Главная / Маданият ва санъат / ХАЛИФАХОИ РОШИДИН

ХАЛИФАХОИ РОШИДИН

Баъд аз фатхи Макка, баъзе кабилахои араб, ки хануз дини исломро кабул накарда буданд, мехостанд мутахид шуда, ба лашкари ислом хучум намоянд. Аммо Мухаммад /с/ аз максади онхо огох, шуда ба мукобили онхо лашкар кашид ва дар мавзеи Хунайн байни ин ду лашкар мухорибаи шадид ба амал омад. Дар ин мухориба мукобилони ислом шикаст хурда, таслим гаштанд. Хамим тарик, тамоми Арабистон дини исломро пазируфт.

Мухаммад /с/ аввалин сарвари рухи ва сиёсии ин давлати тозабунёд интихоб гардид. Баъд аз вафоти пайгамбар /с/ кори уро чахор дусти наздику ёри бовафо, чахор чонишин – халифае, ки сиёсату васиятхои уро содикона ва собиткадамона ичро менамуданд, Абубакр, Умар, Усмон ва Али буданд. Ин чахор халифаро, ки баъд аз Мухаммад сарварии Арабистонро ба ухда доштанд, халифахои рошидин, яъне росткор номиданд. Дар байни мардум онхоро хамчун “чор ёрон” низ ном мегиранд.

Онхо аз рузхои аввали фаъолияти Мухаммад /с/ ба у хамрох шуда, аз чумлаи аввалин ашхосанд, ки дини исломро кабул кардаанд. Тамоми мушкилихои муборизаро, тахдиду тахкирро аз сар гузаронидаанд. Хамрохи пайгамбар ба Мадина хичрат намуданд, дар тамоми задухурдхо фаъолона иштирок варзида, садокату мехри беканори хешро ба Мухаммад пайгамбар ва дини ислом собит намуданд. Аз ин хотир мардуми Арабистон ба ин чахор боварию эхтироми махсус доштанд.

Хануз дар вакти бемориашон пайгамбар /с/ васият карда буданд,, ки баъди аз дунё гузаштанашон, Абубакр халифа интихоб гардад. Хамин тарик, баъд аз фавти пайгамбар /с/ Абубакр халифаи Арабистон гашт. Вай ду солу се мох ин вазифаро ичро намуда, дар синни шасту се солаги аз дунё гузашт.

Баъд аз вай Умар ба вазифаи халифаги ва сарварии Арабистон интихоб гардид. Умар барои пахн гаштани дини ислом бисёр мубориза бурдааст. Дар замони хилофати Умар лашкари ислом ба Эрон хучум намуда, онро тасарруф намудаанд. Дини ислом дар сарзамини Эрон чори гардид. Дар замони Умар ислом ба бисёр кишвархо пахн гардид. Умар дах солу шаш мох вазифаи халифагиро адо намуд. Дар синни 63-солаги аз тарафи як гуломи насрони ба шаходат расонида шуд.

Дар вакти зиндагиаш Умар гуфта буд, ки “Шумоён, баъд аз ман аз миёни худатон кадомеро, ки лоик, бинед, халифа кунед!” Баъд аз дафнии Умар, мардум ба масчид чамъ шуда, Усмонро халифа интихоб намуданд.

Дар замони хилофати Усмон тамоми кишвари Эрон забт гардид ва лашкари арабхо ба сархади Мовароуннахр расиданд.

Вокеаи чолибе, ки дар давраи Усмон ба вукуъ пайваст, ин сохтани киштихои чангии бахри мебошад. Тавассути киштихо лашкари араб чазирахои Родос ва Кипрро забт намуданд. Он гох императори Рим ба мукобили куввахои бахрии арабхо киштихои чангиашро равон кард, аммо дар ин чанг лашкари бахрии арабхо ба лашкари римхо шикасти сахт ворид намуда, галаба ба даст овард.

Дар охирхои хукмронии Усмон, дар мамлакат низоъхо бархостанд. Баъзе вилоятхо аз сиёсати пешгирифтаи халифа норизо буданд. Онхо талаб мекарданд, ки халифа вазифаашро тарк кунад, аммо хазрати Усмон ба тахдидхои онхо эътибор намедод. Нихоят як гурух мухолифин ба хонаи халифа хучум намуда, уро ба шаходат расониданд. Муддати хилофти Усмон даху ним солро дар бар мегирад.

Баъди кушта шудани Усмон мардум Алиро халифа таъин карданд, лекин тарафдорони Усмон хилофоти Алиро кабул накарданд. Онхо тарафдорони худро чамъ намуда, ба Али мукобил баромаданд. Хамин тарик, давраи хилофати Али ба чангхои дохили барои хилофат огоз ёфта, дар тули сарварии вай давом дошт. Окибат соли 661 Али дар вакти намоз дар масчиди Куфа кушта шуд.

Хамин тарик бо шахид гаштани Али хукмронии охирини намояндаи халифахои рошидин е чорёрон ба охир мерасад. Ба чои онхо халифагии Муъовия огоз гардид. Дар давраи хилофати Мухаммад (с) ва пайравони вай халифаги хакки махсуси хеч кас набуд. Мусулмонон касеро, ки мехостанд, халифа интихоб мекарданд. Аз давраи Муъовия халифаги мероси карор дода шуд.

Супориш ва саволхо.

1.Аз бобоятон ё аз падару модаратон дар бораи халифахои рошидин (чор ёрон)

пурсед. Агар надонанд, ин порчаро барояшон хонед.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

duo-nur

Дуои «Нур»

Асноди дуои «Нур» Ибни Товус аз Хазрати Салмони Форси (раз) ривоят намуда, ки: Биби Фотимаи …