Главная / Биология / Гуногунии мохиён

Гуногунии мохиён

Мохиёни тагоякдор такрибан 340-360 млн сол пеш пайдо шудаанд. Онхоро барои он тагояки меномем, ки скелеташон аз устухон не, балки аз бофтахои тагояки иборат аст. Мохиёни тагоякдор дар бахр зиндаги мекунанд. Дар хар як тарафи галсама 5-7 таркяши галсамаги доранд. Онхо пуффаки шиновари надоранд. Узви харакати онхо бол мебошад. Ба мохиёни тагояки нахангхо, скат, химера (сагмохи) дохил мешаванд.

8853a66cМохиёни тагоякдору устухони. Ба ин кабил мохиён осетра мисол шуда метавонад, ки устухонбандии тагояки дошта, баъзе аз онхо устухон хам доранд. Дар сутунмухраи онхо тамоми умр хорда боки мемонад. Онхо пуффаки шиновари ва сарпушаки галсамаги дошта, аз мохиёни тагояки дертар ба амал омадаанд. Мохии белуга низ ба осетра монанд аст. Бадани онхо ба чойи руйпуши пулакчаги 5 катор тугмачахои устухони доранд. Осетр, стерляд, севрюга ва дигар мохиёни ин гурух кирму моллюск ва дигар хайвонхон бемухраро аз лойкаи каъри об бо муйлабхояшон ёфта мехуранд. Онхо якчанд мох дар бахри Азов, Сиёх, Каспий зиндаги карда, барои тухмгузори ба дарё мераванд. Белугаи Шарки Дур, ки дар дарёи Амур вомехурад, то 100 сол умр дида, то 1000 кг вазн пайдо мекунад. Насли модинааш дар як сол аз 500 то 4500 хазор тухм мегузорад.

Мохиёни панчабол. Мохиёни панчабол кадим буда, Намудхои он то хол боки мондаанд. Як намуди он латимерия ном дошта холо дар укёнуси Хинд, дар самти чанубии Африка вомехурад. Дарозиаш то 1,5 м аст. Болхои шиноварии кафаси сина мисли пойи пеши мухрадорони хушкигард панча доранд. Аввалин мухрадорони хушкигард аз онхо пайдо шудаанд.

Мохиённ дубахра. Дар Африка, Австралия ва Америкаи Чануби як гурухи мохиён дар обхои ширин зиндаги мскунанд, ки онхоро дубахра меноманд. Барои он ин мохихоро дубахра номидаанд, ки пуффаки шиноварии онхо ба чойи шуш хизмат мекунад. Дар об мисли хамаи дигар мохихо нафас мегиранд, вале хангоми тамом шудани оби обанборхо ба даруни лойка даромада, дар холати беоби то 2 мох мехобанд. Аз атмосфера нафас мегиранд. Устухон- бандашон аксаран тагояки буда, устухонхои алохида низ доранд. Яке аз онхо пулакчамохии африкои мебошад. Дарозии он то 2 м мешавад. Боли тахтапушташ вазифаи шино кардан ва боли синаю шикамаш вазифаи дар хушки чун пой харакат карданро адо мекунанд. Вай дандон дорад, хурокро мегазад, дарранда аст. Як намуди дигари мохии дубахра сиратода мебошад. Мувофики назарияи академик Н.А. Северсов мухрадорони хушкигард аз мохиёни дубахра пайдо шудаанд. Дили дубахрахо кариб сехонаги аст. Мохихои дубахра ахамияти филогенетики – хешигари доранд.

Мохихои устухони. Дар ин гурухи калони мохихо аз тагояк ба устухон табдил шудани устухонбандро мебинем. Онхо такрибан 180 млн. сол пеш пайдо шудаанд. Мохихои устухонаш нагз инкишоф ёфта, намояндахояш даррандаю ором мешаванд. Онхо бо рохи тухмгузори афзоиш мекунанд. Дар мобайни 5-7 руз аз тухмакхо мохичахо баромада, 2-3 руз пас болхои шиновари пайдо мекунанд. Онхо суст харакат карда, чонвархои аз худ хурдро мехуранд. Мохихои устухони дар оби бахру дарё ва кулу хавзхо зиндаги мекунанд. Ба мохиёни устухони шурмохй, симМохи, плотва, капур, карас, уллейка, лаккаМохи, треска, налим, окун, судак, срш ва гайра дохил мешаванд, ки ахамияти калон доранд.

Як хел набудани шароити зиндаги ва хурок ба сохти бадани мохиён таъсир кардааст, бинобар ин бадани онхо хархела аст. Агар ба тарзи зиндаги ва сохти бадани онхо шинос шавем, ба осони ба ин бовари хосил мекунем.

Масалан, шурмохии борик бадану сари калони нулборик дорад. Загорамохи бошад, танааш кутохи гафсу хурдхачм мешавад. Дахони шуртан калон буда, дандонхои тези ба дарунхамида дорад. Аммо дахони загорамохи хурди бедапдон мебошад. Харчанд ин мохихо дар як дарё знндаги мекунанд, вале аз хам фарк доранд. Сабаб он аст, ки хурокашон якхела нест. Шуртан дарранда аст ва мохичахоро мехурад. Дахонашро васеъ кушода, ба туъмааш тирвор хамла мекунад. Хатто мургобичаю мушхои обиро низ мехурад. Ранги шуртан дар чойи истодааш (байни пагтахои обй) сабз аст.

Загорамохй бошад хашарот, кирмак ва моллюску растанихои обиро истеъмол мекунад. Вай бо як чуфт муйлаби кутохаш, ки дар лаби боло дорад, хурокашро аз байни лойка ёфта мехурад.

Савол ва супоришхо:

  1. Дар бораи мохихои тагоякдор, тагояку устухондор, панчабол, дубахра, мохивни пурра устухондор маълумот дихед.
  2. Намуди мохихоро бв гуруххо твксим карда, дар накша иишон дbхед.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …