Главная / Гуногун / ХАРАКАТИ МОЛЕКУЛА ВА АТОМХО – ДИФФУЗИЯ ЧИСТ?

ХАРАКАТИ МОЛЕКУЛА ВА АТОМХО – ДИФФУЗИЯ ЧИСТ?

Бисёр тачрибахо нишон медиханд, ки молекулахои хамаи моддахо дар харакат карор доранд. Ба зарфи шишагин зок, яъне дахони фарангро, ки дар об мунхал шудааст, бирезед. Вай ранги обиро ба худ мегирад. Ба махлул оби тозаро ончунон эхтиёткорона бирезед, ки онхо омехта нашаванд.

Диффузия ин воридшавии молекулаи як ашё ба молекулаи дигар ашё мебошад. 

Дар огози тачриба марзи байни об ва махлули дахони фаранг баромало дида мешавад. Зарфро дар холати ором гузошта ба марзи байни моеъхо мушохида бикунед. Пас аз чанд руз марзи байни онхо шуруъ ба тахриб шудан мекунад. Пас аз ду хафта марзе, ки моеъро аз хам чудо мекард, аз байн рафта, моеъи дар зарф буда ранги оби­ро ба худ гирифт. Пас маълум мегардад, ки моеъхо омехта шудаанд.

Дифузия

Натичаи тачриба чунин ташрех мешавад: аввал молекулахои об ва махлули дахони фаранг, ки дар наздикии марз карор доранд, дар натичаи харакат чойхои ху- дро иваз мекунанд. Молекулаи дахони фаранг ба кабати поёнии об гузашта, молекулаи об ба кабати болоии махлули дахони фаранг, марзро бишкаста мегузаранд. Пас аз ин як кисми ин молекулахо бо молекулахои кабатхои дигар чой иваз мекунанд. Бад-ин тартиб, дар натичаи харакати пайваста ва номуназзами молекулахо, моеъхо комилан ба хамдигар омехта туда, ба худ ранги ягона мегиранд.

Ходисаи бахамдигар гузаштани молекулахои моддахои хамхудуд, ки дар натичаи харакатхои номуназзами хиссачахои моддахо сурат мегиранд, диффузия номида мешавад. Тавассути диффузия метавон раванди гуршавии бодирингхо, карамхо, мохихо ва дигар махсулоти гизоиро шарх дод.

Диффузия дар газхо низ pyx медихад. Агар ба хучра ашёи буйдихандаро, масалан, атрро дароред, пас хамон лахза буйи атр тамоми хучраро фаро мегирад. Маълум мегардад, ки дар хама кисматхои хучра молекулахои атрхо cap даровардаанд ва ходисаи диффузия сурат мегирад. Молекулахои атрхо бетартибона харакат карда ва бо молекулахои хаво бархурда, дар тамоми хона пахн мешаванд.

Диффузия дар моддахои сахт низ ба вучуд меояд, вале хеле ба охистагй. Ду пластинро, ки болояшон аз сарпушхои рухи ва тиллои сохташуда кафшер шудаанд, бо­ной хамдигар гузошта, тавассути бор фишурданд.

Дар шароити одии харорати хучрави тилло ва ва рух бо хам дар муддати панч сол то ба масофаи 1мм омехта гардиданд.

Диффузия хамчунин дар хаёти инсон ва хайвонот ахамияти бузург дорад. Масалан, хаво аз мухити зисти мо ба организми инсон тавассути пуст дар натичаи диф­фузия ворид мешавад. Моддахои гизои аз руда ба хун дар асоси диффузия интикол меёбанд.

АСОСИТАРИН НУКТАХОИ МАВЗУЪ

Молекулахои хамаи моддахо пайваста ва номуназзам харакат мекунанд. Дар натича моддахои ба хам хамхудуд ба хам омехта мешаванд. .

Супориш.

  1. Якчо бо модаратон ба зарфи бодирингдор махлули намакини сарду гарм бирезед..

Пурсишхо

  1. Чи тавр метавон исбот кард, ки молекулахои хамаи моддахо дар харакат карор доранд?
  2. Диффузия чист?
  3. Диффузия дар табиат чи ахамият дорад?
  4. Дар шароити хона ходисаи диффузияро мушохида кардаед?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Тичорат дар Аморати Бухоро (асри 19)

Тичорат дар шахрхо асосан дар бозорхо сурат мегирифт. Бозор масохати калонеро ишгол менамуд. Бозорхои Уротеппа …