Главная / Илм / Гули офтобпараст дар Канзи Шифо (Китоб)

Гули офтобпараст дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин растании машхур аст, ки бустонї мебошад ва даштї низ дорад. Баргаш гуё губоролуд бошад, пашмакдор метобад. Гулаш калони пахн ва зарди тиллоранг, ба монанди нон гирдак ва дурахшанда аст. Дар миёначойи он баргхои резаи моил ба сиёхї ва сурхї дорад, буяш тез, худаш хушнамуд, рузона гулаш хамеша ру ба офтоб ва баробари харакати он гардиш мекунад, вале дар вакти шаб пажмурда мегардад.

Visit allwallpapersfree.blogspot.com
Visit allwallpapersfree.blogspot.com

Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва дар хамин дарача хушк аст, вале мизочи гулаш назар ба мизочи кисмхои дигараш гармтар мебошад.

Хислатхои шифобахши он: агар инро куфта гузошта банданд, варамхоро мегардонад ва агар бихуранд, моддахои гафси баданро пароканда ва нест месозад; хусусияти поккунандагї дорад, бар зидди захрнокшавии бадан тарёки хубест, гиреххои дар рангхои майна ва чигар бударо мекушояд, магзи сарро аз моддахои бегона ва зарарнок, инчунин аз олоишхои дигар пок мекунад; барои саръи (припадкаи) тифлон ва беморихои сарди вобаста ба майна, инчунин асабхо доруи хубест, дарди дандонро таскин медихад, дарди дилро шифо мебахшад, бохро (пушти камарро) кавї мегардонад, олати мардиро ба харакат меоварад; барои бавосир, захмхои шуш, зардпарвин, истиско (водянка) дармон мешавад; пешоб, хайз ва дигар чизхои нодаркори баданро меронад, бачаро аз шиками занони хомила меафтонад, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад; инчунин кулинчро, ки варам ва дарди рудахои гафс аст, даво мешавад ва захрро аз бадан дафъ мекунад.

  Агар оби решаи онро дар дахан гардонанд, дарди дандонро, ки сабабаш аз хунукї бошад, шифо мебахшад. Аз ин об 3,5 грамм бинушаанд, дили одамони хунукмизочро  кавї мегардонад, вале агар инро одамони гарммизоч бинушанд, газаби онхоро ба чуш меоварад.

Аз оби барги он 15 грамм бо оби гарм бинушанд, сахт кай меоварад ва меъдаро аз моддахои бегона пок мекунад.

Хар як кисми ин растаниро куфта гузошта банданд, дарди пайвандхоро дар хар чойи бадан, ки бошад, инчунин иркуннасо (радикулит), никрис (подагра) ва ханозер (хукгардан)-ро дафъ мекунад. Агар инро бар камар гузошта банданд, куввати пушти камарро афзун мегардонад, олати мардиро ба харакат меоварад.

 Решаашро хуб куфта, занхои хомила аз таг бардоранд, бачаро аз шиками онхо меафтонад, вале агар занхои назоянда ин тавр амал кунанд, барои хомила шудани онхо мадад мерасонад. Аз барги куфтааш об фишурда бинушанд, бачаи дар шикам бударо меафтонад, хайзи бандшударо мекушояд.

Микдори як бор нушидан аз оби барг, гул ва решаи он дар як руз то 20 грамм аст ва микдори хурдан аз чирмаш, яъне аз худаш 4,5 грамм аст.

Аммо хурдани гули офтобпараст ба одамони гарммизоч зара мекунад. Давои ин зарараш асалро бо сирко турш карда, яъне сиканчабин хурдан аст, ки ислохи зарар намояд. Инчунин ба сипурз хам зиён мерасонад – дар ин маврид канди сафед, асал ва сиканчабин бихуранд,  зарарашро ислох мекунад.

Яке аз хусусиятхои гули офтобпараст он аст, ки магас ба гули он наменишинад, аз дуди он муш ва калтакалосхо (келасхо) мегурезанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

as

ТАСВИРИ САТХИ ЗАМИН ДАР ХАРИТАХО. МИКЁСИ БАЛАНДИ ВА УМК (ЧУКУРЙ)

Тарзхои тасвири сатхи замин дар харита Чадвали баландихо ва чукурихо Хангоми тартиб додани харитахо ва …