Главная / Чамъият / Гвардияи миллииЧумхурии Точикистон

Гвардияи миллииЧумхурии Точикистон

КОНУНИ ЧУМХУРИИТОЧИКИСТОН

Дар бораи Гвардияи миллииЧумхурии Точикистон

Мачлиси намояндагон  – 9-уми июни соли 2004 кабул кардааст

Мачлиси милли  –  8-уми июли соли 2004 чонибдори намудааст

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2004, №7, мод. 457;

с. 2009, №7-8, мод. 494; с. 2011, №12, мод. 836; с. 2012, №12, к. 1, мод. 1010; Конуни ЧТ аз 26.07 2014 с., № 1102)

Конуни мазкур асосхои хукукии таъсисёби, вазифа ва принсипхои фаъолияти Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро муайян менамояд.

Моддаи 1. Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон

nacionalnayagvardiyatadzhikistana123456Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон вохиди мустакили харбии таъиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон буда, вазифахои хизмати ва харбиеро ичро менамояд, ки хамин Конун мукаррар намудааст.

Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон дар замони чанг захираи харбии зудамали Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон буда, зимни ичрои вазифахои ба зиммааш гузошташуда дар мухофизати истиклолият ва тамомияти арзии Чумхурии Точикистон аз тачовуз дар хайати Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон амал мекунад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Гвардияи миллии Чумхурии  Точикистон

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипхои фаъолияти Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон

Фаъолияти Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон ба принсипхои зерин асос меёбад:

-волоияти конун (конуният);

-садокат ба Ватан, халки Точикистон ва Президент;

-башардусти;

-мукаддасии масъулияти шахрванди барои хифзи Ватан, химояи манфиати давлат, тамомияти арзи, тахкими истиклолият, амният ва иктидори мудофиавии Чумхурии Точикистон;

-эхтироми хукук ва озодихои инсон ва шахрванд;

-омодагии доимии чанги ва сафарбари;

-идоракунии мутамарказ;

-яккасардори;

-риояи интизоми харби;

-нигохдории сирри давлати.

Моддаи 4. Тартиби таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон

Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон таъсис, аз нав ташкил ва бархам дода мешавад.

Сохтор ва хайати Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро Президенти Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 5. Гайрихизби будани Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон

Дар Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон фаъолияти хизбхои сиёси, дигар иттиходияхои (гуруххои) чамъиятии характери сиёси, дини ва парастиш дошта, инчунин ташкилотхои ибтидоии онхо манъ аст.

 

Моддаи 6. Нишон ва рамзхои Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон

Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон дорои Нишон ва Байраки Чанги мебошад, ки дар онхо тасвири Нишони давлатии Чумхурии Точикистон ва номи он ба забонхои точики ва руси чой дода шудааст. Низомномахои Нишон ва Байраки Чангии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

Рамзхои фарккунандаи кисмхои харби, аломатхои фарккунанда ва намунаи либоси харбии хизматчиёни харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро Президенти Чумхурии Точикистон тасдик менамояд. (КЧТ аз 26.12.11с., №771)

Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон дорои мухр мебошад, ки дар он тасвири Нишони давлатии Чумхурии Точикистон ва номи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон ба забонхои точики ва руси чой дода шудааст.

 

Моддаи 7. Вазифахои асоси ва хукукхои Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон

Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон вазифахои асосии зайлро амали менамояд:

– амали намудани чорабинихои химояви, низоми, оперативи-чустучуи, техники ва дигар чорахо барои таъмини амнияти объектхои тахти химояи давлати карордошта, хифз ва мудофиаи объектхои химояшаванда, инчунин бинохо, иншоот ва худуди (китъахои замини) хамшафати онхо ва акваторияхо, ки номгуи онхоро Президенти Чумхурии Точикистон- Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон муайян менамояд; (КЧТ аз 5.08.09, № 539)

-дар якчояги бо Вазорати корхои дохили ва Кумитаи давлатии амнияти милли Чумхурии Точикистон таъмин намудани мухофизат ва амнияти чойхои баргузоршавии вохурихои Президенти Чумхурии Точикистон ва рохбарони давлату хукуматхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали дар худуди Чумхурии Точикистон;

-ичрои вазифахои алохида оид ба химояи истиклолият ва тамомияти арзии Чумхурии Точикистон аз тачовуз;

– хифзи намунахои Парчами давлатии Чумхурии Точикистон ва Нишони давлатии Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 5.08.09с., № 539)

-тибки супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон иштирок намудан дар чорабинихои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм, тахрибкори мудофиаи граждани ва худудии Чумхурии Точикистон,бартараф намудани окибатхои офатхои табии, фалокатхо ва садамахо; (КЧТ аз 28.12.12с №916)

-мувофики супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон иштирок намудан дар маросимхои кабул ва гусели сардорони давлату хукуматхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали;

-мутобики супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон мусоидат намудан ба макомоти хифзи хукук дар таъмини тартибот ва амнияти чаъияти; (КЧТ аз 28.12.12с №916)

-ичрои вазифахои дигаре, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур ва Президенти Чумхурии Точикистон дар назди Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон гузоштаанд.

Гвардияи милли барои амали намудани вазифахои ба зиммаш гузошташуда хукук дорад:

-хуччатхои тасдиккунандаи шахсият, худи шахс, ашёи бо худдоштаи шахсонеро, ки ба объектхои химояшаванда пиёда (савора) медароянд ва аз онхо пиёда (савора) мебароянд, воситахои наклиёт ва ашёи дар наклиётбударо, аз чумла бо истифдаи воситахои техники тафтиш намояд;

-шахсоне, ки дар содир кардани чиноят гумонбар дониста шудаанд ва ё дар худуди ё наздикии объектхои химояшаванда чиноят содир кардаанд, боздошт намуда, ба макомоти амнияти милли ё корхои дохили оварда расонад;

-шахсонеро, ки ба объектхои химояшаванда гайриконуни дохил шудаанд ё худ кушиши ба онхо дохил шуданро кардаанд ва ё ба амру дастурхо ва талаботи конунии кормандони Гвадияи милли итоат накардаанд, ба макомоти амнияти милли ё корхои дохили оварда расонад;

-дар доираи ваколатхои худ фаъолияти алокаи махсусро ба рох монад;

-дар холатхои зарури ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохро истифода барад; (КЧТ аз 28.12.12с., №916; 26.07.14с., №1102)

-ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва дигар сохторхои далватию гайридавлати, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки, дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитхое, ки амнияти объектхои химояшавандаро зери хатар мегузоранд, пешниходхои ичрояшон хатмиро ирсол намояд. (КЧТ аз 5.08.09, № 539)

Мукаррароти дигар оид ба таъинот, вазифахо ва фаъолияти Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон тибки Низомномаи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, ки онро Президенти Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, муайян карда мешавад.

Чалб намудани Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон бахри ичрои вазифахое, ки ба таъиноти хоси он вобастаги надоранд, танхо аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 8. Рохбарии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон

Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон рохбарии умумии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро ташкил мекунад ва ба амал мебарорад.

Рохбарии мустакими Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон ба амал мебарорад.

Макоми асосии идоракунии фаврии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон Сарситоди Гвардияи милли буда, ба он сардори Сарситод- Муовини аввали Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точимкистон рохбари менамояд. Сардори Сарситоди Гвардияи милли дар набудани Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон вазифахои уро ичро менамояд.

 

Моддаи 9. Ваколатхои Президенти Чумхурии Точикистон вобаста ба Гвардияи миллии

                     Чумхурии Точикистон

Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон:

-рохбарии умумии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро ба амал мебарорад;

-вазифахои Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро муайян мекунад;

бо фармонхои худ Фармондехи Гвардияи милли, Сардори Сарситод- Муовини аввал, муовинони Фармондех, Муовини аввали Сардори Сарситод, сардорони раёсатхо, сардори Маркази тайёриикадрхо, командири отряди алохибдаи таъиноти махсус ва командирони бригадахои Гвардияи миллиро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад; (КЧТ аз 26.12.11с., № 771)

-руйхати вазифахоеро, ки дар Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон полковникхо ва генералхо ишгол менамоянд, тасдик мекунад;

-барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани сардорони шуъбахои алохида таъиноти махсус, муассисахо ва дигар кисмхоихарбие, ки тибки руйхати вазифави ин вазифахоро полковникхо ишгол менамоянд, розиги медихад; (КЧТ аз 26.12.11с., № 771)

-сохтор ва теъдоди умумии хайати шахсии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, инчунин тагйироти онхоро мукаррар ва тасдик мекунад;

-накшаи чойгиршави ва азнавчойгиркунонии кисмхои харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро тасдик мекунад; (КЧТ аз 26.12.11с., № 771)

-накшаи таъминоти акибгох ва сохтмони асосии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро тасдик мекунад;

-бо фармонхои худ даъвати навбатии шахрвандонро барои адои хизмати харби дар Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон ва ба эхтиёт рухсат намудани шахсонеро, ки мухлати муайяншудаи хизмати харбиро адо намудаанд, эълон менамояд;

-бо пешниходи Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон афсарони Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро бо рутбаи харбии полковник ва рутбахои олии харби сарфароз мегардонад;

-ваколатхои дигареро, ки Конститутсия ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд, ба амал мебарорад.

 

Моддаи 10. Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон

Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон сардори бевоситаи тамоми хайати шахси буда, барои дар холати омодагии доимии чанги ва тайёрии сафарбари нигох доштани Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, инчунин ичрои бомуваффакияти вазифахои гузошташуда масъулияти шахси дорад.

Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон:

-рохбарии кисмхои харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро ба амал мебарорад;

-омодагии доимии чанги ва сафарбарии кисмхои харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро дар замони осоишта ва холати чанг нигох медорад ва бо супориши Президенти Чумхурии Точикистон Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро ба дарачаи олии омодагии чанги оварда, накшахои истифода ва сафарбарии онро дар амал татбик менамояд;

-ичрои хатми ва бечунучарои фармону супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон- Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва вазифахои ба зиммаи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон гузошташударо таъмин менамояд;

-бо розигии Президенти Чумхурии Точикистон, сардорони шуъбахо, хадамот, кисму вохидхои харби ва муассисахоеро, ки аз руи накшаи вазифави ин вазифахоро полковникхо ишгол менамоянд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

-дар мавридхои зарури макомоти давлати, воситахои ахбори оммав ва ахли чомеаро аз фаъолияти Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон вокиф месозад;

-тарбияи хайати шахсии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро дар рухияи садокат ба Ватан, халк ва Президент, тахкими вахдати милли ва хифзи истиклолияти Точикистон ташкил менамояд;

-афсарони Гвардияи миллиро бо рутбахои харбии то подполковник сарфароз мегардонад;

-хизматчиёни харби ва кормандони гайринизомии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои хизматхои махсус ва шоиста ба мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон пешниход мекунад;

-афсарони Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро, мутобики руйхати вазифави, барои сарфароз намудан бо рутбаи харбии полковник ва рутбахои олии харби ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

-дар доираи ваколатхояш фармонхо, дастурхо, амрхо ва фармоишхо инштишор дода, ичрои онхоро ташкил ва назорат мекунад, дастурамалхо низомномахои Сарситод, раёсатхо, шуъбахо, хадамоту муассисахои Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро тасдик менамояд;

-дар хусуси хачми маблаггузории Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон аз бучети чумхурияви бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукуки Чумхурии Точикистон таклифхо  ва пешниход менамояд;

-таъминоти молияви, харби, техники ва акибгохи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро ташкил мекунад ва ба амал мебарорад;

-ба фаъолияти хамаруза ва чангии кисмхои харби дар замони осоишта ва чанг, чори намудани тачрибаи пешкадам, инкишофи заминаи таълимию модди, инчунин фарохам овардани шароитхои зарурии ичтимоию маишии хайати шахсии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон рохбари мекунад; (К ЧТ аз 26.12.11с., № 771)

-оид ба такмили сохтор ва теъдоди умумии хайати шахсии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, инчунин маоши онхо таклифхо тахия намуда, ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

-штат, табели штати ва шумораи кисмхои харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро тасдик менамояд;

-накшахои омодагии чанги ва сафарбарии кисмхои харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро тасдик мекунад;

-банакшагирии пуррагардонии хайати шахсии кисмхои харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро бо хизматчиёни харбии тибки даъват дар вазифахои сарбоз ва сержантхо рохбари намуда, онхоро дар асоси фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон ба эхтиёт рухсат медихад; (КЧТ аз 26.12.11с., № 771)

-бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон масъалахои адои хизмати харбии афсарон ва прапоршикхоро хал мекунад;

-бо пешниходи сардорони дахлдор ва дар доираи ваколатхои худ афсарон, прапоршикхо, сарбоз ва сержантхо, инчунин кормандони гайринизомиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

-бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон техникаи харби ва дигар амволи харбии корношоям, инчунин ашёхои арзишнокро аз эътибор сокит менамояд;

-чихати ичрои вазифахои ба зиммаи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон гузошташуда хамкориро бо макомоти дахлдори Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва сохторхои дигари харби ташкил мекунад;

-ичрои вазифахои дигареро, ки Президенти Чумхурии Точикистон -Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд, таъмин менамояд.

Бо супориши Президенти Чумхурии Точикистон Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон метавонад дар доираи лимити барои Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон чудошуда теъдоди хайати шахсии кисмхои харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро то 10 фоиз тагйир дихад.

Муовинони Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон сардорони бевоситаи тамоми хайати шахсии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон буда, барои ичрои вазифахое, ки Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон ба зиммаи онхо гузоштааст, масъул мебошанд.

 

Моддаи 11. Сарситоди Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон

Сарситоди Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон:

-макоми асосии идоракунии фаврии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон мебошад;

-накшахои асосии ташкили фаъолияти хизматию чангии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро тартиб медихад;

-бо макомоти дахлдори Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва сохторхои дигари харби хамкори менамояд;

-омодагии сафарбари ва сафкашии кисмхои харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон ва пуррагардонии онро бо хайати шахси ташкил мекунад;

-дар хусуси муайян намудани шумораи кисмхои харби, теъдоди штати, чойгиршави ва азнавчойгиркунонии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон таклифхо тахия намуда, ба Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон пешниход менамояд; (КЧТ аз 26.12.11с., № 771)

-чамъовари ва тахлили маълумотро дар хусуси таъмингардонии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон бо силоху лавозимоти чанги, техникаи харби ва воситахои дигари моддию техники анчом медихад; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1102)

-нигохдории сирри давлатиро таъмин менамояд;

-дигар вазифахоеро, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур ва Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд, ичро мекунад.

 

Моддаи 12. Хайати шахсии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон

Хайати шахсии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон аз хизматчиёни харби ва кормандони гайринизоми иборат аст.

Хизматчиёни харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон танхо шахрвандони Чумхурии Точикистон буда метавонанд.

Хизматчиёни харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон дорои рутбахои харби, аломатхои фарккунанда ва либоси харбии мукарраргардида мебошанд.

Муносибатхои мехнатии кормандони гайринизомии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат танзим мегардад.

 

Моддаи 13. Хизмати харби дар Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон

Ба хизмати харби дар Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон шахрвандони Чумхурии Точикистон мутобики тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон кабул карда мешаванд.

Хизмати харби дар Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон хизмати ифтихорнок буда, баъди рутбаи харбии хизматчиёни харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон калимаи “гвардия” илова карда мешавад.

Шахрвандоне, ки барои гузаштани хизмати харби ба Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон даъват карда шудаанд, бояд дорои тахсилоти миёнаи умуми ва аз руи вазъи саломати, инчунин сифатхои ахлокию касби барои хизмати харби дар Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон мувофик бошанд. Шахрвандоне, ки номувофикатии онхо ба хизмати харби дар Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон аз руи вазъи саломати ва сифатхои ахлокию касбиашон хангоми ба Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон овардани онхо ошкор шудааст, бо тартиби мукарраргардида ба комиссияхои марбутаи даъват баргардонида мешаванд.

Интихоби хизматчиёни харбии даъватшуда барои хизмат дар сафхои Гвардияи милли афзалиятнок буда, он аз тарафи Сарситоди Гвардияи милли дар хамкории зич бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти милли, комиссариатхои харбии шахру нохияхо, Вазорати  мудофиа, Вазорати корхои дохили, Вазорати маориф, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот амали карда мешавад. (КЧТ аз 5.08.09с., №539)

Шахрвандоне, ки барои хизмати харби ба Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон шомил мегарданд, дар хусуси садокат ба Ватан, халки Точикистон, Президенти Чумхурии Точикистон Савганди харби ёд мекунанд. Хайати фармондехии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон Савганди харбиро дар назди Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон дар маросими ботантана ёд мекунанд.

Матни Савганди харбии хизматчиёни харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Маоши вазифавии хизматчиёни харби ва кормандони гайринизомии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Барои хизматчиёни харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон амали оинномахои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон пахн мегардад.

Шароит,  тартиб ва мухлати адои хизмати харбии хизматчиёни харбии  Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, маком, хукук ва ухдадорихои онхо, тартиби умумии сарфароз гардонидан бо рутбахои харби, ба вазифаи дигар гузаштан, аттестатсия, бозомузи ва такмили ихтисос, чойивазкунии кадрхо (ротатсия), аз хизмати харби рухсат кардан ва таъминоти нафакаи онхо, кафолатхои хифзи хукуки ва ичтимоии хизматчиёни харби ва ахли оилаи онхо бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд.

Моддаи 14. Пуррагардонии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон бо хайати шахси ва

                       махалли чойгиршавии он

Даъват барои пуррагардонии хайати шахсии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон бо хизматчиёни харби тибки тартиби мукарраргардида аз чониби Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон дар асоси дархостхои Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон инчунин бо кормандони гайринизоми пурра карда мешавад. Номгуи вазифахое, ки кормандони гайринизоми ишгол менамояд, аз тарафи Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Тайёр намудани кадрхои Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон ва такмили ихтисоси онхо дар муассисахо ва академияхои таълимии харбии Чумхурии Точикистон, кафедрахои харбии муасссисахои олии таълимии Чумхурии Точикистон, инчунин дар дигар давлатхо сурат мегирад. Тайёр намудани прапоршикхо, сержантхо ва мутахассисони хурд дар Маркази тайёрии кадрхои Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад. (КЧТ аз 26.12.11с., № 771)

Махалли чойгиршавии кисмдхои харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон ва иваз кардани он мутобики накшахое, ки Президенти Чумхурии Точикистон тасдик намудааст, муайян карда мешавад.

Чойивазкунии кисмхои харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро дар доираи худуди барои истифодаи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон чудо кардашуда Фармондехи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон бо мувофикаи раисони вилоят, шахр, нохия ва чамоатхои дахлдор ба амал мебарорад.

Чойгиркунонии кисмхои харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон берун аз худуди Чумхурии Точикистон манъ аст. (КЧТ аз 26.12.11с., № 771)

Моддаи 15. Таъминоти молияви, моддию техники ва харбии Гвардияи миллии Чумхурии

                       Точикистон

Бинохои хизмати ва истикоматии Раёсати Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, дигар иншоотхои кисмхои харби ва объектхои таълими, базаи таълимию модди, инчунин амволи табели, воситахои алока, техникаи чанги ва дигар техникаи харби, силоху лавозимоти чанги ва дигар амволи харбие, ки чихати ичрои вазифахои таълимию чанги дар истифодаи Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон карор доранд, моликияти давлати мебошанд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1102)

Маблаггузории Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон аз хисоби воситахои бучети чумхурияви, ки дар бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли дахлдор, бо сатри алохида нишон дода мешаванд, инчунин аз хисоби маблагхои тибки тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон аз фаъолияти хочагидори, ичрои кор ва хизматрасони воридшаванда сурат мегирад.

Чихати амали гардонидани фаъолияти хочагидори, бехтар сохтани хифзи ичтимоии хизматчиёни харби Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон хукуки ташкили хочагихои ёрирасон ва дигар ташкилотхои хисоби хочагиро дорад. Фаъолияти мазкур набояд ба омодагии чанги ва кобилияти чангии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон таъсири манфи расонад.

Тартиб ва меъёри таъминоти молияви, моддию техники ва харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистонро Хукумати Чумхурии Точикистон бо назардошти таъиноти вазифавии кисмхои харбии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд. (КЧТ аз 26.12.11с., № 771)

Санчиши истифодаи максадноки маблагхои бучети ва фаъолияти молиявию хочагии Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Моддаи 16. Таъминоти амнияти давлати дар Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон

Таъминоти амнияти давлатиро дар Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон мутобики талаботи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи макомоти амнияти миллии Чумхурии Точикистон” ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба амал мебарорад.

Моддаи 17. Назорати ичрои конунхо дар фаъолияти Гвардияи миллии Чумхурии

                       Точикистон

Назорати риояи дакик ва ичрои якхелаи конунхоро дар фаъолияти Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои харбии тобеи у амали мегардонанд.

Моддаи 18. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

Шахсоне, ки мукаррароти Конуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон

                      «Дар бораи Гвардияи Президенти Чумхурии Точикистон»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 4 ноябри соли 1995 “Дар бораи Гвардияи Президенти Чумхурии Точикистон” (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1995, №23-24, моддаи 364; соли 2000, №11, моддахои 517, 547) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон         Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе, 15 июли соли 2004

№ 50

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …