Главная / Гуногун / ХИКОЯХО АЗ «АНВОРИ СУХАЙЛИ» («КАЛИЛА ВА ДИМНА»)

ХИКОЯХО АЗ «АНВОРИ СУХАЙЛИ» («КАЛИЛА ВА ДИМНА»)

Ин хикоя тахминан дар асри IV ё соли 300 (яъне такри бан 1700 сол пеш аз ин) аз тарафи муаллифи номаълуме дар Хиндустон таълиф гардидааст.

Аммо матни аслии он то замони мо омада нарасидааст. Он китобе, ки аз руи он тахрирхою тарчумахои баъдина ба вучуд омадаанд, соли 1199 тахрир ёфтааст. «Калила ва Димна» дар Хиндустон бо номи «Панчатанра» (яъне «Панч китоб») машхур аст.

grandfather-stories

Хукмрони сулолаи Сосониён Хусрави Анушервон (531-579) шунидааст, ки дар куххои Хинд гиёхе меруидааст ва агар онро ба мурда диханд, зинда мешудааст. Анушервон Барзуя ном хакими худро ба Хиндустон мефиристад, ки он гиёхро дастрас намояд. Барзуя дар кухсори Хиндустон ин гиёхро бисёр чустучу мекунад, вале онро пайдо карда наметавонад Аз донишманди кухансоли Хинд сирри ин гиёхи «чонбахш»-ро мефахмад: гиёхи чонбахш китоби «Калила ва Димна» будааст, ки суханони пандомузи он одамони нодони ба мурда баробарро донову бино мекардааст. Барзуя он китобро пайдо карда, аз он нусха мебардорад ва ба Эрон назди Анушервон меорад. Тахмин мекунанд, ки Барзуя «Калила ва Димна»-ро ба забони пахлави тарчума кардааст.

Дар натичаи хамлаи арабхо бисёр осори тамаддун ва адабиёти халкхои Эрону Осиёи Миёна аз байн рафт. «Калила ва Димна» дар катори китобхои нобуднашуда, хушбахто на, боки монд ва дар асри VIII аз забони пахлави ба араби бо калами шоир ва мутарчими машхур Абдулло ибни Мукаффаъ тарчума шуд.

«Калила ва Димна» баъдтар тадричан ба забонхои юнони, славяни, яхуди, лотини, хамаги ба шаст забон тарчума шуда, дусад маротиба тахрир ёфт.

Дар асри XII Абулмаолии Насруллох «Калила ва Дим-на»-ро аз забони араби аз нав ба забони форси тарчума намуд. То асри XV тарчумаи форсии Абулмаолии Насруллохшухрати калоне дошт. Бо мурури замон, баробари тагйироти сиёсию иктисоди, акидаву афкори ичтимои, пеш аз хама, завку писанди бадеи низ тагйир ёфт. Акнун зарурати аз нав тахрир намудани «Калила ва Димна» ба вучуд омад.

Нависандаи барчаста, олими намоён ва воъизи бехамтои асри XV Мавлоно Хусайн Воъизи Кошифи ба тарчумаи Абулмаолии Насруллох либоси нав пушонида, «Калила ва Димна»-ро аз нав тахрир намуд. У ба шарафи Шайх Ахма-ди Сухайли, ки аз хосони Султон Хусайни Бойкаро (1468-1506) буд, ба ин китоб «Анвори Сухайли» ном гузошт.

Хикояти «Калила ва Димна» таърихи духазорсола дорад ва дар муддати бист аср, бешубха, аз чихати мазмун, сабк ва услуб борхо тагйир ёфтааст.

Хусайн Воъизи Кошифи ба китоби «Калила ва Димна» хикояти подшохи Чин ва ба воситаи он хикояти Рой Доб шилим ва Барахман Бидпойро дохил намуд.

Дар мамлакати Чин подшохи адолатпарваре буд, ки уро Хумоюнфол мегуфтанд. У Хучистарой ном вазири донишманд ва сохибтадбире дошт. Рузе шоху вазир бо лашкари зиёд ба шикор баромаданд. Рузи дароз онхо дар дашту кухсор чонварону хайвонотро сайд намуданд. Баъди шикор шох лашкари худро чавоб дода, хамрохи вазир ва чанд тан аз сипохиён ба тарафи шахр равона шуд.

Хумоюнфол ба Хучистарой таклиф намуд, ки дар ягон чои сояву салкин каме истирохат намуда, пас ба рох даро янд. Хучистарой уро ба доманаи кухе, ки маргзори сабзу хуррам ва чашмасорхои бешумор дошт, овард. Онхо дар лаби ин чашмахо ва сояи дарахтхо нишаста истирохат мекарданд.

 Дар маргзор дарахти кухнаи себ буд, ки аз нашъунамо монда, танаи он аз захми кирмон холи шуда буд. Дар ковокии ин дарахт занбурхои асал хона сохта буданд ва бо навбату тартиб даробаро мекарданд. Хумоюнфол, ки ин холро пеш аз ин надида буд, чи будани ин занбурхо ва сабаби таку дави онхоро аз вазири худ пурсид. Хучистарой чавоб дод:

– Ин занбурхо гурухеанд, ки манфиати бисёру зарари андаке доранд. Онхо подшохе доранд, ки ба чусса аз онхо бузургтар аст ва хамаи онхо ба у сари итоат хам кардаанд:

барои идора намудани онхо вазир, хочиб, дарбон, посбон ва накиби лашкар таъин намудааст. Хар як аз ин занбурхо барои худ аз мум хонаи шашкунчае сохтааст ва ба хукми султонашон аз хонахояшон берун меоянд. Амирашон мефармояд, ки онхо тани худро ба хар чизи нопок олуда насозанд. Аз ин сабаб, онхо факат болои гулу шукуфахои тоза нишаста, гардхои онро мехуранд.

Аз гарди ин гулу шукуфахо дар дохили онхо шарбате хосил мешавад. Вакте ки ба хонахои худ меоянд, дарбонон онхоро тафтиш мекунанд, агар мабодо аз онхо буи баде ояд, хамон замон онхоро ду пора карда мекушанд. Агар дарбонон тагофул кунанд ва дар хамин хол онхоро ба хона рох диханд, подшох аз ин буи бад хабардор шуда, хам он занбур ва хам он дарбонро мекушад. Агар фарзанди занбуре аз занбурхонаи дигар ба хонаи онхо даромадани шавад, онро манъ мекунанд, агар гуш накунад, уро низ ба катл мерасонанд.

Ривоят мекунанд, ки Чамшед тарзи давлатдориро бо усули хамин занбурхо сохта будааст. Хумоюнфол аз ин суханони Хучистарой дар хайрат монда гуфт:

 «Ачаб дар он аст, ки бо вучуди сирати хайвони доштанашон якдигарро озор намедиханд ва харчанд неш дошта бошанд хам, хосили он факат шарбати нуш аст. Мо дар байни одамон хилофи ин одатро мебинем, ки чамъе аз онхо ба гурухи дигаре зарар мерасонанд ва мехоханд, ки бунёде хамчун худро барандозанд».

Пас шоху вазир аз ахлоки инсони ва муносибати одамон бо хамдигар хеле сухбатхо карданд. Дар зимни ин сухбат

Хучистарой гуфт:

– Хар подшохи одил, ки мадори кори худро бар хикмат нихад, панду насихати хакимон ва донишмандонро дастуру амали кори худ кунад, хам мамлакаташ ободон ва хам раияташ хушдилу шодон хоханд шуд. Чунончи Рой Аъзами Добшилими хинди, ки асоси салтанати худро аз руи коидахои хакими донишманд Барахман Бидпой сохта буд, рузгори худро ба комрони гузаронида.

Хумоюнфол мегуяд, ки у хам аз киссаи ин Ройи Аъзам бисёрхо шунидааст, аммо тафсили он то хол ба у маълум нест. Сипас аз Хучистарой хохиш намуд, ки ин киссаро батафсил ба у хикоят кунад.

Хучистарой гуфт:

– Дар яке аз кишвархои Хинд подшохе буд, ки уро Рой Добшилим мегуфтанд. Добшилим ба забони хинди подшохи бузург гуфтан аст. Добшилим шохи нихоят раиятпарвар ва саховатманд буд. Дар сухбати у пайваста хакимони дониш-

манд ва олимони фозил хозир буданд.

– Рузе Добшилим мачлисе ишрат ороста буд. Дар ин мачлис аз хислатхои писандида ва сифатхои сутудаи одамон ва шохон сухан мерафт. Дар айни сухбат сухан аз саховатманди ва эхсону иньом ба миён омад. Хама гуфтанд, ки барои инсон ва махсусан, шохон хислати бехтарин ва писандатарин саховатманди аст.

Добшилим чун ин суханхо шунид, фармуд, ки дари хазинаро кушоянд ва зару сим ба хосу ом бидиханд. Аз ин саховат ва инъомхои бисёру бешумори шох хурду калон хурсанду хушдил шуданд.

Хамин шаб Добшилим дар хоб дид, ки пирамарди нуроние пеши у омада гуфт:

– Имруз ту ганчи гаронмояро хадяи хосу ом ва хурду калон карди. Субхидам бархез ва ба суи Машрик бирав, ки дар он чо ганче нихон аст ва он насибаи туст.

Пагохии барвакт Добшилим аз чой бархеста, савор ба Шарк равон шуд. У ба домани кухи баландкуллае расид, ки дар зери он гори бетаге буд. Бар дари он гор пирамарди равшандиле нишаста буд. Добшилим чун назди он пир расид, салом кард, пирамард аз дилчуии шох хурсанд шуда уро тахният хонд ва гуфт:

 – Шохо, ман ба расми тухфа ганчномаеро, ки аз падарам мерос мондааст, ба ту такдим медорам. Дар он ганчнома навишта шудааст, ки дар гушаи ин гор ганчи фаровоне хаст.

Ман, ки аз давлати дунё даст кашидаам, мехохам, ки ин ганчро ту бибари ва сарфи давлати худ бисози.

Добшилим ба хидмадгорон фармуд, ки атрофи он горро бикованд.Дар андак муддате хидматгорон сандукхои бисёре пайдо карда, пеши шох оварданд. Добшилим фармуд,

сари сандукхо кушоданд, дар онхо симу зари фаровон ва тухфахои бешумор диданд. Аммо дар байни ин сандукхо сандуке диданд, ки бо бандхои махкам баста ва кулфи румие ба он зада буданд. Харчанд чустучу карданд, калиди ин кулф пайдо нашуд. Бо фармоиши Добшилим охангарони чобукдаст мувофики он кулф калиде сохта сандукро кушоданд ва аз он дурче берун оварданд. Даруни он дурч хуккае буд. Хуккаро пеши шох оварда кушоданд, ки аз он пораи харире берун омад, дар руи харир ба хати суриёни чизе навишта буд.

Пас олимеро, ки аз хату забони суриёни вокиф буд, хозир карданд ва он олим мазмуни ин хатро чунин шарх дод:

– Ин ганчнома мактубест, ки анвои манфиату фоидахо дар он дарч ёфтааст. Мазмуни мухтасари он ин аст: Ман, ки Хушанг подшохам, ин нома ва хазинаро барои Ройи Аъзам Добшилим ниходаам. Медонам, ки вакте ки хамаи ин ганчхо насиби у мешавад, ин васиятномаро низ байни ин ганчхо ниходам, то ки у ба зару сим фирефта нашуда, аз руи хамин  васиятнома корхои худро анчом дихад. Васияти аввал он аст, ки агар подшох хар касро аз чумлаи мулозимонаш ба худ наздик созад, харгиз бадгуии дигаронро дар хакки у кабул насозад. Зеро хар ки ба подшох наздик шуд, албатта, чамъе аз хамкорон ба у хасад мебаранд ва дар хакки у хар гуна бадгуи мекунанд, то уро аз пой дароваранд.

Васияти дувум: ба мачлиси худ касони хабаркаш ва гараздорро рох надихад ва агар ин сифатро аз касе мушохида кунад, хар чи зудтар дар пайи пешгирии зарари у шавад.

Васияти савум: бо арбоби давлати худ хамеша тарики му вофикат ва накухохиро риоя намоянд, зеро ба иттифоки дустони якдилу якчихат кор хамеша пешрав аст. Васияти чорум: ба лутфу мехрубонии душман харгиз бовар накунад, ки аз душман харгиз дусти наояд.

Васияти панчум: чун гавхари мурод ба даст даромад, дар мухофизати он гафлат накунад, ки агар мабодо максуд аз даст равад, ба даст овардани он басо душвор аст ва дар рафтани он пушаймони суд надорад. Васияти шашум: дар корхо шитобзадаги ва сабуккори накунад, балки тааммулу таанниро пеш гирад, ки зарари таъчил бисёру манфиати сабру сукун бешумор аст. Васияти хафтум: хеч гох тадбиру чораандеширо фуру нагузорад. Чун бинад, ки чамъе аз душ-

манон ба касди вай иттифок кардаанд, салох дар он бинад, ки бо яке аз онхо дустиву мехрубони карда, ба ин васила рохи халоси кунад. Васияти хаштум: аз касони хасуд ва бадкина хазар кунад ва ба нармзабонии онхо магрур нашавад, чун нихоли кина дар замини сина нишонда шуд, самари он танхо зарару озор хохад буд.

Васияти нухум: анвор ва бахшидани гунохро шиори худ созад ва мулозимони худро ба андак чарима ба азобу шиканча гирифтор насозад. Васияти дахум: гирди озори хеч кас нагардад, то ки ба тарики мукофот ба худи у зарар нарасад. Васияти ёздахум: ба коре, ки мувофики тавру лоики холи у набошад, майл накунад. Васияти дувоздахум: дар корхо хамеша халиму вазнин ва босубот бошад.

Васияти сез дахум: мулозимони азим ва боварибахш ба даст оварда, аз мардуми хоин ва гаддор дури гузинад. Хар як аз ин васиятхо, ки ёд кардем, достоне ва хикояте дорад. Агар Рой хохад, ки ба тафсили ин достону хикоёт хабар ёбад, бояд ба Сарандеб равад, ки сирри ин гуфтор дар хамон чо кушода хохад шуд.

Добшилим чун ин суханхо шунид, бо чанде аз арбоби давлат азимати сафари Сарандеб намуда, ба рох баромад. У ба шахри Сарандеб расида, ду-се руз аз ранчи рох баросуда, баъд бо ду-се тан махрамони худ ба суи кухи Сарандеб равон гашт. Вакте ки ба болои кух расид, назараш ба горе афтод, ки он маскани хакими донишманд Бидпой будааст.

Маънии Бидпой ба забони хинди табиби мехрубон гуфтан аст. Добшилим ба зиёрати у рафт. Барахман Бидпой уро бо мехрубони кабул намуд, сабаби ранчи кадам пурсид. Добшилим киссаи худ ба Барахман бозгуфт ва аз васиятномаи Хушанг сухан ба миён овард. Добшилим як-як аз ин васият хоро ба хакими донишманд Бидпой Барахман арз мекард ва Барахман дар он боб ба Добшилим хикоятхо мегуфт. Китоби «Калила ва Димна» баёни хамин суолу чавоби Рой ва Барахман аст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …