Главная / Гуногун / ХИКОЯТЕ АЗ ЧАВОНИ

ХИКОЯТЕ АЗ ЧАВОНИ

Ёд дорам, он сол падарам хона бино мекарданд. Дар дашти Маргедар ба мардум заминхои наздихавлиги дода буданд, ки ба оилаи мо хам як порча расида буд. Тибки расми роич, ба хар падари точик се чиз фарз аст: ба писар номи неку гузош- тан, уро зан додан ва барояш хона сохтан. Падарам дар фикри сохиби хона кардани хар як фарзандашон буданд ва сохтмони ин хона кадаме буд дар ичрои ин фариза.

Кисса кутох, он сол ман дар сохтмони кабати дувуми хамин хона, ки аллакай ошёнаи зераш сохта шуда буд, дастёри кардам. Устои чубкор, усто Рахмонкул аз дехаи Кумоки хамсоя буд. Мардуми Киштуд сабки махсуси хонасози доранд. Кариб хамаи хонахо як гуна сохта мешуданд. Як айвони дароз ва аз дохили он вобаста ба талаботи сохибхона якчанд дар хона.

javoni

Баданаи ин иморатхо хеле мустахкам сохта мешавад. Хатман дар хонасози заминларзаро ба хисоб мегиранд. Мегуянд, ки сох- тори ин хонахо ба заминларзаи шадид тобовар аст. Сараввал тархи хона комилан аз чуб сохта мешавад. Аввал синчхои поёнро мегузоранд, сони дар ин синчхо комак бароварда сутунхои асо- сиро амуди баркарор мекунанд. Ва як руз хашари синчбардорон даъват карда, сарсинчхоро дар сари ин сутунхои асли устувор мекунанд. Пас аз ин тамоми ин тархро бо качсутунхо мухкам мекунанд ва чолиб ин аст, ки дар сохтани ин бадана умуман аз мехи охани истифода намекунанд, тахсинчу сарсинчро ба хам бо сутунхо комак бароварда, васл мекунанд, факат чо-чо он хам мехи чуби истифода мекунанд, ки мегуянд ин равиш муковимати биноро ба заминларза боло мебарад. Баъд дар болои синчхо болорхои чубинро гузошта, устувор мекунанд. Хамин тавр, баданаи хонаро комилан аз чуб месозанд ва баъд аз ин кори лойгари сар мешавад, ки байни ин сутунхоро хишти лойи чида, аз руяш андова мекунанд.

ЧАВОНИ РАФТ – СУРУД АЗ АФЗАЛШО

Албатта, хиштчиниву андова хеле кори пурзахмат аст. Аммо панчрудихо дар корхои хиштчиниву андова хашар даъват ме- кунанд. Дар чойхои мо хашар расми хубест, ки хакку хамсоя ва хешу табор чамъ шуда, корхои пурзахмати сохибхонаро ба таври дастачамъи дар як руз анчом медиханд.

Баъд аз ин хама, устои чубкор вассахоро мечинаду боз хам- дехагонро хашар даъват карда, бомро сиёхпуш мекунанд. Ва навбатро боз ба устои чубкор медиханд, то болои бомро пу- шонад. Дар гузашта, ки шифер набуд, болои бомро гилпуш мекардаанд, то ки об нагузаронад.

Хулоса, он тобистон ман хунари усто Рахмонкулро тамошо карда, шохиди хунари мухандисии хонасозии суннатии махалли шудам ва ин чузъиётро ба он хотир хикоя кардам, ки расми хонасозии суннатии бобои сабт бошад.

Мо нихоятан хонаро шиферпуш кардем. Усто пас аз итмоми кор чанд рузе наомад. Як бегох падарам аз амакам хохиш кар- данд, ки усторо бегох ба хона даъват кунанд. Бегох усто хамрохи шогирдаш омад. Падараму амакам бо устову шогирдаш гирди дастархон барои хуроки шом нишастанд. Модарам хуроки шомро хозир намуданд ва ман дастархончи будам.

Пас аз хурок, модарам ду бастаро, ки яке бузургтар ва дигаре хурдтар буд, ба ман доданд. Ман бастахоро ба хона даровардам, ки амакам хеста, бастаи бузургтарро пеши устову он дигариро пеши шогирдаш бурда гузоштанд. Ба расми панчруди, ба усто сарупо ё чомаеро дар миёнбанд баста хадя мекунанд. Баргашта берун баромадам, ки модарам як бастаи хурдакакеро, ки ба руймолча печонида шуда буд, ба ман дода ишора карданд, ки инро хам бибарам. Баргашта он бастаи дохили руймолчаро пеши падар гузоштам. Падарам оромона руймолчаро боз кар- данд ва бандчахои пулро берун оварда:

– Хуш, усто, хаккатона гуед, чанд? – гуфта пурсиданд. Усто:

  • Чи, ман барои пул кор кардам, магар? Як хона пушондам. Хеч кори арзишманде накардаам. Ба худатон ва фарзандхотон насиб кунад, – гуфта, чавоб дод ба падарам.

Падарам:

  • Не, барои пул неву лекин хаккатона гиред охир, ош шавад,
  • гуён як микдор пули хисоб кардаашонро пеши усто гузоштанд.

Усто ба пул эътиное накарда, суи дигар руй тофта, нишаста буд. Ба назари ман холат ногувор намуд. Гумон мекардам, ки усто аз пешниходи падарам норохат аст.

Падарам:

  • Гиред, ба хизмататон рози шавед, хазор сум, хакку халол,
  • гуфтанд.
  • Як тинатон хам ба ман даркор нест. Пулатон ба худатон насиб кунад, – гуён усто пулро баргардонда ба пеши падарам гузошт. Ман, ки бори аввал шохиди чунин хисобукитоб мешу- дам, сарфахм намерафтам, ки чаро усто ноз мекунад ва пули корашро гирифтан намехохад.

Падарам бо табассум аз бандчахои пули наздашон чанд донаи дигар хисоб карда руи он пулхо хамрох карданд ва боз назди усто гузоштанд, ва:

  • Ана дуруст шуд, сад суми дигар, гиреду рози шавед, – гуфтанд. Усто бо оханги мулоимтар:
  • Гуфтам, ки пулатон ба худатон насиб кунад! – гуён бо дасташ пулхоро андаке ба суи падарам тела дод. Падарам бо табассуми саволомез ба суи амакам нигох карданд. Амакам:
  • Усто, хуб шуд, гиред, рози шавед! – гуфтанд. Усто ба гапи амакам эътиное надода аз падарам:
  • Чи тавр хисоб кардед? – гуён пурсид, зохиран, у то хол пулро аз сабаби камияш нагирифта будааст, ноз мекардааст, то маблаги дилхохашро пешниход кунанд.
  • Чилучор рузи кори, хар рузе 25 суми, – чавоб доданд па- дарам.

Ва илова карданд:

  • Усто Бозор хонаи хамсояро сохт, барои хар рузи кораш 23 суми гирифт, ман барои шумо 25 суми хисоб кардам, ки хурсанд шавед.
  • Устои дигарро бо ман мукоиса накунед, кори мана бинеду кори дигарона, – гуфт усто.
  • Охир, барои хамин 23-суми нею 25-суми хисоб кардам, – гуфтанд падарам.

Усто:

  • Гуфтам-ку, пулатон ба худатон насиб кунад, як хона пу- шондам аз шири модар халол, ба наслхотон насиб кунад, – гуён боз хам пулро бо нуги ангушташ андаке ба суи падарам тела дод. Ин дафъа амакам ба падарам «пулро ба ман дихед», гуфта нимхез шуданд. Падарам пулхоро бардошта ба амакам доданд. Он пулхоро хам дихед, гуфтанд амакам. Падарам пулхои боки- мондаро, ки наздашон руи дастархон меистод, низ ба амакам доданд. Амакам чолокона аз он пулхо чанд когази дигарро чудо карда ба бастахои кабли хамрох карданд ва:
  • Хазору саду чил сум, усто, гиред рози шавед! – гуён ба усто дароз карданд.

Усто:

  • Чанд? – гуфта пурсид. Амакам такрор карданд. У даст дароз карда, пулро гирифта ба чайбаш андохту:
  • Насиб кунад, – гуён даст ба руй кашид ва филфавр аз чояш хеста, бухчаи наздашро гирифта, ба берун баромад…

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …