Главная / Илм / Гулихайри ба чи табобат медихад

Гулихайри ба чи табобат медихад

Гулихайри (русс. Гибискус) — Ин растани ба хама маълум аст, ки дашти мебошад ва дар богхо низ месабзонанд. Гулаш сафед, сурх ва ба рангхои гуногуни мураккаб аз ду ранг аст, хатто бунафши сиёхтоб хам дорад. Бехтарини хамаи ин кисми сафед ва баъд аз он навъи сурх пуштии он аст. Барги ин кулча барин гирдак ва калон-калон аст. Тухмаш дар гилофе монанди тугмаи палтои мардон аст ва дар даруни он тухмхои сиёхи пахни мудаввар дар доира катор чой гирифтаанд. Кадди ин гиёх дар заминхои хокаш пурзур ва хавояш гарм то чор метр мехезад. Гулихайри дар хамаи заминхои хокаш шура надошта бошад, руйида метавонад.

guli-xayri-gibiskus-768x572Мизочи инро табиби асри якуми милод Чолинус сард ва тар донистаст, вале Абуали ибни Сино гарми муътадил гуфтааст. Хаккаш он аст, ки мизочи ин бештар ба сарди моил аст.

  Хислатхои шифобахши он. Хусусиятхои умумии он: варамхоро тахлил медихад, яъне мегардонад. Реш ва пучакхои гуногунро мепазонад ва ба зуди мекафонад, моддахои бегонаро аз харакат манъ мекунад ва намегузорад, ки онхо аз чохои дигари бадан ба узве бифуроянд ва рехта шаванд ва гулихайри мулоим ва нармкунандаи чохои сахти бадан аст. Агарчи давоии гули он заифтар аз тухм, поя ва барги он бошад, вале бо ин хама таъсири хубе дорад.

  Барги тарашро куфта ба сар гузошта банданд, варамхои раддии майна ва пардахои онро, ки дар тибби хозира менингит меноманд, шифо мебахшад, инчунин агар гузошта банданд, варамхои бехи гушро тахлил медихад; барои бардамида шудан ва боднок гаштани пилкхои чашм давои хубе мебошад. Инро куфта, ба захмхо гузошта банданд, дахани онхоро ба хам оварда сихат мекунад; ба варамхои гуногун гузошта банданд, зуд дардашро таскин медихад ва худи варамхоро мегардонад-тахлил медихад; барои ханозер низ, ки аз он гулуи одами варам карда, монанди гардани хук гафс мешавад, шифо мебахшад; пучак, чиртак ва хамчунин решхои римкунандаро зуд мепазонад ва мекафонад; варамхои пистон ва макъадро зуд тахлил медихад ва чарохатхоро ба зуди сихат мегардонад. Агар ягон узв шикаста бошад, ба он куфта гузошта банданд, устухони шикастаи онро ба хамдигар пайваст мекунад; иркуннасо, ки холо онро радикулит меноманд ва дарди бугумхоро, ки хама аз гарми бошанд, шифо мебахшад. Баргашро куфта, бо равганхо хамир карда, ба варамхои пардахои даруни сина ва ба варамхои шуш аз ру гузошта банданд, барои хамаи инхо дармони писандида мебошад, варамхои мазкурро шифо мебахшад. Барги инро аввал дар об чушонида пухта, баъд бо равгани маска ё равгани зард ва ё бо равгани чонвари дигар хамир карда, ба варамхои  гарм гузошта банданд, зуд онхоро мепазонад ва кафонида римашонро берун меоварад ва баъди хорич гаштани рим гушти хароми онхоро дур намуда, ба чояш гушти солим пайдо мекунаду сихат мебахшад.

  Агар ин растаниро дар об чушонида, он обро ба сар бирезанд ё сарро бо он об бишуянд, муйи сарро абрешим барин мулоим мекунад. Ва агар дар ин об то ноф даромада нишинанд, варами макъадро тахлил медихад, дахани бачадонро, ки баста гашта, аз ин боис занон нозо шуда бошанд, мекушояд ва зоянда мегардонад.

  Тухми хушкашро куфта, бехта, бо оби нимгарм биёшоманд, сангхои гурдаро хар навъ, ки бошанд, майда карда мерезонад. Тухми онро куфта, дар об тар кунанд, моддаи шилмак хосил мешавад, ки инро луоби тухми гулихайрй меноманд. Луоби хоми онро бо шакар даромехта, нимгарм сохта бихуранд, сурфаи гарм ва иллати хун кай карданро дафъ мекунад. Тухми инро куфта, бо сирко хамир карда, дар офтоб нишаста, ба доги сафеди пуст гузошта банданд, он догро рафъ месозад; инро бо равгани зайтун ва сирко хамир карда, гузошта банданд, газанди чонварони захрнокро дафъ мекунад.

  Як микдор аз тухми гулихайри ва бо ду микдори он хурмо хардуро якчо куфта, бо сирко хамир карда, ба варамхои гуногун гузошта банданд, зуд онхоро тахлил медихад. Агар ин тухмашро бихоянд, ташнагиро мешиканад. Инро дар об чушонида, ба суми асп, агар он коста бошад, бимоланд, онро руёнида пурра месозад. Тухми гулихайри ва шилми бодом хардуро баробарвазн гирифта, дар об чуш дода, дасту похоро бо он пайдархам бишуянд, барои кафидан ва пуст партофани кафи дасту похо давои хеле хубе мебошад.

  Пусти решаи он бисёр кави аст. 10,5 грамм решаашро дар об чушонида, он обро бинушанд, исхолро мебандад ва иллати кулинч (колит)-ро шифо мебахшад, гиреххои рудахоро мекушояд, захми рудахоро шифо мебахшад; исхолро, ки аз бисёр чамъ шудани хилти сафро бошад, сузиши пешоб(сузок), сузиш ва варами рудахо , инчунин шадидтарин рафтани дарун хамаашро дафъ мекунад. Агар тухмашро низ куфта, бардавом бихуранд, барои беморихои номбаршуда дору мешавад: ва агар бо шароб даромехта биёшоманд, банд шудан ва ба душвори омадани пешобро ислох мекунад, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, моддахои хомро аз хичак берун меронад, барои иллати иркуннасо дармон мешавад, мушакхои кафида ва таркидаро сихат мекунад. Тухмаш ё пусти решаашро дар об чушонида, ба он об сирко хамрох карда, бо ин таркиб даханро чайконанд, дарди дандонро, ки аз гарми бошад, таскин медихад.  Решаашро куфта, дар латта баста, дар об андозанду шаб дар зери осмон нигох доравд, чандон ки монанди чургот гафс гардад, баьд онро бимоланд, варами пилкхои чашмро тахдил медихад. Агар инро бихуранд, сурфаи гарм ва хун кай карданро шифо мебахшад. Агар инро дар об чушонида, он обро бинушанд, низ хамин гуна таъсирро дорад.

Агар дар об чушонида, дар он об даромада бихобанд ё бишинанд, пайвандхои шахшударо мулоим мекунад ва узвхои дигари сахтгаштаро чун асли сихат мегардонад. Агар бо он об сарро бишуянд, таркидани муйи сарро ба ибро меоварад. Решаи хушки онро куфта, ордаки онро бо орди бокило даромехта, бо равгани хук сиришта, бар бугумхои бадан гузошта банданд, шах шудан ва варамхои сахти он чохоро ислох мекунад. Агар инро дар об чушонида, бо он об нимгарм хукна кунанд, беморихои номбурдаи рудахо ва гайри рудахоро дафъ мекунад. Агар ин оби чушонидашудаи онро ба чойи газидаи занбури асал бимоланд, газанди онро дур месозад ва агар бо асал сиришта бимоланд, зарари чонварони захрнок газидаро дафъ менамояд. Агар инро махин куфта, бо равгани мургоби сиришта, занхо аз таг бардоранд, варами бачадонро тахлил медихад ва дахани он банд шуда бошад, мекушояд ва барои кабул кардани нутфаи мард бачадонро тайёр мекунад. Ин борхо дар амали муаллиф низ озмуда шудааст.

  Вале истеъмоли гулихайри барои меъда як андоза зарарнок аст. Барои ислохи ин зиёнаш оби зирк, асал ва арпабодиён  хурдан даркор аст. Ба кавли баъзехо, ба шуш хам зарар дорад, дар ин холат асал бояд бихуранд, то ки зиёнаш ислох гардад.

  Микдори як бор хурдан аз барг, реша, гул ва тухми он дар як руз 4,5 грамм аст, вале агар дар об чуш дода, он обро нушидани бошанд, бояд дар як руз аз он об 100 грамм бинушанд.

  Ба чойи гулихайри растании тугмачагулро истифода кунанд, раво мебошад.

  Шилми гулихайри, ки хангоми гармии хаво аз танаш мегиранд, зард ва сурхранг мебошад. Ин барои шикастани шиддати ташнаги, дар вактхои исхол ва хангоми зарда кай кардан бихуранд, шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …