Главная / Биология / ХАЗАНДАГОН: ПАЙДОИШ ВА ЭВОЛЮТСИЯИ

ХАЗАНДАГОН: ПАЙДОИШ ВА ЭВОЛЮТСИЯИ

Кариб 300 миллион сол пеш дар об мохиён, дар чойхои камобу хушки обхокихо, дар чойхои хушки камборон хазандагон зиндаги мекарданд.

Хазандагон авлоди шаклдигаркардаи обхокихо буда, дар айни замон васеъ пахн нашудаанд. Дар мамлакатхои хунук хазандагон кариб, ки нестанд. Дар чойхои иклимашон муътадил онхо камтар буда, дар минтакахои гарм хеле зиёд дучор мешаванд. Аммо на хама вакт ин тавр буд. Дар замонхои хеле кадим (пеш аз саршавии давраи яхбанди) хазандагон намудхои гуногун дошта, кариб ки дар хама чо фаровон будаанд. Аз пайдо шудани пусти хушк, мураккаб шудани шуш ва дигар тагйироти бадани хазандахои хозира кариб 70 миллион сол вакт гузашт. Дар баробари инкишофи хазандагон Обхокихои кадима нест шуданд.

mor

Омузиши хайвонхои кадим нишон медиханд, ки олами хайвонот дар руйи замин хамеша дар як холат набуд. Дар замонхои хеле кадим дар руйи замин хайвоноте сокин буданд, ки онхо дар муддати садсолахо мункариз гаштанд ва чояшонро хайвонхои дигар гирифтаанд.

Эраи кадимтарин тахминан 3500 миллион сол, эраи кадим кариб 325 миллион сол, эраи миёна кариб 120 миллион сол давом кард ва эраи нав бошад 75 миллион сол инчониб давом дорад. Хамин тарик аз замони пайдоиши хаёт дар сайёраи замин зиёда аз 2 миллиард сол гузаштааст.

Холо зоопалеонтологхо бокимондаи хайвоноти мухрадорро аз кабатхои замини ба эраи кадим мансуб ёфта, ба чунин хулоса омадаанд, ки аз мухрадорон аввал мохиён ва пас обхокихо пайдо шудаанд. Дар охири эраи кадим дар бисёр чойхои кураи замин иклими гарми сернам охиста-охиста ба иклими бебориш иваз шуда, барои обхокихои барахнапуст шароити мухиташон номусоид ба вучуд омадааст. Дар натича пусти Обхокихо шахшул шуда, барои дар хушки зиндаги кардани онхо шароит ба амал омад. Намуди берунии хайвонхо тагйир, шушашон барои оксигени атмосфераро гирифтан такмил ёфта, магзи сарашон мураккаб гардид ва дар онхо тухми чилди охакидошта ба вучуд омад. Хамин тарик дар охири эраи кадим аз обхокихо ачдоди хазандахои хозира инкишоф ёфтаанд. Аз хама зиёдтар микдори хазандагон дар эраи миёна зиёд шуда буд. Дар он замон баъзе Намудхои паррандаю ширхурхо акнун пайдо шуда истода буданд. Бинобар ин дар таърих эраи миёнаро замоии хазандахо меноманд.

Дар вакти кофтуковхои бостоншиноси устухони хайвонхои нихоят калонро пайдо карданд, ки онхо ба хазандагон мансуб буда, онхоро динозавр-сусморхои бадхайбат номидаанд. Вазни баъзеи онхо тахминан 40-50 тонна. дарозиашон то 26 м будааст. Ин хайвонхон азимчусса дар аввал растаи мехурданд ва охиста- охиста баъзеи онхо ба хаёти даррандаги гузаштаанд. Дар онхо рафта-рафта барчастагихои хормонанд, беххои шохмонанди махсус, думи бокувват, сипар ва дигар воситахои мухофизати пайдо щудаанд. Вале дар хамон замон динозаврхои хурде низ будаанд, ки хачмашон ба гурбаи хонагии хозира баробар будааст.

Мо дар хазандагони дарранда дандонхои пеш ашк ва курсиро мебинем, ки хар кадомашон вазифаи худро доранд. Дертар аз хазандагони дарранда хайвонхои ширхур пайдо шудаанд.

Як гурухи хазандагони кадимро, ки кобилияти парвоз кардан пайдо карда буданд, птеродактилхо (сусморхои паррон) меномиданд. Онхо дар байни ангуштони дарози пойхои пеш ва тан пардаи пустмонанд доштанд. Хачмашон аз гунчишк то сусморхои азимчуссае буданд, ки бо пахнии хар ду чини пусти 10 метрро ташкил мекарданд. Онхо дар ибтидо суст парвоз карда, аз болои харсангхои сохил парида мегузаштанд. Хангоми парвоз бол намезаданд, аз паси мохи ба об гута хурда, ба болои харсангхо (бо ёрии ангуштони дарози пояшон) часпида мебаромаданд. Аз сабаби яклухт фуру бурдани туъма дандонашон торафт нолозим шуда, аз тезхаракати нагз парвоз мекардаги шуданд. Дар пустпардаи баъзеашон пату муй хосил шуд. Аз хамин шохаи гурухи хазандагон паррандахои кадимаю хозира ба вучуд омадаанд.

Дар эраи миёна аз хазандагони кадими паррандаю ширхурхои аввалини ба дарачаи баландтар инкишоф ёфта ва харорати бадани доимидошта пайдо шудаанд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …