Главная / Гуногун / ХИКОЯИ «ТАБИБ ВА БЕМОР»

ХИКОЯИ «ТАБИБ ВА БЕМОР»

bemorБишнавед, ай дустон, ин достон,
Худ хакикат накди холи мост он.
Буд шохе дар замоне пеш аз ин,
Мулки дунё будашу хам мулки дин.
Иттифоко, шох рузе шуд савор
Бо хавоси хеш аз бахри шикор.
Як канизак дид шах бар шохрох,
Шуд гуломи он канизак подшох.
Мурги чонаш дар кафас чун метапид,
Дод молу он канизакро харид.
Чун харид урову бархурдор шуд,
Он канизак аз казо бемор шуд.
Шах табибон чамъ кард аз чаппу рост,
Гуфт: — Чони харду дар дасти шумост.
Чумла гуфтандаш, ки: чонбози кунем,
Фахм гирд орему анбози кунем.
«Гар Худо хохад» нагуфтанд, аз батар,
Пас Худо бинмудашон ачзи башар.
Хар чи карданд аз илочу аз даво ,
Гашт ранч афзуну хочат нораво.
Он канизак аз мараз чун муй шуд,
Чашми шах аз ашки хун чун чуй шуд.

ЗОХИР ШУДАНИ АЧЗИ ХАКИМОН АЗ МУОЛИЧАИ КАНИЗАК ВА РУЙ ОВАРДАНИ ПОДШОХ БА ДАРГОХИ ИЛОХ ВА ДАР ХОБ ДИДАНИ ВАЛИЕРО

Шах чу ачзи он хакимонро бидид,
Побарахна чониби масчид давид.
Рафт дар масчид суи мехроб шуд,
Сачдагох аз ашки шах пуроб шуд.
Дар миёни гиря хобаш даррабуд,
Дид дар хоб у, ки пире ру намуд.
Гуфт: «Ай шах, мужда, хочотат равост,
Гар гарибе оядат фардо, зи мост.
Дар илочаш сехри мутлакро бубин,
Дар мичозаш кудрати Хакро бубин».
Чун расид он ваъдагоху руз шуд,
Офтоб аз Шарк ахтарсуз шуд.
Буд андар манзара шах мунтазир,
То бубинад он чи бинмуданд сир.
Дид шахсе фозиле, пурмояе,
Офтобе дар миёни сояе.
Он хаёле, ки шах андар хоб дид,
Дар рухи мехмон хаме омад падид.
Шах ба чойи хочибон фопеш рафт,
Пеши он мехмони гайби хеш рафт,

БУРДАНИ ПОДШОХ ОН ТАБИБРО БАР САРИ БЕМОР, ТО ХОЛИ УРО БУБИНАД

Киссаи ранчуру ранчури бихонд,
Баъд аз он дар пеши ранчураш нишонд.
Ранги рую набзу корура бидид,
Хам аломоташ, хам асбобаш шунид.
Дид ранчу кашф шуд бар вай нухуфт,
Лек пинхон карду бо султон нагуфт.

ХИЛВАТ ТАЛАБИДАНИ ОН ВАЛИ АЗ ПОДШОХ ЧИХАТИ ДАРЁФТАНИ РАНЧИ КАНИЗАК

Гуфт: — Ай шах, хилвате кун хонаро,
Дур кун хам хешу хам бегонаро.
Кас надорад гуш дар дахлезхо,
То бипурсам з-ин канизак чизхо.
Нарм — нармак гуфт: — Шахри ту кучост?
Ки илочи ахли хар шахре чудост.
В- андар он шахр аз каробат кистат?
Хешиву пайвастаги бо чистат?
Даст бар набзаш ниходу як ба як,
Боз мепурсид аз чаври фалак.
Бо хаким у киссахо мегуфт фош,
Аз макому хочагону шахру бош.
Гуфт: — Чун берун шуди аз шахри хеш,
Дар кадомин шахр будасти ту беш?
Шахр- шахру хона- хона кисса кард,
На рагаш чунбиду на рух гашт зард.
Набзи у бар холи худ буд бегазанд,
То бипурсид аз Самарканди чу канд.
Набз часту руй сурху зард шуд,
К- аз Самаркандии заргар фард шуд.
Чун зи ранчур он хаким ин роз ёфт,
Асли он дарду балоро бозёфт.
Хону хон! Ин розро бо кас магу,
Гарчи аз ту шах кунад бас чустучу.

ДАРЁФТАНИ ОН ВАЛИ РАНЧРО ВА АРЗ КАРДАНИ РАНЧИ У ПЕШИ ПОДШОХ

Баъд аз он бархост азми шох кард,
Шохро з- он шаммае огох кард.
Гуфт: — Тадбир он бувад, к -он мардро
Хозир орем аз пайи ин дардро.
Марди заргарро бихон з-он шахри дур,
Бо зару хилъат бидех уро гурур.
Чунки султон аз хаким онро шунид,
Панди уро аз дилу чон баргузид.

ФИРИСТОДАНИ ПОДШОХ РАСУЛОН БА САМАРКАНД БА ОВАРДАНИ ЗАРГАР

Шах фиристод он тараф як — ду расул,
Хозикону кофиёни бас удул.
То Самарканд омаданд он ду амир,
Пеши он заргар зи шоханшах башир.
Нак, фалон шах аз барои заргари,
Ихтиёрат кард, зеро мехтари.
Инак ин хилъат бигиру зарру сим,
Чун биёи, хос бошию надим.
Мард молу хилъати бисёр дид,
Гарра шуд аз шахру фарзандон бурид.
Андар омад шодмон дар рох мард,
Бехабар, к- он шох касди чон-ш кард.
Чун расид аз рох он марди гариб,
Андар овардаш ба пеши шах табиб.
Шах бад — у бахшид он махруйро,
Чуфт кард он хар ду сухбатчуйро.
Муддати шаш мох меронданд ком,
То ба сиххат омад он духтар тамом.
Баъд аз он аз бахри у шарбат бисохт,
То бихурду пеши духтар мегудохт.
Чун зи ранчури чамоли у намонд,
Чони духтар дар вуболи у намонд.
Чунки зишту нохушу рухзард шуд,
Андак — андак дар дили у сард шуд.

БАЁНИ ОН КИ КУШТАН ВА ЗАХР ДОДАНИ МАРДИ ЗАРГАР БА ИШОРАТИ ИЛОХИ БУД, НА БА ХАВОИ НАФС ВА ТААММУЛИ ФОСИД

Куштани он мард бар дасти хаким
На пайи умед буду на зи бим,
У накушташ аз барои табъи шох,
То наёмад амру илхоми Илох.
Шох он хун аз пайи шахват накард.
Ту рахо кун бадгумониву набард.

Муаллиф:  Джалолудини Балхи

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …