Главная / Чамъият / ХИКОЯХО АЗ «ДАСТУР-УЛ-МУЛУК»

ХИКОЯХО АЗ «ДАСТУР-УЛ-МУЛУК»

Оварданд, ки яке аз вузарои мози (гузашта) бар шахсе гуфт, ки аз омадшуди мардум ба танг омадаам. Он шахс гуфт: эй вазир, болиши иззат аз пеш бардор ва аз маснади вазорат бархез, ман зомин, ки туро касе озор надихад, дубора пеши ту як кас наёяд. Чунон ки гуфтаанд:

 Пеши он кас, ки ихтиёраш хаст,

Халк бе ихтиёр меоянд.
Дигар он ихтиёр рафт зи даст
Бар дараш бо чи кор меоянд?

Вазир

Яке аз мулуки мози (гузашта) дасти таадди бар моли музореъон кушода буд ва пои тугён аз чодаи адолат берун нихода. Раъоё даст ба дуъо бардоштанд ва забон ба нафрини у кушоданд.

Рузе он золим бозе ба даст гирифта, ба шикор рафта буд. Чун аз шикор боз омад, муноди фармуд, ки дасти ман, ки бар руи мазлумони мехнат расида буд ва теги ситам кашида буд, кутох кардам ва дар макоми раъиятпарвари собиткадам шудам. Умед аст, ки бадалявм дасти тааддии хеч золиме халкаи ташвиш бар дари хонаи хеч мазлуме назанад ва пои хеч ситампешае бар дари тавилаи факире нарасад.

Раъоёро аз ин мужда чони нав дар бадан даромад ва факиронро аз ин башорат гули мурод дар чамани умед шукуфта шуд.

Байт

Аз ин навиди муборак, ки ногахон омад,
Башорате ба дилу муждае ба чон омад.

Охир адолаташ ба чое расид, ки барра аз пистони шер шир мехурд ва меш бо шир лаби шерро мешуст. Юз бо буз бо назари тез намедид, мурги дашти бар фарки бахри ошён мекард ва мурги оби бо боз хамрох мешуд.

Яке аз махрамони харими салтанат дар вакти фурсат аз кайфияти ин хол суол кард ва аз табдили афъол истифсор намуд (пурсид). Подшох гуфт:

Имруз, ки дар шикор будам, дидам, ки саге пои рубохеро шикаст ва пиёдае санге бияндохт ба пои саг расид, у низ шикаста шуд. Чун чазои мукофотро дидам, ба худ омада гуфтам.

Байт

Ба чашми хеш дидам дар гузаргох,
Ки зад бар чони муре мургаке рох.
Хануз аз кайди минкораш напардохт,
Ки мурги дигар омад, кори у сохт.

Азизи ман, марди рузгор вакте бо аруси мамлакат даст дар огуш тавонад кард, ки ба оби шамшери оташбор номи хасми бадандешро аз лавхи хаёт бишуяд ва шучоъмард он замон согари мурод бар лаби рохат тавонад расонд, ки паймонаи таманнои душмани шухчашмро ба санги зафар бишканад. Чунон ки гуфтаанд.

Байт

Дар он руз бини зи душман фарог,
Ки шаб дар мазораш фурузи чарог.

Азизи ман, то комати найзаро бо комати ёр ташбех насози, шохиди матлуб дар канор натавони гирифт. То новаки хунборро гамзаи дилдор тасаввур накуни, руи максуд аз оинаи шамшер рух нанамояд.

Халкаи гесуи дилбар вакте дар гарданат хамоил гардад, ки турраи парчамро зулфи пурхам тасаввур куни. Аруси орзу вакте дар гушае нишони, ки обруи камонро бар камонабруе пайванд дихи. Яъне бе тахаммул ранче ба тахмили ганче натавон расид ва бе шавкати хори дилозор тамошои гулзор натавон кард.

Байт

Касе ба гардани максуд даст халка занад,
Ки пеши тири балохо сипар тавонад буд.

Азизи ман, хар ки бо душман мубтало бошад, то аз вай халос нагардад, руз аз шаб ва шаб аз руз надонад ва аз парешони пой аз сару кафш аз дастор нашносад, чунон ки гуфтаанд, то беморро сиххат хосил нашавад, аз хурдани бахра наёбад ва хаммол, то бори гарон аз пушт бар замин нанихад, наосояд, то марди парешон аз хавф эмин нагардад, нафасе бо фарогат натавонад кашид.

Байт

Сари вопаси мулк то дар тан аст,
Тани мулкро фитна пирохан аст.

Азизи ман, тарбияти ахли басорат кимиёест, ки хоки тираро зари соф бисозад ва санги нокисро гавхари комил гардонад. Чунон ки гуфтаанд:

Байт

Аз тарбият аст, ки хок гавхар гардад.
Хун дар тахи нофа мушки асгар гардад.
Он охани тираруи бехимматро
Иксир чу тарбият кунад, зар гардад.

Азизи ман, сабаби бузурги аклу адаб аст. Хар ки акли софу хиради комил дорад, хешро аз пояи хазизи (пасти) ба мартабаи шарифи тавонад расонд.

Байт

Ба пешкории акли шарифу рои дуруст
Тавон каманди тасарруф бар осмон афканд.

Азизи ман, акли дурандеш ва ройи оламоройро дар хар сурат, ки пеш ояд ва ба хар ходисае, ки руй намояд, хокими одил ва мумайизи (зираки) комил бояд донист, ки шарафи чавхари одами ба сафои хирад аз дигарон имтиёз дорад.

Байт

Акл аст, ки бунёди шараф махкам аз уст,
Афзунии хурмати банни одам аз уст.

Азизи ман, мушоварат ичтимоъи укул аст. Хар чо, ки ахли акл дар мухимме шуруъ намоянд, агар шар бувад ба хайр анчомад. Сухани Мавлави, ки маъдани чавохири маънавист, шохиди ин кавл аст:

Чу ояд мушкиле пеши хирадманд,
Аз он мушкил фитад дар кори у банд,
Кунад акли дигар бо акли худ ёр,
Ки то дар халли он гардад мададгор.
Зи шамъе чун нагирад нур хона,
Фурузад шамъи дигар дар миёна,
Вале хаст ин сухан бо ростбинон
Ба садри рости болонишинон.
На дар качрав харифони качандеш,
Ки гардад аз ду качрав качрави беш.

Азизи ман, дар худуси вокеъот ва вукуъи ходисот аз мушоварот гурезе нест. Замири ту харчанд вахйошност,

Дари машварат нокушудан хатост.

Бояд, ки мушовиратро бо ахли хикмат ва асхоби тачриба куни, ки:

Муаммост ин машварат филмасал,

Ки хар кас тарики дигар карда хал.

Тадбири ин тоифа соиб аст ва табиъат ба тадбир аст табъ кардан вочиб. Чунон ки гуфтаанд.

Байт

Рои равшан зи бузургони кухансол талаб,

Обхо соф дар айёми хазон мегардад.

Ва дигар пири тадбирро бех аз чавонони шучоъатосор аст.

Байт

Дар сафи разм бо чавонон пуй,

Лек тадбири он зи пирон чуй.

Гарчи барно ба разм коргар аст,

Кушиши кордидагон дигар аст.

Азизи ман, нушдоруи насихат мебояд хушмаза ва ширин бошад, то тановули он беморро осон намояд. Чун табъи бемор шикаста аст, аз сухани сахт шикастатар гардад.

Чунон ки гуфтаанд,

Байт

Майкашихои ман аз панди ту бошад, зохид,

Сухани сахти туам тавбашикан гардидаст.

Азизи ман, сипохи бояд ки нуки синони обдор барои чавхари чон дар хазинаи дили душман фуру занад ва дами шамшери захрпоши худро монанди сархангоми айёрпеша ба касди гавхари рухи хасм ташна дорад.

Байт

Далери кун, ки майдон аз далер аст,

Агар рубах далер афтад, чу шер аст.

Азизи ман, битарс аз кина, ки дар синаи мулук карор ёфта бошад. Чаро, ки эшон ба нахвати (гурури) салтанат дар боби интиком мутаассибанд. Чун фурсат ёбанд, ба хеч узр нагзоранд. Ташбехи кина дар синаи подшох чун ангишти фусурда бошад, агарчи алхол оташ надорад ва зарари у намерасад, аммо вакте ки шарораи газаб ба у расид, афрухта гардад. Ва дуди интиком, ки аз сари оташи кина хезад, басе димогхоро хушк созад ва дидахоро тар гардонад. То заррае аз ангишти кина дар синаи мулук боки бошад, аз мазаррати (зарари) шуълаи хашм эмин натвон буд.

Байт

Хатархост дар кори шохон басе,

Ки бо шох хеши надорад касе.

Ва баъзе аз хукамо подшохонро низ ба оташ ташбех кардаанд, агарчи гоххо ба партави иноят (дастгири) кулбаи торики дардмандонро рушнои мебахшад ва ба шуълаи сиёсат низ хирмани савобики (шиносоихои) хизматгоронро месузад. Аз ин чихат гуфтаанд: дар каъри дарё бо наханг гутта хурдан ва аз лаби мори думбурида захр макидан, аз мулозимати салотин ба саломат наздиктар аст.

Азизи ман, хар киро роихае (буи хуше) аз гулзори хирад ба машоми дил расида бошад, донад, ки тухми озор корад, чуз махсули мазаррат (зарар) бар надихад ва хар ки нихоли манфиъат нишонад, гайр аз меваи осоиш начинад.

Чунон ки гуфтаанд:

Дехкони солхурда чи хуш гуфт бо писар,

К-ай нури чашми ман, ба чуз аз кишта надрави.

Азизи ман, ба зиёдатии манасабу такарруби (наздикии) мулук (подшохон) магрур нагарди, ки мизочи мулук хукми обу оташ дорад ва эътимодро нашояд. Якин дон, ки хар илалеро иззате дар акиб аст ва хар давлатеро илале дар пай. Чунон ки гуфтаанд,

Байт

Чи менози ба ин давлат, ки хар гах бахт баргардад,
Кулохи хусравиро косаи дарюза месозад.

Азизи ман, ба зиёдатии мансабу такарруби мулук илтифоти подшох бодаест, ки кораш хубрубоист. Халоикро бо чунин кас кор бисёр ва ин касро ба хуш будан бисёр душвор. Агарчи гохе худро ба мадади акл бар чой орад, аммо мастии он бода ба холаш нагзорад. Мустакимтабъ бояд, ки

 

ба бодаи давлат аз чо наравад, балки дар кори дармондагони мазлум бипардозад Чаро, ки дунё чои бемадор аст ва давлати у нопойдор, чунон ки гуфтаанд:

З-он пештарак, ки сокии дахр

Дар шарбати давлатат кунад захр.

Аз сар бинихи кулоху дастор,

Чахде бикуну диле ба даст ор.

Ин сар хама сол бо кулах нест,

Ин ру хамеша хамчу мах нест.

Азизи ман, бидон, ки корсозии мухлисон ва мухимбарории бекасон василаи хусули динию дунявист. Ва сабаби дарачоти сувари ва маънави чунон ки гуфтаанд:

ДАР ХОЛИ ВАЗИРОН

Азизи ман, вазир бояд, ки барои равшани ва шамъи шабистони мамлакат бошад. Ва ба фикри савобандеши худ хазор укдаи мушкил баркушояду киштии дарёи фитнаро ба гирдоби изтироб бинад, ба хукми гаронсанги худ фуру нишонад ва шохсори хористони домангири бедодро ба тундбоди сиёсат аз беху бунёд барандозад.

Байт

Барандоз бехе, ки хор оварад.

Дарахте бипарвар, ки бор оварад.

Азизи ман, яке аз ройхои (андешахои) дуруст ва аз тадбирхои ростон аст, ки чун шавкату кудрати душман зохир гардад ва эхтимоли он бошад, ки ба сабаби хусумат мулк ба фасод равад ва раъият дар марази (бемории) талаф афтанд, бояд, ки накши хила бароварда, каъбатайни (гардишхои) хасмро (душманро) ба лутфу инъом боздори, чаро ки дар бисоти тачарруду такаббур накши мурод ба номи хасм баста аст. Дар ин вакт дов талабидан назди мухосамат (душман) аз хирад дур менамояд ва аз пирояти (зебу зинати) тачриба махчур (дур). Чунон ки гуфтаанд:

Хаме то барояд ба тадбир кор,

Мадорои душман бех аз корзор.

Чу натвон адуро ба кувват шикаст,

Ба неъмат бубояд дари фитна баст.

Азизи ман, душманро ба мулоимат аз пой андохтан бехтар бошад, ки ба тундиву чанг. Набини, ки оташ ба он тунди агар бар дарахте дарафтад, он чи дар руи замин аст, месузад, (агар) об аз рохи мулоимат бар дарахте дарафтад, аз беху бунёд барандозад. Аз ин чихат гуфтаанд, ки душмани кавиро ба лутфу тамаллук ром тавон кард ва сайди саркашро ба мадоро дар дом тавон овард.

Байт

Ту нарми кун, ки хар коре, ки сахт аст,

Ба нармию мадоро метавон кард.

Азизи ман, бар вузаро лозим аст, ки дар таскини фитна кушиш намоянд. Чаро ки хубтарини ройхо (чорахо) ва бехтарини тадбирхо фитна фуру нишонидан аст, на дар хашму ситеза шудан. Чунон ки гуфтаанд:

Ситеза макун, з-он ки боди ситез

Кунад боги инсофро баргрез.

Ситеза ба чое расонад сухан,

Ки вайрон кунад хонумони кухан.

Азизи ман, агар рои (андешаи) подшох аз гурури чаббори ва нахвати (гурури) шахриёри аз вартаи хилму бурдбори мунхариф гардад (аз рохи рост берун равад), бояд ки вазири росттабъ уро ба тарики маслихат ба рохи салох орад ва ба нушдоруи мавъиза он мизочи мунхарифро бар маркази адолат нишонад.

Азизи ман, шоху вазир аз руи иттиход бар як гушаи бисот нишинанд, аз савдои аспу фил пиёда шаванд, ба бозии фарзин банди хаёлоти фосид, ки аз бурудаоти арсаи тааллукот аст, рухи химмат бартобанд, то кори душман сохта шавад ва ба ахволи дуст пардохта гардад, зеро ки дасти душман ба домани давлати мардуми мувофик нарасад ва ба нохуни мехнат чехраи холи мухолифонро харошад.

Азизи ман, саъй кун, ки санги тафрика дар мачмаи душман афтад, чаро ки ихтилофи хасмон (душманон) мучиби фароги дили дустон аст:

Чу дар лашкари душман афтад хилоф,

Ту бигзор шамшери худ дар гилоф.

Чу душман ба душман шавад муштагил,

Ту бо дуст биншин ороми дил.

Чу гургон писанданд бар худ газанд,

Баросояд андар миён гусфанд.

ДАР САНЧИДА ГУФТАН

Азизи ман, сухани андеша нокарда чун зари носанчида аст. Аввал бояд ки ба худ андеша бикуни ва накди хар фикреро бар махаки имтихон бизани. Он чи аз хаёлот тамоми ёр афтад, онро ба зухур ори.

Байт

Сухане, к-он сари андеша н-ояд, Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Азизи ман, забони сулхомез ба як нукта сад укдаи мушкилро хал намояд ва сухани шурангез ба як ишорат гардани гуяндаро баста гардонад. Чунон ки гуфтаанд:

Агар ба чашми хирад дар сухан нигох куни, Бизоъатест, ки хам суду хам зиён дорад.

ХИКОЯ

Гуянд, ки Акбар подшох ба иродаи сайри Кашмир аз шахри Ачмир баромад ва аз дарёи Лохур бар кишти нишаста убур мекард. Яке аз сухансароёни мизочдони у ба арз расониданд, ки он гули бахтбаргашта Мирзо Ёдгор кулли мардуми фитнаангези рузгорро бар худ мехондааст. Суханхое зиёда аз холи худ бар забон мерондааст. Акбар подшох баъд аз истимоъи ин сухан сафинаи акли худро дар уммони (бахри) тафаккур андохта, хамчун гирдоб дар чайби худ печид. Чун мавчи об лаби худро мечунбонид, мулхами Гайби бар забони Акбар подшох ин байт чори гардонид:

Байт

Кулохи хусравию точи шохи Ба хар гул кай расад, хошо ва калло.

Охир даъвои баланд он гулро дар пояи пасти афканд ва сухани калони у бар сараш расид.

Байт

Хор, ки дорад забон нештар,

Хам ба халидан шиканад бештар

Азизи ман, касеро ки мухри сукут бар хуккаи (куттичаи) нутк шуд, дар чамани зиндагонии у хама раёхини саломат руяд ва нихоли хаёташ самараи рохат бахшад. Чун гулбуни балогат дар табассум ояд ва чун булбули басохат дар тараннум дарояд, эмин натавон буд, ки роихои (буи) гулзори сухан ба сабаби тафрехи (шодиафзойи) димог аст, на боиси зуком…

Чун чашми Имомкулихон аз нур тихи шуд, камаррикоби Надир Мухаммадхон аз Балх баромада ба суи вилояти Хисор гардида, Давлатбий, ки хокими вилояти мазкур буданд, ба истикбол баромада калъаро пешкаш кард. Хасанбеки Рафеъ аз руи табъ ин рубои (байт) имло намуд.

РУБОИ (БАЙТ)

Шохо, ба кафи Хисор гардун омад,

Аз чархи фалак бахти ту афзун омад.

ХИКОЯ

Гули чамани маъони Соибои Исфахони рузе дар боги «Хазор Чариб»-и Сифохон бо хамрохии мохталъатон (мохруён) бодануши мекард ва яке аз он касон, ки Соиборо ба у тааллуке буд, дар олами масти ба чашми пурхумораш аз

 

дасти рузгор халале расида. Соибо аз ин боб мутааллим (аламзада) шуда, ин рубоиро имло намуд.

РУБОИ

Дар гулшани зебои ту, ай дурри хушоб,

Гамгин машави, ки наргисат шуд бе об.

Дар мачлиси ноз хар ду май мехурданд,

Бедор яке монду яке рафт ба хоб.

Азизи ман, нодон касе, ки чавхари гаронмояи хастиро дар чахорсуи муголатгохи рузгор рахини (шарти) ошнои ва сарфи ношиносии бебасаре (бехабаре), ки чашми дилаш холи аз кухли (сурма) чавохирманиш бошад, намояд ва он гах марде, ки накди комили иёри (фиребандаи) зиндагониро дар муголатгохи айём ба дасти худношиносии чанде баамдан (аз руи касд) супорад, узраш нокабул ва таксираш (хатояш) нописанд хохад буд.

Байт

Инон ба дасти фурумоягон мадех, зинхор,

Ки дар масолехи худ харч мекунанд туро.

Эй умри азиз ва эй асли фикрати (акли) ботамиз, ба хотири ман, ки ошнохонаи наздики гам ва сарои бемонеъи кулфат аст, чунон мерасад, ки хори вучуди ту, ки мавзуъ аз барои сухтан аст, чаро бояд, ки домангири ахбоб (дустон) гардад ва хоки хастии ту, ки мавчуд аз барои бехтан аст, чун шояд ки губори хотири асхоб (хамсухбатон) шавад?

Байт

Нест холи зи халал сухбати абнои чахон,

Пой берун манех аз гушаи вайронаи хеш.

Азизи ман, аз феъли бад мунхариф (чудо) гаштану аз мардуми бад канор гирифтан окилонро лозим аст ва кори худ ба салох овардану нийат бар хасана доштан хирадмандонро аз фароизу лавозим аст.

Пас марди окил бояд, ки тархи дусти бо мардуми окил афканад ва аз сухбати дусти нодон бигрезад, чунон ки гуфтаанд:

Байт

Зи зиндону харифи хабс бигрез,

Зи пастону зи ноахлон бупархез.

ХИКОЯ

Овардаанд, ки дузде доно руи чуръат дар хазинаи подшохи вакт овард. Дид, ки подшох бар тахти заррин хобида, аснофи кумоши (навъхои газвори) шохию анвоъи чавохири подшохи бар руи бисот рехта ва шамъи кофури чун руи тавонгарон афрухта ва парвонаи мискин мисли дили дарвешон паёпай сухта. Дузд ба назари эхтиёт бар чапу рост мулохиза намуд ва дид, ки шамшере, ки карори мулку миллат вобастаи уст, маймуни бекароре ба даст гирифта, касди мурча, ки дар синаи подшох нишаста буд, кард. Дузд чусти намуда, дасти маймунро бо хамрохии шамшер махкам гирифт. Аз гирудори онхо подшох бедор шуда чунон ахволро иттило ёфта гуфт:

Чун инояти (мехрубонии) яздони шавад, дузд посбону душман мехрубон гардад.

Дузд кабои дониш дар бар дошт, точи давлат бар фаркаш ниходанд, чун хори нодони домангири маймун буд, либоси хирсаш баркашиданд.

Байт

Хасми доно, ки офати чон аст,
Бехтар аз дусте, ки нодон аст.

Азизи ман, аз сухбати чабборон (золимон) бипархез, ки зимоми (лаЧоми) ахди эшон суст ва бинои олии ин тоифа заъиф афтода. Хамеша рухсораи мурувватро ба нохуни чафо харошида доранд ва сарчашмаи футувватро (чавонмардиро) ба хоки бадахди тира созанд. На ихлосу ошнои наздики эшон хурмате дораду на собикаи хидмату робитаи мулозимат (хизматгузори) кадрею киммате.

Байт

Барои хидмати он кас, ки нашносад хаки хидмат,
Макун ту вакти худ зоеъ, ки не музд асту на миннат.

Азизи ман, хузур дар вахдат асту фарогат дар узлат (гушанишини), зеро ки сухбати абнои замону (хамзамонон) мучоласати (хамнишинии) дустони ин чахони аз захри афъи (як навъ мори калони захрнок) зиёнкортар аст. Ва мучолисати эшон аз мухотираи чон додан душвортар. Аз ин чихат аст, ки баъзе аз хукамо кунчи горе ё таги чохе ихтиёр кардаанд.

Азизи ман, бисёр бошад, ки дарвеши комил ва суфии софдил аз худ хилват созад, бо вучуди ин хол кучо бо дигаре пардозад. Чунон ки гуфтаанд.

Байт

Ба хилвате, ки забонбаста роз мегуям,
Садои шахпари Чабрил дарди сар бошад.

Бирав, ай акли номахрам, ки имшаб бо хаёли у
Чунон хуш сухбате дорам, ки ман хам нестам махрам.

Азизи ман, бояд ки бухлу хасадро дар дили худ рох надихи, ки хасад хонабарандози давлату бархамзади чамани иззат аст. Чунон ки гуфтаанд:

Байт

Хасад хар чо, ки оташ барфурузад,
Хам аз аввал хасудонро бисузад.

Азизи ман, хар киро дидаи басират (бинои) ба кухли (сурмаи) чавохири тавфики азали мунаввар шуда бошад ва гулшани дилаш ба равоехи (буйхои) раёхини инояти (мехрубонии) лоязоли (абади, худои) муаттар гашта, хар чи бар худ написандад, бояд ки бар дигаре низ написандад, чаро ки чазои амал хак аст:

Хохи, ки туро хам бадие н-ояд пеш,
То битвони, бади макун аз каму беш.
Чун неку бади ту бар ту мегардад боз,
Бингар, ки чи кор мекуни дар хаки хеш.

Азизи ман, гах сокии рузгор шарбати нуши мурод чашонад ва гоххо захри кахр ба чуллоби (шарбати канд) рохат расонад. Пас, марди собиткадам он аст, ки ба пушидани хилъати давлат лаби нишот ба ханда наёрад ва дар нушидани чуръаи мухаббат аз дидаи андух ашки хасрат наборад, чунон ки гуфтаанд:

Гамгин машав, ки сокии кудрат зи Чоми дахр
Гах нуши лутф медихаду гох неши кахр.

Азизи ман, домани тачарруд (танхои) аз губори агёр бияфшону сари тафрид (танхои) дар гиребони таваккул (умед ба Худо) каш ва наволаи (гизои) захролудаи дунёро ба коми орзу марасон, ки гуфтаанд:

Байт

Бар хонаи дахр дасти иродат макун дароз,
К-олуда кардаанд ба захр ин наволаро.

Азизи ман, каноъат мулкест, ки ба хар дун (одами паст) надиханд ва пирояест (зебу зинатест), ки ба дасти хар забун (дармонда) нагузоранд. Каноъат либосест, ки чуз тани подшохон напушанд ва тугроест (хатест), ки гайр аз маншури (фармони) подшох бад-он макашанд.

Рустам касе бувад, ки барояд ба хуи хеш,
Дар вакти эхтиёч бигирад гулуи хеш.
Обест обру, ки наёяд дигар ба чуй,
Аз ташнаги бимиру марез обруи хеш.

Дарвеше дар бешае мегашт… ва андеша менамуд. Дид, ки шохбози тезпарвозе кадре гушт дар чанголи худ гирифта, назди зоге бе пару боле фуруд омад. Аз гушт порае, ки ба кадри хавсалаи зог бошад, бад у дод. Дарвеш гуфт: Хуш розест, ки мурге, ки на куввати тайрон (паридан) дораду на андешаи чавлон, дар ин беша бе туша намегузорад.

Азизи ман, муносиб чунон аст, ки хушёрони олами маъни мастони Чоми гафлатро ба гушмоли насихат хушёр созанд. Ва лоик чунон аст, ки бедорони арсаи дониш бехабарони куи мусолехатро ба силии (зарбаи) адаб бедор кунанд. Агарчи сухани хак аз руи хакикат араки инфиъол (шарм) бар руи хубруён давонад, шояд, ки яке аз ин миён обруи худ мулохиза карда, аз феъли зишти худ ва аз сухбати бадон ичтиноб намояд.

Байт

Арак нишаст зи пандам рухи накуи туро,
Зи ман маранч, ки мехохам обруи туро.

Азизам, аз сухбати чохили фосик бархазар бош ва хидмати окили комилро илтизом намой (лозим шумор), ки мувосалати (пайвастагии) фиску фучур чун тарбияти мор аст: рузе безарар нахохад буд ва мулозимати ахли хирад монанди таблаи аттор аст, ки беманфиат нахохад буд:

Бош чу аттор, ки аз хуи у
Чоми муаттар шавад аз буи у.

Азизи ман, исмат (покдомани) он аст, ки чун шахват голиб гардад, ту синони (найзаи) нафс боздори ва домани исмат аз лабуси (либоси) харом пок сози ва чуз тарики шаръ дар ин рох икдом нанамои, назар аз амали ношоиста бардори, то дари хайру салох бар руи ту кушода гардад.

Байт

Исмат он чо, ки роят афрозад,
Дилу динро мудом бинвозад.

Азизи ман, то пои талаб ба хорзори таъаб (ранч, азоб) мачрух нагардад, дасти висол ба гиребони гули максуд нарасад. Хеч касро бе такопуйи саъйе болиг офтоби мурод аз машрики умед толеъ нашуд ва бе чустучую такупуйруй аз даричаи умед рух нанамуд, зеро ки бе хори таъаб натавон гул чид ва дари ганчи мурод чуз ба калиди ранч натавон кушод. Пас, мучохида бисёр бояд кард, то кас ба давлати мушохида расад, чунон ки гуфтаанд:

Нобурда ранч ганч муяссар намешавад,
Музд он гирифт, чони бародар, ки кор кард.

Азизи ман, хар ки кадам дар талаби коре менихад, бояд ки мехнат уро мутахаммил (бордоштнок) бошад, он ки руй ба каъбаи максуд орад, аз таъаби бодияи (сахрои) мехнат набояд андешад, чунон ки гуфтаанд:

Дар биёбон чун зи шавки Каъба хохи зад кадам,
Сарзанишхо гар кунад хори мугелон, гам махур.

Азизи ман, дар сафар тачриба бисёр ба даст ояд ва фоидаи бешумор руй намояд. Набини, ки осмон, ки пайваста дар сафар аст, аз хама болотар аст ва замин, ки хамеша дар сутун аст, лагадкуби хар дун аст.

Байт

Дилаш аз гами ину он абтар аст.
Вале аз чафои ватан бехтар аст.

Азизи ман, бозро ба сабаби он чой бар соиди (шикорчии) салотин мукаррар аст, ки сар бар ошёна фуру намеорад ва чукд ба воситаи он дар паси девор мондааст, ки дил аз ватани вайрон барнамедорад.

Байт

Чу шохбоз ба чавлон дарову сайр бикун,
Ки чугд чанд тавон буд дар паси девор.

Азизи ман, алами гурбат ба гуши ту нарасидааст ва самуми (шамоли гармсери сузона) узлат (гушанашини) ба гулшани ту навазидааст. Сафар дарахтест, ки гайр аз хори фирок бор н-орад ва гурбат абрест, ки гайр аз борони мазаллат (хорию зори) катрае наборад. «Ас-сафар калъатун мин ас-сакар» (яъне сафар калъаест пурмашаккат) ва шуълаест синасузу тири дилшикоф ва «чилоун аъзам-ул-бало» (яъне чилои ватан балоест бузург), новакест чигардуз. Пас, бехтар хамон ки дустон иззи (шарафи) хузурро ба базли (харчи) сафар бадал накунанд.

Ва фироки ёру диёр, ки натичааш чуз нолаи зору дидаи ашкбор нест, ба ихтиёр кабул нафармоянд, чунон ки гуфтаанд: Чилои ватан сахт бошад басе,

Кучо оварад тоби у хар касе.

Чудои дарахтест ори зи бар,

Ки гар бар дихад, хаст маргаш самар.

Ман имруз он корафтодаам,

Ки домони ёри зи каф додаам.

На дар дил хузуру на дар дида об,

Гирифтори сарпанчаи сад гуруб.

Азизи ман, мардуми дида аз он бар сар омадаанд, ки кадам аз зовияи (гушаи) худ берун наниходаанд ва катароти ашк аз он поймол шудаанд, ки дар гушаи кошонаи худ карор нагирифтаанд.

Байт

Даруни хонаи худ хар гадо шаханшох аст,
Кадам берун манех аз хадди хеш, султон бош!

Азизи ман, шунида будам, ки аз сафар тачриба бисёр ба даст ояду фоидаи бешумор руй намояд, маро ин тачриба шуд, ки то зинда бошам, ёди сафар накунам ва ба ихтиёр давлати мушохидаи дустонро ба мехнати мучохадаи (кушиши) гурбат бадал накунам.

Байт

     Дигар мучохадаи гурбаташ хавас нашавад,

Ки дар мушохидаи дустон хуш аст мудом.

Азизи ман, дарди фироки ёрону ранчи хичрони дустдорон саъбтарин (сахтарин) дардхосту сахттарин ранчхо. Маълум аст, ки тафарручи (сайру гашти) атрофи оламу тамошои риёзи (богхои) банни одам ба ёрони хамдам ва дустони хуррам хуш аст. Чунон ки гуфтаанд:

Байт

Бахори умр мулокоти дустдорон аст,
Чи хай (зинда) кунад Хизр аз умри човидон танхо.

Азизи ман, муддате умри худро дар шодмонию комрони гузарониди ва бахори чавониро ба хазони пирию нотавони расониди, акнун осори заъф дар атрофи баданат падид омада, сурур аз дилу нур аз басарат рахти рахил (куч) барбаста ва нихоли кувватат, ки меваи мурод бароварди, акнун ба самуми ачзу бечораги руй ба пажмурдаги нихода. Одати рузгорон аст, ки гулшани чавониро ба хасу хошоки мазаллати (хорию зории) пирию муфлиси мукаддам гардонад. Агар марди хирадманди, дидаи дилро ба кухли (сурмаи) чавохири фааббар равшан созу матоъи дунёро нобуда дониста, руй ба чустучуи давлати боки ор. Чунон ки гуфтаанд:

Нишоти чавонон зи пирон мачуй,

Ки оби равон боз н-ояд ба чуй.

Бибояд хавас кард аз сар бадар,

Ки даври хавасбози омад ба сар.

Чу бар сар нишинад зи пири губор,

Дигар айши софи таваккуф мадор…

Азизи ман, донистаи, ки дам ба дам куси (дойраи) рахил фуру хоханд куфт ва сармояи хаёт, ки матоъест дар хонаи бадан амонат нихода, боз хоханд талабид. Мукаддимаи сипохи марг, ки иборат аз заъфи пирист, бар мамлакати бадан тохтан орад. Ва талояи (гурухи пешгарди) лашкари ачал, ки иборат аз муи сафед аст, атрофи хисори вучуд фуру гирад.

Навбати пири гавхарест латифу зиндагони чавхарест шариф, дубора ба даст наёяд, ночор аз даст равад. Ганимат дор, ки накдест пурхосил. Азизаш шумор, ки мусофирест мустаъчил (шитобанда).

Байт

Хабар дори, ай устухони кафас,

Ки чони ту мургест, номаш нафас.

Чу мург аз кафас рафт, бигсаст кайд,

Дигар рах нагардад ба сайъи ту сайд.

Нигах назди доно бех аз оламест.

Даме назди доно бех аз оламест.

Азизи ман, хар чо,ки ишкест, хуснест ва хар чо, ки хуснест, ишкест ва ин хар ду як чизанд.

Азизи ман, дурри ишк дар хар бахр карор нагирад ва райхони мухаббат дар хар бустон наруяд ва мурги олихиммати ишк дар хар шох ошён насозад ва хар тардомане токати неши анкои мухаббат наёрад. Ошиконе, ки гули мурод аз гулзори умед чидаанд ва аз мазраъаи хаёт ба хусулу самар расидаанд, аз неши хар хор чандин хазор озор кашидаанд ва аз ранчи мехнати агёр балои бешумор дидаанд, то аз насими буи чонон гуле шамидаанд ва дар базмгохи чон нафасе орамидаанд, чунон ки гуфтаанд:

Хуни худро мушк кардан кори хар бедард нест,
Нокаро гардид аз ин андеша муи сар сафед.

Азизи ман, ачаб рангест лолазори ишкро, соъате тамошо куну дили гамдидаи худро дар ин гулзори мехнат гунчасон аз насими шавк дида во кун. Шукуфаи ин гулистон аз машшота талаби навбахор аст ва хуррамии ин гулзор аз абри найсони чашм хунбор аст. Хар шефтае, ки дар дашти Зоварони ишк дар сайр аст, хасбулхолаш маколаи (гуфтан) Абусаид Абулхайр аст:

Андар хама дашти Ховарон санге нест,

К-аз хуни дилу дида дар у ранге нест.

Дар хеч замин хеч фарсанге нест,

К-аз дасти гамат нашаста дилтанге нест.

Муаллиф: САМАНДАРХОЧАИ ТИРМИЗИ

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …