Главная / Маданият ва санъат / ХИКОЯИ КАБКИ ДАРИ  

ХИКОЯИ КАБКИ ДАРИ  

Овардаанд, ки кабки дарие дар доманаи кухе мехиромид ва гулгулаи садои кахкахааш дар гунбади сипехр мепечид. Иттифоко, бози шикорие дар он хаво мегузашт, чун кабки дариро дид, дилаш ба мухаббати у моил гашт ва ба худ андешид, ки дар ин олам хар касе бояд ёри мувофик ва рафики мехрубоне дошта бошад:

Касе к-андар чахон ёре надорад,
Дарахти ишраташ боре надорад.

maxresdefault

Ва ин кабк ёри хушманзар, хандонру, сабукрух, ширинзабон ва латифхаракот аст, дил дар сухбати чунин рафик тозаву хуррам гардад:

Ёре бояд, чи гуна ёре бояд?
Ёре, ки гирех зи кори ман бикшояд.
Хар гах, ки чамоли хештан бинмояд,
3-ойинаи дил губори гам биздояд.

Пас, охиста ба чониби кабк моил шуд ва кабкро назар бар вай афтод ва хазаркунон худро ба шикофи санге расонид. Боз аз хаво даромада, пеши он сурох нишаста гуфт:

– Эй кабк, пеш аз ин аз хунархои ту гофил будам ва фазлу камоли ту бар ман зохир набуд. Имруз ба воситаи кахкахаи ту кушоише дар дили ман падид омад ва хиромидани дилфиреби ту маро сайд карда. Умед аст, ки минбаъд аз манн тарсону харосон набоши ва ба суи ман майл намои.

Кабк овоз дод, ки «Эй кахрамони комгор, даст аз ин бечораи мехнатзада боздор, хар гох ки обу оташ бо хам якчоя шаванд, ману ту рафик шуда метавонем».

Боз гуфт:

– Эй азиз, андеша кун, ки ман аз дусти бо ту хеч гаразенадорам, чанголи ман нуксоне надорад, ки аз сайд бозмонда бошад; минкори ман кусуре надорад, ки аз хурдан очиз шуда бошам. Ман гайр аз бо ту дусти хамдам шудан дигар максаде надорам. Ту аз сухбати ман чандин фоидахо хохи дид. Аввалан, чун дигар бозхо мебинанд, ки ту дар сояи парвариши ман хасти, ба ту таадди намекунанд ва ба дидаи хурмат ба ту менигаранд; дувум, ман туро ба ошёнаи худ мебарам ва ту аз кабкхои дигар чи кадархо баланд зиндаги мекуни; сеюм, аз кабкхо хар мокиёнеро, ки хохи, наздат меорам, бо вай бо хушиву хурсанди руз мегузарони.

Кабк гуфт:

– Ту амири мургони ва инони ихтиёри мургон ба кабзаи иктидори туст ва ман яке аз фукарои ту хастам. Агар аз манн кирдоре содир шавад, ки мувофики табъи ту набошад, пас сарпанчаи газаби ту маро ба халокат расонад. Бехтар ин аст, ки дар гушаи хилват бинишинам.

Боз гуфт:

– Эй бародар, нашунидаи, ки дидаи дусти айбро намебинад ва хар зишти, ки аз дуст падид ояд, багоят зебо менамояд.

Захри туро дуст чи донад? – Шакар!
Айби туро дуст чи бинад? – Хунар!

Ман, ки кирдори туро ба дидаи мухаббат мебинам, дар гуфту шуниди ту чи гуна хати хато кашида метавонам?

Дидаи дуст айббин набувад. Кабк харчанд узрхои писандида мегуфт, боз чавобхои маъкулу дилпазир дар мукобили он меовард. Дар охир ба ахду паймон кабкро аз сурох берун овард ва боз уро бардошта ба ошёнаи худ овард. Хар ду бо якдигар хуш барома да рузхоро бо айшу тараб мегузарониданд.

Ду-се руз аз ин миён гузашт, кабк ба боз тамоман бовари карда далерона сухан мегуфт ва беибо кахкаха мезад. Боз хам худро ба ношунидани зада аз сари интиком дармегу зашт, аммо кинаи он дар синааш чо мегирифт.

Рузе боз каме бемор шуд ва барои хурок аз чой харакат карда наметавонист. Хама руз дар ошёна буд, чун шаб даромад, хеле гурусна монд ва кинахои кабк, ки ба мурури замон чамъ шуда буд, бозро хашмолуд сохт. Харчанд ахду паймонхои гузашта ба хотираш меомад, аммо хеч ба аклаш кабул намешуд ва барои хурдани кабк бахона мечуст. Кабк осори газаб дар башараи у мушохида намуда, ба акли хирад халоки худро медид ва охи сард аз диди пурдард кашида, ба худ мегуфт: «Ки аз аввали хол назар ба поёни кор наяфгандам ва бо гайри чинси худ пайвастам. Бинобар ин киштии умрам имруз ба гирдобе дарафтода, ки мухоли тад бир аз халоси он очиз аст»

На аз рафик вафою на аз хаёт умед. На аз сипехр башорат, на аз замона навид!

Боз бошад, чанголи озор кушод ва минкори хунхор ба захри ситам об дода, бахоначуи мекард. Кабк аз руи эхтиёч риояти одоб менамуд ва аз ин сабаб бахонае барои боз пай до набуд. Охируламр боз бетокат шуда аз руи асаб ба кабк гуфт:

– Оё раво бошад, ки ман дар офтоб бошаму ту дар соя нишини?

Кабк гуфт:

– Эй амири чахонгир, холо шаб аст ва хама оламро сояи зулмот фуру гирифта, шумо аз тоби кадом офтоб ба захма тед ва ман дар сояи чи чиз истирохат дорам?

Боз гуфт:

– Эй беадаб, маро дуруггуй месози ва сухани маро рад мекуни, сазои туро додан лозим аст. Инро гуфту кабкро аз хам дариду хурд.

Муллифи хикоя: ХУСАЙН ВОЪИЗИ КОШИФИ

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Боз чи хел паранда аст?
  2. Боз кабки дариро дида ба чи хиссиёт гирифтор шуд?
  3. Боз ба кабк чи таклиф кард?
  4. Мунозираи боз ва кабкро батафсил накл кунед.
  5. Чавоби кабк «Хар гох, ки обу оташ якчоя шавад» чи маъни дорад?
  6. Боз ба кабк чи ваъда дод?
  7. Кабк бо кадом рафтор ба дили боз кина чо мекард?
  8. Боз чаро дар касди чони кабк афтод?
  9. Аз ин хикоя ба кадом хулоса омадед?
  10. Маколи халкии:

«Шавад хамчинс бо хамчинс хамроз,

Кабутар бо кабутар, боз бо боз» – чи маъни дорад?

Ин маколро шарх дихед.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …