Главная / Гуногун / ХАМВОРИХОИ ХУШКИ

ХАМВОРИХОИ ХУШКИ

Хамворихо ва релефи онхо. Одатан, сатхи тахт ва мавчноки кишри Заминро, ки баландии нисбии он аз 200 метр зиёд нест, хамвори меноманд. Хамворихо на факат масохати васеи сатхи хушки, инчунин каъри укёнусхоро низ ишгол кардаанд. Онхо дар сатхи хушки аз чихати пайдоиш ва релеф аз якдигар фарк мекунанд. Китъаи фарохи хушкиро, ки сатхи хамвор дорад, хамвории тахт мегуянд. Кисми чанубии хамвории Сибири Гарби ва назди Каспий аз кабили чунин хамворихо мебошанд. Дар ин чо чинсхои тахшини ба таври уфуки хобидаанд. Гайр аз- хамворихои тахт дар сатхи хушки хамворихои теппадор кам ба мушохида мерасанд.

zamin

Масалан. хамвории Европаи Шарки ва кисми шимолии хамвории Сибири Гарби. Дар сатхи ин хамворихо шаклхои гуногуни релеф: теппахо, чукурихо, хамихо, чарихо, пастихо, водии дарёхо хар чо-хар чо вомехуранд. Хамин тавр, дар руи Замин хамворихои тамоман тахту хамвор вучуд надоранд. Барои онхо моняи, мавчнокй ва геппаноки хос аст. Бинобар ин хамворихо бо релефи худ аз якдигар фарк мекунанд. Онхо тахт, моил, пасту баланд, ба як су хамида! мавчнок ва гайра мешаванд. Хамворихо на факат бо шаклхои гуногуни релефи худ, инчунин бо тарзи пайдоишашон aз якдигар фарк мекунанд. Аз ин чихат онхо ба се гурух чудо мешаванд: хамворихои кабат-кабат, аккумулятиви (чинихои кухии обовард) ва суфта. Хамворихои кабат-кабат аз ду кабат чинсхои кухии гуногун таркиб ёфтаанд. Бунёди онхо аз чинсхои сахти булур иборат буда, сатхашонро чинсхои тахшин пушондааст. Масалан, хавории Европаи Шаркй ва Америкаи Шимоли (Хамвории Кабир). Хамворихои суфта асосан дар минтакаи кухсор дар натичаи вайроншавии дуру дарози куххои кадим пайдо шудаанд. Сатхи онхо  хамвори теппадор мебошад.

Теппахои пасти Казокистон, пахнкухи Сибири Миёна ва Помири Шарки аз кобили чунин хамворихо мебошанд. Дар хамворихои кабат-кабат чинсхои кухии тахшин ба таври уфуки хобидаанд. Хамворихои суфта аз чинсхои кухии сахт ташкил ёфтаанд ва тарзи хобидани онхо  гуногун аст.

Гайр аз хамворихои кабат-кабат ва суфта дар сатхи Замини хамворихое мавчуданд, ки дар натичаи ба хамихои кишри: Замин чинсхои кухии пораю майдашударо оварда хобондани обхои равон пайдо шудаанд. Ташаккулёбин онхо бештар ба фаъолияти дарёхо вобаста мсбошад. Хамворихои дарё бавучудоварда ду хел мешаванд: сохилй ва резишгохи (делтави). Чунин хамворихо дар води ва резишгохи дарёи Нил, Миссисипй ва Миссури, Хинду Ганг, Янтзй, Хуанхэ ва гайра масохати калонро ишгол кардаанд. Хамворихои нисбатан хурд дар водии дарсхои Вахш. Кофарнихон, Зарафшон ва Сир низ ташаккул ёфтаанд. Дар хамворихои номбурда аз замонхои кадим ахоли маскун гардидааст. Баъзеи онхо марказхои ташаккулёбии тамаддуни чахонй ба хисоб мераванд.

Хамворихо хам ба монанди куххо аз сатхи бахр дар баландихои мухталиф чойгиранд. Он хамворихоеро, ки аз сатхи бахр ДДР баландии камтар аз 200 метр вокеъ гардидаанд, пасти меноманд ва бо ранги сабз ифода мекунанд (Масалан. пастии Амазонка ва як кисми хамвории Европаи Шарки, ки аз сатхи бахр аз 100 то 200 метр баланди доранд). Дар баробари ин дар сатхи Замин хамворихое мавчуданд, ки сатхи онхо  аз сатхи бахр паст аст. Ин намуди хамворихо дар харита бо ранги сабзи тира ифода ёфтаанд. Пастии назди Каспий аз кабили чунин хамворихо мебошад. Он аз сатхи бахр 26-28 метр паст воксъ гардидааст. Гайр аз намудхои дар боло кайдшуда хамворихое мавчудаид, ки онхо  аз сатхи бахр дар балаидии аз 200 то 500 метр ва бешгар вокеъ гардидаанд. Онхоро мувофикан баламди ва суфакух мемоманд (расми 42). Дар харита баландихоро бо рангн зард. суфакуххоро бо ранги кахваранг тасвир мснамоянд. Масалан, баландии Миёнаи Рус. Валдоси суфакухи Арабистон. Эрон ва Дакан (дар нимчазираи Хиидустон).

Тагйир сфганн хамворихо. Хамворихо хам монанди Дигар намудхои релеф мунгазам тагйир м<#банд. Ин тагйирот асосан ба куввахои берунии Замин (обхои равом, бод, боришот. ссл ва гайра) вобаста мебошад. Дар он чойхое, ки рутубат. боришот зиёд, обхои равон (хох доими ва хох мувакка гй) бисёр аст, шусташави ва чарихосилшави меафзояд. Ин ходисаро Ибни Сино чунин тасвир намудааст: “Селхо дар ибтидо хамвора Заминро мешуянд ва окибат горхои калонро (чарихо) ба вучуд меоранд, лекин он кисматн Замин, ки аз селоб дур мондааст. ба теппа мубаддал мегардад”. Ходисаи ‘ирихосилшави бештар дар хамвории Рус мушохида мешавад. ДаР ин чо рузхои сербориш дар муддати кутох чарихое хосил мешаванд, ки даххо метрро ташкил менамоянд.

Дар нохияхое, ки боришот кам аст, релефи хамворихо тахти таъсири бод тагйир меёбад. Бод, хусусан дар биёбонхо  чинсхои кухии сахтро вайрон карда, peг ва хокро ба харакат оварда, шаклхои нави релефи бодхурдашавиро ба вучуд меоварад. Теппахои реги, талхои реги равон, чукурихо (дар сатхи чинсхои кухии сахт), сутунхои занбуругмонанд аз  кабили шаклхои релефи бодхосилкарда мебошанд. Чунин шаклхои релеф дар биёбонхои Сахрои Кабир, Кайрокум  ва Кизилкум, дар водии дарёхои Сир, Панч, Вахш дида мешаванд. Релефи хамворихо дар натичаи фаъолияти истехсолии одамон низ тагйир меёбад. Аз чумла хангоми сохтани роххо, истифода кардани сарватхои зеризамиии, сохтмони каналхо, обанборхо, кандани захбурхо ва гайра релефи ибтидоии хамворихо ба тагйирот дучор мешавад. Ин дигаргунихоро тагйироти антропогенй (аз тарафи инсон бавунудоварда) меноманд. Чунин тагйиротхоро дар водии Вахш, даштхои Дангара, Дилварзин ва гайра мушохида кардан мумкин аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

alai-modar

Аллаи Модар

Матни суруди – Шеъри АЛЛАИ МОДАР Бибичони дилбаста, Дар руйи кат нишаста: Кати нарми бобои …