Главная / Илм / ХИКОЯИ ТАДБИРИ МАЙМУНХО

ХИКОЯИ ТАДБИРИ МАЙМУНХО

Овардаанд, ки чамоате бузинагон дар кухе маъво доштанд ва ба меваю гиёххои он рузгор мегузарониданд. Иттифоко, дар шабе сиёхтар аз дили гунахкорон ва тиратар аз даруни табохрузгорон лашкари сармо ба онхо тохтан овард ва аз сахтии сармо асари хун дар дили онхо фушурдан огоз кард. Бечорагон аз сармо ранчур шуда панохе мечустанд ва ба талаби он ба хар гушае медавиданд.

maimun

Ногох ба тарафи рох ёраи дурахшоне афканда диданд ва ба гумони он, ки оташ аст, хезум чамъ оварданд, гирдогирди он чида дам дар у медамиданд. Дар баробари онхо мурге бар дарахте овоз медод, ки «он оташ нест». Аммо онхо илтифот нанамуданд ва аз он кори бефоида боз наистоданд.

Иттифоко, дар ин асно мурге дигар он чо расид ва он мургро гуфт:

-Ранч мабар, ки ба гуфтори ту аз ин кор бознамемонанд ва ту бехуда ранчур мешави. Дар тарбияи чунин касон саъй намудан хамчунон бошад, ки шамшерро бар санг озмудан:

Хар ки дар асл бадниход афтод,
Хеч неки аз у мадор умед.
3-он ки харгиз ба чахд натвон сохт,
Аз кулоги сиёх бози сафед.

Мург чун дид, ки сухани у намешунаванд, аз гояти шафкат аз дарахте фуруд омад, то насихати худро дурусттар багуши онхо расонад ва онхоро дар ин ранчи бехуда, ки мекашанд, танбех кунад. Бузинагон гирдогирди мург даромада сараш аз тан чудо карданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Бо лугати хикоя шинос шавед.
  2. Бигуед, ки кадом калимахои навро омухтед?
  3. Бузинагон ба чи сахти гирифтор шуданд?
  4. Онхо ба чи фирефта шуданд?
  5. Мургон ба онхо чи тавр муносибат намуданд?
  6. Мурги аввал ба ивази дилсузи чи подош гирифт?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …