Главная / Гуногун / ХАЁТИ ИЛМИ ВА МАДАНИИ АСРИ Исмоили Сомони

ХАЁТИ ИЛМИ ВА МАДАНИИ АСРИ Исмоили Сомони

Ташкили давлати мутамарказ, тараккии иктисодиёт ва равнаки тичорат бо мамлакатхои хоричи дар асри X сабаб шуд, ки илму фарханги точик хеле ривоч ёбад. Дар шахрхои калони Мовароуннахру Хуросону Хо­разм, ки хама ба каламрави Сомониён дохил мешуданд, санъатхои меъмори, мусики ва хунар ру ба таракки ниходанд. Хусусан, Бухоро на факат чун мар­кази сиёси ва маъмурии давлати Сомониён, балки чун маркази маданию илмиву адаби ахамият пайдо кард. Ахли илму адабу хунар аз хар гушаю канори мамлакат дар он чо чамъ мешуданд. Дар Бухоро, Самарканд, Чагониён, Тирмиз, Балх, Хирот, Газна, Нишопур, Гургон, Урганч ва гайра бисёр бинохои чамъияти-мактабу мадраса, китобхонахо, корвонсарою работхо, кушкхо, бозорхои пушидаи тимдор, масчиду манорахо, хаммомхо, бемористонхо, макбарахо, мусофирхонахо, хавзхо ва чорбогхо сохта шуда буданд. Меъморону бинокорони замон дар санъати меъмори анъанахои санъати меъмории сугдихову бохтарихоро бо санъати меъмории марказхои хилофат омезиш дода, бинохои бошукух месохтанд. Ёдгорихои меъмории он замон, хусусан Мадрасаи Магок ва оромгохи Исмоили Сомони дар Бухоро бо ороишу шукухи худ то хол касро мафтун мегардонанд. Оромгохи Исмоили Сомони бинои чоркунчаест, ки аз хишти пухта сохта шуда, чор пешток дорад. Дар бинои он рангу коши ба кор нарафтааст, вале хиштхо ба тарзе чида шудаанд, ки дар баробари шаклхои хандаси бурчхо, шурфахо, лавхахо, равокхо ва равокчахоро бо низоми махсусе намоиш дода, санъати баланди хайкалтароши ва рассомиро ба хотир меоранд.

Дар натичаи равнаки санъати меъмори дар асри Х санъатхои кандакори дар чубу гач, хаккоки дар санг ва наккоши низ хеле ривоч ёфтанд. Посутунхо ва минбаре, ки дар саргахи водии Зарафшон ёфт шуданд, акнун музейхои Панчакент, Душанбе ва Санкт-Петербургро зеб медиханд. Ковишхои бостоншиносии Хулбук (наздикии Кулоб) ва Лашкарбозор (Афгонистон) нишон медиханд, ки анъанаи девори касрхоро на танхо бо дарахту рустанихо ва чирмхои осмони, балки бо тасвири паррандаю хайвонхо ва суратхои хаёли ороиш додан то асри XI давом карда будааст. Дар хунари кулолгари, шишарези, рехтагари, абрешимбофи, мисгари, заргари, колинбофи ва гайра низ ин тамойил хис карда мешуд.

Яке аз шахрхои ободи замони Рудаки Хучанд буд. Чайхони хабар медихад, ки «Хучанд доройи шахристону кухандиз аст. Масчиди чомеъ дар шахру сарою иморат дар майдон. Он шахрест дар гояти хушиву поки, бад-он чо мевахои фаровон, чунончи аз эшон зиёдати меояд ва ба навохии дигар мебаранд;, мардумони эшон бочамолу хубанд,» (иктибос аз навиштахои академик Ахрор Мухторов).

Таълими ибтидойи дар мактабхои назди масчидхо,  дарачаи баланди омузиш дар мадрасахо гузаронда мешуд. Мадрасахо на факат дар шахрхои калон, балки дар шахрхои музофоти низ вучуд доштанд. Дар вилояти Хутталиён, ки марказаш Хулбук буд, он вактхо 20 мадраса мавчуд будааст. Мадрасаи Кубодиён низ дар он давра хеле шухрат доштааст. Вале пуршукухтарин мадрасахо дар Бухоро амал мекарданд. Мувофики ахбороти таърихнависон, дар маркази мадании пойтахти Сомониён шахри Бухоро — Чуйи Мулиён чандин мадраса вучуд дошта, богхову гулгаштхо ихоташон карда будаанд. Хамаи мадрасахо китобхонахои бой доштанд, ротибаи омузгорону шогирдон аз даромадхои вакф дода мешуд. Таълими илмхои дини (кироати Куръон, тафсир, хадис, калом), мантик, баён, забони араби дар мадрасахо хатми буаанд. Ба шогирдон чугрофия, таърих, тиб, хикмати табиъи, риёзиёт (математи­ка), ситорашиноси ва фалсафа низ омузонда мешуданд. Дар мадрасахо мунозирахо ва бахсхои илми ривоч доштанд. Дар ин мунозираву бахсхо донишмандони юнони, яхуди ва насрони низ ширкат меварзиданд. Рудаки, Дакики, Фороби, Фирдавси, Беруни, Ибни Сино дар чунин мадрасахо дониш андухтаанд. Мухити пуркуввати илмию адаби сабаб шуда буд, ки чунин бузургон дар овони хеле чавони (16—18-солаги) тамоми илмхои маъмули замонашонро азхуд намуда, худашон ба кори илму адабиёт сар кунанд. Шавки саводомузи ва сохибмаълумот шудан дар байни намояндагони табакахои гуногуни чомиъа зиёд буд. Аксари донишмандону адибон аз табакаи миёнаи ахоли баромадаанд. Эхтироми халк нисбат ба илму маърифат ва омилхои сиёсию иктксодие, ки дар боло зикр шуданд, ба он оварда расонданд, ки бузургтарин симохо дар сохахои гуногуни ил­му дониш махз дар хамин давра арзи вучуд кунанд: Ал-Хоразми дар алгебра (алчабр), Фороби дар хикмат, Абубакри Рози дар фалсафа, Абуалии Сино дар фалсафа ва тиб, Абурайхони Беруни дар илмхои гуногун, Абумухаммади Хучанди, ки сохиби расадхона буд, дар фалакиёт, Балъамию Чайхониву Байхаки дар таърих устодони комил буданд. Чолиби таваччух аст, ки аксарияти олимони он замон дар сохахои бисёри илму дониш забардаст буданд. Аз ин ру, онхоро олимони мутабаххир (ба таъбири имруза «энциклопедист», яъне донандаи илмхои зиёд, хамадон) меномиданд. Хаким унвон гирифтани баъзе адибон низ ба хамин маънист.

Ахли тасаввуф, фиркахо ва таълимоти онхо низ дар эиндагии чомиъа накши муайяне доштанд. Дар он давра аз тамоми Эрону Хуросону Мовароуннахр мардони бузурге дар ин соха бархоста, дар аксари вилоятхо ба нашри акоиди онхо мепардохтанд. Ахли тасаввуф хусусан дар Хуросон бештар чамъ омада буданд. Яхё ибни Маъозии Рози (ваф. 835—838), Ахмад ибни Хизравияи Балхи, Абутуроби Нахшаби (ваф. 245/860), Боязиди _Бистоми (ваф. 261/875), Абухафси Хаддоди Нишопури (ваф. 264/878), Хамдун Кассори Нишопури (ваф. 271/884), Абуусмони Нишопури (ваф. 298/911) аввалин суфиёни номи буданд. Баъдхо Абубакри Варроки Тирмизи, Абулкосим Хакими Самарканди (ваф. 342/954), Мусо Ал-Ансори (ваф. 320/932), Шайх Абулфазл ибни Хасан Ал-Сарахси (пири Абусаъиди Абулхайр), Шайх Абуалии Даккок (ваф, 425/1034), Абулхасан Али ибни Чаъфари Харакони (ваф. 425/1034), Абдурахмони Сулами (ваф. 412/1021), Шайх Абдулкарими Кушайри  (ваф. 465/1073)  ва дигарон ба фаъолияти ахли тасаввуф равнак бахшида, таълимоти фиркахои гуногуни онро нашр  менамуданд.  Вучуди фиркахои мухталифи тасаввуф сабаб мешуд, ки дар кишвар афкори гуногун ба хам бархурд намоянд ва боиси пешрафти фалсафа, калом ва ирфон гарданд.

Илми асри X точик бо илмхои антикаи Юнони Кадим, Миср, Эрон, Хиндустон, Хитой, инчунин донишхое, ки ба забонхои ибри, араби ва лотини мавчуд буданд, алокаи наздик дошт. Фаъолияти тарчумонии тарчумонхо то аввали асри XI давом кард. Яке аз мутарчимини машхури давр марди насрони Абулхайр ибни Хаммор  (ваф. 943) – донишманди сохаи тиббу фалсафа буд, ки  асархои  зиёди кадимаро  аз суриёни  ба  ара­би баргардонидааст. Аз тарчумахои у холо нусхае аз мантикиёти Арасту дар даст аст.

Равнаки илму адабиёт ба таъсиси бисёр китобхонахо сабаб шуд. Дар Бухоро, Самарканд, Марв, Балх, Нишопур, Рай ва гайра китобхонахои бузурге мавчуд буданд, ки дар онхо китобхои нодири зиёде ба забонхои точики, араби, яхуди, хитойи, хинди ва гайра рочеъ ба сохахои  гуногуни   илму   адаб  дар сандукхо  нигох  дошта мешуданд.   Бузургтарини  онхо  Китобхонаи    Сомониён буд, ки аз хазинаи он Абуалии Сино фаровон истифода бурдааст:   «Вакте  ки  ба  китобхона  дохил  шудам, хавлие дидам бисёр  васеъу калон,  ки дорои хонахои зиёде буд. Дар хар хона сандукхои пур аз китоб меистоданд, ки китобхоро бо назму тартиб дар онхо чида буданд. Яке аз хонахо махсуси китобхои араби ва шеър, дигаре оид ба фикх   (хукукшиносии шариъати — А. А.) буда, хамчунин, хар як хона ба китобхои илмхои чудогона хос буд… Китобхои гуногуне, ки ман дар он чо дидаму хон­дам, касе хатто номи онхоро нашунида буд. Ман низ то он вакт надида будам ва баъд    аз он хам дигар надидам».21

Аксари чунин китобхонахо дар вакти хучуму истилои ачнабиён, хусусан кабилахои бодиянишини тур­ку мугул, сузонда шуданд.

Дар хусуси ахлоки хамидаи мардуми Мовароуннахр Чайхони чунин маълумот медихад: « Саховату чавонмардии асхоби Мовароун-нахр дар бештари вилояту шахрхои эшон чунон аст, ки, гуйи, хамаи мардумон дар як сароанду хеши якдигаранд. Хеч кас ба хонаи дигаре наравад, ки пиндорад, ки хонаи хеш асту худованди хонаро карохатеву нохушдилие набошад, балки он чи токати у бувад, аз расми мехмони ба чой оварад; он ки собика дустеву хеше буда бошад, албатта, хеч мукофот талабу тамаъ надораду хамеша химмате ба яке аз эшон бар андозаи он чи бар дасти у бошад, бисёр хуш зиёдат кунад, чунон чи касе бошад, ки уро дастгохе набошаду хеч кас бад-у таваккуъи зиёдати моли надораду химмати у чунон бошад, ки кушку мехмонхона сохта бошад, чумла химмату нахмати у бар он масруф монда, ки чун касе ба наздики у расад, тартиби мехмонии у бар чи минвол созад. Одату сирати арбоби Мовароуннахр он аст, ки чун бегона бирасад, дар мехмон доштани у бо якдигар музохамат кунанду мубохоту муфохарат намоянд» (иктибос аз навиштахои Ахрор Мухторов).

Ривочу равнаки илму адаб ба дарачае буд, ки на танхо дар мадрасахо, балки дар дуккони косибону хучраи саройхо низ мачлисхои мунозира, бахси илми ва мушориъа барпо мешуд. Дар тамоми бозорхо растахои китобфуруши мавчуд буданд. Чунончи, Абуалии Сино аз рас-таи китобфурушии бозори Бухоро чандин бор китоб хариданашро накл мекунад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …