Главная / Маданият ва санъат / ХИКОЯИ «КАЛИМОТИ КОХИ АФРЕДУН»

ХИКОЯИ «КАЛИМОТИ КОХИ АФРЕДУН»

(АЗ «СИНБОДНОМА»)
Аввал: «Хар ки гуш ба кавли суханчину гаммоз (суханчин) дорад ва бар он эътимод намояд, ранчхо бинад, ки дасти тадбири хирад аз чораи он кутох монад».
Дувум: «Хар ки дар канори модари хираду дониш тарбият ёфта бошад, ба хеч вакт аз макри душман гофил набошад, ки душман монанди мор аст, ки харгиз дуст нагардад».
kox-qasr
Савум: «Аз дустон ба андак ранчиш дури нанамоед ва озор дар дил нагиред, ки он сармояи нодонист»:

Аз дуст ба хар захме афгор набояд шуд
В -аз ёр ба хар чавре безор набояд шуд.

Чахорум: «Чун дуст душман шавад, уро азиз дор, то дарахти мухаббату нихоли иштиход ва эътикод, ки аз боздоштани оби шафкату костани гизо пажмурда шуда бувад, аз нав сарсабзиву тароват гирад».
Панчум: «Машварат бо марди доно кун, то аз маслихати хом эмин боши ва корхои ту аз самти рости наяфтад».
Шашум: «Аз душмани хонаги хазар намой ва доман даркашида дор, зеро хар тире, ки аз шасти касду камони гарази у равон гардад, бар нишон ояд».
Хафтум: «Агар хирад дори, бар марди ноозмуда эътимод макун, ки зиракон гуфтаанд, ки: «Деви озмуда бехтар аст аз мардуми ноозмуда».
Хаштум: «Сухани ноандешида магуй, то дар ранчи нодониста наяфти ва корхоро окибат нигар ба аввал». Ин аст он калимот, ки бар айвони касри Афредун набишта аст.
Шох пурсид, ки:
— Эй нури чашми некноми в-эй самараи дарахти саодат
ва эй шукуфаи гулбуни икболу (бахту саодат) давлат, кист
аз мардумон дар давлат шоистатар?
Гуфт:
— Он ки дарачаи хосу оми давлат ва андозаи хидматгорон ва айбу хунари эшон бидонад.
Гуфт:
— Кадом хислат писандидатар подшохро?
Гуфт: — Тарки таъчил (шитоб) дар ичрои максад дар корхои пушида ва ичрои фармони беандешаву фикрат ва хамеша мехрубону гамхор будан ба мардум ва адлу эхсон кардан ба раъият.
Шох пурсид, ки:
— Кадом хислат бадтар? Гуфт:
— Таъчил намудан дар корхо ва пайрави хирсу бухл будан. Пурсид:
— Марг бар ки душвортар? Гуфт:
Хар киро корхои нописандида бувад. Подшох чун баёни у дар халли ин мушкилот ва далели у дар бахси ин масъалахо бидид, биписандид ва бо худ андешид, ки «умр, агарчи дароз бикашад, охир ба нихоят бира сад ва зиндагони давом ёбад, охир риштаи он бурида гардад:

Рафтанд ягон-ягон фароз омадагон,
Кас менадихад нишони бозомадагон.

Шукри миннат он Худойро, ки фарзанди маро ба зевари хикмат зинат дод ва ба либоси хираду дониш ороста кард ва ба дарачаву манзалати (макоми) бузург расонид. Ва акнун хангоми гушанишини ва айёми фарогат аст ва руй тофтан аз дунё ва икбол кардан ба охират, ки бузургон гуфтаанд: 

Ин чахон киштзори охират аст,
Хар чи кори, бараш хамон дарави».

Пас подшохи ба писар дод ва тахти шохи ба у бигузошт ва аз дунё эъроз кард (руй тофт). 

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Касе ба кавли суханчин гуш дихад, ба чи ранчхо дучор ояд?
  2. Чаро аз дуст бо андаке сабаб ранчидан мумкин нест?
  3. Байти:

«Аз дуст ба хар захме афгор набояд шуд
В-аз ёр ба хар чавре безор набояд шуд»-ро

ба наср баргардонида, аз он як чумла созед.

  1. Чаро дусти душманшударо бояд азиз дори?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …