Главная / Гуногун / ХАРОРАТ

ХАРОРАТ

Хаёти одам, хайвонот ва растанихо дар Замин ба харорати хаво сахт вобастагй дорад. Дарорати кабати хавое, ки ба Замин наздик аст, тагйирёбанда буда, шароити обу хаворо муайян мекунад. Харорати хаво аз руи микдори гармии аз шуъои офтоб гирифташаванда муайян карда мешавад. Гармо ва харорати баланд дар нохияи Эква­дор ба мушохида расида, харорати паст дар худудхои кутби ба назар мерасанд.

Чои аз хама хунук дар истгохи «Шарк» карор дошта, дар он чо мохи августа соли 1960 хунукии харораташ – 88,3°С ба кайд гирифта шудааст. Чои аз хама гарм дар Ли­вия, дар биёбони Ал-Осиё карор дорад. Дар ин чо мохи сентябри соли 1922 гармии хаво то ба +58°С расидааст.

А Васеьгии географй харорати хаворо муайян мекунад.

Харорати хаво аз фаслхои сол вобаста аст. Вай вобаста ба карор доштани Офтоб дар болои уфук тагйир меёбад.

Хар кадар Офтоб дар болои уфук поён аст, ба хамон андоза хунук аст.

Хар кадар Офтоб боло бошад, ба хамон андоза гарм аст. Харорати хаво дар чараёни шабонаруз тагйир меёбад. Харорати хаво дар сахарии барвакт нисбат ба харорати хаво дар соати 2-3- и руз поён аст.

Харорати хаво хамчунин аз баланди вобаста аст. Стюардессахо да хавопаймохои мусофирбар эълон менамоянд: «Дар берун – 50°С хунук». Хамзамон дар Замин на танхо гарм, балки гарми сузанда метавонад бошад.

Чаро чунин ходиса сурат мегирад? Харчанд шуъои Офтоб тавассути атмосфера мегузаранд, онхо вайро гарм наменамоянд, вале сатхи Замин шуруъ ба гарм шудан мекунад.

Сатхи гармшудаи Замин хаворо гарм мекунад. Кабати хаво, ки ба Замин наздик аст, бештар гарм мешавад. Кабати болои камтар гарм мешавад.

Хангоми баланд шудан ба боло дар хар 1 км харорати хаво то ба 5-6 °C паст мешавад. Ба ин пиряххои доимии дар куххои баланд мавчудбуда мисол туда мета- вонанд. Бинобар харорати пасти хаво барфхое, ки зимистон болои куххои баланд меборанд, тобистон пурра об намешаванд. Худуде, ки барг таври доимй карор дорад, хати барфй номида мешавад. Ин хатро мо дар охири тобистон дар куллахои куххои баланд дида метавонем.

Ин хат кисми кухеро, ки бо растанй пушонида шудааст, аз он кисм, ки пиряххои сафед хобидааст, чудо мекунад. Дар нохияхои гуногуни кураи замин хати барфй дар баландихои гуногун мегузарад. Дар чойхои бисёр гарм ва хушк вай боло карор до­рад. Масалан, дар куххои Тибет дар баландии 6000м, дар куххои Осиёи Марказй дар баландии 4500-5000 м, дар куххои Кафкоз дар баландии 3500 м.

Хатхри аз хама пасти барфй дар кутбхо ба назар мерасанд. Онхо сатхи укёнуси оламро фаро мегиранд. Аз ин ру, дар ин нохияхо яххои абадй карор доранд. Барфхое, ки дар тули асрхо карор гирифта, ба ях табдил меёбанд, кабатхои баланди яхинро ташкил медиханд. Китьаи Антарктида пурра бо барфхо ва пиряххои абадй пушонида шудаанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …