Главная / Гуногун / ХАММОМИ «БИРЕЗ-БИРЕЗ»

ХАММОМИ «БИРЕЗ-БИРЕЗ»

Абуали Сино дар пиронсоли ба дарди бедавое мубтало шудааст. У хис кардааст, ки умраш ба охир расида истодааст. Бинобар ин вай чил руз дар таххона нишаста, аз хар хел гиёх чил шиша дору тайёр кардааст.

Баъд аз ин Ибни Сино яке аз шогирдони содикашро, ки тамоми илму хунари уро аз худ карда будааст, ба наздаш чег зада гуфтааст:

unnamed         – Агар ман мурам, часадамро ба замбар андохта ба гармхонаи хаммом бару мон. Сони хар руз аз болои часадам як шиша аз хамин дору рехтан гир. Баъд аз чил руз ман баргашта зинда мешавам ва дигар намемурам. Он вакт туро ба мурод мерасонам, ту хам монанди ман табиби машхур мешави.

Пас аз чанд руз Абуали Сино вафот кардааст. Шогирди содик мурдаро ба замбар андохта, ба гармхонаи хаммом бурда мондааст ва хар руз  аз он дору як шишаашро ба болои часади устодаш рехтан гирифтааст.

Рузи сию нухум часади Абуали Сино овоз бароварда гуфтааст:

– Бирез! Бирез! Бирез!

Шогирд шишаи охирини доруро гирифта аз шоди ба гармхона мерафтааст, ки пояш лагжида, шишаи дору аз дасташ афтода шикастааст. Гуё аз хамин сабаб Абуали Сино зинда нашуда мондааст.

Мегуянд, ки холо хам, агар одами поку нек ва рахмдилу росткавл аз назди вайронаи хаммом гузарад, садои «бирез-бирез!»-и часади Абуали Синоро мешунидааст*.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …