Главная / Гуногун / ХАСАНИ ДЕХЛАВИ

ХАСАНИ ДЕХЛАВИ

Вайро дар газал тарики хос аст. Аксар кофияхои тангу радифхои гариб ва бахрхои хушоянда, ки асл дар шеър, хосса дар газал, мулохизаи инхост, ихтиёр кардааст. Лочарам, аз ичтимои онхо шеъри вайро холате хосил омадааст, ки агарчи ба хасаби 162 бодиназар осон менамояд, аммо дар гуфтан душвор аст. Ва лихозо 163 ашъори вайро «сахли мумтанеъ» гуфтаанд. Муосири Хисрави Дехлави будааст ва бо якдигар сухбат медоштаанд ва мубосатот 164 мекардаанд, чунончи Хасан мегуяд:

К и т ъ а

Хисрав аз рохи карам бипзирад
Он чи ман — банда, Хасан, мегуям.
Суханам чун сухани Хисрав нест,
Сухан ин аст, ки ман мегуям.

hasani-dehlaviВа дигар аз шуарои мутагаззил 165 Хоча Имоди Факех 166 аст, аз Кирмон. Вай шайхи хонакохдор будааст. Шеъри худро бар хамаи воридони хонакох мехондааст ва истидъои167 ислох мекарда ва аз ин чо мегуянд, ки шеъри вай шеъри хамаи ахолии Кирмон аст.

Ва дигар Хочуст168 ва вай низ аз Кирмон аст ва дар тазйини 169 алфоз ва тахсини 170 иборот чахде балиг дорад. Ва лихозо вайро «нахлбанди шуаро» мехонанд.

Ва аз шуарои Мовароуннахр  Носири Бухороист 171 ва дар ашъори вай чошние хаст аз тасаввуф. Ва дигаре Хоча Исматуллохи Бухороист172 ва вай дар газал татаббуи Хисрав мекунад; ва дигар Бисотии Самаркандист 173 ва шеъри вай холи аз латофате нест, аммо аз фазоили муктасаба 174 бисёр ори будааст, чунончи аз ашъори вай зохир аст; ва дигар Хаёлист175 ва шеъри вай холи аз хаёле нест ва аз ашъори вай аст ин ду байт:

Ай тири гаматро дили ушшок нишона,
Халке ба ту машгулу ту гоиб зи миёна.
Гах муътакифи 176дайраму гах сокини масчид,
Яъне ки туро металабам хона ба хона.

Ва аз шуарои Хуросон  Озарии Исфароинист 177 ва дар ашъори вай томот 178 бисёр аст ва аз матлаъхои писандидаи вай аст:

Б а й т

Боз шаб шуд, чашми ман майдони гиря об зад,
Сели ашк омад, шабехун бар сипохи хоб зад.

Ва дигар Котибии Нишопурист 179 ва вайро маонии хос бисёр аст ва дар адои он маони низ услуби хос дорад. Аммо шеъри вай якдаст ва хамвор нест, шутургурба афтодааст; ва дигар Шохии Сабзаворист180 ва вайро ашъор латиф аст, якдаст ва хамвор бо  иборати покиза ва маонии пурчошни; ва дигар Орифии Харавист181 сохиби муковалаи  «Гую чавгон»  ва он аз назмхои саромади уст ва ин чанд байт аз он китоб аст дар сифати аспи чавгони:

М а с н а в и

Чун гуйи сипехр гард басти
Майдон-майдон чу гуй части.
Хар бор, ки дар арак шуди гарк,
Борон будию дар миён барк.
Бигрехта озар 182 аз суми у,
Овехта сарсар аз думи у.
Хар пай, ки давида дар бари гуй,
Гардида зи суръаташ сари куй.
Он лахза, ки дар набард рафта,
Сад боди сабо ба гард рафта.
Аз кух чу сел даргузашта
В-аз бахр чу бод баргузашта.

Ва сохибдавлате183, ки замони мо ба вучуди шарифи у мушарраф аст. Харчанд пояи кадри вай назар ба маротиби чоху хашмат ва курби подшохи сохибшавкат ва киёс ба манокиби маънави аз фазлу адабу фазоили мавхубу мактасаб аз он баландтар аст, ки вайро ба хусни шеър таъриф кунанд ва ба чавдати назм тавсиф. Аммо чун хотири шарифаш ба воситаи касби фазилати тавозуъ касри нафс ба он фуруд омадааст, ки худро дар силки ин тоифа мунхарит гардонидааст, дигаронро хичоби тахоши аз он маъни, ки вайро аз табакаи эшон донанду аз зумраи эшон шуморанд, муртафеъ гашта, аммо инсоф ин аст, хар чо ин тоифа бошанд, вай сар бошад ва хар гох номи ин табака нависанд, вай сардафтар. Чунон ки ин муаммо ба исми шарифаш мабни184 аз ин маънист: Алишер:

Ало сияри-л-алфози сирту дахран
В-ахразту-л-фазоилу би-л-фавозил.
Ва би исмука факту ахли-л-фазли тарран,
Лизо суратуху фавка-л- афозил. 185

Ва чун гавхари номаш бузургтар аз он аст, ки хар махалле аз назм садафи он тавонад буд ва хар маком аз шеър шарафи он тавонад ёфт, тахаллуси ашъораш ба он чи аз ин муаммои дигар мафхум мегардад, номзад гашта: Навои:

Кунхи номаш дар тахаллусхо наёбад хеч кас,
Бар лаби ёбандагон аз вай навое дону бас.

Ва агарчи вайро ба хасби табиат ва вусъати кобилият хар ду навъ шеър: турки ва форси муяссар аст, аммо майли табъи вай ба турки аз форси бештар аст ва газалиёти вай ба он забон аз дах хазор зиёдат хохад буд. Маснавиёте, ки дар мукобалаи «Хамса»-и Низоми вукуъ ёфта, ба си хазор наздик ва хамоно, ки ба он забон беш аз вай ва бех аз вай касе шеър нагуфтааст ва гавхари назм насуфта. Ва аз чумлаи ашъори форсии вай аст касидае, ки дар чавоби касидаи Хисрави Дехлави, ки мусаммост ба «Дарёи Аброр», вокеъ шуда ва муштамил аст дар бисёре аз маонии дакика ва хаёлоти гарибаи латифа ва матлааш ин аст:

Б а й т

Оташин лаъле, ки точи Хисравонро зевар аст,
Ахгаре бахри хаёли хом пухтан дар сар аст.

Ва ин рубоиро дар тахнияти кудуми баъзе ояндагон 186  аз сафари Хичоз дар рукъае 187 навишта буд:

Р у б о и

Инсоф бидех, Ай фалаки минофом,
То з-ин ду кадом хубтар кард хиром?
Хуршеди чахонтоби ту аз чониби субх,
Ё мохи чахонгарди ман аз чониби Шом?!
Ва ин рубоии дигар дар рукъае дигар:

Р у б о и

Ин нома на нома, дофеъи дарди ман аст,
Ороми даруни ранчпарварди ман аст.
Таскини дили гарму дами сарди ман аст,
Яъне хабар аз  мохи чахонгарди ман аст.
Ва ин рубоии дигарро ба тачдид дар рукъае дигар навишта:

Р у б о и

Гар дар дайрам, ба гуфтугуят бошам,
В-ар дар харамам, ба чустучуят бошам,
Дар вакти хузур   рубаруят бошам,
Дар гайбат рави, дил ба суят бошам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …