Главная / Чамъият / ХИФЗИ ИЧТИМОИИ МАЪЮБОН

ХИФЗИ ИЧТИМОИИ МАЪЮБОН

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ ХИФЗИ ИЧТИМОИИ МАЪЮБОН

Конуни мазкур асосхои хукуки, иктисоди ва ташкилии таъминоти хифзи ичтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онхо имконияти баробари зиндаги ва хамгирои бо  чомеаро фарохам меорад.

БОБИ 1.  МУКАРРАРОТИ  УМУМИ
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

– маъюб – шахсест, ки дар натичаи нуксёбии  саломати бо кохиши устувори вазифахои организм аз бемори, чарохат, иллати чисмони ва аклони боиси махдуд шудани фаъолияти хаёти гардидааст ва ба хифзи ичтимои ниёз дорад;

– кудаки  маъюб – шахси маъюби то синни 18 – сола;

maub

– махдудияти фаъолияти хаёти – пурра ё кисман гум шудани кобилият ё имконияти шахс ба худхизматрасони, мустакилона харакат ва муомила кардан, сарфахм рафтан,  рафтори  худро назорат намудан, таълим гирифтан ва ба фаъолияти мехнати машгул шудан;

–  маъюби – дарачаи махдудияти фаъолияти хаётии инсон дар натичаи нуксёбии саломати  бо кохиши устувори вазифахои организм;

– ташхиси тиббию ичтимои – бо тартиби мукарраргардида муайян намудани эхтиёчоти шахси ташхисшаванда ба тадбирхои хифзи ичтимои, аз чумла ба тавонбахши дар асоси арзёбии махдудияти фаъолияти хаёти, ки дар натичаи кохиши устувори вазифахои организм ба вучуд омадааст;

– тавонбахшии маъюбон – низом ва раванди пурра ё кисман баркарорсозии кобилияти маъюбон ба фаъолияти маиши, чамъияти ва касби бо максади мутобикати ичтимоии маъюбон, ба даст овардани мустакилияти модди ва хамгироии ичтимоии онхо бо  чомеа;

– барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб – мачмуи чорабинихои барои тавонбахшии маъюб самарабахш, ки аз шаклу намудхои алохида, хачм, мухлат ва тартиби амалишавандаи тадбирхои тибби, касби ва дигар чорахои тавонбахши иборатанд ва ба баркарорсози, чуброни кобилияти маъюб барои ичрои намудхои муайяни фаъолият равона карда шудааст;

– чойхои махсуси кори барои бо кор таъминкунии маъюбон – чойхои корие, ки бо назардошти имконияти фардии маъюбон тачхизонида шудаанд;

– хифзи ичтимоии маъюбон – низоми тадбирхои аз чониби давлат кафолатдодашудаи иктисоди, ичтимои ва хукуки, ки ба маъюбон чихати бартарафсози ё чуброни  махдудияти фаъолияти хаёти шароит  мухайё менамояд ва ба фарохам овардани имконияти баробари иштироки онхо бо дигар шахрвандон  дар хаёти чомеа равона карда шудааст.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи ичтимоии   маъюбон

Конунгузории Чумхурии Точикистон  дар бораи хифзи ичтимоии маъюбон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон  онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипхои   хифзи ичтимоии маъюбон

Сиёсати давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи ичтимоии маъюбон дар асоси принсипхои  зерин  амали карда  мешавад:

– конуният, инсондусти, риояи  хукуки инсон;

-кафолати сатхи зарурии хифзи ичтимои, таъмини дастрасии тавонбахшии тибби, ичтимои ва касби;

– дастраси ва баробархукукии маъюбон дар баробари дигар шахрвандон ба хифзи саломати, тахсил, истирохату саёхат ва интихоби озоди намудхои фаъолият, аз чумла фаъолияти мехнати;

– хамкории макомоти давлати бо иттиходияхои чамъияти ва дигар ташкилотхое, ки дар сохаи химояи хукук ва манфиатхои конунии маъюбон фаъолият мекунанд;

– манъи табъизи (дискриминатсияи) маъюбон.

Моддаи 4. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон  дар  сохаи хифзи  ичтимоии  маъюбон

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи ичтимоии маъюбон дохил мешаванд:

– муайян кардани самтхои асосии  сиёсати давлати дар сохаи хифзи ичтимоии маъюбон;

– кабули санадхои меъёрии хукуки дар сохаи хифзи ичтимоии маъюбон;

– кабули барномаи давлатии хифзи ичтимоии маъюбон;

– тасдики Тартиби чори намудани квотаи бо кор таъмин кардани маъюбон;

– таъсиси Шурои хамохангсоз  оид ба  хифзи ичтимоии маъюбон;

– дигар салохиятхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 5. Салохияти макомоти ваколатдори давлатии сохаи хифзи ичтимоии маъюбон

Ба салохияти макомоти ваколатдори давлатии сохаи хифзи ичтимоии маъюбон дохил мешаванд:

– тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки  оид ба хифзи ичтимоии маъюбон, аз чумла дар сохаи ташхиси тиббию ичтимои;

– хамохангсозии ташкилию методии фаъолияти макомоти давлати ва дигар ташкилотхо оид ба масъалахои хифзи ичтимоии маъюбон;

– тасдики Коидахои гузаронидани ташхиси тиббию ичтимои якчоя бо макомоти ваколатдори давлатии сохаи тандурусти;

– гузаронидани ташхиси тиббию ичтимои бо назардошти дарачаи кохиши вазифахои организм ва махдудияти фаъолияти мехнати муайян кардани гурухи маъюби, сабабхо, давомноки, вакти фарорасии маъюби ва дарачаи гум кардани кобилияти кори;

– кабули барномахои инфиродии тавонбахшии маъюбон ва таъмини ичрои онхо;

– гузаронидани тадкикоти илми ва корхои тачрибавию таррохи дар сохаи хифзи ичтимоии маъюбон;

– омузиш ва гузаронидани мониторинги сабабхо, шароит ва холати маъюби;

– ташкили такмили ихтисоси кормандони сохаи хифзи ичтимоии маъюбон, аз чумла кормандони ташхиси тиббию ичтимои ва мутахассисони таълими  имову ишора;

– амали намудани тадбирхои хизматрасонии ичтимои ва кумаки ичтимоии унвони ба маъюбон;

– ташкили махзани марказонидашудаи иттилооти бахисобгирии маъюбон;

–  таъмини риояи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи ичтимоии маъюбон.

Моддаи 6. Салохияти макомоти ваколатдори давлатии сохаи тандурусти  оид ба хифзи ичтимоии маъюбон

 

Ба салохияти макомоти ваколатдори давлатии сохаи тандурусти оид ба хифзи ичтимоии маъюбон дохил мешаванд:

–  андешидани тадбирхо  дар самти ташаккули тарзи хаёти солим ва пешгирии маъюби;

– муайян кардани намунаи роххати гузаштан аз ташхиси тиббию ичтимои, муоина (ташхис) ва табобати маъюбон;

– амали намудани тавонбахшии тиббии маъюбон тибки барномахои инфиродии  тавонбахшии маъюбон;

– таъмини омузиши касби ва бозомузии   мутахассисони сохаи ташхиси тиббию ичтимои;

– муайян кардани руйхати дорувори, махсулоти барои нигохубини маъюбон ахамияти тиббидошта, инчунин   озукавории гизои солим  барои кудакони маъюб.

Моддаи 7. Салохияти макомоти ваколатдори давлатии сохаи маориф  оид ба хифзи ичтимоии маъюбон

Ба салохияти макомоти ваколатдори давлатии сохаи маориф оид ба хифзи  ичтимоии маъюбон дохил мешаванд:

– таъмини тахсили ройгон ба маъюбон  мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;

– таъмини омузиш, бозомузи ва такмили ихтисоси  мутахассисони сохаи хизматрасонии ичтимои ва тавонбахшии маъюбон, аз чумла мутахассисони забони имову ишора ва хуруфоти махсус;

– тахия ва тасдики санадхои меъёрии хукукие, ки фаъолияти таълимию маърифатии муассисахои  махсуси таълимиро танзим намуда, тахсили  маъюбонро таъмин мекунанд.

Моддаи 8. Салохияти макомоти махаллии хокимияти давлати  оид ба хифзи ичтимоии маъюбон

Ба салохияти макомоти махаллии хокимияти давлати оид ба хифзи  ичтимоии  маъюбон дохил мешаванд:

– кабули барномахои вилояти, шахри ва нохиявии хифзи ичтимоии маъюбон, аз чумла хизматрасонии ичтимои, тавонбахши  ва шугли маъюбон;

– таъсиси муассисахои давлати оид ба хизматрасонии ичтимои ба маъюбон;

– таъмини  татбики барномахои тавонбахшии маъюбон;

– ташкили расонидани кумакхои  хайрия  ва инчунин кумаки унвонии ичтимои ба  маъюбон;

-андешидани чорахои зарури оид ба бехтар намудани шароити манзилию маиши ва хифзи саломатии маъюбон;

– хамохангсозии фаъолияти  ташкилотхое, ки  дар сохаи хифзи ичтимоии маъюбон  дар вилоятхо ва  шахру нохияхо  фаъолият мекунанд;

– таъсиси Шурои чамъияти оид ба хамохангсозии  масъалахои хифзи ичтимоии маъюбон дар худуди вилоятхо ва шахру нохияхо.

Моддаи 9. Салохияти макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба хифзи ичтимоии маъюбон

Ба салохияти макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба хифзи ичтимоии маъюбон дохил мешаванд:

– мусоидат ба татбики барномахои хифзи ичтимоии маъюбон;

– чалби маблагхои хайрия ба маъюбон;

– расонидани хизматхои ичтимои ва хайрия ба маъюбон.

БОБИ 2.  ТАШХИСИ ТИББИЮ ИЧТИМОИ

Моддаи 10.  Ташхиси тиббию   ичтимои

  1. Маъюби, сабабхо, давомноки, вакти фарорасии он, дарачаи гум кардани кобилияти кори ва  ба хифзи ичтимои  эхтиёчманд будани шахс  бо рохи гузаронидани ташхиси тиббию  ичтимои   мукаррар карда мешавад.
  2. Ташхиси тиббию ичтимои бо назардошти арзёбии  умумии холати организм дар асоси тахлили нишондихандахои клиникии функсионали, маиши, ичтимои, касби, мехнати ва равонии шахси муоинашаванда амали карда мешавад.
  3. Бо назардошти дарачаи кохиши вазифахои  организм ва махдудияти фаъолияти хаёти ба шахси маъ–юб эътирофгардида гурухи маъюби ва ба шахси то синни 18- сола категорияи «кудаки маъюб»  мукаррар карда мешавад.
  4. Ташхиси тиббию   ичтимоиро   макомоти  ваколатдори сохаи хифзи ичтимоии маъюбон анчом медихад. Тартиби ташкил ва фаъолияти   макомоти ваколатдори ташхиси тиббию ичтимоиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

5.Тадкикоти илми, ташхиси тиббию ичтимои ва клиники, тахияи дастурамалхои методи оид ба масъалахои ташхиси тиббию ичтимоии маъюбон ва тавонбахшии онхоро муассисахои тадкикоти илмии макомоти ваколатдори сохаи хифзи ичтимоии маъюбон анчом медиханд.

БОБИ 3. ТАВОНБАХШИИ МАЪЮБОН

Моддаи 11. Тавонбахшии  маъюбон

  1. Тавонбахшии маъюбон мутобики барномаи инфироди, ки дар асоси хулосаи макомоти ваколатдори  ташхиси тиббию  ичтимои барои хар як маъюб муайян карда шудааст, амали мегардад.
  2. Тавонбахшии  маъюбон самтхои зеринро дар бар мегирад:

– тадбирхои баркарорсозии тибби, аз чумла бо усули чаррохи, таъминоти воситахои техники, протезию  ортопеди ва табобати санаторию курорти;

– рохнамоии касби, таълим ва тахсил, мусоидат ба шугл, мутобикати   истехсоли;

–  тавонбахшии ичтимоию мухити, ичтимоию омузгори, ичтимоию равоншиноси ва ичтимоию фарханги,  инчунин мутобикати ичтимоию маиши;

– варзиш ва тадбирхои тарбияи чисмони ва солимгардони.

  1. Амали  намудани самтхои асосии  тавонбахшии  маъюбон  аз воситахои техники ва дигар воситахои тавонбахши истифода бурдани маъюбон, фарохам овардани шароити зарури барои маъюбон дар истифодаи бемамониат аз иншоотхо, бинохои истикомати, мухандисию наклиёти  ва инфрасохтори ичтимои, истифода аз воситахои алока ва иттилоот, инчунин таъмин намудани  маъюбон ва аъзои оилаи онхоро бо иттилоот дар бораи масъалахои  тавонбахшии маъюбон пешбини менамояд.

Моддаи 12. Барномаи инфиродии тавонбахшии  маъюб

  1. Барномаи инфиродии  тавонбахшии маъюб хам татбики тадбирхои  тавонбахширо, ки ба маъюб аз хисоби бучети давлати ройгон пешниход мегарданд ва хам амали намудани тадбирхои тавонбахшиеро пешбини менамояд, ки тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар пардохти онхо худи маъюб ё корфармоёне, ки бо айби онхо ба шахс осеби мехнати расонида шудааст ё бемории касби фаро расидааст, иштирок мекунанд.
  2. Ичрои барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб барои  макомоти дахлдори хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот,  корхонахо, муассисахо ва  ташкилотхо новобаста ба шакли ташкилию хукуки ва  моликияташон  (минбаъд – ташкилотхо) ва шахсони вокеи хатми мебошад.
  3. Барномаи инфиродии тавонбахши барои маъюб хусусияти тавсияви дошта, у хак дорад, ки аз ин ё он намуд, шакл ва андозаи тадбирхои тавонбахши, инчунин умуман аз татбики барнома даст кашад. Маъюб хукук дорад, ки масъалаи бо воситаи мушаххаси техникии  тавонбахши ё намуди тавонбахши, аз кабили аробача-курсии пахлудор, воситахои протезию ортопеди, маводи чопи бо хуруфи махсус, асбоби шунавои, тачхизоти  огохкунанда, маводи видеоии дорои сатри равон ё  тарчумаи имову ишора ва дигар воситахои ба ин монанд таъмин намудани худро мустакилона хал  кунад.
  4. Агар воситаи техники ё хизматрасонии тавонбахшии дар барномаи  инфиродии тавонбахши мукарраргардида ба маъюб пешниход карда нашаванд ё худи маъюб ин воситаро аз хисоби маблаги худ дастрас ё хакки хизматрасониро пардохта бошад, ба у арзиши воситаи техникии тавонбахши ва хакки хизматхое, ки мебоист ба маъюб расонида мешуданд, тибки тартиби  муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон  чуброн карда мешавад.
  5. Дар холати аз барномаи инфиродии тавонбахши пурра ё  кисман даст кашидани маъюб (ва ё шахсе, ки манфиати уро намояндаги менамояд) макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот,  ташкилотхо аз ичрои барнома озод мегарданд ва ин ба маъюб хукуки гирифтани чубронпулиро ба андозаи арзиши чорабинихои тавонбахшии ройгон намедихад.

Моддаи 13.  Воситахои техникии тавонбахшии маъюбон

  1. Воситахои техникии тавонбахшии маъюбон аз асбобу олоти махсусе иборатанд,  ки барои чуброн ё бартарафсозии нуксонхо ва  махдудиятхои    фаъолияти хаётии маъюбон истифода бурда мешаванд.
  2. Воситахои техникии тавонбахшии маъюбон инхоянд:

– воситахо барои харакат;

– воситахои махсус барои худхизматрасони;

– воситахои махсус барои нигохубин;

– воситахои махсус барои рохнамои, муошират ва табодули ахбор;

– воситахои махсус барои таълим (аз кабили адабиёт барои нобиноён) ва барои машгул шудан бо фаъолияти мехнати;

– маснуоти протези (аз кабили маснуоти протезию ортопеди, пойафзоли ортопеди ва либосхои махсус, протезхои чашм ва асбобхои шунавои);

– тачхизоти махсуси варзиши ва машк, асбобхои варзиши.

  1. Зарурати ба маъюб пешниход намудани воситахои техникии тавонбахшие, ки махдудияти устувори фаъолияти хаётии маъюбро чуброн ё бартараф мекунанд, аз руи нишондихандахои тибби муайян карда мешавад.
  2. Бо воситахои техникии тавонбахши таъмин кардани маъюб аз руи нишондихандахои мувофикат ва номувофикатии тибби аз чониби макомоти ваколатдори сохаи хифзи ичтимоии маъюбон амали карда мешавад.
  3. Нишондихандахои мувофикат ва номувофикатии тибби дар асоси арзёбии кохиши устувори вазифахои организм бар асари бемори, чарохат, иллати чисмони ва аклони мукаррар карда мешаванд.
  4. Воситахои техникии тавонбахши, ки тибки барномаи инфиродии тавонбахши пешбини гардидаанд, аз хисоби маблагхои бучети давлати ё сугуртаи ичтимои бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон барои истифодаи ройгон ба маъюб дода мешаванд.

Моддаи 14. Манбаъхои маблаггузории тадбирхои тавонбахши, воситахои техники  ва хизматрасонихо ба маъюбон

  1. Манбаъхои  маблаггузории тадбирхои тавонбахши, воситахои техники ва хизматрасонихо, ки ба маъюбон пешниход мегарданд,  маблагхои  бучети давлати ва инчунин маблагхои  корфармоёне мебошанд, ки  бо айби онхо шахс осеби мехнати гирифтааст ё гирифтори бемории касби шудааст.
  2. Маблагхои иловаги барои маблаггузории харочоти тадбирхои тавонбахши, воситахои техники ва хизматрасонихо, ки ба маъюбон пешниход мегарданд, метавонанд дигар  манбаъхое бошанд, ки конунгузори манъ накардааст.
  3. Имтиёзу кафолатхое, ки барои маъюбон мувофики Конуни мазкур пешбини шудаанд, метавонанд дар шакли пули ва ё кумаки ичтимоии унвони бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон  чуброн карда шаванд.

БОБИ 4. ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ ХАЁТИИ МАЪЮБОН

Моддаи 15.   Ёрии тибби ба маъюбон

Ба маъюбон дар муассисахои давлатии тиббию ичтимои ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ёрии тибби расонида мешавад.

Моддаи 16.  Табобати санаторию курортии маъюбон

  1. Маъюбон дар асоси хулосаи ташхиси тиббию ичтимои ба табобати ройгон ва ё имтиёзноки санаторию курорти, бенавбат гирифтани роххат ва рафтуомади ройгон ба махалли табобат бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон хукук доранд.
  2. Ба маъюбоне, ки кор намекунанд, аз чумла ба маъюбони дар муассисахои будубоши доими (статсионари) истикоматдошта, барои табобати санаторию курорти аз чониби макомоти ваколатдори давлатии сохаи хифзи ичтимоии маъюбон ё аз чониби ташкилотхое, ки ба онхо зарари расонидаро талофи мекунанд, роххати ройгон дода мешавад.
  3. Маъюбоне, ки кор мекунанд, хукук доранд роххати табобати  санаторию курортиро аз чои корашон ройгон ё бо пардохти 50 фоизи арзиши он гиранд.

Моддаи 17. Мухайё намудани шароити  тахсил ва касбомузи ба маъюбон

  1. Давлат бо тартиби мукаррарнамудаи  санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба маъюбон мухайё намудани шароити заруриро барои тахсил ва касбомузи кафолат медихад.
  2. Давлат тибки барномаи инфиродии тавонбахши ба маъюбон таълиму тарбияи ройгонро дар муассисахои томактаби, тахсилоти умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби, тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касби, тахсилоти  иловаги ва махсус дар муассисахои давлатии тахсилоти умуми  ва махсус таъмин менамояд.

Моддаи 18.  Тарбияи томактабии кудакони маъюб

  1. Бо максади фарохам овардани имконияти бештар барои тарбияи томактабии кудакони маъюб ва ба онхо расонидани кумаки зарурии тавонбахши дар муассисахои кудаконаи томактабии умуми барои будубоши кудакони маъюб шароит мухайё карда мешавад.
  2. Ба кудакони маъюбе, ки вазъи саломатиашон барои гирифтани тарбия дар муассисахои томактабии умуми имконият намедихад, муассисахои махсуси томактаби таъсис дода мешаванд.

Моддаи 19.  Тахсилоти умумии кудакони маъюб

Кудакони маъюб дар муассисахои тахсилоти миёнаи умуми, ки хангоми  зарурат бо воситахои махсуси техники тачхизонида мешаванд ва инчунин дар муассисахои махсуси таълими тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  тахсилоти умуми мегиранд.

Моддаи 20.  Тарбия ва таълими кудакони маъюб дар хона

  1. Дар сурати мавчуд набудани имконияти тарбия ва таълими кудакони маъюб дар муассисахои таълими, тарбия ва таълими онхо бо назардошти хохиши падару модарашон (шахсоне, ки онхоро иваз мекунанд) дар хона ба рох монда мешавад.
  2. Муассисахои таълимию тарбиявии дахлдор ба падару модар (шахсоне, ки онхоро иваз мекунанд) барои тарбия ва таълими кудакони маъюб дар хона кумак  мерасонанд.

Моддаи 21. Тарбияи беруназмактабии кудакони маъюб

Бо  максади инкишофи хамачониба ва муносиби кудакони маъюб, дар рухи фаъолнокии чамъияти, майлу рагбат ба мехнат, илму техника, санъат ва варзиш тарбия намудани онхо макомоти маориф ва дигар макомоти давлати вазифадоранд, ки тарбияи беруназмактабиро бо мухайё намудани шароити мусоид барои кудакони маъюб дастрас гардонанд.

Моддаи 22. Тарбия ва таълими кудакони маъюб дар муассисахои будубоши доими (статсионари)

Тарбия ва таълими кудакони маъюби дар муассисахои будубоши  доими (статсионари) истикоматдошта аз тарафи муассисахои мазкур пайваста дар  алокаманди бо  мутобиккунии шароити ичтимоию маиши ва мехнати таъмин карда мешавад.

Моддаи 23. Тахсилоти  касбии маъюбон

  1. Тахсилоти касбии маъюбон (ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби, тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касби) дар муассисахои таълимии умуми амали гардонида мешавад. Барои маъюбоне, ки ба шароити махсуси тахсилоти касби эхтиёч доранд, муассисахои  махсуси таълимии касбии шаклу намудхои гуногун ё дар муассисахои умумии таълимии касби шароити мувофик фарохам оварда мешавад.
  2. Маъюбони  гуруххои I ва II, ки  ба онхо аз руи хулосаи ташхиси тиббию ичтимои дар муассисахои тахсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касби тахсил намудан манъ карда нашудааст, ба муассисахои мазкур бидуни озмун бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон кабул карда мешаванд.
  3. Тайёрии касби ва тахсилоти касбии маъюбон дар муассисахои махсуси таълимии касбии маъюбон мутобики стандартхои давлатии таълими, дар асоси барномахои таълимие, ки барои омузонидани маъюбон мувофик гардонида шудаанд, сурат мегирад.
  4. Коидахои кабули маъюбон ба муассисахои тахсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касби ва  тартиби маблаггузории онхоро  Хукумати Чумхурии Точикистон  муайян  менамояд.

Моддаи 24.  Забони имову ишора

  1. Давлат забони имову ишораро ба маъюбон хамчун воситаи муоширати байни шахсон эътироф  мекунад.
  2. Вазъи хукуки ва доираи истифодаи забони имову ишораро  санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон муайян менамоянд.

Моддаи 25. Таъмини дастрасии бемамониати маъюбон  ба иншооти инфрасохтори ва воситахои наклиёт

  1. Макомоти хокимияти давлати, худидоракунии шахрак ва дехот,  дигар ташкилотхо барои дастрасии бемамониати маъюбон (инчунин маъюбоне, ки аз аробачахои маъюби истифода мебаранд) ба иншооти ичтимоии инфрасохтори (истикомати, чамъияти, бинохои истехсоли, иншооти варзиши, мавзеъхои истирохати, муассисахои маданию маърифати ва дигар иншооту муассисахо), инчунин барои истифодаи бемамониат аз наклиёти рохи охан, хавои, наклиёти автомобилии байнишахри ва хамаи намудхои наклиёти мусофирбарии шахри ва наздишахри, воситахои алока ва иттилооти шароит фарохам меоранд.
  2. Лоихакаши ва сохтмони шахрхо, дигар махалхои ахолинишин, ташкили минтакахои истикомати ва истирохати, тахияи лоихахои нави сохтмон ва азнавсозии бинохо, иншоот ва мачмааи онхо бе мутобик гардониданашон барои дастраси ва истифодабарии маъюбон ичозат дода намешавад.
  3. Маблаггузории харочоти фарохам овардани шароит барои дастрасии бемамониати маъюбон ба иншооти инфрасохтори мухандиси, наклиёти ва  ичтимои, инчунин барои истифодаи бемамониат аз наклиёти рохи охан, наклиёти хавои ва хамаи намудхои наклиёти мусофирбари шахри, нохияви ва байнинохияви, воситахои алока ва иттилооти аз хисоби сохибмулкони иншооти мазкур амали карда мешавад.
  4. Бо максади фарохам овардани шароити мусоид ба маъюбон ташкилотхое, ки талаботи ахолиро ба хизматрасонии наклиёти таъмин менамоянд, ухдадоранд, ки истгоххо, фурдгоххо ва дигар  иншоот, инчунин воситахои наклиёташонро бо тачхизоти махсус муччахаз гардонанд, то ин ки маъюбон имконияти истифодаи бемамониатро аз ин иншооту воситахо дошта бошанд.

Моддаи 26.  Таъмини шугли маъюбон

  1. Ба маъюбон тавассути баргузор намудани чорабинихои махсуси зерин, ки дарачаи ракобатпазирии онхоро дар бозори мехнат баланд мебардоранд, кафолати шугли мехнати дода мешавад:

– дар ташкилотхо новобаста ба шакли ташкилию хукуки ва  моликияташон квотахо барои ба кор кабул намудани маъюбон ва хадди акалли теъдоди чойхои махсуси кори барои онхо мукаррар карда мешаванд;

– хавасмандгардонии ташкилотхо барои таъсис додани чойхои иловагии кори (аз чумла чойхои махсуси кори) чихати  бо кор таъминкунии маъюбон;

– фарохам овардани шароити мехнати мутобик ба барномахои инфиродии тавонбахшии маъюбон;

– фарохам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сохибкории маъюбон;

–  ташкил намудани омузиши касбхои нав барои маъюбон.

  1. Дар ташкилотхо новобаста аз шакли ташкилию хукуки ва моликияташон хангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандони онхо ба андозаи  на камтар аз панч фоиз аз шумораи  умумии кормандон ба маъюбон барои ба кор кабул кардан квота  мукаррар карда мешавад.
  2. Хадди акалли теъдоди чойхои махсуси кори барои бо кор таъмин кардани маъюбон ба хар як  ташкилот дар доираи  квотаи мукарраргардидаи ба кор кабул намудани маъюбон муайян карда мешавад.
    4. Барои ташкилотхое, ки маъюбонро бо кор таъмин мекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон андозбандии имтиёзнок мукаррар карда мешавад.

Моддаи 27.  Хукукхои маъюбон дар муносибатхои мехнати

  1. Барои маъюбоне, ки кор мекунанд, аз чониби корфармоёни онхо мутобик ба барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон шароити зарурии мехнат фарохам оварда мешавад.
  2. Имтиёзхои иловагии маъюбон вобаста ба  давомнокии кутохи вакти кори, рухсатихои иловаги, инчунин дигар кафолатхо дар муносибатхои мехнати тибки Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукуки ба танзим  дароварда мешаванд.

Моддаи 28. Нигох   доштани  манзили  истикоматии маъюбе, ки дар муассисаи будубоши доимии (статсионарии) хизматрасонии ичтимои карор дорад

  1. Дар  давоми  мухлати муайяннамудаи барномаи инфиродии тавонбахши, ки маъюб дар муассисаи будубоши доимии (статсионарии)  хизматрасонии ичтимои  карор дорад, манзили истикоматии аз фонди манзили давлати ба у чудо кардашуда нигох дошта мешавад.
  2. Баъди гузаштани ин мухлат, агар маъюб дар манзили истикоматии давлатии ба у чудо кардашуда мустакилона зиндаги карда  натавонад, манзили истикоматии мазкур бо тартиби  мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба  дигар маъюби  мухточи манзил дода мешавад.

Моддаи 29. Хукуки  маъюбон ба таъминоти ичтимои

  1. Маъюбон ба гирифтани нафака, кумакпули ва хизматрасонии ичтимои бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  хукук доранд.
  2. Маъюбоне, ки кор мекунанд, новобаста ба гирифтани  нафака ба тамоми намудхои кумакпули аз руи сугуртаи давлатии ичтимои, аз чумла ба кумакпули барои корношоямии муваккати  хукук доранд.
  3. Маъюбон бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон барои рафтуомади ройгон ё имтиёзнок ба чои табобат вобаста ба протезмони ва тавонбахши хукук  доранд.
  4. Ба оилахое, ки ду ва зиёда маъюб доранд, инчунин ба падар ё модари танхои маъюб, ки кудаки маъюбро тарбия мекунанд, бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ёрии иловагии ичтимои расонида мешавад.

Моддаи 30. Имтиёзхои  маъюбон барои  истифода аз наклиёт

  1. Маъюбон хукук доранд аз наклиёти нохияви, байни нохияви, шахри ва байнишахрии истифодаи чамъияти (ба истиснои такси) ба тарики ройгон истифода баранд. Хамчунин маъюбон хукуки истифодаи имтиёзноки наклиёти рохи охан ва хавоиро доранд.
  2. Тартиби аз наклиёт ройгон ва имтиёзнок истифода бурдани  маъюбонро  Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 31. Имтиёзхои маъюбон барои пардохти хакки манзили истикомати, хизматрасонии

коммунали ва андозхо

 

  1. Маъюбон ба имтиёзхо, аз чумла андозбандии имтиёзнок бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хукук доранд.
  2. Маъюбони гуруххои I ва II  хукуки пардохти имтиёзноки хакки   манзили истикомати, хизматрасонии коммунали (ба гайр аз кувваи барк, гази табии) ва телефон, инчунин имтиёзи ба моликияти шахси харидани хонаи давлатии истикоматиашонро дар хачми 50 фоиз ва хукуки бенавбат ва ройгон гузаронидани хатти телефон, барк, газ ва оби нушокиро доранд.
  3. Макомоти махаллии хокимияти давлати, дигар ташкилотхо дар доираи салохияти худ тибки конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд ба маъюбон барои пардохти хакки манзили истикомати, хизматрасонии коммунали, андозхои махалли ва дигар пардохтхо имтиёзхои  иловаги мукаррар намоянд.

БОБИ 5.  ИТТИХОДИЯХОИ ЧАМЪИЯТИИ МАЪЮБОН

Моддаи 32.  Хукуки маъюбон ба таъсиси иттиходияхои чамъияти

  1. Маъюбон бо максади хифзи хукук ва манфиатхои конунии худ, таъмини имконияти баробар бо шахрвандони дигар метавонанд иттиходияхои чамъияти таъсис диханд, ба узвияти онхо шомил гарданд, инчунин бемамониат аз узвияти иттиходияхои мазкур бароянд.
  2. Тартиби таъсис  ва фаъолияти иттиходияхои чамъиятии маъюбон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  3. Давлат барои фаъолияти иттиходияхои чамъиятии маъюбон мусоидат менамояд.
  4. Ба моликияти  иттиходияхои чамъиятии маъюбон метавонанд  корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхо, бинову иншоот, тачхизот, наклиёт, манзил, арзишхои зехни, воситахои пули, сахмияхо ва дигар когазхои киматнок, инчунин дигар намудхои моликият мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон тааллук дошта бошанд.
  5. Иттиходияхои чамъиятии маъюбон ва ташкилотхои онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз  андозбандии имтиёзнок ва афзалиятхо истифода мебаранд.

Моддаи 33. Иштироки иттиходияхои чамъиятии маъюбон дар халли  масъалахои ба маъюбон дахлдошта

  1. Иттиходияхои чамъиятии маъюбон метавонанд дар  халли масъалахои ба  маъюбон дахлдошта иштирок намоянд.
  2. Макомоти давлати, инчунин дигар ташкилотхо вазифадоранд намояндагони иттиходияхои чамъиятии маъюбонро дар тайёр ва кабул намудани карорхои ба манфиати маъюбон дахлдошта чалб намоянд.

БОБИ  6.  МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 34.  Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукукие, ки  Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи химояи ичтимоии маъюбон дар Чумхурии Точикистон»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 24 декабри соли 1991 «Дар бораи химояи ичтимоии маъюбон дар Чумхурии Точикистон» (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, с. 1992, №3, мод. 32; с. 1994, №2, мод. 50; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1995, №22, мод. 261; с. 2004, №2, мод. 40; с. 2005, №3, мод. 132; с.2008, №1, к.2, мод.23) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 36. Тартиби  мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти

ЧумхурииТочикистон  Эмомали РАХМОН

ш. Душанбе

29 декабри соли 2010,

№ 675

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Сиёсати хоричии Испания дар огози асри XX

Империализми Испания дар огози асри XX талаб мекард, ки хукумат дар сиёсати хоричии худ мавкеи …