Главная / Гуногун / ХАНДАИ РУЗ

ХАНДАИ РУЗ

Бо амри тасодуф дар дами остонаи дехаи Чинори Поён кадом як кисми мухими автобусамон шикаст. Яке аз сокинони онро хохиш намудем, ки аз омадани мо раиси чамоаро хабардор созад. Муддате нагузашта чанд нафар чавонону сарвари деха ва ду гулдухтарон бо гулхову нону намак пайдо шуданд. Хамаашон аз шодиву фарах ба куртаашон намегунчиданд. Чунки мардуми хунарпеша лутфу мархамати хешро аз ин гуна гушахои дурдасти назарногир дарег медоранд. Сабабаш бисёр, аммо вокеияти хол хамин аст. Аз ин ру хофиз омадааст, гуён, зану мардхо, пиру барно кади куча истода табассум доштанд, бачахо токиашонро ба осмон мегурронданд…

smeh

Асбобхои моро руи сахнаи чойхонаи деха оварданд. Бо оби сарди чашма шустушу кардем, аз куфти рах халос хурдем ва хануз офтоб ба пушти кух фуру нарафта, азбас, аз хафт то хафтодсола – ахли Чинори Поён гун гашта махтал буданд, барномаи консерти шуруъ ёфт.

Рохбарамон хофизи овозадори синну солаш аз чихил андак зиёд ва аслан зодаи хамин вилоят буд. Ман, ки найнавозам, уро бештар аз тарики садову симо мешинохтам ва холо  умуман, аз руи ночори ба чои шахси дигар шомили гурух гардидам. Бароям, ки даххо маротиба ба сафари хунари рафтаам, ин дафъа низ як амали одди тофт: «Як аз хавои тозаи кухистон нафас кашида меоям-дия».

Ахли оилаамро кабл аз хайрухуш хамин зайл таскин додам…

Хофиз сохиби садои форам буд ва хуш мехонд. Тамошочиён хеле ва хеле рух гирифта, рохат карданд. Баъди анчоми консерт хамаи моро ба хонаи раиси деха мехмони бурданд. Ёфту тофташонро руи дастархон гузошта, гусфанд хам куштаанд. Харакат, нигоху муомила, рафтори мизбононро бодиккат мушохидаву хаёл мекардам ва тавба мегуфтам. Охир мо, шахриёни охирзамонро чи бало зададааст, ки аз самимияти хосаи дехотиён махрум гаштаем?

Ин маврид хофиз изхор кард, ки мо бояд ба дехаи Чинори Боло равем. Хозирон хайрон монданд.

– Чаро? – гунахгор барин базур чуръат карда пурсид мизбон.

– Фардо он чо консерт нишон медихем, – забон хоид хофиз.

– Омадан бо иродат, рафтан бо ичозат, – гуфт касе аз хешони мизбон, – шаб дер шуд, бехтараш пагох раветон.

– Автобусамон вайрон-ку! – ман лукма партофтам.

– Медонам, – арз кард гашаш омада, – Чи тавр шуда, гузарамон ба ин тарафхо афтод, наход раис ягон мошин ёфта нагуселонанд? – суоломез нигох афканд.

– Рости гап, дар ин бевакти кори мушкил, вале агар нихоят зарур бошад. …– ноилоч монд ва касе аз хамкоронашро берун хост…

Тахминан як соат пас садои мошини боркашонро шунидем ва аз хавли баромадем. Мизбон бо ронанда бахсу талош дошт.

– Якрави накун, хохиши мехмон мукаддас аст. Илтимос…

– Ман мефахмам. Охир ду маротиба ба маркази нохия рафта омадам. Дасту пойхоям, чашмонам дард мекунанд. Холо хам хоболудам…

– Дар назди мехмонхо маро шарм надорон, аз барои худо, субх, ки шуд, аз номи чамоа гусфанд тухфа мекунам.

Ронанда хандид.

– Майлаш, мебарам. Ачаб гап мезанед раис. Дар хона ман як зану панч фарзанду нух гусфанд дорам. Бевакт шуд мегуям, рох тангу хавфнок аст мегуям, гами саломатии мехмононро мехурам. Ман чи, як ронандаи оддиям… Мехмонхо одамони нодир… Хофиз…

Хуллас, охиста-охиставу боэхтиёт тули ду соат чахордах понздах километр масофаро тай намудем. Ронанда моро ба хучаини чойхонаи дехаи Чинори Боло муаррифи карду акиб гашт. Мо яктоги курпачаву болинхои чойхонаро байни худ таксим кардем. Ман бо умеди дастуру шустан ба сахни айвони чойхона баромадам. Боз кадре поён фаромада руи санг нишастам, сигарета гирондам.

Исторахои осмон ба хадде наздик метобиданд, ки гумонам даст дароз бикунаму бигирам. Мохи пурра нурафкани дошт. Дари чойхона гичиррос заду хаёламро буррид.

Чойхоначи ва боз касе берун омаданд.

– Ман пагох ба раиси деха хамаашро мефахмонам, шумо хавотир нашавед. Бачахо хеле хаста шудаанд. То тулуи офтоб хоб мекунанд. Ман субх барвакт меоям. Ха, вокеан, мабодо Фотима шавхар накардааст?…

Овози хофизро шинохтам.

– Не, холо хам танхо, – хандид чойхоначи.

Хофиз худро ба огуши деха зад.

Шоми рузи дигар боз як консерт нишон додем. Автобусамон низ аз таъмир расида омад. Боз зиёфат…

Акнун хофиз карор дод, ки субхидам бармегардем. Пагохи сокинони дехаи Чинори Боло бо иззату икром гуселониданд…

Мобайни дехаи Чинори Поён расидем. Назди дарвозае анбухи зиёди одамонро дидем. Карор гирифта фаромадем…

Кош намеистодему намефаромадем… Маълум гашт, ки он шаби нахуст ронандаву мошини боркаш хангоми бозгашт ба чари афтода будааст. Часадашро рузи дароз кофта хамин субх ёфта омадаанд.

Дигаронро намедонам, лекин хар як бурда нони дар он ду деха хурдаам ба гумонам, захри баданам шуданд. На гармии хаво, на пастию баландии рахро эхсос мекардам. Дам ба дам садои ронанда зери гушам танинандоз мешуд: «Ачаб гап мезанед, раис. Дар хона ман як зану панч фарзанду нух гусфанд дорам. Бевакт шуд мегуям, рах тангу хавфнок аст, мегуям, гами саломатии мехмононро мехурам… Ман чи, як ронандаи оддиям… Мехмонхо одамони нодир… Хофиз…»

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …