Главная / Чамъият / Гузаронидан ба кори дигари доими

Гузаронидан ба кори дигари доими

Моддаи 30-и Кодекси Мехнат. Гузаронидан ба кори дигари доими

  1. Ба кори дигари доими гузаронидан (тагйир ёфтани вазифаи мехнатии корманд), супоридани кор аз руи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танхо бо розигии корманд мумкин аст.
  2. Супоридани коре, ки хангоми ичрои он шароити мехнати дар созиши тарафхо муайяншуда мохиятан тагйир меёбад ва бо сабабхои асоснокгардидаи истехсоли, ташкили, технологи ва иктисоди алокаманд намебошанд, низ ба дигар кор гузаронидан хисоб мешавад ва розигии кормандро талаб мекунад.
  3. Барои дар худи хамон ташкилот ба кори дигар гузаронидан, ба дигар ташкилот гузаронидан ва ё ба махалли дигар, инчунин якчоя бо ташкилот гузаронидан, бояд ба таври хатти розигии корманд гирифта шавад.
  4. Дар худи хамон ташкилот ба чойи кори дигар гузаронидан, ба бахши таркибии хамон махал гузаронидан, дар доираи тахассус, дарачаи ихтисос ё вазифа (мансаб) ва дигар дастгох ё тачхизот кор супоридан, ки аз шарти шартномаи мехнати бармеояд ва дар айни замон шароити мехнат мохиятан тагйир намеёбад, ба кори дигар гузаронидан ба хисоб нарафта, розигии корманд гирифта намешавад. Корфармо хукук надорад кормандро ба коре, ки ба вазъи саломатиаш мувофик нест, гузаронад.
  5. Чойивазкунии (ротатсияи) кадрхои рохбарикунанда дар макомоти давлати ба кори дигар гузаронидан хисобида нашуда, бо максади истифодаи самараноки махорати касбии онхо, пешгирии зухуроти коррупсиони ва бархурди манфиатхо тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
  6. Агар давом додани кор аз руи ухдадории мехнати, ки дар шартномаи мехнати мукаррар гардидааст, бо сабабхои объективи, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, имконнопазир бошад, корфармо ухдадор аст ба корманд кори дигареро, ки дар ташкилот мавчуд аст, пешниход намояд. Хангоми аз тарафи корманд рад гардидани пешниходи гузариш ба кори дигар амали шартномаи мехнати метавонад дар асосхои умуми мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон катъ гардад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …