо, Тартиби муайянсозии нарххои (тарифхои) субъектхои хочагидор ё сатхи нихоиашонро, ки дар бозори молии Чумхурии Точикистон мавкеи хукмфармо доранд, Низомнома дар бораи тартиби танзими нарх ба махсулот ва молхои тайёркарда, хизматрасонии анчомдодаи субъектхои хочагидор – доминантхо ва инхисорон, Коидахои тартиби гузаронидани санчиши риояи конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон аз чониби макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва ташкилотхои ваколатдори макомоти зикршуда анчом дода мешавад, Низомномаи тартиби ба макомоти зиддиинхисори пешниход намудани дархосту огохинома тибки талаботи моддахои 25 ва 26 Конуни мазкур, Коидахои муайян намудани мавкеи хукмфармоии субъекти хочагидор, Тартиби муайян намудани нарххои баланди инхисори ва пасти инхисори дар бозорхои хизматрасонии молиявии Чумхурии Точикистонро тахия ва тасдик намояд;

– Низомномаи тартиби ташаккул ва татбики нарху тарифхои озод ба махсулоти таъйиноти истехсолию техники, молхои истеъмоли халк ва хизматрасонихоро чихати тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намояд;

– назорати давлатии зиддиинхисориро аз руи муносибатхои вобаста ба фаъолияти инхисори ва ракобати бевичдонона дар бозори мол, кор ва  хизматрасони амали намояд;

– нарххои (тарифхои) хизматрасонии пулакии макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва субъектхои хочагидори ба доираи идоракунии онхо дохилбударо мувофика намояд;

– бо максади огохкуни, пешгири ва катъ намудани  инхисорикунони, махдудсози ва чори намудани ракобат хангоми хусусигардонии корхонахо ва ташкилотхои давлати иштирок намояд;

– нарххои (тарифхои) хизматрасонии субъектхои хочагидорро, ки дар бозорхои моли муайяни Чумхурии Точикистон мавкеи хукмфармо ва инхисориро ишгол мекунанд, танзим ва мувофика намояд;

– бо тартиби мукарраргардида дар хусуси вучуд доштан ё надоштани махдудияти ракобат дар бозори мол хангоми татбик, тагйир додан ва катъ гардидани амали тарифи гумруки ва дар бораи чори кардани чорахои гайритарифи хулоса дихад;

– оид ба чарима намудани субъектхои хочагидор, таъйин намудани чазои маъмури ба рохбарони онхо, шахсони вокеи, аз чумла сохибкорони инфироди, шахсони мансабдори макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот барои вайрон кардани конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон, ба истиснои холатхои вайрон кардани тартиботи мукарраргардидаи нархгузори мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи монополияхои табии карор кабул кунад;

– ба макомоти дахлдори давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба мукаррар ё бекор намудани ичозатномахо, квотахо, тагйир додани тарифхои гумруки ва дигар намуди ёрии давлати таклифхо пешниход намояд;

– масъалахои татбики конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистонро шарх дихад;

– дар холате, ки макомоти давлати вазифахои назорати ва санчиширо дар бозорхои мол амали кунанд, макомоти зиддиинхисори дар хусуси ба конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон мутобик гардонидани санадхо ва амали чунин макомот пешниход ирсол намояд;

– бо максади огохкуни, пешгирии ракобати бевичдонона ва таъмини ракобат хангоми хусусигардонии корхона ва ташкилотхои давлати иштирок намояд;

– амали намудани дигар ваколатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд.

  1. Макомоти давлатии зиддиинхисори бо максади амали намудани сиёсати зиддиинхисори ва таъмини химояи ракобат, санадхои меъёрии хукукиро дар шакли фармоиш (карор, амрнома), барои ичрои хатми кабул менамояд.
  2. Макомоти давлатии зиддиинхисори дар сурати аз чониби субъектхои хочагидор вайрон кардани талаботи Конуни мазкур парвандахои маъмуриро огоз ва барраси менамояд ва аз руи натичаи онхо карор кабул намуда, ба онхо барои ичрои хатми амрномахои зайл медихад:

– дар бораи катъ намудани амали мувофикашуда ва (ё) катъ намудани иштирок дар созишномаи махдудкунандаи ракобат ва катъ кардани суиистифодабарии субъекти хочагидори дорои мавкеи хукмфармои дар бозор, инчунин ичрои амале, ки ба таъмин намудани ракобат нигаронида шудааст;

– дар бораи катъ намудани вайрон кардани коидахои гайритабъизии дастраси ба молхо (кор, хизматрасони);

– дар бораи анчом додани амал оид ба таъмини ракобат хангоми назорати давлати, ки дар Конуни мазкур пешбини шудааст;

– дар бораи катъ кардани ракобати бевичдонона;

– дар бораи рох надодан ба амале, ки ба вайрон кардани ракобат ва конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон тахдид менамояд;

– дар бораи баркарор кардани вазъе, ки то вайрон кардани конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон мавчуд буд;

– дар бораи ичрои амале, ки ба таъмини ракобат хангоми анчом додани назорате, ки ба расонидани ёрии давлати ва махалли нигаронида шудааст;

– дар бораи бастани шартномахо;

– дар хусуси тагйир додани шартхои шартномахо ё бекор кардани онхо;

– дар бораи дигар кардан ё махдуд намудани истифодаи номи фирмави;

– дар бораи ичрои талаботи иктисоди, техники, иттилооти ва дигар талаботе, ки ба рафъ ва огохонии минбаъд ба миён наомадани шароитхои табъизи нигаронида шудааст;

– дар бораи ичрои амале, ки ба таъмин намудани ракобат нигаронида шудааст;

– дар бораи катъ намудани вайрон кардани конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон ва рафъи окибатхои он.

  1. Макомоти давлатии зиддиинхисори ба макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин шахсони мансабдори онхо амрномахоро вобаста ба масъалахои зерин медихад, ки ичрои онхо хатми мебошад:

– дар бораи бекор кардан ё тагйир додани санадхои кабулнамудаашон, ки ба конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон мухолифат менамоянд;

– дар бораи бекор кардан ё тагйир додани шартномахое, ки ба конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон мухолифат мекунанд;

– дар бораи беэътибор донистани санадхои меъёрии хукукии макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ки пурра ё кисман ба конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон мухолифат менамоянд;

– дар бораи беэътибор донистани шартномахо, ки пурра ё кисман ба конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон мухолифат менамоянд;

– дар бораи хатман бастани шартнома;

– дар бораи бархамдихи ё азнавташкилдихии шахсони хукуки дар холатхои муайяннамудаи конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон;

– дар бораи андешидани чорахои зарури нисбати шахсоне, ки ба вайрон кардани конунгузории зиддиинхисори рох додаанд;

– дар бораи беэътибор донистани савдохо (озмунхо);

– дар бораи азнавташкилдихии мачбурии шахсони хукуки (дар шакли таксимкуни, чудокуни), ки конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистонро вайрон мекунанд;

– дар бораи катъ намудани дигар вайронкунихои конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон.

  1. Макомоти давлатии зиддиинхисори хангоми ошкор намудани далелхои вайрон кардани талаботи Конуни мазкур аз чониби шахсони вокеи ва хукуки, аз чумла шахсони хоричи, макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар бораи ба Бучети давлати гузаронидани даромаде, ки дар натичаи вайрон кардани конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон ба даст оварда шудааст, карор кабул менамояд ё амрнома медихад.
  2. Макомоти давлатии зиддиинхисори бо максади мусоидат ба рушди бозорхои мол ва ракобат, дастгирии сохибкори ва гайриинхисори намудан ба макомоти дахлдори давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба масъалахои зерин тавсияхо медихад:

– додани карзи имтиёзнок ба субъектхои хочагидоре, ки маротибаи аввал ба бозори моли муайян дохил мешаванд;

– ташкил ва инкишофи сохторхои ба хам монанд дар сохахои истехсолот ва муомилот, аз чумла аз хисоби маблагхои карзи;

– маблаггузории чорабинихо оид ба зиёд кардани истехсоли мол бо максади бартараф намудани мавкеи хукмфармоии субъектхои хочагидори алохида;

– чалби сармояи хоричи ба иктисодиёти Чумхурии Точикистон, ташкили корхонахо бо сармоягузории хоричи.

  1. Макомоти давлатии зиддиинхисори дар амали гардондани барномахои гайриинхисорикунони, инкишофи ракобат ва дастгирии сохибкори иштирок менамояд.

Моддаи 23. Хукуки дастрас намудани иттилоот

  1. Кормандони ваколатдори макомоти давлатии зиддиинхисори бо максади ичро намудани вазифахои ба зиммаашон гузошташуда, дар асоси гузаронидани мониторинги бозор, шикояти воридшуда ва (ё) хангоми гумонбарии асоснок оид ба вайрон кардани конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон, барои шиносшави бо хуччатхои зарури бо пешниходи карори макомоти давлатии зиддиинхисори хукук доранд, ба макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин ба бинои субъектхои хочагидор ворид шаванд.
  2. Макомоти хифзи хукук дар доираи ваколати худ ба кормандони макомоти давлатии зиддиинхисори барои ичрои вазифахои хизматиашон ёри мерасонанд.
  3. Субъектхои хочагидоре, ки ба Фехристи субъектхои хочагидори дорои мавкеи хукмфармои дар бозори моли муайян ворид карда шудаанд, ухдадоранд ба макомоти давлатии зиддиинхисори хисобот ва маълумоти зеринро пешниход намоянд:

– хисоботи молияви мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви аз руи натичахои солона то 1 майи соли оянда;

– хар семоха маълумот аз руи шакли мукаррарнамудаи макомоти зиддиинхисори оид ба навъи махсулоти инхисори аз руи хачми истехсол, фуруш, нарх ва дарачаи даромаднокии молхои инхисори баъд аз семохаи хисоботи дар мухлати то санаи 15 мохи оянда.

  1. Субъектхои хочагидор (рохбарони онхо), макомоти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати (шахсони мансабдори онхо), шахсони вокеи, аз чумла сохибкорони инфироди ухдадоранд бо талаби макомоти давлатии зиддиинхисори хуччатхои сахех ва дигар иттилоотеро, ки барои фаъолияти макомоти давлатии зиддиинхисори заруранд, инчунин пешниходи хуччатхо, маълумоти хангоми тахлили (мониторинги) бозор, санчиш (тафтиш) талаб кардашуда ва ё дар мухлати мукарраргардида пешниход нагардидаро пешниход намоянд.
  2. Маълумоти дорои сирри тичорати, хизмати ва сирри дигари бо конун хифзшаванда, инчунин маълумоте, ки кормандони макомоти давлатии зиддиинхисори хангоми амалисозии ваколати худ ба даст овардаанд, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур бояд ошкор карда нашаванд.

БОБИ 4. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИ АЗ РУИ МУТАМАРКАЗИЯТИ (КОНСЕНТРАТСИЯИ) ИКТИСОДИ

Моддаи 24. Намудхои назорати давлати аз руи мутамарказияти (консентратсияи) иктисоди

  1. Бо максади рох надодан ба махдудкуни, вайронкуни ва бартараф намудани ракобат, катъ кардани созишнома ё амалхои вобаста ба дороихо, сахмияхо ва хиссахое, ки дорои хукуки овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектхои хочагидор ва иттиходияхои онхо мебошанд, воситахои асосии истехсолот ё дороихои гайримоддии субъектхои хочагидор, ташкилотхои тичорати ва гайритичоратии дар Чумхурии Точикистон карордошта, инчунин шахсони хоричи ё ташкилотхои хоричие, ки дар давоми сол воридоти молро ба андозаи зиёда аз дусад хазор нишондиханда барои хисобхо ба худуди Чумхурии Точикистон амали менамоянд, тахти назорати давлатии зиддиинхисори карор дода мешаванд.
  2. Аз чониби макомоти ваколатдори давлати дар самти химоя ва рушди ракобат, назорати давлати аз руи амалхои зерин татбик карда мешавад:

– таъсис, азнавташкилдихии (муттахидшави, хамрохшавии) шахсони хукуки,  субъектхои хочагидор ва иттиходияхои онхо;

– ба даст овардани сахмияхо ва хиссахои дорои хукуки овози субъекти хочагидор;

– ба даст овардани сахмияхо ва хиссахои субъекти хочагидор;

– аз тарафи як субъекти хочагидор (гурухи шахсон) ба сохибмулки гирифтан, истифода намудан ва ё ихтиёрдори намудани воситахои асосии истехсолот ва ё дороихои гайримоддии дигар субъекти хочагидор;

– аз чониби шахс (гурухи шахсон) ба даст овардани хукуке, ки ба субъекти хочагидор имконият медихад шароити амали гардонидани фаъолияти сохибкории хамин шахсро (гурухи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи макомоти идоракунии онро дар худуди давлат ва берун аз он ичро кунад.

Моддаи 25. Назорати давлатии таъсисдихи, азнавташкилдихи, бархамдихии субъектхои хочагидор ва иттиходияхои онхо

  1. Бо розигии пешакии макомоти давлатии зиддиинхисори амалхои зерин анчом дода мешаванд:

– таъсис ва азнавташкилдихии иттиходияхои субъектхои хочагидор;

– таъсис ва азнавташкилдихии субъектхои хочагидор, агар андозаи арзиши сармояи оинномавии онхо аз панчох хазор нишондиханда барои хисобхо бештар бошад;

– муттахидшавии шахси хукуки ё хамрох шудани шахси хукуки ба дигар шахси хукуки, агар арзиши умумии тавозунии дороихои онхо (дороихои гурухи шахсони онхо) мувофики тавозуни охирин аз сад хазор нишондиханда барои хисобхо бештар бошад;

– таъсиси шахси хукуки хангоми пардохти сармояи оинномавии (шариконаи) он бо сахмияхо ва хиссахо ё молумулки дигар шахси хукуки;

– ба даст овардани сахмияхо ва хиссахои дорои хукуки овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектхои хочагидор;

– бархамдихи ва таксимкунии (чудокунии) шахси хукуки, ки арзиши дороихояш аз бисту панч хазор нишондиханда барои хисобхо зиёд аст, агар ин боиси ташкил шудани шахси хукукие гардад, ки дар бозори мол мавкеи хукмфармоиро дорад.

  1. Дар холатхои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, шахс ё макомоти манфиатдор ба макомоти давлатии зиддиинхисори гайр аз хуччатхое, ки ба макомоти бакайдгиранда пешниход мекунанд, дархост дар бораи додани розиги ба таъсис ва азнавташкилдихии он, маълумот дар бораи фаъолияти асоси, мачмуи истехсол ва фуруши махсулот (кор, хизматрасони) дар бозорхои дахлдори мол пешниход менамоянд.
  2. Макомоти давлатии зиддиинхисори хукук дорад, иттилооти дигари барои ичрои ваколаташ заруриро аз субъектхои хочагидор ва иттиходияхои онхо талаб намояд.
  3. Макомоти давлатии зиддиинхисори на дертар аз дах рузи кабули хуччатхои зарури ба аризадиханда дар бораи карори кабулгардида хатти хабар медихад.
  4. Дар холатхое, ки таъсиси (хамрохшавии, муттахидшавии) шахсони хукуки, субъектхои хочагидор ва иттиходияхои онхо ба махдудкунии ракобат оварда расонанд, муассисони субъектхои хочагидор, шахс ё макомоте, ки дар бораи хамрохшави, муттахидшави карор кабул кардаанд, ухдадоранд бо карори макомоти давлатии зиддиинхисори чихати баркарор намудани шароити зарурии ракобат чорахо андешанд.
  5. Ичро накардани талаботи конунии макомоти давлатии зиддиинхисори барои беэътибор донистани бакайдгирии давлати бо тартиби суди аз руи даъвои макомоти давлатии зиддиинхисори асос мешавад.
  6. Дар холатхои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, бакайдгирии давлатии иттиходияхои субъектхои хочагидор, инчунин аз Фехристи ягонаи давлати баровардани онхо аз тарафи макомоти давлатии бакайдгиранда, танхо бо розигии пешакии макомоти давлатии зиддиинхисори анчом дода мешавад.
  7. Бакайдгирии давлатии субъектхои хочагидор ва иттиходияхои онхо, ки таъсис ва азнавташкилдихии онхо бе розигии пешакии макомоти давлатии зиддиинхисори сурат гирифтааст, бо тартиби суди аз руи даъвои макомоти давлатии зиддиинхисори беэътибор дониста мешаванд.

Моддаи 26. Назорати давлатии риояи конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон хангоми хариди сахмияхо ва  хиссахо дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектхои хочагидор ва дигар мавридхо

  1. Бо розигии пешакии макомоти давлатии зиддиинхисори дар асоси дархости шахсони вокеи ва хукуки амалхои зерин сурат мегиранд:

– аз тарафи шахс (гурухи шахсон) харид кардани сахмияхо ва хиссахои дорои хукуки овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъекти хочагидор, ки дар натича чунин шахс (гурухи шахсон) хукуки ихтиёрдории бештар аз бист фоизи сахмияхо ва хиссахои харидоришударо пайдо мекунад. Талаботи мазкур ба муассисони субъекти хочагидор хангоми таъсиси он татбик намегардад;

– аз тарафи як субъекти хочагидор (гурухи шахсон) сохиб шудан ба воситахои асосии истехсолот ё дороихои гайримоддии субъекти хочагидори дигар ё мавриди истифода карор гирифтани онхо, агар арзиши тавозунии молу мулки ташкилдихандаи мавзуи ахд аз дах фоизи арзиши тавозуни воситахои асосии истехсолот ва дороихои гайримоддии субъекти хочагидори чудокунандаи молу мулк зиёд бошад;

– аз тарафи шахс (гурухи шахсон) ба даст овардани хукуке, ки ба субъекти хочагидор имконият медихад, шароити амали гардонидани фаъолияти сохибкории хамин шахсро (гурухи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи макомоти идоракунии онро ичро кунад.

  1. Розигии пешаки барои амалисозии ахдхое, ки дар кисми 1 моддаи мазкур нишон дода шудаанд, дар мавридхое талаб карда мешавад, агар арзиши умумии тавозунии дороихои шахсони дар кисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда аз дусад хазор нишондиханда барои хисобхо зиёд бошад ва яке аз онхо субъекти хочагидоре бошад, ки ба Фехристи субъектхои хочагидори дорои мавкеи хукмфармо ворид гардидааст ва ё харидор гурухи шахсоне мебошад, ки фаъолияти хамин субъекти хочагидорро назорат мекунад.
  2. Барои бастани ахдхое, ки дар кисми 1 моддаи мазкур пешбини гардидаанд, шахс (гурухи шахсон) ухдадор аст, ба макомоти давлатии зиддиинхисори дар бораи додани розиги барои бастани онхо дархост пешниход намояд ва барои кабул кардани карор мувофики номгуи иттилооте, ки макомоти давлатии зиддиинхисори тасдик мекунад, маълумоти зарури пешниход намояд.
  3. Назорати давлати барои бастани ахдхое, ки дар моддаи мазкур нишон дода шудаанд, аз тарафи макомоти давлатии зиддиинхисори дар асоси моддаи 25 Конуни мазкур амали карда мешавад.
  4. Макомоти давлатии зиддиинхисори хукук дорад дархостро рад намояд, агар конеъ гардидани он боиси мустахкам гардидани мавкеи хукмфармоии субъекти хочагидор (гурухи шахсон) ё махдудкунии ракобат гардад ва инчунин дар холатхои пешниход намудани маълумоти носахех, ки барои кабул намудани карор ахамият дорад.
  5. Макомоти давлатии зиддиинхисори барои конеъ намудани дархост дар холати ичро намудани талаботе, ки ба таъмини ракобат равона шудааст, хукук дорад. Талаботи нишондодашуда, инчунин мухлати ичрои он бояд дар карори макомоти давлатии зиддиинхисори дар бораи розиги барои ичрои амале, ки дар кисми 1 моддаи мазкур пешбини шудааст, дарч карда шавад.
  6. Макомоти давлатии зиддиинхисори аз руи аризаи шахси вокеи ё хукуки баъди ба итмом расидани ичрои ахдхое, ки дар кисми 1 моддаи мазкур нишон дода шудаанд, дар давоми понздах руз огох карда мешавад, агар арзиши умумии тавозунии дороихои шахсоне, ки дар кисми 1 моддаи мазкур зикр шудааст, аз сад хазор нишондиханда барои хисобхо зиёд бошад.
  7. Дар холати иштироки шахси вокеи дар кори макомоти ичроия, шурои директорони (шурои нозирони) ду ва ё зиёда субъектхои хочагидор, ки арзиши умумии тавозунии дороихояшон аз сад хазор нишондиханда барои хисобхо зиёд бошад ва ё субъектхои хочагидор, ки ба руйхати гурухи молхои якхела ё ба руйхати гурухи молхои дарачаи мухталифи чараёни истехсолу фуруши якхела дохиланд, бояд шахси мазкур макомоти давлатии зиддиинхисориро пас аз понздах рузи дохилшави (интихобшави) ба макомоти мазкур ё шуро огох намояд. Дар холати огохкунии макомоти давлатии зиддиинхисори аризадиханда якчоя бо ариза маълумотеро пешниход мекунад, ки дар кисми 4 моддаи мазкур пешбини гардидааст.
  8. Агар макомоти давлатии зиддиинхисори пас аз омузиши пешакии иттилоот ба хулоса ояд, ки бастани ахдхое, ки дар бораи онхо уро огох намудаанд, метавонад ба вучудои ё ба пурзуршавии мавкеи хукмфармоии субъектхои хочагидор (гурухи шахсон) ё махдудкунии ракобат оварда расонад, вай дар бораи санчиши иловагии мутобикатии созиши мазкур ба талаботи конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон карор кабул мекунад. Карори мазкур ба аризадиханда дар муддати дах рузи аз санаи аризаи огохкуниро гирифтани макомоти давлатии зиддиинхисори ирсол карда мешавад.
  9. Карори нихои аз тарафи макомоти давлатии зиддиинхисори дар муддати дах руз кабул гардида, дар ин хусус ба аризадиханда ба таври хатти хабар дода мешавад.
  10. Агар аризадиханда оид ба дархости худ (ариза дар бораи огохкуни) аз макомоти давлатии зиддиинхисори дар мухлати си рузи баъди дархостро гирифтани макомоти мазкур (моддахои 25 ва 26 Конуни мазкур) чавоб нагирад ё бо карори кабулкардаи ин макомот рози набошад, хукук дорад, барои химояи хукукхояш дар давоми шаш мох ба суд мурочиат намояд.
  11. Агар амалхои дар кисмхои 7 ва 8 моддаи мазкур пешбинишуда боиси бавучудои ё пурзуршавии мавкеи хукмфармоии субъектхои хочагидор ё махдудкунии ракобат гарданд, шахсони ичрокунандаи ин амалхо ухдадоранд, бо талаби макомоти давлатии зиддиинхисори дар мухлатхои аз тарафи онхо мукарраргардида барои баркарор намудани шароити зарурии ракобат чорахо андешанд.
  12. Дар холатхои пешбининамудаи кисмхои 7 ва 8 моддаи мазкур шахсон хукук доранд, то кабули чунин карорхо розигии пешакии макомоти давлатии зиддиинхисориро, ки барои баррасии аризахои дахлдор дар бораи ба ичро расонидани амалхои мазкур бо тартиби мукарраргардида ухдадоранд, дархост намоянд.
  13. Ахдхои мухолифи бо тартиби мукаррарнамудаи моддаи мазкур баимзорасида, ки ба бавучудои ё пурзуршавии мавкеи хукмфармои, махдудкунии ракобат оварда мерасонанд, дар сурати аз тарафи иштирокчии созиш ичро накардани талаботи макомоти давлатии зиддиинхисори оид ба мухлатхои аз тарафи он мукарраргашта баркарор намудани шартхои зарурии ракобат, бо тартиби суди ва бо даъвои макомоти давлатии зиддиинхисори беэътибор дониста мешаванд.
  14. Ичро накардани карорхои макомоти давлатии зиддиинхисори, ки тибки мукаррароти Конуни мазкур кабул шудаанд, барои беэътибор эътироф шудани ахди дахлдор бо тартиби суди аз руи даъвои макомоти давлатии зиддиинхисори асос шуда метавонад.
  15. Амали карори макомоти давлатии зиддиинхисори барои розиги чихати ичрои ахдхои дар моддаи мазкур зикршуда дар холате катъ мегардад, ки чунин ахдхо дар муддати шаш мох аз рузи кабул гардидани карори зикршуда ба имзо нарасида бошанд.

Моддаи 27. Азнавташкилдихии (таксимкуни ё чудокунии) субъектхои хочагидор, ки фаъолияти сохибкориро амали мегардонанд

  1. Дар холатхое, ки субъектхои хочагидори машгули фаъолияти сохибкори мавкеи хукмфармоиро сохиб мебошанд ва мунтазам талаботи конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистонро вайрон мекунанд, макомоти давлатии зиддиинхисори хукук дорад, бо максади махдуд сохтани фаъолияти инхисори дар бораи азнавташкилдихии (таксимкунии, чудокунии) онхо дар доираи вохидхои сохториашон, агар ин барои инкишофи ракобат мусоидат намояд, ба суд мурочиат кунад.
  2. Аз чониби субъекти хочагидор содир намудани беш аз ду далели вайрон кардани конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон дар муддати се сол, ки бо тартиби мукарраргардида аз чониби макомоти давлатии зиддиинхисори ошкор карда шудааст, мунтазам вайрон кардани конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон арзёби мегардад.
  3. Азнавташкилдихии (таксимкунии, чудокунии) шахсони хукуки, субъектхои хочагидор хангоми мавчудияти шартхои зерин амали мегардад:

– имконияти мустакилии ташкили ва худудии вохидхои сохтории он;

– байни вохидхои сохтории он мавчуд набудани робитаи мутакобилии технологи, аз чумла, агар хачми махсулоти (кор, хизматрасонии) вохиди сохтори, ки хамин шахси хукуки истеъмол мекунад, аз си фоизи хачми умумии махсулоти истехсолкардаи (кор, хизматрасонии) вохиди сохтории мазкур зиёд набошад;

– дар натичаи азнавташкилдихи имконияти  мустакилона фаъолият доштани шахси хукуки дар бозори моли муайян.

БОБИ 5. ИЧРОИ ФАРМОИШИ (КАРОР ВА АМРНОМАИ) МАКОМОТИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИИНХИСОРИ ВА ТАРТИБИ ШИКОЯТ НИСБАТИ ОН

Моддаи 28. Ичрои хатмии фармоиши (карор ва амрномаи) макомоти давлатии зиддиинхисори

Дар холати вайрон кардани конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон субъектхои хочагидор (рохбарони онхо), макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (шахсони мансабдори онхо), шахсони вокеи, аз чумла сохибкорони инфироди  ухдадоранд, мувофики фармоиши (карор ва амрномаи) макомоти давлатии зиддиинхисори ба амали гайриконуни хотима диханд, мавкеи аввалро баркарор намоянд, шартномаро бекор намоянд ё ба он тагйирот ворид намоянд, бо дигар субъектхои хочагидор шартнома банданд, санади ба конунгузории Чумхурии Точикистон номувофикро бекор кунанд, фоидаи дар натичаи хукуквайронкунихо ба даст омадаро ба бучет ворид кунанд ва дигар амалхоеро, ки дар фармоиши (карор ва амрнома) зикр ёфтаанд, ичро намоянд.

Моддаи 29. Тартиби шикоят кардан нисбати фармоиши (карор ва амрномаи) макомоти давлатии зиддиинхисори

  1. Макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (шахсони мансабдори онхо), субъектхои хочагидор (рохбарони онхо) ва шахсони вокеи хукук доранд, нисбати фармоиши (карор ва амрномаи) макомоти давлатии зиддиинхисори ба суд шикоят намоянд.
  2. Хангоми дар суд дида баромадани шикоят, ичрои фармоиши (карор ва амрномаи) макомоти давлатии зиддиинхисори то барраси шудани он дар суд, боздошта мешавад. Нисбати фармоиши (карор ва амрнома) макомоти давлатии зиддиинхисори дар давоми си руз аз лахзаи кабул шудани санад, шикоят кардан мумкин аст, ба истиснои талаботе, ки ба он мухлати пешниходи даъво татбик намегардад.

БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 30. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 28 июли соли 2006 «Дар бораи ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2006, №7, мод. 346; с. 2008, №10, мод. 811; с. 2012, №12, к. 1, мод. 1007; с. 2015, №3, мод. 217) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

          Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                         Эмомали  РАХМОН

     ш. Душанбе

30 майи соли 2017

         № 1417

КАРОРИ

Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Оид ба кабул кардани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи химояи ракобат»

 

Мутобики моддаи 60 Конститутсияи Чумхурии Точикистон Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи химояи ракобат» кабул карда шавад.
  2. Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 30 июни соли 2006, № 343 «Оид ба кабул кардани Конуни Чумхурии Точикистон» «Дар бораи ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2006, № 6, мод. 301; с. 2008, № 6, мод. 533; с. 2012, № 11, мод. 944; с. 2015, № 2, к. 1, мод. 119) аз эътибор сокит дониста шавад.

Раиси Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                                                              Ш. ЗУХУРОВ

ш. Душанбе, 1 феврали соли 2017, № 686

КАРОРИ

Мачлиси миллии

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Оид ба Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи химояи ракобат»

 

Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи химояи ракобат»-ро барраси намуда,  карор мекунад:

Конуни Чумхурии  Точикистон «Дар бораи химояи ракобат» чонибдори карда шавад.

Раиси Мачлиси миллии

Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                                                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 18 майи соли 2017,  № 383

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …