Главная / Маданият ва санъат / Гуногуншаклии растанихои лучтухм

Гуногуншаклии растанихои лучтухм

Аз растанихое, ки то алхол шинос шудаед, лучтухмон бо доштани тухм фарк мекунанд. Инчунин, лучтухмон аз ушнахо, чилбанд ва сарахсхо бо он фарк мекунанд, ки дар онхо барои бордор шудани хучайратухм катраи об хамчун омили мухим дигар зарурият надорад. Ин холат ба растанихои лучтухм имкон дод, ки дар мин- такахои гуногуни руи Замин нашъунамо кунанд г.а чангалхои анбухро ба вучуд оваранд.

broad-beans

Раванди бордоршави дар хамаи растанихои тухмхосилнакунанда агар дар об гузарад, дар растанихои лучтухм равиши афзоиши чинси ба мавчудияти мухити оби эхтиёч надорад. Раванди бордоршавии лучтухмон хатто дар шароити биёбон хам амали гашта метавонад.

Хамаи растанихои лучтухми дар айни замон нашъунамокунанда ва намояндагони кадимаю нобудшудаи онхо одатан растанихои буттаги ва дарахти мебошанд. Шаклхои алафии онхо номаълуманд. Аксари ин растанихо чун сутун ба боло (рост) кад кашида, балан- дии кади онхо аз якчанд метр то 40-50 м ва дар баъзе намояндаго- ни он то 100 м мерасад. Баъзе намудхои растанихои лучтухм сершохронда буда, баргхояшон сузаншакл ё пулакчамонанди хамеша- сабз (ё дар баъзе намудхо баргашон хар сол хазон мешавад) мебошад. Гурухи дигари растанихои лучтухм шохрониашон кам ва баргхояшон нисбатан калони паршакл мебошад.

Дар байни лучтухмон растанихои сузанбарг мавкеи намоёнро доро мебошанд. Чунин ном гирифтани онхо аз руи шакл ва сохти баргашон бармеояд.

Растанихои сузанбарг дар айни замон зиёда аз 560 намудро дар- бар мегиранд. Онхо дар кисми шимолии Аврупо, Осиё, Америкаи Шимоли бешазорхое пайдо мекунанд, ки бештар мансуби ин ё он намуди чудогонаашон мебошанд. Дар баъзе холатхо онхо бо растанихои пахнбарг якчоя нашъунамо карда, бешазорхои омехтаро ба вучуд меоваранд. Растанихои сузанбарг инчунин дар кисми чану- бии кураи Замин, хусусан дар минтакахои иклимашон муътадили Зеландияи Нав, Австралия ва Америкаи Чануби низ васеъ пахн шудаанд.

Намояндагони кадимтарини сузанбаргон дар натичаи ходисаву равандхои номатлуби геологи аксаран нобуд шуда, дар айни замон гурухи ками онхо дар сохилхои Укёнуси Ором (хусусан, дар кисми чанубу шаркиаш), Хитойи Маркази, Тайван, Япония, Каледоиияи Нав, Тасмания, Гвинеяи Нав, чануби Чили ва гайрахо боки мон- даанд.

Сузанбаргон дар заминхои регзор, куххои охаксангдор, таркиши шахпорахои урён (луч), ботлокхо ва пастхамихои кухсорон бештар вомехуранд.

Сузанбаргон нисбат ба равшании офтоб талаботи гуногун доранд. Аз ин ру, онхоро ба дарахтони соядуст ва равшанидуст чудо мекунанд.

Дар Точикистон аз растанихои сузанбарги худруй асосан арча ва сарв бештар маъмул аст.

Бисёр намояндагони растанихои сузанбарг, агарчи намудхои му- кимии Точикистон ба хисоб нараванд хам, барои кади зебою балан- дашон ва барои чилои рангбарангу хамешасабзашон дар кучаю хиёбонхо ва гулгаштхои шахру дехот, богхои мадани, назди макта- бу бинохои маъмури парвариш карда мешаванд. Ба ин максад беш- тар арчаи виргини, дарахти азимчуссаи мамонт, сарв, санавбар, сарвиноз (туйя), сидра (кедр), сурхдор (тис), коч (ель) ва гайрахо маври- ди истифода карор доранд. Ин дарахтони номбаршуда натанхо хаворо аз оксиген бой мегардонанд, инчунин ба хусни хиёбонхо хусн зам мекунанд.

Барги аксарияти сузанбаргон тамоми сол сабз аст. Зеро барги онхо яку якбора наафтода, балки тадричан, бо навбат меафтанд ва ба чои баргхои афтида баргхои нав месабзанд. Бар замми ин, барги растанихои сузанбарг вобаста ба намудхояшон хар хел умр меби- над, яъне аз ду сол сар карда, дар баъзе намудхо то 4-6 сол. Вобаста ба синну солашон баргхои онхо бо навбат меафтанд ва гуё онхо хамеша сабзанд.

  1. Растанихои лучтухм бо кадом аломатхои асосиашон аз ушнахо, чилбандхо, сарахсхо фарк мекунанд?
  2. Кадом растанихои лучтухмро медонед? Онхоро номбар кунед.
  3. Дар Точикистон кадом растанихои лучтухм нашъунамо мекунанд?
  4. Баландии танаи растанихои лучтухм то чанд метр мешавад?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sayidoi-nasafi

Адабиёт дар асрхои XVII-XVIII

Асри XVII- нимаи аввали асри XVIII даврахои бисёр мухими таърихи адабиёти точик мебошад. Дар ахди …