Главная / Гуногун / ХАРИТАИ ГЕОГРАФИ

ХАРИТАИ ГЕОГРАФИ

Харита аз калимаи юнони гирифта шуда манояш варак мебошад. Ин ба номи харита мувофикат менамояд, чунки харитахо дар варакхои когаз тартиб дода мешаванд. Онхо курашаклии Заминро хамвор тасвир мекунанд. Аммо шакли кураро ба хамвор табдил додан бе кандашави ва чиншави тасаввурнопазир аст. Аз хамин сабаб дар сохтани харитахо ба сахв рох дода мешавад. Он дар сахех набудани самт, масофа ва масохат (дар харита) зохир мегардад. Барои он ки хангоми сохтани харига сахву хато кам шавад, аз проексияхои (накшахои гуногуни картографи) гуногун истифода мебаранд.

kuhho

Мисол, харитае, ки олими машрикзамин Абурайхони Беруни таълиф намудааст, дар асоси проексияхои кунуни ва стереографи сохта шудааст. Катьи назар аз он ки харитахо дар заминаи кадом проексия сохта мешаванд, вобаста ба таъйиноташон дар онхо объект ва ходисахои мухталифи географи (чойгиршавии материкхо, укёнусхо, дарёхо ва куххо), самти” вазиши шамол, харакати чараёнхои бахрй, сохахои хочаги, худуди давлатхо ва гайра тасвир ва бо аломатхои шарти ишора карда мешаванд. Аз ин чо харитаи географи тасвири хурд ва чамъбастгардидаи хамвории сатхи Замин буда, дар он тамоми объект ва ходисахои географи бо аломатхои шарти ифода шудаанд. Микёси харитахо нисбат ба микёси сурати махал хурданд. Онхо вобаста ба микёс ба се гурух чудо мешаванд: калонмикёс (1:200000 ва калонтар).

 Микёси харита хар кадар хурд бошад, махал дар он бо тамоми чузъиёташ тасвир намеебад. Мисол, махал дар Микёси М000 бо тамоми чузъиёташ, дар Микёси 1:1000000 хамчун як нукта тасвир меёбад.

Тафовути суряти маха.1 аз харита. Накши махал аз харита на факат бо микёс, балки бо дигар чихатхо низ фарк мекунад:

а) Накши махал бевосита дар мавзеи муайян ва ё аз руи сурати аз самолёт аксбардоришуда гартиб дода мешавад. Барои тартиб додани харита вобаста ба мазмун ва таъйиноташ аз манбаъхои гуногун, аз чумла суратхои аз кайхон аксбардоришуда истифода мебаранд.

б) Дар накши махал аломатхои шарти мувофики микёс гузошта мешаванд, дар харита бошад, вобаста ба мазмун ва таъинот аломатхои шарти интихобан гузошта мешаванд.

в) Хангоми ба накш гирифтани махал аз сабаби хурд будани масохати он нохамворихои сатхи Замин таъсир намерасонанд. Тамоми тарх ва масофаи объек гохо бидуни сахву хато мувофики микёс инъикос карда мешаванд. Ба харита, ки масохати нихоят васеъро дар бар мегирад, нохамвории сатхи Замин таъсир мерасонад. Аз хамин сабаб дар тартиб додани харита сахву хатохо ногузиранд.

г) Накши махал бе шабакаи дарачадор гартиб дода мешавад. Харитаро бошад, бе чунин шабака, яъне бе хатхои мувози ва меридиан тартиб додан гайри имкон аст.

д) Дар накши махал самтхои Шимол ва Чанубро бо тирча ифода мекунанд. Дар ин сурат тарафи чапи тирча самти Гарб ва гарафи рости он Шаркро нишон медихад. Дар харита ин вазифаро хати меридиан ва хати мувози ичро менамояд. Меридиан Шимолу Чануб. хатхои мувозй Гарбу Шаркро нишон медиханд.

Савол ва супорнш

  1. Харитаи географи чист?
  2. Харитахо аз руи микёс ба чанд гурух чудо мешаванд?
  3. Сурати махал аз харита чи тафовут дорад?
  4. Аломатхои шартии сурати махал ва харитаро мукоиса намуда, гуед, ки онхо пурра бо якдигар мутобикат мекунанд ё не?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …