Главная / Чамъият / ХИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОХИБКОРИ

ХИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОХИБКОРИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОХИБКОРИ 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2014, №7, к. 2, мод. 404; с. 2015, №3, мод. 216; Конуни ЧТ аз 30.05.2017 с., №1436)

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро вобаста ба химоя, дастгирии давлати ва рушди сохибкори дар Чумхурии Точикистон танзим намуда, кафолатхои давлатии фаъолияти субъектхои сохибкориро таъмин мекунад.  (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)

koperativho

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

химоя ва дастгирии  давлатии сохибкори – фаъолияти макомоти  давлатии  Чумхурии Точикистон, ки ба татбики чорабинихои пешбининамудаи барномахои давлати ва худудии рушди сохибкори равона карда шудаанд;

иттиходияхои (ассосиатсияхои) субъектхои сохибкори – ташкилотхои гайритичоратие, ки аз чониби субъектхои сохибкори бо максади хамохангсозии фаъолияташон, инчунин намояндаги ва химояи хукуку манфиатхои конунии субъектхои сохибкори таъсис дода мешаванд;

макоми ваколатдори давлати  оид ба химоя ва дастгирии  давлатии  сохибкори (минбаъд – макоми ваколатдори давлати)  – макоми ичроияи марказии хокимияти давлатие, ки сиёсати давлатиро оид ба дастгири ва рушди сохибкори амали менамояд;

сохибкори – фаъолияти мустакилонаи аз руи таваккал амалишавандаи шахсони  бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бакайдгирифташудае,  ки барои  ба даст овардани фоида  аз истифодаи молу мулк, истехсол, фуруши мол  (ичрои кор ё хизматрасони) равона шудааст;

субъектхои сохибкори – шахсони вокеи ва хукукие,  ки мутобики мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон аз кайди давлати гузаштаанд;

химояи субъекти сохибкори –  химояи хукуку  манфиатхои конунии субъекти сохибкори аз чониби макомоти хокимияти давлати, макоми ваколатдори давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

бизнес – инкубатор – шахси хукукие, ки сохибкори навтаъсисро дар  хама мархилахои  фаъолияташ  дастгири менамояд;

Шуро оид ба рушди сохибкори ва бехтар намудани фазои сармоягузори – макоми машваратию маслихатие, ки дар назди Президенти Чумхурии Точикистон ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати таъсис дода мешавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи химоя ва дастгирии давлатии сохибкори 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи химоя ва дастгирии давлатии сохибкори ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1436)

Моддаи 3. Шаклхои сохибкори 

  1. Давлат хама гуна шаклхои  сохибкории пешбининамудаи  конунгузории Чумхурии Точикистонро эътироф намуда, ба он ичозат медихад.
  2. Сохибкори тибки  мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон дар шаклхои зерин амали карда  мешавад:

– бо таъсиси шахси хукуки;

– бе таъсиси шахси хукуки;

– бо истифодаи мехнати кироя;

– бе истифодаи мехнати кироя.

Моддаи 4. Принсипхои асосии химоя ва дастгирии давлатии  сохибкори

Ба принсипхои асосии химоя ва дастгирии давлатии сохибкори дар Чумхурии Точикистон мансубанд:

– конуният;

– шаффофияти фаъолияти субъектхои сохибкори;

– баробархукукии хамаи субъектхои сохибкори;

– кафолати  химояи хукук ва таъмини фаъолияти озоди субъекти сохибкори;

– иштироки озоди субъектхои сохибкори дар тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукии ба манфиатхои сохибкори дахлдошта;

– афзалияти рушди сохибкории хурд ва миёна.

Моддаи 5. Субъектхои сохибкори ва намудхои он

  1. Ба субъектхои сохибкори дар Чумхурии Точикистон   мансубанд:

– шахсони вокеи (шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд), ки ба сохибкори машгуланд;

– шахсони хукуки (ташкилотхои тичоратии резидент ва гайрирезидент, филиал ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи), ки ба сохибкори машгуланд.

  1. Субъектхои сохибкори ба намудхои зерин чудо мешаванд:

– хурд;

– миёна;

– калон.

  1. Ба субъектхои сохибкории хурд сохибкорони инфироди ва шахсони хукукие мансубанд, ки даромади умумии онхо дар як сол то 500000 (панчсад хазор) сомони аст. (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)
  2. Ба субъектхои сохибкории хурд сохибкорони инфироди ва шахсони хукукие, ки ба фаъолиятхои зерин машгуланд, мансуб нестанд:

– истехсоли молхои зераксизи;

– тахвили алюминийи аввалия;

– фаъолияти бонки  ва сугуртави;

– фаъолияти вобаста ба идоракунии фондхои сармоягузори;

– фаъолияти касби дар бозори когазхои киматнок.

  1. Ба субъектхои сохибкории миёна шахсони хукукие мансубанд, ки даромади умумии онхо дар як сол аз 500000 (панчсад хазор) сомони то 15000000 (понздах миллион) сомони аст. (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)
  2. Ба субъектхои сохибкории калон шахсони хукукие мансубанд, ки даромади умумии онхо дар як сол аз 15000000 (понздах миллион) сомони зиёд аст. (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)

Моддаи 6. Бакайдгирии давлатии субъекти сохибкори

Бакайдгирии давлатии субъекти сохибкори бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» амали карда мешавад.

Моддаи 7. Хукукхои субъекти сохибкори

Субъекти сохибкори хукук дорад:

– хамаи намуди фаъолияти сохибкориеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, амали намояд;

–  молу мулки корхонахои давлати ва гайридавлатиро бо  тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода намояд;

– дар фаъолияти хочагидории дигар субъектхои сохибкори  иштирок намояд;

– дар асоcи шартнома аз молу мулки шахсони хукуки, шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд истифода барад;

– барномаи фаъолияти хочагидориро тартиб дихад, тахвилдихандагони мол (кор, хизматрасони) – ро интихоб намояд; (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)

– барои эхтиёчоти давлат истехсоли мол (ичрои кор, хизматрасони) – ро дар асоси шартнома ба анчом расонад;

– суратхисобхои бонки кушояд, амалиёти мухосиби ва дигар амалиёти молиявиро анчом дихад;

– фоидаи  аз фаъолияти сохибкори бадастовардаро ихтиёрдори ва истифода намояд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз низоми таъминоти давлатии ичтимои ва сугуртаи ичтимои истифода намояд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон иштирокчии робитахои хоричии иктисоди бошад, бо амалиёти асъори машгул гардад;

– нархи моли истехсолнамуда  (кору хизматрасонии анчомдода) – ро дар доираи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон  мустакилона муайян намояд;

– якчоя бо дигар субъектхои сохибкори тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузори ассотсиатсияхои (иттифокхои) субъектхои сохибкориро таъсис дихад ё ба онхо шомил шавад; (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)

– дар тахияи санадхои меъёрии хукуки иштирок намояд;

– дар фаъолияти шурохо оид ба рушди сохибкори ва бехтар намудани фазои сармоягузори иштирок намояд;

– ба макомоти хифзи хукук ва макомоти давлатии назорати  барои  ба чавобгари кашидани шахсоне, ки дар риоя накардани хукуки субъекти сохибкори гунахкоранд, мурочиат намояд;

– оид ба химояи хукук ва манфиатхои конунии худ ба макомоти суди мурочиат намояд;

– хангоми гузаронидани санчиши фаъолияти субъекти сохибкори, ки аз чониби макомоти давлатии санчиши ва назорати анчом дода мешавад, иштирок намояд ва бо маводи санчиши бевосита ва ё тавассути намояндаи ваколатдори худ шинос шавад;

– дар хариди давлатии мол (кор, хизматрасони) бо шартхои баробар бо дигар иштирокчиён мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон иштирок намояд; (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)

– аз дигар хукукхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, истифода  барад.

Моддаи 8. Ухдадорихои субъекти сохибкори

Субъекти сохибкори ухдадор аст:

– конунгузории Чумхурии Точикистон, хукук ва манфиатхои бо конун хифзшавандаи шахсони вокеи ва хукукиро риоя намояд;

– мутобикати моли истехсолшуда (кору хизматрасонии анчомдода)-ро ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин намояд;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат бо шахрвандоне, ки онхоро ба сифати коргари кироя ба кор мегирад, шартномаи (карордоди) мехнати ва хамчунин бо талаби коллективи мехнати шартномаи коллективи бандад; (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)

– барои муттахидшавии коргарони кироя ба иттифокхои касаба ва макомоти дигари намояндагии онхо бо максади химояи манфиатхои ичтимоию иктисодии худ монеъ нашавад;

– ба коргарони кироя на кам аз андозаи хадди акалли музди мехнати мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон музди мехнат пардохт намояд;

– оид ба таъмини хифзи мехнат, бехатарии экологи, санитарию эпидемиологи ва техникаи бехатари  дар асоси меъёрхои мукарраргардида тадбирхо андешад;

андозхо ва дигар пардохтхои хатмиро ба бучети давлати сари вакт ва пурра пардохт намояд; (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)

– хангоми муфлисшави ичрои ухдадорихои худро дар назди карздихандагон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин намояд;

– ба ракобати носолим ва фаъолияти инхисори рох надихад;

– пешбурди дафтари бакайдгирии санчиши фаъолияти субъекти сохибкориро таъмин намояд;

– барои амалигардонии намуди фаъолияте, ки хуччатхои ичозатдихи ё ичозатномаро талаб менамояд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хуччатхои ичозатдихи ё ичозатнома  гирад; (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)

– дигар ухдадорихоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, ичро намояд.

Моддаи 9. Хифзи сирри тичорати ва иттилооти махфи дар бораи субъекти сохибкори

Сирри тичорати ва иттилооти махфии субъекти сохибкори тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хифз карда мешавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)

Моддаи 10. Санчиши фаъолияти субъектхои сохибкори

Санчиши фаъолияти субъектхои сохибкори бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

БОБИ 2. 

ТАНЗИМИ  ХИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОХИБКОРИ

Моддаи 11. Химоя ва дастгирии давлатии сохибкори 

  1. Химоя ва дастгирии давлатии сохибкори аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти хокимияти давлати, макоми ваколатдори давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати амали карда мешавад.
  2. Дастгирии давлатии сохибкори дар шакли хукуки, ташкили, молумулки, молияви, иттиллооти ва дигар шаклхо амали шуда, ба  бехтар намудани  шароити  сохибкори ба  низоми зерин асос меёбад:

– бакайдгирии сохибкори;

– андозбанди;

– ичозатномадихи ва ичозатдихи;

– санчиши фаъолияти субъектхои сохибкори;

– бакайдгирии молу мулк;

– хисоботдихи;

– танзими зиддиинхисори;

– содда намудани амалиёти воридотию содироти бо назардошти санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон;

–  карздихи;

– мораторияи санчиши фаъолияти субъектхои сохибкори.

Моддаи 12. Химояи хукук ва манфиатхои конунии субъекти сохибкори

Химояи хукук ва манфиатхои конунии субъекти сохибкори бо роххои зерин амали  карда мешавад:

– сода  намудани тартиби бакайдгирии субъекти сохибкори;

– дар асоси мукаррароти санадхои меъёрии хукуки махдуд кардани  санчиши фаъолияти субъекти сохибкори;

– ба суд  шикоят овардани макоми ваколатдори давлати аз амали (беамалии) шахсони мансабдори макомоти давлати, ки хукук ва манфиатхои конунии субъекти фаъолияти сохибкориро халалдор мекунанд;

– хисоб кардани собикаи мехнатии сохибкори инфироди тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

– истифодаи дигар усулхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст.

Моддаи 13. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба химоя ва дастгирии давлатии  сохибкори

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба химоя ва дастгирии давлатии сохибкори мансубанд:

– назорати татбик намудани сиёсати давлати оид ба дастгири ва рушди сохибкори;

– муайян намудани макоми ваколатдори давлати;

тасдики барномахои дастгирии давлатии сохибкори; (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)

– кабул ва тасдики санадхои меъёрии хукукии танзим-кунандаи фаъолияти сохибкори;

– таъсис додани Фонди дастгирии давлатии сохибкори;

– таъсис додани бизнес – инкубаторхо;

– муайян намудани хачми маблагхои бучети давлати барои татбики барномахои дастгирии давлатии сохибкори;

– фарохам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, ташкилотхои байналмилали (грантдихандагон) оид ба масъалахои дастгири ва рушди сохибкори;

– амали намудани дигар салохияте, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

Моддаи 14. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати 

Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати дохил мешаванд:

– амали намудани сиёсати давлати оид ба дастгири ва рушди сохибкори;

– тахия ва татбики барномахои дастгири ва рушди cохибкори;

– тахлили мухити сохибкори, омузиш ва пешниход намудани таклифхо оид ба рушди сохибкори ба Хукумати Чумхурии Точикистон;

– тахия ва пешниходи лоихаи санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи фаъолияти сохибкори ба Хукумати Чумхурии Точикистон;

– мусоидат ба таъсисёби ва  рушди инфрасохтори сохиб-кори дар худуди Чумхурии Точикистон;

– назорати татбики санадхои меъёрии хукукии танзим-кунандаи фаъолияти  сохибкори;

– хамохангсозии фаъолияти макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба рушди сохибкори;

– хамохангсозии фаъолияти шурои назди макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати;

– пешниходи таклифхо ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба таъсиси бизнес-инкубаторхо;

– мусоидат намудан ба иштироки сохибкорон дар татбики барномахои давлатии рушди инноватсиони, сармоягузори ва сохтмони;

– фарохам овардани шароит ба субъектхои сохибкори барои иштирок намудан дар  бозори байналмилалии мол (кор, хизматрасони);

– хамкории байналмилали оид ба рушди сохибкори;

– таргиби сиёсати давлати оид ба рушд ва дастгирии сохибкори;

– хамохангсозии барномахои рушд ва дастгирии сохибкори;

– мусоидат ба бехтар намудани нишондихандахои рушди сохибкории Чумхурии Точикистон дар  рейтинги байналмилали;

– хавасмандгардонии субъектхои сохибкори;

– фарохам овардани шароити мусоид барои ракобати солим;

 Сархати хаждахум хорич карда шуд (КЧТ аз 30.05.17 с., №1436)

– амали намудани дигар ваколатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

Моддаи 15. Шуро оид ба  рушди сохибкори ва  бехтар намудани  фазои сармоягузори  

  1. Шуро оид ба рушди сохибкори ва бехтар намудани фазои сармоягузори (минбаъд – Шуро) барои Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон ва дигар макомоти давлати тавсия ва пешниходхоро оид  ба масъалахои рушди сохибкори, бехтар намудани  фазои сармоягузори дар Чумхурии Точикистон омода месозад.
  2. Тартиби интихоби аъзои Шуро тибки Низомномаи Шуро муайян карда мешавад.
  3. Низомнома ва хайати Шуро аз чониби Раиси Шуро тасдик карда мешавад.

Моддаи 16. Бизнес- инкубаторхо

  1. Бизнес – инкубаторхо барои рушд ва дастгирии сохибкории хурд ва миёна бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дода мешаванд. (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)
  2. Вазифахои асосии бизнес – инкубаторхо аз инхо иборат мебошанд:

– ташкили хизматрасонии босифат ва касби ба субъектхои сохибкории хурду миёнаи навтаъсис дар  хама мархилахои  фаъолияташон тавассути дастгирии методи, иттилооти, машварати, омузиши ва хукуки, хамчунин рушди хамкори байни субъектхои сохибкории хурд ва миёна;

– ба ичора додани бинохо ба субъектхои сохибкори бо шартхои имтиёзнок;

– баланд бардоштани сатхи маълумотноки ва маърифатнокии хукукии сохибкорони хурд ва миёна;

– ташкили хамкории субъектхои сохибкории хурду миёна бо макомоти давлати;

– муайян ва хал кардани масъалахои ба миёномада дар фаъолияти субъектхои сохибкории хурду миёна дар сатхи чумхурияви ва махалли;

– додани маслихатхо оид ба масъалахои андозбанди;

– хизматрасони доир ба тартиб додани хисоботи мухосиби ва андози;

– хизматрасонии таълими оид ба тахияи барномаи рушди тичорати сохибкори навтаъсис;

– амали намудани дигар вазифахое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

Моддаи 17. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба химоя ва дастгирии давлатии сохибкори

Ба ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба химоя ва дастгирии давлатии сохибкори дохил мешаванд:

– тахия ва татбики барномаи худудии дастгири ва рушди сохибкори;

– таъсиси шурохои худуди оид ба рушди сохибкори ва бехтар намудани фазои сармоягузори;

– таъмини рушди инфрасохтори дастгирии сохибкори дар макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати;

– муайян намудани хачми маблагхо аз бучети махалли барои татбики барномахои худудии рушди сохибкори;

– кабули карорхои дахлдор доир ба дастгирии давлатии  субъектхои сохибкори мутобики барномаи худудии рушди сохибкори.

Моддаи 18. Самтхои асосии дастгирии давлатии сохибкори

Дастгирии давлатии сохибкори дар самтхои асосии зерин амали мегардад:

– такмили конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои сохибкори;

– имконияти озодона амали намудани хамаи намудхои сохибкорие, ки  конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст;

– ташкили марказхои дастгирии давлатии сохибкори, бизнес-инкубаторхо, паркхои технологи, минтакахои озоди иктисоди  ва дигар шаклхои инфрасохтори сохибкори;

– таъмини методию таълими, илмию методи ва иттилоотии фаъолияти субъектхои сохибкори аз хисоби Фонди дастгирии давлатии сохибкори;

– ташкили фаъолияти шурохо оид ба рушди сохибкори ва бехтар намудани фазои сармоягузори.

Моддаи 19. Дастгирии давлатии молиявии сохибкори

Дастгирии давлатии молиявии сохибкори тавассути пешниходи грантхои давлати барои ташкил ва татбики лоихахои дорои ахамияти ичтимои дар сохахои иктисодиёт,  татбики барномахои сармоягузори, ва кисман кафолатдихии карзхои субъектхои сохибкори аз хисоби  Фонди дастгирии давлатии  сохибкори амали карда мешавад.

Моддаи 20. Барномахои дастгирии давлатии сохибкори

  1. Макоми ваколатдори давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мутобики хачми маблаггузорихои бучети барномахои максадноки дастгирии давлатии сохибкориро тахия мекунанд.
  2. Барномахои дастгирии давлатии сохибкори бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тахия ва кабул карда мешаванд.

 

БОБИ 3.

КАФОЛАТХОИ ДАВЛАТИИ ХИМОЯИ СУБЪЕКТХОИ СОХИБКОРИ

Моддаи 21. Кафолати давлатии химояи хукуки молу мулкии субъекти сохибкори (КЧТ аз 18.03.15с., №1194) 

  1. Субъекти сохибкори дорои хукуки моликият буда, он аз чониби давлат химоя карда мешавад.
  2. Давлат фаъолияти озоди иктисоди, сохибкори, баробархукуки ва хифзи хукукии хамаи шаклхои моликият, аз чумла моликияти хусусиро кафолат медихад.
  3. Молу мулки субъекти сохибкориро барои эхтиёчоти давлати факат дар асоси конун ва розигии у бо пардохти арзиши пуррааш ё пешниходи молу мулки баробарарзиш гирифтан мумкин аст.
  4. Товони зарари модди ва маънавие, ки дар натичаи амали (беамалии) гайриконунии шахсони мансабдори макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо, иттиходияхои чамъияти ва ё шахсони алохида ба субъекти сохибкори расонида мешавад, тибки конунгузории  Чумхурии Точикистон руёнида мешавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)

Моддаи 22. Кафолат аз дахолат ба фаъолияти субъекти сохибкори

  1. Дахолат, амали (беамалии) гайриконунии шахсони мансабдори  макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти давлатии назорати ва санчиши, инчунин макомоти хифзи хукук, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ба фаъолияти хочагидории субъекти сохибкори манъ аст. (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)
  2. Ба махдудкунии хукукхои субъекти сохибкори барои иштирок дар хариди давлатии мол (кор, хизматрасони) рох дода намешавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1194)

 

БОБИ 4.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 23. Тартиби халли бахсхо 

Бахсхо оид ба химоя ва дастгирии давлатии сохибкори тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз тарафи суд барраси карда мешаванд.

Моддаи 24. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи, хукуки барои риоя накардани  талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 25. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи химоя ва дастгирии давлатии сохибкори дар Чумхурии Точикистон»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи химоя ва дастгирии давлатии сохибкори дар Чумхурии Точикистон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2002, №4, к.1 мод. 293; с. 2005, №7, мод. 400; с. 2007, №5, мод. 364; с. 2008, №12, к.2, мод. 997; с. 2010, №12, к.1, мод. 817; с. 2011, №3, мод. 168) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии  Точикистон                                                                         Эмомали Рањмон

 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№ 1107

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисчумхури Точикистон, Владимир Путинро бо зодрузаш табрик намуд

Эмомали Рахмон, раисчумхури Точикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрузаш табрик намудааст.  Бино …