Главная / Чугрофия / ХАРАКАТИ КИШРИ ЗАМИН

ХАРАКАТИ КИШРИ ЗАМИН

Ба тарзи гуногун хобидани чинсхои кухи. Сатхи кишри Замин аз хамворихо, теппахо, куххо, водихои дарёхо, фурухамидагахо иборат аст. Инхо шаклхои гуногуни релеф мебошанд. Кабатхои чинсхои кухи бошанд, ба шакли онхо мувофик хобидаанд.

Онро аз руи расм фахмидан мумкин аст. Дар хамвори ба таври уфуки (хобиши хамворй), дар теппахо барчаста, дар фурухамидагихо пасту баланд (як кисми кабатхо ба поён ва кисми дигари онхо ба боло баромадаанд), дар куххо ба чинсхои фишурдашуда табдил ёфта, лагжиш ва чойивазкунии як кабат нисбат ба кабати дигар мушохида мешавад.

Дар табиат ба тарзи гуногун хобидаии кабати чинсхои кухиро дар сохили дарёхо, доманаи куххо, теппахо ва хангоми кофтани чоххо дидан мумкин аст. Аз ин ба хулосае меоем, ки дар сатхи Замин кабатхои чинсхои кухй ба тарики гуногун хобидаанд. Сабаби чунин гуногуни мунтазам харакат кардани кишри Замин мебошад. Дар натичаи он чокхо, таркишхо, бардошташави. фуруравй, чиндоршавии чинсхои кухи ба амал меояд. Харакати кишри Замин ду хел мешавад: амуди (вертикалй) ва уфуки (горизонталй).

Онхо бо хусусиятхои худ аз якдигар фарк мекунанд. Ба харакати амудй якбора бардошташави ва якбора фуруравй хос аст. Дар натичаи ин харакат хобиши ибтидоии кабатхо ба таври чидди тагйир намеёбад, вале масохати зиёдро фаро мегирад.

Харакати уфуки нисбат ба харакати амуди босуръат мегузарад. Дар натича чокикавй, кандашави ва чиндоршавии кабатхо ба амал меояд. Хобиши ибтидоии кабатхо ба кулли тагйир меёбад. Вале доираи харакати амалиёти уфуки махдуд мебошад. Он ба монанди харакати амуди масохати васеъро дар бар намегирад. Харакати кишри Замин бссабаб намешавад.

Сабаби асосии он ходисахое (баландшавии харорат, гудохташави ва табдилёбии моддахо) мебошанд, ки дар дохили Замин ба амал меоянд. Он ходисахо ба хама кисми кишри Замин як хел таъсир намекунанд. Таъсири онхо  дар кисми устувори кишри Замин суст, дар кисми ноустувори он (серхаракат) бештар мебошад.

Харакати сусти амуди. Чунин харакат на факат дар даврахои гузашта, балки дар замони мо хам ба амал меояд. Дар натичаи он як кисми кишри Замин охиста баланд, кисми дигари он охиста фуру меравад. Дар сохили бахрхо ин ходисаро мушохида кардан мумкин аст. Дар аввали асри XVIII маълум буд, ки шахрхои бандарин

Шветсия, ки дар сохили Бахри Балтика вокеъ гардида буданд, холо дар натичаи бардошта шудани хушки аз сохил даххо километр дур шудаанд. Ба Холландия ва давлатхои ба он хамсоя, ки дар сохили чанубии Бахри Шимоли чойгир шудаанд, чанд аср аст, ки оби бахр тахдид мекунад. Барои заминхоро аз тахдиди доимии оби бахр мухофизат намудан ахолй кал- кади сохили бахр девору дарготхо сохтааст. Аз сабаби он ки фурухамии кишри Замин холо хам давом дорад, девору дарготхоро баланд мекунанд. Фурухамми кишри Замин дар сохили шимолии Бахри Миёназамин низ ба мушохида мерасад. Такрибан 2000 сол пеш дар сохили Халичи Неапол (наздикии шахри Неапол) ибодатхона сохта буданд. Он дар натичаи хамидани кишри Замин дар асри XIII зери об монд ва ин холаг то асри XVI давом кард.

Факат дар аввали асри XIX баробари бардошта шудани кишри Замиш ибодатхона кариб пурра аз зери об баромад. Дар аввали солхои 60-уми асри XX дар натичаи аз нав хамидани кишри Замин сутунхои ибодатхона 2,5 Mетр ба об фуру рафтанд, ки он хозир хам давом дорад. Ин ходиса нишон медихад, ки дар як китьаи кишри Замин дар вактхои гуногун фурухами ва бардошташави рух медихад.

Харакати сусти амудин кишри Заминро аз суфахои сохили бахрхо низ муайян кардан мумкин аст. Суфахои сохили Бахри Сиёх ва Бахри Каспий (доманаи каторкуххои Кафкоз) аз 20 то 160 метр бардошта шудаанд. Чунин суфахо дар сохили Атлантикаи нимчазираи Скандинавия аз сатхи бахр дар баландии аз 100-150 то 200 метр вокеъ гардидаанд. Аз кабати чисхои тахшинии суфахо бокимондаи организмхои бахриро ёфтаанд, ки аз бардошта шудани суфахои сохилй гувохи медиханд.

Дар бисёр нохияхои хамвори сатхи хушки чинсхои кухи кабат-кабат, пай дар хам хобидаанд. Омузиши таркиби онхо нишон дод, ки дар гузашта он кабатхо дар вактхои гуногун дар зери оби бахр тахшин шудаанд. Баъд дар натичаи бардошташавии амудии кишри Замин аз зери оби бахр озод шуда, ба хушки табдил ёфтаанд. Масалан, дар натичаи омузишн кабатхои чинсхои кухии тахшинй дар каламрави назди Москва ва мавзеъхои дигари атрофи он мукаррар карда шуд, ки дар он чойхо чинсхои кухии тахшини бо тартиб кабат- Кабат хобидаанд ва аз peг, гил, охаксанг иборт мебошанд, ки дар каъри бахр хосил шудаанд. Дар кабати онхо бокимондахои хайвоноти бахри ёфт шудаанд, ки зиёда аз 150 млн. сол пеш аз ин хаёт ба cap мебурданд. Он такрибан 70 млн. сол мукаддам ба хушки табдил ёфтааст. Холо бошад он хар сол 2-4 мм паст шуда истодааст. Куххо (куххои чавон), ки дар минтакаи нисбатан серхаракати Замин вокеъ гардидаанд, суръати Харакати амудии (бардошташавии) онхо  зиёд аст. Онхо  дар як сол якчанд сантиметр баланд мевазанд.

Омухтани харакати сусти амудии кишри Замин ахамияти амали дорад. Он аз чумла дар кофтукови сарватхои зеризамини мадад мерасонад.

Харакати уфукии кишри Замин. Ин намуди харакати кишри Замин ба монанди харакати амудии кишри Замин суст мсгузарад. Аммо ин харакатхо дар шаклхои гуногун зохир мегарданд. Геологхо ду намуди харакатхои уфукии кишри Заминро фарк мекунанд: чинкунанда ва поракунанда. Агар харакатхои уфуки истикболй (аз ду тараф) бошанд, дар натича чинхои мавчнок хосил мешаванд. Хангоми чиншави кабатхо ба фишор тоб наоварда, канда мешаванд. Дар чойхои кандашуда таркишхо ба вучуд меоянд. Онхо чинхои алохида ва гурухи чинхоро аз якдигар чудо мекунанд. Чинхо бо дарози, баланди ва вусъати худ аз якдигар фарк мекунанд. Arap харакати уфуки ба самтхои гуногун пахн шавад, кишри Замин пора гардида, дар он чокхо ва сурохихои хурду калон пайдо мешаванд. Онхо дар сурате ба вучуд меоянд, ки aгap як кисми махал фуру хамида, кисми дигари он бардошта шавад. Масалан, кули Байкал дар махали фурухамида вокеъ гардидааст. Баъзан чунин ходиса рух медихад, ки як кисми кишри Замин нисбат ба кисми дигараш бардошта мешавад ё он аз болои кисми дигари он лагжида мегузарад.

Омухтани харакатхои уфукии кишри Замин ахамияти калон дорад, чунки онхо ба хосилшавии бисёр намудхои сарватхои зеризамини таъсир мерасонанд. Масалан, дар он махалхое, ки чинсхои кухй кабат-кабат пай дар хам хобида. ба чин табдил ёфтаанд, барои гуншавии нефт ва газ шароити мусоид фарохам меояд.

Заминчунби. Хама гуна чунбишхои табииеро, ки дар ин ё он кисми кишри Замин ба амал меоявд, заминчунби ё зилзила меноманд. Аммо шиддатн зилзила на хама вакт як хел мешавад. Дар баъзе холатхо зилзила чунон охиста мешавад, ки онро одам хис намекунад. Баробари ин дар кисмхои алохидаи кишри Замин зилзилахое рух медиханд, ки дар натичаи таконхои онхо  кабати Замин пасту баланд шуда, таркишхо ба вучуд меоянд ва кад-кади онхо кабатхои калони кишри Замин ба таври амуди ё уфуки чой иваз мекунанд. Дар руи Замин лагжиш, фуруравии куххо ба амал меояд. Мукаррар кардаанд, ки ба хисоби миёна дар як сол як бор зилзилаи халокатовар, 100 бор харобиовар ва зиёда аз як миллион зилзилаи хисшаванда (бидуни зилзилахое, ки дар укёнусхо мешаванд) рух медиханд.

Заминчунбие, ки 21 маи соли I960 дар Чили рух дод, кисми чанубии мамлакатро ба ларза овард. Таконхои он шахру дехот, роххо, хатхои алока, нокилхои кувваи барк, бандархои бахри, купрукхоро хароб карданд. Вулконхои хомуш оташфишон шуданд, куххо фуру галтида, мачрои дарёхоро бастанд. Гудозае, ки аз танураи вулкон берун меомад, тамоми мавчудотро дар рафти чараёни худ месузонд.

Савол ва супориш

  1. Кабатхои чинсхои кухй дар сатхи Замин чи тавр хобидаанд?
  2. Сабаби ба тарзи гуногун хобидаии кабатхои чинсхои кухй чист?
  3. Намудхои асосии харакати кишри Заминро номбар кунед.
  4. Харакати сусти кишри Замин ба чй вобаста аст?
  5. Дар махали шумо харакати кишри Заминро аз руи кадом аломатхо мушохида кардан мумкин аст?
  6. Чанд намуди харакати уфукии кишри Заминро медонед?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …