Главная / Биология / Гуногуншаклии хучайраи растани

Гуногуншаклии хучайраи растани

Тамоми узвхои растани аз хучайрахо иборатанд. Пас, растани сохти хучайрави дорад ва хар кадом хучайра чузъи нихоят хурди таркибии растани мебошад. Онхо вазифахои гуногуни физиологиро ичро менамоянд. Аз ин ру, хучайрахо чихати вазифахои ичро мекардагиашон ва аз руи шаклу сохташон, андозаашон, метавонанд аз якдигар фарк кунанд

rasmi-magzАз чихати сохту шакл хучайрахои растанихои бисёрхучайраро ба ду гурух чудо кардан мумкин аст: паренхими, ки нисбатан лундашакл буда, аз руи кутрашон кариб якхелаанд ва прозенхими, ки даро- зиашон нисбат ба барашон хеле зиёд аст.

Хучайрахо аз чихати андоза (бузурги) хам фарк мекунанд. Одатан андозаи онхоро танхо ба туфайли микроскоп муайян кардан мумкин аст. Вале баъзе хучайрахо чунон калон мешаванд, ки онхоро бо чашми одди дидан мумкин асг. Масалан, хучайрахои ширадори магзи мевахои растанихои ситруси (лиму, афлесун ва гайрахо). Дарозии ин гуна хучайрахо 5 мм, барашон 2-3 мм мешавад.

Хучайрахои паренхимии магзи мевахои баъзе растанихо, аз кабили тарбуз, харбуза, помидор, себ ва гайрахо, хачман хеле калон мешаванд. Онхоро тавассути пурбини одди (дасти) низ дидан мумкин аст.

Дарозии нахи лифии бисёр растанихои нахдиханда (загирпоя, канаб) ба 20-40 мм мерасад. Дарозии нахи лифии газна баъзан ба 80 мм, дарозии муякхои чигити пахта, ки аз як хучайра иборат аст, ба 23-31 мм мерасад.

Хамин тавр, хучайрахои растанихо шаклхои гуногун доранд. Онхо метавонанд тухмшакл, гирдашакл, ситорашакл, риштамонанд ва гайра бошанд. Хар як хучайра чихати андозааш се ченак: дарози, бар ва баланди дорад.

Аксари хучайрахо, бо вучуди гуногуншаклиашон, сохти монанд доранд.

  1. Чаро хучайрахо шаклхои гуногун доранд?
  2. Аз руи шаклашон хучайрахои растанихоро ба чанд гурух чудо мекунанд?
  3. Хучаирахои андозаашон нисбатан калон дар кадом растанихо вомехуранд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …