Главная / Биология / Гуногунии растанихои гулдор ва таснифоти онхо

Гуногунии растанихои гулдор ва таснифоти онхо

Дар Олами наботот шуъбаи растанихои пушидатухм аз хама сернамояндатар буда, такрибан 250 хазор хели растанихоро дарбар мегирад. Чи тавре ки аз дарсхои гузашта ба шумо маълум гардид, шуъба дар навбати худ ба синф, тартиб, оила таксим мешавад. Шуъбаи растанихои пушидатухм (ё гулдор) ба ду синф – ду- палла ва якпалла таксим мешавад. Ба растанихои дупалла аксари дарахтону буттахо ва аз растанихои алафи — офтобпараст, мушунг, лубиё, тарбуз, каду, помидор, картошка ва гайрахо мансубанд. Ба растанихои якпалла занбак, пиёз, гандум, чав, чуворимакка, шоли, нахл (палма) ва гайрахо дохил мешаванд. Аз руи сершумори ва гуногунхелиашон растанихои дупалла нисбат ба растанихои якпалла такрибан чор маротиба зиёдтаранд.

Растанихое, ки мансуби ин ё он синфанд аз якдигарашон бо чандин аломатхо ва хосиятхои хосашон фарк мекунанд. Чанини рас- танихои дупалла ду тухмпалла дорад (номи синф низ аз чунин хусусияти онхо бармеояд). Дар чанини растанихои якпалла бошад, факат як тухмпалла мавчуд аст. Растанихои дупалла решаи асосии нагз инкишофёфта доранд, ки аз решачаи чанин пайдо шудааст. Сохти (системаи) решагиашон тирреша мебошад. Дар растанихои якпалла бошад, системаи решаги патакреша мебошад (гандум, пиёз ва гайрахо).

Канори барги растанихои якпалла яклухт буда, рагбандии бар- гашон камоншакл (дар зуфи оби) ё мутавози (дар чуворимакка) ме- бошад. Канори барги растанихои дупалла гуногун буда, рагбан- дии баргашон паршакл ё панчашакл аст. Онхо, инчунин, аз руи сохти поя ва гулашон аз якдигар фарк мекунанд. Аз ин чихат аник кардани микдори чузъхои гул дар растанихои якпалла ва дупалла хеле мухим аст.

Гули растанихои якпалла чун коида сеаъзогианд. Яъне, шумораи кисмхои гул дар як давра ба таври карати — сетоги аст (3 косабарг, 3 гулбарг, 6 гардбарг), дар дупаллагихо дар аксари холатхо гул чор ё панчаъзоги мебошад.

Тавассути як аломат растанихои пушидатухмро ба синфи якпалла ё дупалла чудо кардан басо мушкил буда, барои муайян намудани растании гулдор ва ба кадом синф тааллук доштани он донис- тани аксари аломатхои мухими он хатман зарур аст. Чунончи, системаи решаи растании чинорак ва шахтути замини патакреша бошад хам, ин растанихо аз руи дигар аломатхояшон ба дупаллагихо тааллук доранд. Растании чашми зог, ки дар чангалзорхои минтакаи муътадил нашъунамо дорад, ба 8 гулбарг доштанаш нигох накарда, ба растании якпаллагихо мансуб аст.

Оилаи растанихои гулдор. Дар асоси мачмуи аломатхо, ки мухимтаринашон сохти гул ва мева мебошад, ба кадом оила та- аллук доштани растанихои гулдорро муайян мекунанд. Гуногунхе- лии растанихои гулдорро ба назар гирифта, набототшиносон он- хоро ба 390 оила чудо кардаанд. Дар байни онхо оилахое хастанд, ки як ё якчанд хел доранд, ё оилахои дигаре мавчуданд, ки хазорхо хелро дарбар гирифтаанд. Масалан, оилаи мураккабгулон, ки ба синфи дупаллагихо тааллук дорад, яке аз оилахои калонтарин ба хисоб рафта, такрибан 25 хазор хелро дарбар мегирад. Аз синфи якпаллагихо оилаи сахлабихо (орхидея) мисол шуда метавонад, ки аз руи сершумории хелхояш ба оилаи мураккабгулон хеле наздик аст.

Дар мамлакати мо на хамаи намояндагони 390 оила вомехуранд. Чунончи, дарахти нахл (палма) дар холати худруй факат дар мам- лакатхои гарми тропики, гули ханчари (агава) дар китъаи Америка (хусусан дар Мексика) меруяд. Намояндагони аксари дигар оипахо аз хама бештар дар мамлакатхои иклимашон муътадил вомехуранд. Масалан, оилаи чилликгулхо, чиноракхо дар чунин шароит васеъ пахн шудаанд. Оилаи лубиёихо, мураккабгулон ва хушадорхо кариб дар тамоми мамлакатхои чахон вомехуранд.

Дар чорчубаи барномаи таълими мо имкон надорем, ки ба намо- яндагони хамаи оилахои мавчудбуда шинос шавем. Бинобар он, дар фаслхои ояндаи китоби дарси бештар ба он намояндагони растанихои якпалла ва дупаллае, ки дар чумхуриамон васеъ пахн шудаанд ва дорои ахамияти илми — амали мебошанд, диккати чидди дода мешавад.

  1. Растанихои якпалла аз дупалла аз руи кадом аломатхояшон фарк мекунанд?
  2. Растанихои гулдор чи кадар оилахоро дарбар мегиранд?
  3. Оё аз руи як ё ду аломат тасниф кардани растанихои гулдор мумкин аст?
  4. Барои аник муайян кардани оилаи растанихо кадом узвхои растани бештар мухим аст?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …