Главная / Маданият ва санъат / ХАБАРИ ВАФОТ ЁФТАНИ ОН ХАЗРАТИ САЛЛАЛЛОХУ АЛАЙХИ ВА ОЛИХИ ВА АСХОБИХИ ВА САЛЛАМ

ХАБАРИ ВАФОТ ЁФТАНИ ОН ХАЗРАТИ САЛЛАЛЛОХУ АЛАЙХИ ВА ОЛИХИ ВА АСХОБИХИ ВА САЛЛАМ

Оварданд, ки ба таърихи хаштуми зулхича Мухаммад паёмбар /с/ бо чамъе ёрон дар арафот расида, ду ракъат намоз адо кард. Дар ин асно Чабраил /а/ ояти сафари охират овард: имруз камол кардам барои шумо дини шумо ва тамом кардам бар шумо неъмати ман ва рози шудам барои шумо дини исломро.

Пагамбар /с/ донист, ки сафари охират кариб аст. Ва Сиддик разияллоху анху фармуд: «Эй ёрон, аз мазмуни ин оят маълум мешавад, ки чаноби Рисолатпанох аз миёни моён ташриффармо шуда, ба хузури мукаддас матаваччех шавад». Чумла асхоб ризвонуллох таъолоалайхим ачмаин об дар дида карда, навхаву зори огоз карданд. Он Хазрат алахассалом ба тасаллии дилашон пардохта, ба истигфор машгул шуд. Пас, баъд аз адои хач ва муъоянаи маконати чадду обои худ ба Мадина тариффармо шда, фармданд, ки шояд ба соли дигар ба Маккаи Муъаззама омаданам нашавад. Ва дарди пахлу аз он маком пайдо шуд, чунончи сездах намоз ба иктидои Абубакри Сиддик разияллоху таъоло анху гузаронид. Хар гах ба Мадинаи Мунаввара расид ахли Мадина ба истикболаш омада, андаруни Мадина бурданд.

margi-muhammad

Алкисса, охири мохи сафар, рузи чахоршанбе, дарди Сару бухор, ба хонаи Маймуна-хотун пайдо шуд. Чун шаддати мараз зохир гашт, хама азвочи мутаххарот (занон) барои бемордори ба хонаи Маймуна-хотуи ташриф оварданд.

Он Хазар алайхиссалом фармуд, ки маслахати шумо чист: бигуед, ки ба хонаи кадом хотун бимонам? Хама донистанд, ки мурзии муборак чихати будан ба хонаи Оиша-хотун /раз/ моилтар аст. Билмуттафик гуфтанд, ки ба хонаи Оиша разияллоху анх ташриф бубаред.

Он Хазрат /с/ ба души ахли байт даст нихода, ба хучраи Оиша-хотун /раз/ даррафт ва сари муборак бар зонуи хотун нихода, биоромид. Оиша-хотун даст бар синаи муборак нихода гуфт: «Ё расуллаллох, андоми муборак бисёр гарм аст». Пайгамбар /с/ фармуд: «Ё оиша, разияллоху анхо, фармони хактаоло чунин аст, ки дар мохи рабиъулаввал аз дорулфано ва дорулбакорехлат намоям. Хазрати Оиша охе сард аз дили пурдард баровард. Пайгамбар салаллоху алайхи ва олихи ва салам фармуд: «Ё Оиша разияллоху анхо, ки шарбати матв хамаро чашидани хаст».

Боз рузи дуввум, ки чумъа буд, Билол /раз/ ба дари хучраи Оиша /раз/ даромад ва овози баланд дод: «Ассалоту рахимакумуллох-с-салот». Чун овози Билол /раз/ дар гуши муборак расид, фармуд: Ё Оиша , Билолро андарун талаб кун! Хазрати Оиша /раз/ Билолро талаб кард. Пайгамбар саллаллоху алайхи ва олихи ва салам фармуд: «Эй Билол, дар масчид боз бирав ва бонги намоз бидех ва асхобро бигуй, ки ман заъифхолам ва Абубакри Сиддикро бигу, ки имомат кунад».

Билол ба хукми хочаи олам ба масчид даромаду гуфт: «Эй Абубакри Сиддик разияллоху анху, фармони хочаи олам, ки ту имомат куни!» Хама ёрон шунида дар гиряву зори шуданд. Боз Расул /а/ Билолро фармуд, ки хар чахор ёрро талабида биёр! Чун ёрон даруни хучра омаданд, хазрати рисолатпанох саллаллоху алайх ва олихи ва салам дасти рости худ бар китфи амирулмуъминин Умар ибни Хаттоб /раз/ вадасти чап бар китфи амирулмуъминин Усмон /раз/ нихода, дар масчид омад ва бо хазор ташвиш намоз адо карда, баъд аз намоз васият огоз намуд, ки эй ёрону эйбародарон, миёни шумо ман Пайгамбар будам ва он чи вахй хазрати Чабраил алайхиссалом назди ман меовард, ба шумо мегуфтам ва он чи халол буд, амр менамудаму ва он чи харом буд, аз у манъ мекардам.

Хама ёрон дар гиряву зори шуда, чомахои худро пора-пора мекардандва ба сари худхо хок андохтанду ох бароварданд. Абубакри Сиддик разияллоху анху даст ба сина пеши пайгамбар саллаллоху алайхи ва олихи ва саллам истода гуфт: “Ё расуллуллох, ман дишаб хоб дидам”. Расул саллаллоху алахи ва олихи ва саллам фармуд: ” Хайр бод, бигу чи хобе дидаи?” Гуфт: “Чунон дидаам, ки чодар аз сари Оиша /раз/ бар хаво шуд”.

Пайгамбар алайхиссалом фармуд, ки “Касе ки чунин хоб бинад, домоди у бимирад”. Ва амирулмуъминин Умари Хаттоб /раз/ гуфт: “Ё расулуллох, ман низ дишаб хобе дидаам”. Пайгамбар саллаллоху алайхи ва олихи ва салам фармуд: “Эй Умари Хаттоб, бигу чи хоб дидаи!” Гуфт: “Чунин дидам, ки адли ман шикаста шуд”. Пайгамбар саллаллоху алайхи ва олихи ва салам фармуд: ” Эй Умар /раз/ адли чумла чахон ман будам, чун аз ин чахон биравам, адли ту хохад шикаст”. Ва амирулмуъминин Усмон /раз/ гуфт: “Ё Расуллаллох /с/, ман хм хобе дидаам”. Пайгамбар саллаллоху алайхи ва олихи ва саллам фармуд: “Эй Усмон чи хоб дидаи, бигу?” Усмон /раз/ гуфт:

“Ё Расуллаллох /с/ чунин хоб дидам, ки як варак, Куръон ба хаво парида- аст”. Пайгамбар саллаллоху алайхи ва олихи ва саллам фармуд: “Эй Усмон миёни шумо монанди вараки Куръон ман будам, пас аз чахон хохам рафт.

Чабраил бар ман вахй оварди, баъд аз ман вахй нахохад омад”. Амирулмуъминин Али каррамаллоху вачхаху гуфт: “Ё Расуллаллох /с/ манн хам хоб дидам”. Пайгамбар саллаллоху алайхи ва олихи ва саллам фармуд:

“Чи хобе диди, бигуй!” Гуфт: “Чунон дидаам, ки сипари ман шикастааст”. Пайгамбар саллаллоху алайхи ва олихи ва саллам фармуд: “Эй Али /раз/, сипари ту дар чахон ман будам, чун аз ин чахон биравам, сипари ту бишиканад”…

Ва баъдаху хама фон дар гиря шуданду ох бароварданд. Пайгамбар /с/ фармуд, ки эй ёрон, захмати бемори голиб шуд, Билол /раз/- ро бигуем, ки дар Мадина нидо дихад, ки ду руз мондааст, ки расулуллох аз дорулфано ба дорулбако рехлат (вафот) хохад фармуд. Агар касе даъво дошта бошад, биёяду дар дунё аз мо биситонад, то фардои киёмат хакки касе бар манн набошад. Билол /раз/ аз хукми Сайиди олам дар масчиди Мадина овози баланд дод, хеч кас чавоб надод, магар Аккоша ном марде ба чавобаш пардохта, даъвои тозиёна кард. Пас Билол /раз/ бар хузури пайгамбар /с/ омада арз кард, ки ё расуллуллох, Аккоша омад, даъвои тозиёна мекунад. Пайгамбар /с/ фармуд, ки уро андарун талаб карданд. Чун Аккоша омад, Хазрат /с/ фармуд: «Эй Аккоша, чи даъво дори?» Аккоша гуфт: «Ё расулуллох, рузе, ки бар чанги Ухут рафта буди, як тозиёна бар пушта манн расида».

Баъдаху пайгамбар /с/ фармуд: «Эй Билол, дар хонаи Фотима бираву тозиёнаи хафтмани биёр». Билол /раз/ ба фармони хочаи олам рафт ва гуфт:

«Ассалому алайкум ё хотуни чаннат!» Хазрати Фотима /раз/ фармуд: «Билол /раз/ дар ин вакт тозиёна киро хохад зад?» Гуфт: «Аккоша ном марде хаст, бар пайгамбар /с/ даъвои як тозиёна мекунад». Хотуни чаннат фармуд, ки бигир.

Баъдаху Билол /раз/ тозиёнаи хафтмани гирифта пеши хочаи олам омад. Амирулмуъмин Абубакри Сиддик разияллоху анху гуфт: «Эй Аккоша, мубодилаи як тозиёна дах тозиёна бар пушти манн бизану Пайгамбарро бубахш!». Аккоша гуфт: «Эй Абубакр /раз/ ту бар чои худ бош!»

АмирулмуъмининУмари Хаттоб /раз/ гуфт: «Эй Аккоша, мубодилаи як тозиёна бист тозиёна маро бизану пайгамбаро бубахш!».

Амирулмуъминин Али каррамаллоху вачхаху гуфт: « Эй Аккоша, барои як тозиёна чихил тозиёна бар пушти ман бизану пайгамбарро бубахш!» Аккоша гуфт: «Эй Али /раз/, ту ба чои худ бош!» Амирулмуъминин Хусайн ва Хасан разияллоху анхума фармуданд: «Эй аккоша, мубодилаи як тозиёна моёнро панчох тозиёна бизану пайгамбарро бубуахш!» Аккоша гуфт: «Шумоён низ бар чои худ бошед!»

Пайгамбар /с/ фармуд: «Эй Аккоша, тозиёна биситону чандон, ки бихохи, бизан!» Аккоша тозиёна гирифту гуфт: «Эй хочаи олам, манн барахнапушт тозиёна хурда будаму ту пирохан пушидаи!» Пайгамбар /с/ пирохан бикушоду Аккоша ба чониби пушти муборак истода шуд ва мухри нубувват дида, бо суръати тамом бумида, тозиёнаро аз даст андохт ва бар кадами мубораки Пайгамбар афтода гуфт: «Эй сарвари анбиё, манн ба пушти ту харгиз наметавонам зад ва маро чи кудратест, ки манн саге камина аз асхоби туам. Рузе, ки тозиёна бар пушти ман расида буд, хамон руз бахшидаам. Маро матлуб ни буд, ки мухри нутувватро бубинам, то аз оташи дузах рахои ёбаму оташи дузах бар манн харом гардад». Ва пайгамбар /с/ фармуд: «Эй Аккоша, акнун аз оташ озод шуди».

Чун дуввум таърихи шахри (мохи) рабиъулаввл шуд, Хак таъоло формаон кард, ки «Эй Малакулмавт, ту пеши мухаммад /с/ бира ву дасти баста истода шав ва хар чи Мухаммад /с/ бигуяд бишунаву чавоб бидех. Агар гуяд, чон кабз кун!” Баъдаху малакулмавт ба сурати аъроби пеши хучраи рисолатпанох /с/ омада, дастак зад.

Ва он руз Душанбе буд. Алии Муртазо /раз/ зуд ба хонаи худ рафту гуфт: “Эй Фотима, бираву дидори падари худ хосил кун!” Хазрати Фотима /раз/ чодар бар сар кашиду гиряву зорикунон ба хонаи падари худ омад.

Пайгамбар саллаллоху алайхи ва олихи ва саллам фарзи бомдод адо карда буд, ки овози Малакулмавт шунида шуд ва фармуд: “Эй Фотима, надони кас овоз медихад, дарёб!” Пас Фотима берун омада ва сурати малакулмавт дида бехуш шуд. Баъд пеши пайгамбар /с/ омаду гуфт, ки марде ба сурати аъроби аст. Зулфикор дар даст дорад. Хочаи олам фармуд:”

Аъроби нест, балки шахсе аст, ки занонро бешавхар кунаду фарзандонро бепадар. Уро андарун талаб кун!” Чун Малакулмавт даруни хучра омада дасти баста истода шуд, пайгамбар /с/ фармуд, ки: “Эй бародар Азроил /а/ пеши ман дасти баста чаро истодаи?” Малакулмавт гуфт: “Ё расуллаллох /с/ фармони Хак, таъоло бар ин навъ аст”. Пайгамбар алайхиссалом фармуд:

“Эй бародар барои зиёрати май омадаи ё барои кабз кардани чон?” Малакулмавт гуфг: “Бихишит барои дидори ту интизор аст ва хавзи Кавсар мавчи гулоб мезанад ва товусону кумриёну андалебон чумла дар ракс омадаанд ва хурони бихиштроб барои ту ороста кардаанд. Манам Малакулмавт, барои кабзи чони ту омадаам”. Пайгамбар /с/ фармуд: Ё ахи Азроил, соате танаккуф кун, то ахи Чабраил /а/ биёяд”. Чун Чабраил /а/ омад, пайгамбар /с/ фармуд: “Эй Чабраил фармон буд, ки умри ман навад сол аст, шасту се сол гузашта”. Чабраил /а/ гуфт: “Фармон ин аст, ки туро бисту хафт сол дар шаби меъроч гузоштааст”.

Баъдаху пайгамбар /с/ фармуд, ки эй Чабраил /а/ баъд аз ман дар дунё фуру хохи омад ё на?” Гуфт: “Ё расуллаллох /с/ баъди шумо хеч гох, фуру нахохам омад, магар дах бор, ки дах гавхар аз дунё хохад бурд. Пайгамбар фармуд: “Кадом дах гавхар хохи бурд?” Чабраил алайхиссалом гуфт: “Ё расуллаллох, аввал гавхари сабр аз дунё хохад бурд, ки хеч дарвешро сабр нахохад монд. Дуввум бор гавхари шарм аз дунё хохад бурд, ки хеч касро шарму хаё нахохад монд. Сеюм бор гавхари мехр аз дунё хохад бурд, ки хеч касро мехр монд. Чахорум бор аз дунё гавхари адлро хохад бурд, ки подшохонро адлу инсоф нахохад монд. Панчум бор гавхари баракат аз дунё хохад бурд, ки ба чизе баракат дар дунё нахохад монд.

Шашум бор гавхари саховат хохад аз дунё хохам бурд, ки кас факиронро дуст нахохад дошт. Хафтум бор гавхари рости аз дунё хохам бурд, ки хеч касро рости нахохад монд.

Хаштум бор гавхари халол аз дунё хохам бурд, ки хеч кас халолу харомро нахохад шинохт. Нухум гавхари амал аз дунё хохам бурд, ки олимон ба илм кор нахоханд кард. Дахум, баракати Куръони мачид аз дунё хохад бурд, ки баъд аз он осори киёмат падид хохад шуд, Исрофил /а/ сур хохад дамид”. Пас пайгамбар /с/ фармуд: «Ё ахи Чабраил, холи умматони ман чи хохад шуд? » Чабраил /а/ гуфт: «Фапмони Хак таъоло овардам, ки Мухаммадро бигу, ки умматони худ ба ман бисупорад, то ба рузи киёмат ба у бисупорам» Пайгамбар /а/ фармуд: «Алхамду лиллох». Баъдаху фармуд: «Ё ахи Чабраил /а/, маро гусл ки хохад дод ва кафан ки пушонад ва имомат ки хохад кард ва дафн кучо хохам шуд? » Чабраил /а/ ба даргохи Раббулиззат рафт ва боз омада гуфт: «Ё Расуллаллох фармон аст, ки Абубакри Сиддик имомат кунаду гусл дихад ва Алии Муртазо кафан пушонад ва дар хучраи Оиша дафн шави».

Баъд аз он хама ёрон бархостанду гуфтанд: «Ё Расуллаллох /с/, ту аз дунёи фони ба дори човидони рехлат мефармои, моёнро чизе васият кун, то ки кадре аз он итминони хотир бошад». Пайгамбар /с/ фармуд: «Эй ёрон, халолро халол донеду харомро харом ва молро закот дихеду факиронро махрум нагузоред ва хамсоягонро маранчонед ва ба занону фарзандон ятимон шафкат кунед!»

Пас хама ёрон рухсат шуданд, магар хазрати Фотима /раз/ чудо намешуду мегуфт, ки ман чи гуна рухсат шавам. Имруз хидмати падар кунам, зеро ки аз дорулфано ба дорулбако рехлат менамоянд ва зор-зор мегирист, хазрати Али манъ мекард. Пайгамбар /с/ фармуд, ки эй чигаргушаи ман, баъд аз шаш мох ба мо хохи омад. Хазрати Фотима чун ин Сухан бишунид, шод шуду аз гиря бозмонд ва аз пеши падар бархост.

Пайгамбар /с/ фармуд: ки эй Азроил истода шаву хар кадар шиддат, ки ба кабзи чон аст, бар куну бар умматони ман макун, ки эшон кудрат надоранд ва бисёр заифу камкувватанд. Малакулмавт ахд карду гуфт, ки ё расуллаллох /с/ дар уммати ту , ки баъд аз намози фариза «оятулкурси» бихонд, чони у чунон кабз куна, ки тифли ширхора ба пистони модар шир бинушаду дар хо бравад, модараш пистон кашаду тифлро хабар набошад.

Баъдаху Малакулмавт даст бар синаи муборак ниход ва Пайгамбар /с/ «ох» баровард. Азроил гуфт: «Ё расуллаллох чаро «ох» бароварди?» Фармуд, ки эй Малакулмавт: ман донистам, ки ту куххои дунё бар синаи манн ниходи, тарсам, ки бар умматони ман хамчунин куни?»

Баъдаху хама ёрон бархостанду пурсиданд, ки ё расуллаллох /с/ аз ин чахон мерави, моёнро насихат кун! Пайгамбар /с/ фармуд, ки аз бади пархез кунед ва кинаро аз дил бадар кунед. Боз ёрон пурсиданд, ки ё расуллаллох, киёмат кай хохад шуд? Пайгамбар /с/ чавоб надод, магар аз ангушти шаходат ишорат кард. Баъзе гумон бурданд, ки баъд аз як сол хохад шуд ва баъзе киёс карданд, ки баъд аз як хазор сол ва баъзе гуфтанд, ки ба чуз Худои таъоло касе надонад ва хама ёрон хамчунон гумон карданд. Пас чони муборак ба хак таслим кард ва Колу инно лиллохи ва инно алайхи рочеъун. (Гуфтанд: «Хамоно мо барои Худоем ва хамоно мо ба ёри у боз мегардем»)

Баъдаху хама ёрон чамъ шуданду зор-зор бигиристанд. Абубакри Сиддик /раз/ гусл дод, Алии Муртазо кафан пушонид ва хама ёрон омаданду намози чаноза адо карданд. Ва Чабраил /а/ тамоми фариштагони хафт осмон хамрох оварда, шарики намоз шуданд ва ба хучраи Оиша разияллоху анху дафн карданд. Ва хасби васияти он Хазрат саллаллоху алайхи ва олихи ва саллам хилофат ба Абубакр разияллоху анху расид.

Илохо, ба хурмати чони поки Мухаммад Мустафо саллаллоху алайхи ва олихи ва асхобихи ва саллам чумла муъминонро тавфики хайр мархамат фармояд, омин, сумма омин.

Супориш _ва саволхо.

1.Сухбати хазрати пайгамбарро бо Чабраил (а) дар хона ба ахли оилаатон хонед.

  1. 10 хислати неки инсонро азёд кунед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

kitobi-texnologiya-

Китоби технологияи иттилооти барои синфи 5 (Электрони)

Китоби информатика синфи 5. Китобе, ки Шумо дар даст доред усули чихози ошхона, асбобу анчоми …