Главная / Гуногун / ХИКОЯИ «БОЗАРГОН ВА ТУТИ»

ХИКОЯИ «БОЗАРГОН ВА ТУТИ»

tutiЯк хикоят бишнав, ай зеборафик,
То бидони шарти ин бахри амик.
Буд бозаргоне, уро тутие,
Дар кафас махбус зебо тутие.
Чунки бозаргон сафарро соз кард,
Суи Хиндустон шудан огоз кард.
Хар гулому хар канизакро зи чуд
Гуфт: — «Бахри ту чи орам, гуй зуд».
Хар яке аз вай муроде хост кард,
Чумларо ваъда бидод он некмард.
Гуфт тутиро: «Чи хохи армугон,
К — орамат аз хиттаи Хиндустон?»
Гуфташ он тути, ки он чо тутиён
Чун бубини, кун зи холи ман баён.
К-он фалон тути, ки муштоки шумост,
Аз казои осмон дар хабси мост.
Бар шумо кард у салому дод хост
В-аз шумо чорай раху иршод хост.
Гуфт: — «Мешояд, ки ман дар иштиёк,
Чон дихам ин чо, бимирам дар фирок?
Ин раво бошад, ки ман дар банди сахт
Гах шумо бар сабза, гохе бар дарахт?
Инчунин бошад вафои дустон?
Ман дар ин хабсу шумо дар бустон?
Ёд оред, ай мехон, з-ин мурги зор,
Як сабухе дар миёни маргзор.
Киссаи тутии чон з-инсон бувад
Ку касе, к-у махрами мургон бувад?»
ДИДАНИ ХОЧА ДАР ДАШТ ТУТИЁНРО
ВА ПАЙГОМ РАСОНИДАН

Боз мегардем аз ин, ай дустон,
Суи мургу точиру Хиндустон.
Марди бозаргон пазируфт он паём,
К-у расонад суи чинс аз вай салом.
Чунки то аксон Хиндустон расид,
Дар биёбон тутие чанде бидид.
Маркаб истониду пас овоз дод,
Он салому он амонат боз дод.
Тутие з-он тутиён ларзиду пас
Уфтоду мурду бигсасташ нафас.
Шуд пушаймон хоча аз гуфти хабар,
Гуфт: — «Рафтам дар халоки чонвар.
Ин магар хеш аст бо он тутияк,
Ин магар ду чисм буду рух як?
Ин чаро кардам, чаро додам паём?!
Сухтам бечораро з-ин гуфти хом,
Ин забон чун сангу хам оханваш аст
В-он чи бичхад аз забон, чун оташ аст».
Сангу оханро мазан бар хам гизоф86,
Гах зи руи наклу гах аз руи лоф.
З-он ки торик асту хар су пунбазор,
Дар миёни пунба чун бошад шарор?
Золим он кавме, ки чашмон духтанд
В-аз суханхо оламеро сухтанд.
Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рубахони мурдаро шерон кунад.

86- Гизоф — хато, гунох.

БОЗ ГУФТАНИ БОЗАРГОН БО ТУТИ
ОН ЧИ ДАР ХИНДУСТОН ДИДА БУД

Кард бозаргон тичоратро тамом,
Боз омад суи манзил шодком.
Хар гуломеро биёвард армугон
Хар канизакро бибахшид у нишон.
Гуфт тути: — «Армугони банда ку?
Он чи диди в-ончи гуфти, бозгу»,
Гуфт: — «Не ман худ пушаймонам аз он,
Дасти худ хоёну ангуштон газон,
Ки чаро пайгоми хоме аз газоф
Бурдам, аз бедонишию аз нашоф».
Гуфт: — Ай хоча, пушаймони зи чист?!
Чист ин, ки хашму гамро муктазист87?»
Гуфт: — «Гуфтам он шикоятхои ту
Бо гурухи тутиён — хамтои ту.
Он яке тути зи дардат буй бурд,
Захрааш бидриду ларзиду бимурд,
Ман пушаймон гаштам, ин гуфтам чи буд,
Лек чун гуфтам, пушаймони чи суд?»
Нуктае, к-он част ногох аз забон,
Хамчу тире дон, ки част он аз камон.
ШУНИДАНИ ТУТИ ХАРАКАТИ ОН ТУТИРО
ВА МУРДАН ВА НАВХАИ ХОЧА БАР У
Чун шунид он мург, к-он тути чи кард,
Хам биларзиду фитоду гашт сард.
Хоча чун дидаш фитода хамчунин,
Барчахиду зад кулахро бар замин.
Чун бад-ин рангу бад-ин холаш бидид,
Хоча барчасту гиребонро дарид.

87-Муктазист — сабаб, боис.

Гуфт: — «Ай тутии хуби хушханин,
Ин чи будат, ин чаро гашти чунин?
Ай дарего, мурги хушовози ман,
Ай дарего, хамдаму хамрози ман.
Ай дарего, мурги хушилхони ман,
Рохи руху равзаи ризвони ман…
Ай дарего, нури зулматсузи ман,
Ай дарего, субхи рузафрузи ман.
Ай дарего, мурги хушпарвози ман,
3-интихо даррида то огози ман…
Ай дарего, ашки ман дарё буди,
То нисори дилбари зебо буди.
Тутии ман, мурги зираксори ман,
Тарчумони фикрати асрори ман.
Хар чи рузи доду нодод омадам,
У зи аввал гуфт, то ёд омадам,
Тутие, к-ояд зи вахй овози у,
Пеш аз огози вучуд овози у,
Андаруни туст он тути нихон,
Акси уро дида ту бар ину он,
Мебарад шодитро, ту шод аз у,
Мепазири зулмро чун дод аз у,
Ай ки чон аз бахри тан месухти,
Сухти чонрову тан афрухти.
Сухтам ман, сухта хохад касе,
То зи ман оташ занад андар хасе,
Сухта чун кобили оташ бувад?
Сухта бистон, ки оташкуш бувад,
Ай дарего, ай дарего, ай дарег,
К- ончунон мохе нихон шуд зери мег.
Чун занам дам, к-оташи дил тез шуд,
Шери хачр ошуфтаву хунрез шуд.
Он ки у хушёр, худ тунд асту маст,
Чун бувад, чун у кадах гирад ба даст?
Шери масте, к-аз сифат берун бувад,
Аз басити88 маргзор афзун бувад.
Кофия андешаму дилдори ман
Гуядам мандеш чуз дидори ман.
Хуш нашин, ай кофияандеши ман,
Кофияй давлат туи дар пеши ман.
Харф чи-бвад, то ту андеши аз он?
Савт чи-бвад, хори девори разон.
Харфу савту гуфтро бархам занам,
То ки бе ин харсе бо ту дам занам…»
Бас дароз аст ин хадиси хоча, гу,
То чи шуд ахволи он марди наку…
Ин сухан поён надорад, ай аму89
Киссаи тутиву хоча боз гу.
БЕРУН АНДОХТАНИ МАРДИ ТОЧИР
ТУТИРО АЗ КАФАС ВА ПАРИДАНИ ОН
Баъд аз онаш аз кафас берун фиканд,
Тутияк паррид то шохи баланд.
Тутии мурда чунон парвоз кард,
К- офтоб аз чарх туркитоз кард.
Хоча хайрон гашт андар кори мург,
Бехабар ногах бидид асрори мург.
Руй боло карду гуфт, ай андалеб!
Аз баёни холи худмон дех насиб.
У чи кард он чо, ки ту омухти,
Чашми мо аз макри худ бардухти.
Сохти макреву моро сухти.
Сухти морову худ афрухти.
Гуфт тути, к-у ба феълаш панд дод,
Ки рахо кун нутку овозу кушод.
3-он ки овозат туро дар банд кард,
Хеш у мурда пайи ин панд кард,

88-Басит — васеъ, пахновар,
89-Аму — шакли тагйирёфтаи ам — бародари падар, амак.

Яъне, ай мутриб, шуда бо омму хос,
Мурда шав чун ман, ки то ёби халос.
Дона боши, мургаконат барчинанд,
Гунча боши, кудаконат баркананд.
Дона пинхон кун, ба кулли дом шав,
Гунча пинхон кун, гиёхи бом шав.
Хар ки дод-у хусни худро дар мазод,
Сад казои90 бад суи у ру ниход.
Чашмхою хашмхою рашкхо
Бар сараш борад чу об аз машкхо.
Душманон уро зи гайрат медаранд,
Дустхо хам рузгораш мебаранд.
Он ки гофил буд аз кишти бахор,
У чи донад киммати ин рузгор.
Дар панохи лутфи Хак бояд гурехт,
К-у хазорон лутф бар арвох рехт.
То панохе ёби он гах чи панох,
Обу оташ мар туро гардад сипох.
Нуху Мусоро91 на дарё ёр шуд,
Не бар аъдошон ба кин каххор шуд.
Оташ Иброхимро92 не калъа буд,
То баровард аз дили Намруд93 дуд.
Кух Яхёро-94
на суи хеш хонд,
Косидонашро ба захми санг ронд.
Гуфт: — «Ай Яхё, биё дар ман гурез,
То панохат бошам аз шамшери тез».

ВИДОЪ КАРДАНИ ТУТИ ХОЧАРО ВА ПАРИДАН
Як-ду пандаш дод тути бенифок,

Баъд аз он гуфташ: — «Салому алфирок.
90-Казо — такдир, сарнавишт, 91Нух, Мусо, — номи пайгамбарон, 92Иброхим —
номи пайгамбар, 93Нумруд — Шохе будпараст дар замони Иброхим, 94Яхё —
номи пайгамбар.

Алвидоъ, ай хоча, карди мархамат,
Карди озодам зи кайду мазламат95.
Алвидоъ, ай хоча, рафтам то ватан,
Хам шави озод рузе хамчу ман».
Хоча гуфташ: — «Фи амонил-лах96 » бирав,
Мар маро акнун намуди рохи нав».
Суи Хиндустони асли ру ниход,
Баъди шиддат аз фарач дил гашта шод.
Хоча бо худ гуфт: «Ин панди ман аст,
Рохи у гирам, ки ин рах рушан аст,
Чони ман камтар зи тути кай бувад?
Чон чунин бояд, ки некупай бувад».
ХИКОЯИ «МАРДИ АБЛАХ ВА ХИРС»
Аждахо чун хирсро дармекашид,
Шермарде рафту фарёдаш расид.
Шермардонанд дар олам мадад,
Он замон, к-афгони мазлумон расад.
Бонги мазлумон зи хар чо бишнаванд,
Он тараф чун рахмати Хак медаванд.
Он сутунхои халалхои чахон,
Он табибони маразхои нихон.
Махзи мехру доварию рахматанд,
Хамчу Хак беиллату беришватанд…
Мехрубони шуд шикори шермард
Дар чахон дору начуяд гайри дард.
Хар кучо дарде, даво он чо равад,
Хар кучо пастист, об он чо давад.
Оби рахмат боядат, рав паст шав
В-он гахон хур хамри рахмат, маст шав.
Рахмат андар рахмат омад то ба сар.

95-Кайду мазламат — банду мазлуми,
96-«Фи амонил-лах» — Худо нигахбонат бошад.

Бар яке рахмат фуру мо-й, ай писар!
Чархро дар зери по ор, ай шучоъ!
Бишнав аз фавки фалак бонги самоъ.
Пунбаи васвос берун кун зи гуш,
То ба гушат ояд аз гардун хуруш.
Пок кун ду чашмро аз мую айб,
То бубини богу сарвистони гайб…
Кундаи танро зи пойи чон бикан,
То кунад чавлон ба гирди анчуман.
Гулли бухл аз дасту гардан дур кун.
Бахти нав дарёб дар чархи кухун…
Хар нидое, ки туро боло кашид,
Он нидо медон, ки аз боло расид.
Хар нидое, ки туро хирс оварад,
Бонги гурге дон, ки у мардум дарад.
Ин баланди нест аз руи макон,
Ин баландихост суйи аклу чон…
Хирс чун фарёд кард аз аждахо,
Шермарде кард аз чангаш рахо.
Хилату марди ба хам доранд пушт,
Аждахоро у бад-ин кувват бикушт.
Аждахоро хаст кувват, хила нест,
Низ фавки хилаи ту хилаест…
Чашмро дар рушнои хуй кун,
Гар на хуффоши96, назар он суй кун.
Окибатбини нишони нури туст.
Шахвати холи, хакикат гури туст.
Окибатбине, ки сад бози бидид,
Мисли он набвад, ки як бози шунид.
З-он яке бози чунон магрур шуд,
К-аз таккабур з-устодон дур шуд.
Сомиривор он хунар дар худ чу дид.
У зи Мусо аз таккабур сар кашид.
97-Хуффош — куршабпарак.

У зи Мусо он хунар омухта
В-аз муаллим чашмро бардухта.
Лочарам, Мусо дигар бози намуд,
То ки он бозиву чонашро рабуд.
Ай басо дониш, ки андар сар давад,
То шавад сарвар бад-он худ сар равад,
Сар нахохи, ки равад, ту пой бош,
Дар панохи кутби сохиброй бош,
Гарчи шохи, хеш фавки у мабин,
Гарчи шахди, чуз наботи у мачин.
Фикри ту накш асту фикри уст чон,
Накди ту калб асту накди уст кон.
У туи, худро бичу дар уйи у.
Куву ку гу, фохта шав суйи у.
В-ар нахохи хидмати абнои чинс,
Дар дахони аждахое хамчу хирс,
Зорие мекун, чу зурат нест, хин98!
Чунки кури, сар макаш аз рохбин,
Ту кам аз хирси? Наменоли зи дард?
Хирс раст аз дард чун фарёд кард.
Ай Худо, ин санги дилро мум кун.
Нолаашро ту хушу мархум кун.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …